САХИФАХО

вторник, 15 сентября 2009 г.

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре...



Фочеаи ба вуқуъомада дар неругоҳи барқи обии Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то мақомоти узбак аз нав сару садоҳо дар бораи хатари неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро дар сатҳи байналмилал матраҳ кунанд. Албатта, дар Точикистон ва Қирғизистон инкор намекунанд, ки неругоҳҳои Норак ва Тухтагул, ки дар замони Шуравй сохта шудаанд, бо гузашти ин ҳама сол ниёз ба таъмир , бозсозй ва муқовимсозй доранд.Аз чумла Канатбек Эрматов, мудири кумитаи давлатии назорат бар амнияти таъсисоти саноатии Қирғизистон бар ин бовар аст, ки хатари вайроншавй дар ҳар неругоҳе ғайриқобили инкор аст. Аҳмад Чундубоев, коршиноси мустақили қирғиз низ ба қадимй будани тачҳизот дар неругоҳҳо ишора мекунад ва ивазкунии тачҳизоти заруриро ба унвони тадбири муҳим дар чиҳати пешгирй аз хатароти эҳтимолй амре ногузир тавсиф мекунад.Аммо Нозир Ёдгорй, сухангуи ширкати "Барқи точик" мегуяд иддаоҳо дар бораи хатароти неругоҳи Норак асосе надоранд, зеро ҳамасола тачҳизоти ин неругоҳ нав мешаванд. Бино ба гуфати сухангуи ширкати "Барқи точик", комиссиюни вижае иборат аз мутахассисони бо тачриба вазъи неругоҳҳои кишварро дар ҳоли баррасй аст ва бар асоси пешниҳодоти ин комиссиюн иқдомоти лозим барои рафъиҳар гуна заминаи вукуи фочеа андешида хоҳад шуд. Дигар мақомоти точик низ иддаоҳои тарафи узбакро дар мавриди хатароти неругоҳи Норак рад карданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин барои аввалин бор нест, ки Тошканд эътирозоти худро дар мавриди сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон матраҳ мекунад.Дахолатҳои Узбакистон ба тарҳҳои гидроэнергетикй дар Точикистон ва Қирғизистон тайи солҳои ахир ба ҳукми як одати маьмулй дар сиёсатҳои давлатмардони Тошканд даромадааст. Дар ҳамин робита Бозорбой Мамбетов, таҳлилгари қиғиз мегуяд, ин ҳама иддаоҳои Узбакистон ангезаи сиёсй доранд ва ин кишвар намехоҳад, ки ҳамсояҳояш аз вазъи беҳтаре бархурдор бошанд. Инак фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то Узбакистон фурсатталабона иддаоҳои худро дар мавриди сохти неругоҳҳо дар ду кишвари ҳамсоя Точикистон ва Қирғизистон дубора матраҳ кунад. Дар ин робита Сергей Жигарёв, мудири ширкати саҳомии Гидропроект - и Узбакистон муддаи аст, ки бар асоси тарҳҳои 20 соли қабл сохтани неругоҳҳо чинояти соддалавҳона аст.Вай мегуяд тарҳи сохти неругоҳи Роғун дар соли 1978 таҳия шудааст ва посухгуи меъёрҳои имруз нест.Ин масъули узбак дар мавриди тарҳи неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон низ иддао мекунад, ки тарҳи ин неругоҳ низ таҳти шиори "зудтар ва арзонтар" таҳия шуда ва мавриди эътомод нест. Коршиносони точик ва қирғиз дар арзёбиҳои худ дар қиболи иддаоҳои Узбакистон, ин падидаро бархоста аз ангезаҳои қудратталабиҳои Тошканд дар минтақа медонанд ва мегуянд Узбакистон бо тарҳи чунин иддаоҳо дар пайи он аст, то контрули фаъолиятҳо дар бахшҳои ҳассос дар Осиёи Марказиро ба даст бигирад.Чои тазаккур аст, ки давлати Тошканд тавонист дар тарҳои гидроэнергетикии Точикистон латма ворид кунад:нахуст ширкати РусАл-ро аз мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун мунсариф кард, сипас ичрои қарордоди Чин бо Точикистонро дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон ба ҳоли муаллақ даровард. Руйкарди охири Тошканд дар қиболи ҳамсоягонаш - Точикистон ва Қирғизистон чизе чузъ қудратнамойи тавсиф намешавад ва ин амр дар шароите, ки рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ташдид шудааст, чанбахои бештаре ба худ гирифтааст. Аз гузориши расонаҳо бармеояд, ки Узбакистон барои доро будан ба пурзуртарин артиш дар минтақа барномаи вижаеро руи даст гирифтааст.Бар асоси ин барнома Тошканд қасд дорад ба истилоҳ ба "жандарми Осиёи Марказй" табдил шавад.Аз ин чост, ки Узбакистон руи хуше ба таъсиси пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Точикистон надорад. Ба илова имзо накардан ба қарордоди Паймони амнияти чамъй далели дигаре дар мавриди талоши Узбакистон дар чиҳати истиқлоли фаъолиятҳои низомияш дар минтақа аст. Ва аммо дар мавриди мухолифатҳои Тошканд ба сохти неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон бояд гуфт, ки Узбакистон аз он бим дорад, ки аз ин тариқ: аввал,ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержй мушарраф шуда, вобастагиашон аз газу барқи узбак аз миён хоҳад рафт; дуввум,бо сохти обанборхо имкони танзими чараёни оби рудхонаҳо фароҳам шуда ҳамсоягон низ метавонанд дар қиболи амалкарди Тошканд (қатъи чараёни газ ё барқ) вокуниш нишон диҳанд. Аз суи дигар, Узбакистон дар ҳоле ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон мухолифат мекунад, ки тақрибан ҳеч иқдоми созанда ва холисонае дар чиҳати рафъи ниёзҳои ду ҳамсояи худ ба энержй, анчом надодааст.Аз ин ру Бишкек ва Душанбе ин ҳақро доранд, ки дар ростои дастёбй ба истиқлолияти энержй талош намоянд. Аз тарафи дигар, бино ба эътикоди профессор Хочимухаммади Умарзода, иктисодшиноси точик, бо такмили неругохи Рогун Узбакистон ин имконро пайдо мекунад, ки хазорон гектар заминхои бекорхобидаашро обёрй кунад.Хамчунин вазъи таъмини об ба бахши кишоварзии минтака бамаротиб бехтар хо=ад шуд. Аммо сарусадоҳои Тошканд дар мавриди хатароти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон, ки баъд аз фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск (17 августи соли чорй) чанбаҳои густурдатаре касб кардааст, бад -ин мемонад, ки фармудаанд: Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре,
Ба Шуштар заданд гардани мисгаре.

