САХИФАХО

воскресенье, 4 декабря 2011 г.

Точикистон ва Амрико: тарҳи ҳамкориҳои чадид


Сафари рузҳои 20-21 ноябри Винсент Брукс, фармондеҳи неруҳои заминии артиши Амрико ба Душанбе ва дидору гуфтугуҳои вай бо мақомоти точик, мучиб шуд то баҳси таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Точикистон мучаддадан ба маҳофили коршиносй ва расонайи кашида шавад.Дар ин робита ибтикори амал дар дасти расонаҳои русй буд ва ингуна илқо мекарданд, ки  дар пайи ташдиди фишорҳои Маскав, акнун Душанбе дар садади наздикй бо Амрико баромадааст.Аз чумла сойти "Аргумент.ру" ба нақл аз манобеи дипломатй ва низомии Русия навишт, дар Душанбе машваратҳои густурдае миёни мақомоти амрикойи ва Точикистон чараён дорад, ки ҳадаф аз он фароҳамсозии заминаҳои таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Точикистон аст.Ин расона дар идома таъкид кардааст, дар ин музокироти "комиллан сиррй", намояндагони фармондеҳии марказии артиши Амрико талош доранд давлати Душанберо мутақоид ба ихрочи низомиёни рус аз қаламравашон кунанд.Аммо мақомоти точик чунин иддаоҳои расонаҳои русиро қотеъона рад ва таъкид карданд, дар рузҳои сафари Винсент Брукс ба Душанбе вазири дифоъи Точикистон дар Белорус ба сар мебурд ва табиист ки дар ғиёби вазири дифоъ ҳеч сухане дар робита ба таъсиси пойгоҳи низомй матраҳ нахоҳад шуд.Дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе низ зимни радди хабарҳо дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Точикистон гуфт, барои нахустин бор аст, ки Винсент Брукс ба Точикистон сафар кардааст ва ҳадафи аслии сафари вай ошнойи бо мақомоти точик ва авзои минтақа буда, на чизи дигар.
 Албатта масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Точикистон тайи чанд соли ахир дар маҳофили сиёсй ва расонайии минтақа ва хорич аз он матраҳ аст. Ба вижа баъд аз он ки Душанбе ва Маскав дар як чанги дипломатии бесобиқа аз як су садоқат ва вафодoрй ва аз суи дигар тавон ва зарфиятҳои якдигарро ба озмоиш гузоштанд, хабару гузориш ва таҳлилҳо дар мавриди ояндаи равобити Русия ва Точикистон дар садри расонаҳо ва маҳофили коршиносй қарор гирифт.Расонаҳои вобаста ба бархе маҳофили қудратталаб дар Маскав, тамоми талоши худро ба кор гирифтанд, то фазои точикситезй дар қаламрави шуравии собиқро ташдид кунанд ва даъват мекарданд барои он чй "намакнашносии Душанбе" таъбир мекарданд, Точикистон танбеҳ шавад.Муаллифони чунин мақолаҳо иддао мекарданд, дар пайи озодсозии халабонҳо, ки ҳосили фишорҳои шадиди Маскав ба Душанбе буд, Точикистон бо пушт кардан ба Русия, дари ҳамкориҳои ҳамачониба бо Вашингтонро боз кардааст ва дар ҳоли фароҳам кардани муқаддамоти таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар қаламрави худ аст. Албатта чудо аз баҳси зиёдаравй ва зиёдахоҳии нашрияҳои русй, мавзуи пойгоҳи низомй ба вижа тайи ду соли охир, хорич аз чорчуби музокироти мақомоти точик бо намояндагони кишварҳои муддайии ҳузур дар Осиёи Марказй набудааст.Ҳинд, Русия, Амрико, Покистон, аз чумлаи кишварҳое ҳастанд, ки алоқаи фаровон ба истиқрори неруҳояшон дар Точикистон доранд.Ин масъала барои Вашингтон дар марҳалаи хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст.Бар асоси тарҳи хуручи низомиёни амрикойи аз Афғонистон ва он чи ки аз ибрози назарҳои мақомоти  Пентагон бармеояд, ин низомиён қабл аз он ки ба маконҳои доимии буду боши худ бозгарданд, барои муддате дар кишварҳои Осиёи Марказй истиқрор хоҳанд ёфт.Дар ҳоли ҳозир Амрико аз пойгоҳи "Манас" дар Кирғизистон ва таъсисоти мавчуд дар қаламрави Узбакистон дар чорчуби барномаҳои низомии худ дар Афғонистон, истифода мекунад, аммо бо руйи кор омадани давлати русгаро дар Бишкек, ояндаи пойгоҳи "Манас" дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст.Узбакистон ҳарчанд ҳамкориҳои хубе бо Амрико дорад ва низомиёни НАТО аз фурудгоҳи Термиз барои парвоз ба Афғонистон истифода мекунанд, аммо Ғарб аз бозиҳои сиёсии Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба хубй огоҳ аст ва эътимоди чандоне ба Тошканд надорад.Аз ин ру мехоҳад гузинаҳои дигаре низ дошта бошад, то барномаи ба истилоҳ хуручи низомиёнаш аз Афғонистон ва вуруди онҳо ба Осиёи Марказй аз осебҳои эҳтимолй "бима" ё суғурта шуда бошад.
Русия ҳамеша дар қиболи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй бо Ғарб ҳасосият нишон додааст ва ин мавзуъ дар мавриди талошҳои ахири Амрико барои таъсиси пойгоҳҳои низомй дар Узбакистон ва Точикистон мустасно нест.Сафари вазири дифоъи Точикистон ба Русия ва музокироти тулонии вай бо ҳамтои руси худ, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳо аст.Дар ин дидор ки рузи панчшанбеи 24 ноябр дар Маскав баргузор шуд, сарнавишти пойгоҳи 201 Русия дар Точикистон, дар меҳвар қарор дошт.Ин бузургтарин пойгоҳи низомии Русия бо 7 ҳазор низомй, дар хорич аз қаламраваш ҳаст, ки қарордоди марбут ба он соли 2014 ба поён мерасад.Дар айни ҳол Маскав барои фаъолияти ин пойгоҳ ба давлати Душанбе тақрибан ичорабаҳое пардохт намекунад ва қасд дорад ин қарордодро ба ҳамин шакл то 49 соли дигар тамдид кунад. Дар авоили моҳи ноябри соли 2011 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Эмомалй Раҳмон, ҳамтои точики худ пешниҳод кард, ки ба ин дархости Маскав ризоят диҳад.Аммо Точикистон бар он аст, ки бо бознигари дар қарордоди ҳузури низомиёни рус дар қаламраваш, солиёна 300 миллион доллар ичорабаҳо аз Русия дарёфт намояд.Ҳамин ихтилофи назар боиси ихтилоф дар равобити Маскав - Душанбе шудааст, ки қазияи халабонҳо охирин намуна аз он буд. Дар чунин шароите авзоъ ба нафъи Амрико дар ҳоли тағйир аст ва раванди таҳаввулот баёнгар аз он аст, ки ба эҳтимоли қавй пойгоҳҳои чадиди Амрико дар Осиёи Марказй дар aвалҳои соли оянда эчод хоҳанд шуд.
 Сафари ахири вазири хоричаи Амрико ба минтақа дорои ин паём буд, ки аз ин ба баъд Амрико ҳисобе ончунонй руи Исломобод ба унвони шарики худ дар минтақа надорад ва таваччуҳи аслии он ба Осиёи Марказй ба унвони гузинаи беҳтар, равона хоҳад буд.Хиларй Клинтон аввал ба Покистон рафт ва охирин талошҳоро дар чиҳати ҳифзи Исломобод дар чабҳаи Амрико, ба харч дод.Аммо афкории умумии Покистон, ки тибқи суннатҳои ин кишвар ҳосили назарот ва дидгоҳҳои шахсиятҳои мазҳабй аст, раванди амрикоиситезиро тачриба мекунад, ки натичаи амалкарди зиддиисломии Вашингтон дар ақсо нуқоти чаҳон аст. Ихтилоф дар равобити Покистон ва Амрико ба вижа ахиран дар пайи кушта шудани 25 низомии Покистон тавассути неруҳои НАТО, беш аз ҳарзамони дигаре ташдид шудааст. Дар пайи ин ҳодиса, ки 26 ноябр рух дод, Исломобод ба Амрико зарб ул ачали 15 руза дод, то пойгоҳи низомии "Шамсй" дар иёлати Балучистонро чамъ кунад.Кумитаи дифоъи Покистон дар нишасти изтирории худ ҳамчунин тасмим гирифт, ки ҳаракати комюнҳои дорои мавод барои низомиёни НАТО мустақар дар Афғонистон мутаваққиф карда шавад.Ин дар ҳолест, ки Покистон шоҳиди тазоҳуроти мардумй дар маҳкумияти амалкарди Амрико дар ин кишвар аст. Қобили зикр аст, ки 70 дарсади колоҳои мавриди ниёзи низомиёни НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Покистон мунтақил мешавад ва дар ҳоле ки ин масир баста шуда, аҳамияти "шабакаи шимолй", яъне кишварҳои Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре афзудааст.Хамзамон бо ин, амалкарди ахири Маскав дар қиболи Точикистон бори дигар ин ҳақиқатро ба намоиш гузошт, ки Русия ҳаргиз шарики боэътимоде нест.Харчанд ҳануз Маскав мутмаъин аст, ки ба қадри кофй фишангҳои фишор ба Душанберо дар ихтиёр дорад, аммо афкори умумии Точикистон ба таври бесобиқае зиддирусй шуда, акнун интиқодҳо аз давлати Душанбе дар кутоҳй дар қиболи Маскав дар матбуоти ин кишвар қотеъонатар садо медиҳанд.Дар канори ин, куштори шаҳрвандони точик тавассути миллигароёни рус ва мавзеи заъиф Душанбе дар ҳимоят аз шаҳрвандони худ, эътирозҳоро дар маҳофили мухталиф бештар кардааст.Чунин вазъият фурсатро дар ихтиёри Амрико қарор додааст, то бо истифода аз сармоя ба хостаҳои худ дар минтақа даст ёбад.