понедельник, 14 сентября 2009 г.

Қадрдонии НАТО аз Узбакистон



Ҳафати гузашта Роберт Симон, намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказй аз нақши фаъоли Узбакистон дар ҳамкорй бо ин паймон дар ростои ичрои барномаҳо дар Афғонистон ибрози сипос намуд.Намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар номае, ки ба вазорати хоричаи Узбакистон ирсол шуд, аз чумла тазаккур дода, ки Узбакистон дар муъодилоти минтақа аз чойгоҳи вижае бархурдор аст ва НАТО аз ҳар гуна густариши ҳамкорй бо Узбакистон истиқбол мекунад.
Дар бахши дигаре аз ин нома омадааст:Мо барои чонибдории Узбакистон аз тронзити борҳои ғайринизомй барои неруҳои посдори сул дар Афғонистон, аҳамияти зиёде қоилем.
Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои соли равон давлати Узбакистон ба НАТО ичозат дод, ки борҳои ғайринизомии худро барои неруҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Узбакистон интиқол диҳад.
Хамкориҳо миёни НАТО ва Узбакистон дар соли 1991 оғоз шуд ва дар соли 1995, замоне ки Узбакистон ба барномаи НАТО таҳти унвони "Ҳамкорй барои сулҳ" пайваст, ҳамкориҳо миёни ду тараф чанбаҳои густурдатаре ба худ гирифт. Ин дар замоне буд, ки Тошканд дар чорчуби сиёсатҳои Маскавситезии худ робита бо кишварҳои ғарбиро тақвият кард.Аммо аз миёнаҳои соли 2005 ҳамкорй миёни Узбакистон ва НАТО кунд шуд. Қарори маълум моҳи майи слои 2005 дар пайи ҳодисаҳои хунини Андичон давлати Тошканд ба далели қатли оми тазоҳуркунандагон таҳти фишорҳои шадиди Ғарб қарор гирифт ва теъдоде аз масъулони узбак ба таҳримҳои сиёсй ру ба ру шуданд, ба гунае, ки ҳақи сафар ба давлатҳои аврупойи надоштанд.Русия аз ин фурсат истифода кард ва Узбакистонро дубора ба оғуш гирифт.Аммо дар охирҳои соли 2008 Тошканд аз нав ба фикри густариши робитаҳо бо Ғарб баромад. Ба вижа дар пайи бекор кардани таҳримҳои Узбакистон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, Тошканд ба иборате "қиблаи худро тағйир дод".Карори маълум 13 октябри соли 2008 дар Люксембург дар пайи тавофуқ ё ба иборати дигар муомилаи сиёсй миёни тарафҳои узбак ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои сиёсии мақомоти узбак бекор шуданд.Дар пайи ин муомила Узбакистон аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё хорич шуд ва ҳузури худро дар ниҳодҳои минтақайи, ки умдатан таҳти нуфузи Русия ҳастанд, камранг намуд . Тамчиди НАТО аз Узбакистон баёнгар аз ин аст, ки дар марҳалаи кунунй раванди наздикшавии Тошканд ба кишварҳои ғарбй идома дорад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Тошканд дар дастёбй ба бисёре аз сиёсатҳои минтақайии худ, ба пуштибонй ва дастгирии Русия ниёз дорад, аз ин ру ҳаргиз наметавон гуфт, ки ин мавзегирии Узбакистон тулонимуддат хоҳад буд. Дар чунин шароите бояд мунтазир буд, то Кремл дар посух ё вокуниш ба иқдомоти ғарбгароёнаи Тошканд чй барномаҳоеро дар назар хоҳад гирифт