четверг, 17 ноября 2011 г.

Точикистон ва Русия : имтиҳоне дар гузари замон



Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст.
 Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд.
 Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки "ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард".Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин  амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, "агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд".Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро "уту" кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия  гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки "бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад." Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон "посухи сазоворе" диҳад, зеро ба гуфтаи у "Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед". Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, "ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад".
   Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал - Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати " Rolkan Investmens Ltd "ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод.
  Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва  зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.

среда, 5 октября 2011 г.

Интизорот аз нишасти Варшава


Рузи 28 сентябри соли чорй дар Варшава, пойтахти Лаҳистон нишасти солиёнаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо чиҳати баррасии риъояти меъёрҳои ҳуқуқи башар тавассути кишварҳои узви ин созмон, оғоз шуд. Ин нишаст, ки дар он намояндагони 56 кишвари узв ва созмони муассисаҳои маҳаллй ва байналмилалй ҳузур доранд, то 9 моҳи октябр идома хоҳад дошт. Дар қиёс бо нишастҳои қаблй, ки мачмуъи масоил мавриди баҳсу баррасй қарор мегирифт, дар нишасти имсол масоили марбут ба адами табъиз ва озодиҳои асосй, назири озодии матбуъот, фаъолиятҳои мазҳабй ва ҳуқуқи башар мавзуъи аслии суханрониҳо хоҳанд буд."Янеш Ленарич", мудири дафтари демократй ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар маросими ифтитоҳияи нишасти мазкур гуфт, демократияи комил амре душвор аст, аммо таъаҳҳуде ки кишварҳои узв дар чиҳати таъмини ҳуқуқи башар пазируфтаанд, гувоҳи талоши онон барои дастёбй ба ин ҳадафи бузург аст. Вай афзуд, ҳар кишвар вижагиҳои худро дорад ва муҳим он аст, ки дар чиҳати ичрои ухдадорихои хеш, чиддй ва котеъ бошанд."Марк Перрин Бришамбо", дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ишора ба системи озмудашудаи таъмини озодиҳои шаҳрвандй гуфт, авзоъи кунунии чаҳон ва ташдиди буҳрони молии чаҳонй, миконисми ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва демократияро дар маърази озмоишҳои чадид қарор додааст.
  Қабл аз ин нишаст гузорише мунташир шуд, ки дар он вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шахрвандй дар Казоқистон, Узбакистон ва Туркманистон арзёбй шудааст. Дар ин гузориш аз чумла омаддаст:се кишвари Казоқистон, Узбакистон ва Туркманистон дар марҳалаи гузар қарор доранд ва дастовардҳое дар ростои эъмори чомеъаи демукросй касб кардаанд.Бо ин ҳол, муаллифони гузориши мазкур таъкид кардаанд, ки дар ин кишварҳо дар масъалаҳои муҳиме назири озодии баён, баргузории эътирозот ва озодии расонаҳо ҳануз мушкилоти чиддй вучуд доранд.Гузориш меафзояд, дар Казоқистон гуруҳҳои мухолифи давлат аз ҳаққи баргузории ҳамоишҳо маҳруманд ва ё ба онҳо фақат дар канораи шаҳрҳо ичозаи барпойии чунин ҳамоиш ва нишастҳо дода мешавад.Тайи чанд моҳи охир дар устони Мангистой ҳазорон коргарони бахши нафт барои афзоиши маоши худ даст ба эътисоб заданд, аммо додгоҳ эътисоби оноро ғайриқонунй эълом ва садҳо нафар аз муътаризонро аз кор ихроч кард.Даҳҳо нафар боздошт ва сарони муътаризон бо иттиҳомоти мухталиф равонаи зиндон шуданд. Мақомоти Остона дар чиҳати сабти ном ва фаъолияти созмон ва муссисаҳои ғайридавлатй мавонеъи зиёде эчод кардаанд ва ба иллати бастани сойтҳои интернетй, дастрасии озоди афрод ба  иттилоъот маҳдуд карда шудааст.
   Дар мавриди авзоъи Туркманситон дар ин гузориш омадааст, меъёрхои демократй ва озодиҳои шаҳрвандй дар ин кишвар ҳамчунон ба шиддат маҳдуд карда мешаванд.Бо вучуди ин ки дар ин кишвар болиғ бар 100 созмон ва муассисаи ғайридавлатй сабти ном шудааст, аммо фаъолияти ҳамаи онҳо таҳти назорати шадиди сохторҳои давлатй қарор доранд. Дар Туркманистон ҳануз ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар ин кишвар ичозаи фаъолият надоранд. Мунтақидони сиёсатҳои давлат тавассути сохторҳои амниятй таҳдид ва мавриди фишор қарор мегиранд ва ба "феҳристи сиёҳ" - ин хадамоти амниятй дохил карда мешаванд.Афроди шомили ин феҳрист ичозаи хуруч аз кишварро надоранд.Дар Узбакистон низ авзоъи ба ин монанде ҳоким аст ва расонаҳои мустақил бидуни сабти ном ва тақрибан пинҳонй фаъолият мекунанд ва фақат як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар бо номи "Эзгулик" сабти ном шудааст. Бо ин ҳол тамомии фаъолони ҳуқуқи башар таҳти назорати хадамоти амниятй қарор доранд ва ҳар аз гоҳе бо иттиҳомоти сохташуда боздошт ва мучозот мешаванд ва дар боздоштгоҳҳо мавриди озору азият қарор мегиранд.Дастрасй ба иттилоъот маҳдуд аст ва дар пайи ташдиди фишорҳо созмони байналмилалии Human Rights Watch фаъолияти худ дар Узбакистонро қатъ кард.
  Дар мавриди Точикистон ва Казоқистон низ гузоришҳои мушобеҳе мунташир шуда, ки дар ростои мақоли машҳури "кач дору марез" таҳия шуданд, ки ҳокй аз бархурди дугонаи ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ин масоил ҳастанд. Аз ин чост ки ҳай ати Федератсиюни Русия зимни интиқоди шадид аз амалкарди дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, таъкид кард меъёрҳои ин дафтар дар чиҳати арзёбй аз амалкарди давлатҳо дар бахши риъояти ҳуқуқи башар, ҳаргиз чавобгуи шароити руз нестанд ва умдатан чанбаи ташрифотй доранд."Андрей Никифоров", маъовини раиси ҳай ати Русия дар нишасти мазкур афзуд, ба вижа амалкарди давлатҳо дар баргузории интихобот ва риъояти ҳуқуқи ақалиятҳои миллй, ниёзманди назорати шадид ва ислоҳ мебошад.Аз суе "Дуня Миятович", намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуъот, аз амалкарди бисёре аз давлатҳои узв дар маҳдудсозии озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил интиқод кард. Хонуми "Миятович"  аз чумла ба иқдоми Русия, Точикистон ва Узбакистон ишора кард, ки чанде қабл пешниҳод карданд "Ойинномаи байналмилалии таъмини амнияти иттилоъотй" таҳия ва тасвиб шавад.Ин мақоми аврупойи ибрози нигаронй кард, ки чунин иқдомҳое зимни эчоди мавонеъ дар рушди озодии баён, фаъолияти хабарнигоронро бо мушкилоти чиддй мувочеҳ хоҳад кард. Хонуми Миятович аз амалкарди Узбакистон дар маҳдуд кардани дастрасй ба сойтҳои интернетй интиқод кард, амре ки мучиби шомил шудани Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар ба феҳрасти "душманони интернет" шудааст.
 Қобили зикр аст, ки дафтари демукросй ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар соли 1990 таъсис шуд ва дар соли 1992 бар асоси эъломияи Хелсинки вазифадор шуд ба кишварҳои узв дар заминаи риояти ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандй ва таҳкими институтҳои демократй,кумак кунад.Назорат бар раванди баргузории интихобот дар давлатҳои узв, аз чумлаи авлавияти фаъолиятҳои ин дафтар маҳсуб мешавад. Аммо воқиъият ин аст, ки  тайи наздик ба ду даҳа аз фаъолияти дафтари мазкур, ҳеч беҳбудие дар баргузории интихобот дар кишварҳои пасошуравй сурат нагирифта, давлатҳо ҳамеша натоичи интихоботро ба нафъи худ дасткорй кардаанд.
  Вижагии нишасти имсоли дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо он аст, ки ҳамзамон бо оғози хуручи неруҳои низомии кишварҳои ғарбй аз Афғонистон баргузор шудааст.Хамин мавзуъ бидуни шак ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказй арзёбй мешавад, зеро ниёзи фазояндаи Гарб ба ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба унвони имтиёзе барои ин кишварҳо дар таъомул бо ғарбиҳо арзёбй мешавад.Ба иборати дигар, ҳамин масъала боис мешавад, ки лаҳни интиқодҳо аз давлатҳои Осиёи Марказй дар масъалаи риъояти меъёрҳои демукросй ва озодиҳои шаҳрвандй нармтар аз ҳамеша бошад. Дар мачмуъ нишасти Варшава ҳамчун нишастҳои қаблии ин ниҳод бидуни тасмимоти чиддй, ки мучиби беҳбуди вазъ дар заминаи риъояти ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократй дар кишварҳои узв бишавад, ба кори худ поён дод.Танҳо натичаи мусбат барои созмондиҳандагони ин нишаст он аст, ки бо тарҳи қонуншиканиҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказй дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар, заминаи бочгирй аз онҳоро фароҳам мекунанд.Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ҳеч умеде ба кумак ва мусоидати чунин нишастҳо дар чиҳати ислоҳи амалкарди диктотурҳои Осиёи Марказй дар бахши демократй ва ҳуқуқи башар, надошта бошанд.