Сафари вазири дифои Русия ба Точикистон


Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар чорчуби як сафари расмй ба Душанбе омад ва дар дидор бо мақомоти точик бархе аз масоили марбут ба ҳамкориҳои низомй миёни Маскав - Душанберо баррасй намуд.Кобили зикр аст, ки барномаи ин сафар ҳануз моҳи июли соли равон дар рузҳои сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Точикистон таъйин шуда буд.Аз ин ру сарфи назар аз баргузории музокирот миёни Анатолий Сердюков ва Шералй Хайруллоев, вазири дифои Точикистон ва Хамроҳхон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон пушти дарҳои баста,мавзуи мавриди баҳс миёни тарафайн аз диди расонаҳо ва маҳофили коршиносй пинҳон намонд.На дар расонаҳои давлатй ва на дар нашрияҳои мустақил чузъиёте аз натоичи сафари Сердюков ба Душанбе мунташир нашуд, аммо маълум шуд, ки дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон натичае хосил нашуд.
Воқеият он аст, ки тайи 2 - 3 соли охир равобит миёни Русия ва Точикистон аз раванди маъмулй хорич шуда, дастхуши таҳаввулоте ачибу ғариб гардидааст.Аз наҳваи бархурди Русия бо Точикистон чунин бармеояд, ки гуё Маскав ба хадафхои мавриди назари худ дар ин кишвар даст ёфта, тамоили чандоне ба ичрои қарордодҳои имзошуда бо давлати Душанберо надорад.Боло бурдани мақоми лашкари 201 ба пойгоҳи низомй, вогузории пойгоҳи родории "Окно" ба Русия аз чумлаи ин аҳдоф унвон мешаванд.
Аммо имруз авзоъ тағйир кардааст ва дар пайи таҳаввулоти ахир дар минтақа, ки афзудани ниёзи НАТО ба ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказй аз он чумла аст,барои Точикистон низ фурсатҳои тозае чиҳати манёвр дар сиёсатҳои хоричи ва наҳваи равобит бо ба истилоҳ "шарики стротегй", фароҳам шудааст.Ин мавзуъ дар шароите, ки расонаҳо ва маҳофили коршиносй баҳсҳо дар мавриди бознигарй дар қарордодҳои имзошуда миёни Русия ва Точикистонро беш аз ҳар замони дигаре матраҳ мекунанд,бештар аҳамият касб кардааст.Зеро, ба эътиқоди ағлаби коршиносони точик қарордодҳо миёни Маскав - Душанбе дар аксари ҳолатҳо ба нафъи Русия ва бо дарназардошти манофеи ин кишвар ба имзо расидаанд.Ичро нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Точикистон, ин ақидаро дар чомеаи точик тақвият карда аст, ки Кремл фақат ба фикри имтиёзгирй аз Душанбе мебошад.
Хамакнун амал накардани Русия ба қарордодҳо ва ваъдаҳояш дар нисбати Точикистон ин ҳақро ба давлати Душанбе мадиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти хеш ва бароварда намудани ниёзҳояш роҳҳои дигареро чустучу кунад.Дар Маскав низ ба ин воқеият эътироф доранд.Ба иборати дигар дар Русия ба хубй дарк кардаанд, ки Точикистон дар чорчуби сиёсати чандсамтй, дар пайи он аст ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталифро густариш диҳад ва дар ин раванд аз кишварҳои ҳамсоя ақаб намонад.Бо ин вучуд вазири дифои Русия дар мавриди дастёбй ба ҳадафхои мавриди назараш дар музокирот бо мақомоти точик, чандон ноумед нест. Зеро ҳануз Русия басилахоеро барои овардани фишор ба Точикистон дар ихтиёр дорад.Вобастагиҳои низомии Точикистон ба Русия:артиши Точикистон ба таври комил мучаҳҳаз бо тачҳизот ва силоҳҳои сохти Русия аст ва кодрҳои низомии точик низ умдатан дар омузишгоҳҳои Русия таълим мегиранд. Ба иловаи ин ҳузури беш аз як миллион нафар муҳочири кории точик дар Русия, фурсати дигареро дар ихтиёри Маскав қарор додааст, то битавонад аз Душанбе дар мавридҳои зарурй имтиёз касб кунад. Бо ин ҳол Точикистон низ ҳарфҳое барои гуфтан дорад.Акнун давлати Душанбе дар пайи тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо дигар кишварҳо, аз чумла Чин ва Хиндустон баромадааст,теъдоди қобили мулоҳизае аз афсарони артиши точик дар омузишгоҳҳои ин кишварҳо таълим мегиранд ва ин ду кишвар кумакҳои зиёде дар ихтиёри артиши Точикистон ва неруҳои марзбонии точик қарор додаанд. Дар ин миён кумакҳои низомии кишварҳои ғарбй ба Точикистон низ афзоиш ёфтааст.Аз суи дигар бо имзои қарордодҳо бо Қазоқистон ва Арабистон, Душанбе қасд дорад аз теъдоди муҳочирони кории худ дар Русия бикоҳад.Пурранг шудани ҳузури кишварҳое назири Чин, Эрон, Хиндустон ва бархе кишварҳои ғарбй дар Точикистон аз дигар мавридхоест, ки баёнгар аз талоши Душанбе дар чиҳати коҳиши вобастагиҳо аз Маскав унвон мешавад.
Бо ин ҳол аҳамияти Точикистон дар сиёсатҳои геополитикии Русия ҳамчунон ба қуввати худ боқист, ва ба дидорҳои баъдй вогузор шудани баҳс дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбута, гуёи аз ин воқеият аст,ки ду кишвар ниёзҳои мубраме бо ҳам доранд.Фақат ин бор низ бим аз он меравад, ки дар тасмимгириҳои Душанбе эҳсосот бар мантиқ пируз ояд ва бархе мақомоти точик манофеи шахсй ва гуруҳии худро бар манфиатхои миллй бартар шуморанд.Амре, ки аз заъфи дипломатия точик маншаъ мегирад.