 

пятница, 23 сентября 2011 г.

Терори устод Раббонй ва зарурати ҳамгаройии точикон

 Террори устод Раббонй ҳамзамон бо ин ки қалбҳои миллионҳо инсони бедордил ва адолатхоҳ, ба вижа миллати точикро дар саросари чаҳон ғарқ дар мотам кард, раванди сулҳи Афғонистонро ба хатари чиддй мувочеҳ намуд. Толибон бо ин иқдоми дадманишонаи худ, ки дақиқан такрори сенариёи террори Аҳмадшоҳ Масъуд буд, нишон дод, ки ҳаргиз наомадааст сухан аз сулҳу ваҳдат бигуяд, балкй гуруҳест ба дур аз ҳама фарҳангу тамаддун ва ойину мазҳаб ва омадааст: аввалан Исломро бадном кунад; сониян нооромй ва нифоқро, ки хостаи хочагони ғарбиаш ҳаст, дар Афғонистон ва минтақа доман бизанад.Ҳамон гуна ки аз шеваи хуручи неруҳои ғарбй аз минтақа ва  дигар кишварҳои таҳти тасарруфашон бармеояд, доман задан ба хушунатҳои қавмй аслитарин шигардест, ки дар мустамликадории навин ҳамеша мавриди истифода будааст.Имруз ҳамон англо-саксҳое, ки то миёнаҳои қарни 20 кишварҳоро ишғол ва миллатҳоро қатлиом ва ғорат мекарданд, акнун ин корро ба усулҳои мудерн, аз тариқи созмону ниҳодҳои дастнишондаи худ ва бо баҳонаҳои «мубориза бо тероризн», «таъмини демократия», «ҳимоят аз ҳуқуқи башар» ва амсоли ин анчом медиҳанд.Як бор аз худ савол накардаед,:»Оё барои англис хеле муҳим аст, ки миллиардҳо доллар харч кунад ва аз он тарафи обҳо биёяд то амнияти афғонҳоро ё ироқиҳоро таъмин кунад?»Оё ақли солим ба ҳамчунин коре бовар мекунад?Дар тули таърих ҳамеша англо-саксонҳо ба дунболи сарват ва боигарии дигар миллатҳо будаанд.Дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин, ҳар кучо ки нишоне аз тилло буда, англо-саксонҳо ончо пайдо шуданд ва шуруъ ба ғорат кардаанд.Ҳамин ҳирси тилло ва сарват онҳоро ба Амрикои шимолй бурд ва бо қатлиоми мардуми бумй, ки онҳоро «сурхпустон» мегуфтанд, давлате бо номи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ташкил карданд ва имруз ин ду бародар – Амрико ва Инглис ба иттифоқи сионизми чаҳонй дар дунё ҳукумат ва кишварҳоро истисмор мекунанд.Террори устод Раббонй нишон дод, ки ишғолгарони Афғонистон ҳаргиз ба фикри сулҳу оромиш дар ин кишвар нестанд, зеро ба хубй медонанд, ки агар суботу оромиш дар минтақа барқарор шавад, дигар ниёзе ба ҳузури ин ишғолгарон намемонад.Аз ин ру бузургтарин чеҳраи сулҳофари Афғонистон – устод Раббониро ба шаҳодат расонданд, то бо доман задан ба низоъҳои қавмй, дар оби гилолуд моҳй сайд кунанд.
 Имруз онҳое ки мегуянд «марги Раббонй таъсире дар раванди сулҳи Афғонистон нахоҳад дошт», сахт иштибоҳ мекунанд, зеро дар асл устод Раббонй буд, ки ин равандро чон дамид ва шахсияти у сутунмуҳраи чараёни сулҳи Афғонистон буд.Акнун чои шаке нест, ки дубора сари мизи музокира овардани чиноҳҳои Афғонистон бо намояндагони толибон, коре сахт ва душвор хоҳад буд.Дар ҳақиқат раванди сулҳи Афғонистон, ки шабеҳи кучаи ҳаракати яктарафа буд, дар замони раёсати устод Раббонй дар Шурои миллии сулҳи Афғонистон, ба хиёбони сертараддуд барои ташхиси масирҳо табдил шуд.Инак терори устод Раббонй собит кард, ки на толибон ва на Ғарб, ки ҳарду дар асл як неру маҳсуб мешаванд, ҳеч гоҳ ба дунболи сулҳ дар Афғонистон набуданд ва нестанд.Ғарб бо харчи миллиардҳо доллар ба он хотир ба Афғонистон лашкар кашид, ки рақибони аслии худ дар арсаи чаҳон – Чин, Русия, Иронро аз наздик таҳти назорат дошта бошад ва заминаи заъиф кардани ин қудратҳои дар ҳоли зуҳурро муҳайё кунад.