вторник, 8 сентября 2009 г.

Нигоҳе ба сафари раиси чумҳури Ҳиндустон ба Точикистон


Раиси чумҳури Ҳиндустон баъд аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Русия ба Точикистон омад ва дар дидор бо раиси чумҳур, нахуствазир ва раиси мачлиси намояндагони ин кишавр масъалаҳои марбут ба робитаҳои дучонибаро мавриди баҳсу баррасй қарор дод. Ҳарчанд дар ин сафар Пратибҳа Патилро ҳайате аз мақомоти сиёсй, иқтисодй ва тичории ҳинд ҳамроҳй мекарданд, аммо дар поёни дидору гуфтугоҳои мақомоти точик ва ҳинд ҳеч санади расмие миёни тарафҳо ба имзо нарасид. Бо ин ҳол боздиди раиси чумҳурии Ҳиндустон аз Точикистон аз аҳамияти вижае барои ҳарду кишвар бархурдор аст.
Қарори маълум Ҳиндустон қудрати дар ҳоли зуҳур таъбир мешавад ва нуфуз дар кишвархои минтақа аз барномаҳои роҳбурдии давлатмардони ин кишвар маҳсуб мешавад.
Мавзуи музокирот миёни хонуми Пратибҳа Патил бо Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури Русия ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Деҳлии нав бар он шудааст, то ҳамкориҳои низомиро дар садри равобити худ бо ин ду кишвари Шуравии собиқ қарор диҳад. Ҳарчанд Кремл бар ин бовар аст, ки равобити Русия ва Ҳиндустон бештар ба ҳамкориҳои тичорй устувор аст ва ду тараф бояд дар чиҳати густариши ин ҳамкориҳо бештар кушо бошанд, аммо Деҳлии нав бар ин умед аст, ки бахшҳое назири энержй, фазонавардй, энержии атомй, фаннй ва низомй низ чузъи авлавиятҳо дар барномаи ҳамкориҳо бошанд.Ин мавзуъ дар нисбати ҳамкориҳо бо Точикистон низ матраҳ аст ва бозсозии фурудгоҳи Айни (дар 20 км. чануби Душанбе), ҳамчунин омузиши кодрҳои неруҳои мусаллаҳи Точикистон дар омузишгоҳҳои Ҳиндустон дар ҳамин росто сурат гирифтаанд.Қобили зикр аст, ки бозсозии фурудгоҳи низомии Айни, аввалин иқдоми Ҳиндустон дар сохти пойгоҳи низомй дар хорич аз каламрави ин кишвар буд.Бо ин ҳол тамоили Деҳлии нав ба тавсаъаи ҳамкориҳои низомй дар шароите боло гирифтааст, ки ин мавзуъ барои Душанбе ва Маскав чойгоҳи мутафовите дорад. Бидуни шак Маскав дар канори ҳамкориҳои иқтисодй, аз густариши ҳамкориҳои низомй бо Ҳиндустон низ суди фаровоне хоҳад бурд.Зеро Ҳиндустон дар гузашта муттаҳиди Иттиҳоди Шуравй буд ва ҳудуди 60% ниёзҳояш ба аслиҳа ва тачҳизоти низомиро аз тариқи воридот аз Иттиҳоди Шуравй бароварда мекард. Ҳарчанд имруз бозори аслиҳа ва тачҳизоти низомии Ҳиндустон аз инҳисори Русия то ҳадде хорич ва Амрико ва Исроил дар ин бозор фаъол шудаанд, аммо Маскав ҳамчунон аз муомилоти низомй бо Деҳлии нав даромадҳои зиёде касб мекунад.Аз суи дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон чалби эътимоди давлате чун Ҳиндустон барои Русия аз аҳамияти волои стротегй бархурдор хоҳад буд.