Аз ин ру идомаи чангу хунрезй дар минтақа беҳтарин фурсат барои ин ҳузур ва амалй кардани ин ҳадаф аст.Ҳамон гуна ки Чонон Мусозай, намояндаи вазорати хоричаи Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, «ин нахустин ва охирин куштори мақомоти олирутба нест» ва ғарбиҳо аз тариқи дастнишондаҳои худ силсилаи терорҳоро идома хоҳанд дод, то адовати душманй миёни қавму миллатҳои муқими Афғонистон амиқтар шавад. Ин ҳодисаи асафбори таърихи муосири Афғонистон, об ба осиёби онҳое мерезад, ки мухолифи сарсахти раванди сулҳ ҳастанд.
 Бисёриҳо бар ин боваранд, ки марги устод Раббонй ба дигар раванди дохилии Афғонистон – иттиҳоду инсичоми точикони муқими ин сарзамин, ки беш аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, низ таъсири манфй хоҳад расонд.Ин дидгоҳ то ҳадди зиёде чон дорад, зеро устод Раббонй буд, ки ихтилофоти мавчуд миёни раҳбарони точикро дар Афғонистон ҳамеша саркуб кард ва тавонист нақши раҳбариро бо афзал шумурдани манфиатҳои миллй, ичро кунад.Ҳамчунин Эътилофи шимол бидуни устод Раббонй ба як сохтори бе руҳ табдил хоҳад шуд.Бисёриҳо дар Афғонистон бар ин боваранд, ки терори устоди Раббонй, идомаи силсила терорҳоест, ки дар ростои аз миён бардоштани пешвоёни миллати точик дар ин кишвар анчом мегирад.Ин дидгоҳро дар хорич аз Афғонистон низ тасдиқ мекунанд ва ин ҳақиқат аст! Бисёриҳо дар минтақа ҳамбастагию ҳамгаройи миёни Точикистон, Афғонистон ва Эронро бар хилофи манфиъатҳои худ мебинанд, аз ин ру бо ҳар роҳи мумкин талош мекунанд, пеши роҳи ин ҳамгаройиро бигиранд.
 Дар бораи фармоишгарон ва ичрокунадагони терори Устод Раббонй дидгоҳҳо ва тахмину гумонҳо зиёданд, аммо ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки ҳар кй ҳастанд ва ҳар кучо ҳастанд нахуст душманони иттиҳоди мардуми Афғонистон ҳастанд, дуввуми бадхоҳони миллати точик мебошанд, ки давлати точикон ва вучуди ин миллатро устухоне дар гулуи худ таъбир мекунанд.
  Бо кушта шудани Устод Раббонй, акнун мавчи нооромиҳо ба қаламрави точикон ҳаракат хоҳад кард ва аз эҳтимол дур нест, ки Точикистон ба саҳнаи нооромиҳо табдил шавад.Акнун барои Ғарб беҳтарин фурсат фароҳам шудааст, то пойи касифи худро аз сарзамини Афғонистон берун кашад ва назорагари ҳамдигракушй дар ин кишвар бошад, зеро донаи кинаву нифоқ пошида шуд ва ташдиди низоъи қавмй амре ногузир дар ин марзу бум хоҳд буд.
 Дар ин чо дигар мавзуе ки чалби таваччуҳ мекунад, вучуди ихтилофи назар дар миёни шахсиятҳои точик дар Афғонистон аст.Дар ин фароянд масъулияти бисёр муҳиме ба души Точикстон – Ватани миллати точик аст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон раҳбарони точики Афғонистон, ба хусус шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид устод Раббонй талоши зиёде барои ҳалли ихтилофи мавчуд дар миёни тарафҳои ба ҳам рақиби Точикистон ба харч доданд.Имруз фурсате пеш омадааст, ки Точикистон вориди амал шавад ва тамоми талоши худро барои иттиҳоду инсичом миёни точикони Афғонистон ба кор гирад. Чунин кореро ояндаи давлат ва миллати точик тақозо мекунад, зеро аз ин тариқ ҳамгаройи миёни миллати точик беш аз пеш густариш меёбад ва аз дигар су пеши роҳи нуфузи гуруҳҳои ифротй аз хорич ба Точикистон гирифта хоҳад шуд.Акнун фурсати он аст, ки Анчумани байналмилаллии точикон аз як ниҳоди ташрифотй ба як созмони фаъоли байналмилалй табдил шавад ва дар им амр бояд Точикистон ибтикори амал, яъне ташаббусро дар даст дошта бошад

суббота, 9 июля 2011 г.

Амрико ва хуруч аз Афгонистон


Рузи 28 июн дар "Оқсарой", қароргоҳи раёсати чумҳурии Узбакистон Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, Михаил Дмитриев, мудири хадамоти федероли Русия дар бахши ҳамкориҳои низомй-фанниро ба ҳузур пазируфт.Дар ин дидор дурнамои ҳамкориҳои низомй миёни ду тараф мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар дидори вазири дифоъи Русия бо раиси чумҳури Точикистон, ки низ дар поёни моҳи июни соли чорй дар Душанбе сурат гирифт, ҳамкориҳои низомии Русия ва Точикистон ва дурнамои ҳузури марзбонони русй дар марзҳои Точикистон бо Афғонистон мавриди баррасй қарор гирифт.Чунин музокироти мақомоти русй бо сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказй низ баргузор шуд ва ин ҳама баргирифта аз барномаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди хуручи низомй аз Афғонистон аст.Қарори маълум баъд аз ҳудуи се моҳ, аз оғози яке аз чангҳои тулонии асри имруз- чанги ба истилоҳ бо тероризм, 10 сол сипарй мешавад.Дар даҳ соли қабл, моҳи сентябри соли 2001 Ғарб ба саркардагии Амрико ҳамлаи низомй ба Афғонистонро бо шиори мубориза бо тероризм ва аз байн бурдани Бин Лодан, оғоз кард.Ба тадрич муттаҳидони аврупойии Вошингтан ба ин чанг ҳамроҳ шуданд ва паймони Атлантики шимолй - НАТО маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии худ дар Афғонистонро оғоз кард.
 Инак дар пайи эъломи хабари марги Бин Лодан дар 2 майи соли чорй, Амрико ба муваффақияти зоҳирй даст ёфт, то муқаддамоти хуручи худ аз Афғонистонро тарроҳй кунад.Воқеъият он аст ки чанг бо терроризм ба ҳеч вачҳ дар чорчуби барномаҳои Амрико ва муттаҳдони ғарбиаш набуда, дар аксари ҳолатҳо контрули раванди таҳаввулот дар чабҳаҳои набард, ё дар ихтиёри тарафи муқобил буд ва ё тавассути рақибони пушти пардаи Кохи сафед мудирият мешуд.
 Эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан, беш аз ҳар замони дигаре шароит ва фурсатро барои хуручи Амрико аз Афғонистон фароҳам кард, то ҳадди ақал дар назди мардуми Амрико ниқобе бар руи хуручи шармандавор бошад.Ҳудуди чаҳор трилион доллар фақат харочоти молии се чанги ахири Амрико дар Афғонистон, Ироқ ва ҳамчунин дар Покистон аст, ки аз чайби молиётдиҳандагони амрикойи даррафта, бар шиддати буҳрон дар иқтисоди бемори ин кишвар афзудааст.Барак Обама, раиси чумҳури Амрико ахиран эълом кард, ки дар навбати аввал 10 ҳазор низомии ин кишвар то тобистони соли 2011 ба ватан бармегарданд ва баъдан 23 ҳазор нафари дигар ба онон ҳамроҳ мешаванд.Ҳамзамон бо ин Инглис, Фаронса ва Олмон ба унвони бузургтарин муттаҳидони Амрико, низ аз хуручи низомиёни худ аз Афғонистон хабар доданд.Ин дар ҳолест, ки Вошингтан музокироти мустақимро бо толибон оғоз кардааст, ба ин умед ки хуруче мутафовут аз хуручи Шуравй дар даҳаи 80 қарни гузашта дошта бошад.