Аммо мавзуи ҳамкориҳои низомии Точикистон ва Ҳиндустон аз чанбаҳои дигаре бархурдор аст ва Точикистон ин ҳамкориҳоро дар ростои тақвияти зербиноҳои иқтисодй ва низомии худ анчом медиҳад.Ба иборати дигар Точикистон ба ин умед аст, ки бо густариши равобити ҳамачониба бо Ҳиндустон битавонад сармояҳои бештареро аз ин кишвар барои тарҳҳои муҳими хеш чалб кунад. Ин амр, яъне чалби сармояи ҳинд ба иқтисоди Точикистон то имруз камрангтар аз он аст, ки тасаввур мешавад.Мубодилоти тичорй миёни ду кишвар тайи ҳафт моҳи гузаштаи соли чорй фақат 25 млн. доллар будааст. Агар аз як тараф набуди роҳҳои мустақим миёни ду кишвар сабаби дар сатҳи пойин қарор доштани равобити тичорй ва иқтисодй бошад, аз суи дигар таваччуҳи бештари Ҳиндустон ба ҳамкориҳои низомй мучиби чунин вазъе шудааст.Аммо акнун аз мавзуи мавриди баҳс дар музокироти ахири тарафҳои точику ҳинд ба хубй бар меояд, ки Деҳлии нав ниёзҳои аввалияи Точикистонро дарк кардааст ва аз ин ба баъд сармоягузорй ва мушорикати фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистонро дар дастури кор қарор хоҳад дод.
Дар канори чунин руйкарде, сафари ахири раиси чумҳури Ҳиндустон ба Русия ва Точикистонро набояд чудо аз рақобати қудратҳо тавсиф кард.Бидуни шак, ҳамин мавзуъ пойи раиси чумҳури Ҳиндустонро ба ин ду кишвар кашондааст. Ҳарчанд дар Ҳиндустон мақоми раиси чумҳур як мақоми ташрифотй аст, аммо ин сафар баёнгар аз стротегияи ояндаи Деҳлии нав дар қлқмрави пасошуравй аст.Дар ҳамин росто, яъне чорчуби рақобати қудратҳо, Русия талош дорад бо истифода аз имконият ва зарфиятҳои иқтисодии Ҳиндустон пеши роҳи густариши нуфузи иқтисодии Чинро дар он чи ки минтақаҳои суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, бигирад.Ҳамчунин бо ҳифзи иттиҳод бо Ҳиндустон, дар рақобат бо тавсаъаталабиҳои Амрико дар чаҳон аз шанси бештаре бархурдор бошад. Ин мавзуъ барои Точикистон аз он чиҳат дорои аҳамияти бештар аст, ки Покистон - рақиби суннатии Ҳиндустон низ бо Душанбе равобити густурдае дорад ва фаъолиятҳои низомии Деҳлии нав дар Точикистон наметавонад Исломободро бетараф бигзорад.Покистон бар ин бовар аст, ки иқдомҳои низомии Ҳиндустон дар Точикистон таҳдиде барои амнияти давлати Исломобод хоҳанд буд, аз ин ру мақомоти ин кишвар борҳо эълом кардаанд, ки фаъолиятҳои Деҳлии нав дар Осиёи Марказиро бо диққат таҳти назорат доранд. Чунин вазъе имкониятҳои бештареро пеши руи Точикистон қарор хоҳад дод, то битавонад бо истофода аз рақобатҳои мавчуд, барномаҳои худро дар чиҳати чалби сармоя беҳтар амалй кунад.Ба вижа дар шароите, ки ҳам Покистон ва ҳам Ҳиндустон ниёз ба барқи арзони Точикистон доранд, сармоягузории онҳо дар бахши энержии Точикистон метавонад ба ичрои барномаҳои давлати Душанбе дар ин замина суръти бештаре бахшад.

суббота, 5 сентября 2009 г.

Фар - ҳанги ришва дар Точикистон


Точикистон - сарзамине, ки чун чон дусташ дорам, дубора маро дар огуш гирифтааст.Ачаб гуворою лаззатбахш аст ин огуш, хоса замоне, ки ин огушро пазмон мешавй!
Аммо...
Чанд рузе корафтода будам дар идороти кисмати шимоли Точикистони махбуб, дар шахри Хучанд. Чихо дидам?! Кош намедидам! "Идорашинхо", онхое, ки худро "хидматгузори халк" меноманд ва аз хисоби андозҳои хамин мардум маош мегиранд, хамчун зулук (ман ибораи дигаре пайдо накардам) хуни ин мардумро мемаканд.Ба идораи андоз, нотариус, шиноснома... сар задам.Коғазҳои маро аз дастам мегирифтанд ва дар холе, ки хеч "нагрузкаи корй" надоштанд, "ако баъди се-чор руз хабар гиред" мегуфтанд.Баъд медидам, он корафтодагон, яъне муштариёне, ки хамрох бо номаашон "чойпулй" медоданд, корашон фавран ичро мешуд.Яъне ришва медоданд ва кори худро рох меандохтанд.Яъне ман хам бояд ришва дихам!
Корафтодае, ки пуле барои додан надошт, вакти худро сарфи рафту омад аз идора ба идора мекард ва соатхо, хатто рузҳо пушти дари идорахо мунтазир мемонд.
Касе аз ин "навхочагони навкиса", ки бо василае курсии мансаб зери думғозаашон карор гирифтааст, намеандешид, ки ин корафтодаи бечора шабхои берушнойи ва дастурхоне холй аз ғизои гарм дорад. Касе аз ин мансабдораконро ба хотир намеомад, ки хамин корафтодаи бечора, як шаби бебарк ва сардеро паси сар кардааст ва аз нохия ба шахр омадааст, то кореро сару сомон бахшад.На! Ин харфхо ба гуши ин мансабдоракон рох пайдо намекунанд.
Шумо савол медихед, ки чаро бе факту ракам менависам. Охир он кадр ин факту ракамхо зиёданд, ки ... Аз суи дигар, тавре маълум мешавад, он чй ман мегуям сухани наве нест, хама, хатто масъулон инро ба хубй медонанд.
Ба дустам, рузноманигори варзида ва шоири боистеъдод - Чура Юсуфй дарди дил кардам.Дар посух оҳи талхе кашид.Оре, тавре ки мегуянд "об аз сар лой аст".Аммо ин савол зехнамро машгул медорад, ки: "Бо ин хол мо ба кучо меравем?" Рохе печида, нохамвор, бе уфуқе рушан, чизи дигаре ман намебинам.
Аз Душанбе бо рохи заминй ба Хучанд меомадем.Ба иловаи постгоххои давлатии бозрасй, дар бисёре аз минтакахои ин рох милисахо истода, аз ронандагон "чойпулй" мегирифтанд.Ба ронанда гуфтам охир ин ду милиса гайриконунй ин чо истодаанд, чаро ба онхо пул додй? Гуфт: Эй ака, ту соле як бор аз ин рах мегузарй, ман зиндагиамро аз хамин хисоб мечархонам, агар пул надихам ё конунигарй кунам, дафъаи дигар бахонае меёбанду азобам медиханд. Ду сомонй садакаи сар!
Шояд ҳақ бо ин ронанда бошад, аммо касе аз масъулон боре хам аз ин милисахое, ки канори рох ғайриконунй меистанд, (махсусан аз Шахристон то Истаравшан ва баромадгоҳҳои Истаравшан шуморашон зиёд аст!!!), бозрасй накардааст.
Ба назари ман чунин намуд, ки дар Точикистони азиз ришва додан ва ришва гирифтан дар холи табдил шудан ба як фарҳанг аст. Чй фарҳанге?! Фарре дар он намебинам ба чуз "ҳанг".
Хонандаи азиз, мо бо ин вазъ ба кучо хоҳем рафт?

четверг, 3 сентября 2009 г.

Қирғизистон:исломшиносй ё исломситезй?


Давлати Кирғизистон тасмим гирифтааст аз соли таҳсилии 2010-2011 дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар омузиши улуми диниро ба роҳ монад. Дар ин робита Ожонсии давлатии умури дин қонунеро таҳия намудааст, ки интизор меравад ба зудй ба баррасии порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Ин барнома пешбинй мекунад, дар мактабҳо аз соли панчуми таҳсил ба донишомузон таълимоти динй ё диншиносй тадрис хоҳад шуд ва дарсҳо тавассути муаллимони дунявй, на ба истилоҳ муллоҳо, омузонида хоҳанд шуд. Хадаф аз чорй кардани омузиши дин дар мактабҳо ошно кардани донишомузон ба таълимоти динҳои мухталиф ва ба онон омузондани фаркият миёни масехият ва ислом, масеҳият ва буддойи ... ва амсоли ин унвон шудааст.
Бояд гуфт, ки Киргизистон аз чумлаи кишварҳоест дар Осиёи Марказй, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол аз густариши тундгаройии исломй ранч мебарад. Ин мавзуъ ба гунае густариш ёфта, ки борҳо амнияту суботи Киргизистонро ҳадаф қарор дода ва бо таваччуҳ ба мавқияти чугрофиёйи қаламрави ин кишвар чандин бор майдони таҳаррукоти гуруҳҳои ифротй гардидааст. Аз суи дигар,масъулони қиргиз яке аз далелҳои ру овардани мардум, ба вижа чавонон ба фирқаву равияҳои мухталифи мазҳабй ва гароиши мусалмонон ба дину мазҳабҳои дигарро дар поён будани сатҳи динии чомеа медонанд.Аз ин ру дар сададанд, то бо омузиши таърихи динҳои мухталиф ва ошно кардани чавонон ба таълимоти динҳои бузурги олам, аз нигарониҳои худ дар ин замина бикоҳанд.
Воқеияти дигари чомеаи Киргизистон ин аст, ки дар шароити афзоиши тамоилоти мазҳабии мардум ва ба далели набудани таълимгоҳҳои исломй, афрод ва ниҳодҳои мухталифе вориди амал шудаанд ва бо чалби мардум ба маҳфил ва дарсҳо, исломро бар тибқи майлу иродаи хеш таълим медиҳанд.(Дар ин миён фаъолияти дигар фирқа ва равияҳои гайриисломиро низ набояд нодида гирифт).Бар асоси оморҳои расмй, дар айни ҳол дар Киргизистон 45 мадрасаи динй, 8 донишкадаи исломй ва як донишгоҳи исломй фаъолият мекунанд.Хамзамон бо ин дар ин кишвар 15 мадраса ва мактаби динй ба таври гайриқонунй фаъолият мекунанд ва ҳар кадом барномаҳои таълимии худро доранд.Ба иловаи ин ҳама, дар назди масчидҳо низ дарсҳои қуръонй амал мекунанд, ки гуфта мешавад хоҳишмандони зиёде доранд.
Дар шароите, ки густариши ангезаҳо ва тамоилоти динталабии мардум чомеаҳои пасошуравиро фаро гирифтааст ва неруҳои исломй ба унвони аслитарин рақиби давлатҳои худкома дар Осиёи Марказй дар ҳоли шаклгирй ва тақвияти сохтории худ ҳастанд, иқдоми давлатмардони Бишкек талоше дар чиҳати таҳти назорат даровардани ин раванд таъбир мешавад. Аз суи дигар масъулони қиргиз бар он шудаанд, ки бо тасвиби қонуни чадид фаъолиятҳои динии мардумро таҳти контрол гирифта, исломро ба гунае, ки худ мехоҳанд, ба мардум муаррифй кунанд. Чунин руйкард дар нисбати эътиқодҳои мазҳабии мардум ҳосиле чуз печида шудани мавзуъ надоштааст ва намунаи онро метавон дар Узбакистон мушоҳида кард. Аз ин ру иқдоми чадиди давлати Бишкек дар чиҳати ба истилоҳ танзими омузишҳои динй, чунончй ба самти тобеи сиёсатҳои давлат намудани боварҳои динии мардум ва пешгирй аз фаъолиятҳои озодонаи динии мардум пеш равад, сиёсате аз ҳоло шикаст хурда хоҳад буд.
Бо ин ҳол, омузиши дин дар мактабҳо иқдомест, ки ниёз ва зарурати чомеаи мусалмони қиргиз онро шакл додааст.

вторник, 1 сентября 2009 г.

Даргириҳо дар қалби Узбакистон


Чумҳурии Узбакистон дар ҳоле 18-умин солгарди истиқлоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар таҳти тадбирҳои шадиди амниятй қарор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шаҳри Тошканд бори дигар саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона буд. Дар ин бора расонаҳои мухталиф хабарҳои зидду нақизе мунташир намуданд, ки тибқи маъмул сукути мақомоти расмиро ба ҳамроҳ дошт. Бо ин ҳол, иттилои мавриди эътимоди бештар он буд, ки рузи 29 август дар минтақаи "шаҳри куҳна"-и пойтахти Узбакистон, дар наздикии масчиди "Кукча" байни чанд фарди мусаллаҳ ва нируҳои пулис даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Хабарҳои тасдиқнашуда аз кушта шудани 3 то 6 нафар ҳикоят доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамзамон бо ин дар чанд минтақаи шаҳри Тошканд даргирии афроди мусаллаҳ бо неруҳои интизомй руй дод. Дар пайи ин ҳодиса неруҳои амниятй ва интизомии узбак вориди амал шуданд ва минтақаҳои "ноором"ро ба муҳосираи шадид дароварданд. Аз чумлаи арзёбиҳо аз ҳодасаҳои Тошканд он аст,ки кормандони милисаи узбак барои тафтиши ду фарди шубҳанок вириди як бинои истиқоматй мешаванд, аммо ин афрод дарро боз намекунанд ва ҳамин тавр тирпарронй байни ду тараф оғоз мешавад. Дар ин арзёбй ин ҳодиса "амалиёти махсус" унвон шуд.
Бо таваччуҳ ба ин ки даргириҳои Тошканд дар остонаи рузи истиқлоли Узбакистон иттифоқ афтод, бозтоби густурдае дар расонаҳои минтақайи ва фароминтақайи дошт. Зеро сиёсати хафақон, ки давлатмардони узбак пеш гирифтаанд, ин интизорро тақвият кардааст, ки ин кишвар дар ниҳоят аз дохил мунфачир хоҳад шуд. Ба иборати дигар,пешгуиҳо дар мавриди ин ки Узбакистон дар ояндае на чандон дур дастхуши нооромиҳо хоҳад шуд, даргириҳои Тошкандро ба як паёмаде ғайриқобили инкор табдил кардаанд. Бо ин ҳол руйдодҳои Тошканд аз чанд зовия қобили арзёбй ва баррасианд.Аввал ин ки вуқуи чунин ҳодисае дар остонаи чашни миллии Узбакистон ба он ишора дорад, ки неруҳои мухолифи давлати Узбакистон ба ин восита аз худ дарак доданд ва талош карданд таваччуҳи чомаеи чаҳониро ба сиёсати худкомаи давлатмардони узбак чалб кунанд, то шояд ниҳодҳои байналмилалй дар ростои риояти ҳуқуқи башар Тошкандро таҳти фишорҳои бештаре қарор диҳанд.Дуввум, ин эҳтимол чой дорад, ки бастагони афроди таҳти боздошт ва шиканча дар зиндонҳои Узбакистон талош доранд бо ноором кардани кишвар ва таҳрики эҳсости мардум таваччуҳро ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Узбакистон чалб кунанд ва нишон диҳанд, ки мухолифат дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Саввум, нируҳои мухолифи Ислом Каримов, ки гуфта мешавад ахиран аз беморй ранч мебарад, ин барномаро тарроҳй караданд, то беҳосилии сиёсатҳои саркуби раиси чумҳури Узбакистонро ба намоиш гузоранд. Цахорум,тибқи риволи роич дар хадамоти амниятии бисёре аз кишварҳо, ин ходиса саҳнасозии мақомоти амниятии узбак буд, то бо ин баҳона битавонанд, мухолифони худро бештар саркуб кунанд ва фурсати тозае барои қудратнамойи дошта бошанд.(Харчанд ин бор дар ибтидои ҳодиса муҳри иттиҳом ба неруҳои исломй зада нашуд, аммо милисаи узбак бо таҳти контроли шадид гирифтани минтақаи ҳодиса ва тамоми маркази вилоят ва ноҳияҳо, қабл аз ҳама афроди ришдорро мавриди боздошт ва бозчуйи қарор додааст).Панчум, ин ҳодиса қудратнамойии доираҳое буд, ки мехоҳанд дар Узбакистон нуфуз дошта бошанд:қарори маълум давлати Тошканд бо пеш гирифтани сиёсати бозй бо қудратҳо, гоҳ ба тарафи Русия рафтааст ва гоҳе ба суи Гарб ба саркардагии Амрико. Чунин сиёсате табъи дили ҳеч як аз тарафҳои рақиб намебошад, аз ин ру ин қудратҳо бо вориди амал намудани афроди вобаста ба хеш ин паёмро доданд, ки метавонанд ҳатто дар қалби ин кишвар барномаҳои худро ба ичро гузоранд.Шашум ва ...
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2009 барои саввумин бор аст, ки Узбакистон дастхуши нооромиҳо мешавад. Нахуст, шаби 26 май афроди ношинос посгоҳи милисаи Хонобод дар вилояти Андичонро мавриди ҳамла қарор доданд ва рузона чанд таркиш дар шаҳри Андичон ба вуқуъ пайваст.Дар ин таърих нахустин ҳамлаи маргталабона дар Осиёи Марказй иттифоқ афтод.Дуввум, мохи август дар ноҳияи Бахмал, вилояти Чиззах даргирии мусаллаҳона миёни афроди ношинос ва марзбонони узбак руй дод.Саввум,руйдодҳои ахири Тошканд.
Ба назар чунин мерасад, ки сиёсатҳои пешгирифтаи давлати Тошканд ба бор нишастаанд ва ин кишвар дар раванди ташаннучи авзоъ қарор гирифтааст. Сарфи назар аз шарҳу тафсири сарони Узбакистон, ки ин бор низ шоҳиди он хоҳем буд,сиёсати диктотурй дар ҳеч шакле умри абад нахоҳад дошт, ҳамон гуна, ки таьрих шикаст ва фурупошии бисёр режимҳои диктотуриро дар ҳофиза дорад.Аммо дар марҳалаи кунунй зоҳиран давлати Тошканд тавонистааст дар доираҳои мухолифи хеш нуфуз кунад ва фаъолиятҳои ононро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибарад.Бо ин вучуд чунин сиёсате дар дарозмуддат корсоз нахоҳад буд. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ва Русия низ дар созмону ниҳодҳои мухолифи давлати Тошканд то ҳадди қобили мулоҳизае нуфуз доранд ва қодиранд дар мавридҳои зарурй аз омилони хеш дар ин созмонҳо барои пешбурди ҳадафҳояшон дар Узбакистон истифода кунанд. Аз суи дигар, гуфта мешавад, ки фаъолияти бо ном афроди Ҳаракати исломии Узбакистон дар Точикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя чизе чуз пешбурди барномаҳои хадамоти вижаи давлати Тошканд дар ростои барномаҳои стротегиаш дар минтақа нест. Чудо аз ин ҳама руйкрдҳои шеваи кунунии мақомоти узбак дар бархурд бо мухолифони хеш ва умуман дигарандешон, чизе чуз бозй бо оташ таъбир намешавад.