 Албатта хуручи Шуравй аз Афғонистон, шикасти қотеъ дар баробари мучоҳидон ва ҳамон Бин Лодане буд, ки амрикоиҳо барои муқобила бо комунизм тарроҳй карда буданд, аммо хуручи Амрико дар қиёс бо он, ба масобаи як пирузй тавсиф мешавад, зеро акнун ҳеч қудрате нест, ки аз ин хуруч ба нафъи худ истифода кунад, ҳамон гуна ки аз хуручи Шуравй Амрико истифода карда буд.Ба назар чунин мерасад, ки акнун Амрико дар раванди чоивазкунии неруҳои худ дар минтақа, Афғонистонро дар гирдоби бесарусомониҳо қарор хоҳад дод, то давлати Кобул нотавон аз мудирияти авзоъи кишвар, дубора аз Амрико дархости кумак кунад. Тайи даҳ соли ҳузур дар Афғонистон, амрикоиҳо тамоми тактикаҳои чангии худро бо истифода аз тачҳизот ва силоҳҳои пешрафта мавриди санчиш ва имтиҳон қарор доданд, то дар чангҳои мушобеҳе дар дигар кишварҳо, беҳтар амал кунанд.Нахустин дарс дар ин замина он аст ки Пентагон ба ин натича расида, ки дар чангҳои хорич аз қламрави худ, беҳтарин роҳ  чанги ҳавойи ва бамборони аҳдоф аст ва имруза шоҳиди коргирй аз ин токтик дар Либй ҳастем.Ба эътиқоди бархе назарияпардозони низомй, эҳтимолан аз ин ба баъд Амрико чабҳаи мубориза дар Ховари миёнаро тақвият хоҳад кард. Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки Амрико ба ҳеч як аз аҳдофи худ дар Афғонистон даст наёфт, аммо бо таваччуҳ ба авзои кунунии Афғонистон ба хубй мушоҳида мешавад, ки бесарусомонй ва ташаннучи ҳоким дар Афғонистони кунунй, аслитарин ҳадафи Амрико дар ишғоли ин кишвар будааст.Музокира бо толибон чузъи стротежии Амрико маҳсуб мешавд, ки аз ин тариқ ба осонй исломи мавриди назари худ, яъне исломи ифротй ва тундравро ба кишвари мавриди назар мунтақил хоҳад кард, то заминаи мудохила дар ин кишварҳо барояш фароҳам шавад.Дар ин росто қариб ҳамаи кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон ва рақиби Амрико - Чин, Эрон,Русия ва Ҳинд мадди назар ҳастанд, ки Осиёи Марказй дар авлавият қарор дорад.Чунончй баҳси истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупои шарқй ташдид шавад, Осиёи Марказй василае хоҳад шуд, ки Амрико аз тариқи он ба чанг бо Русия иқдом хоҳад кард.
  Дар мачмуъ Амрико бо хуруч аз Афғонистон, мавқеъи худро дар минтақаи Осиёи Марказй тавсаъа хоҳад бахшид, зеро бо ҳамаи кишварҳо барномаҳоеро дар чиҳати мубориза бо терроризм ва ифротгаройи таҳия ва тасвиб карда, муваффақ ба таъсиси пойгоҳҳои низомии худ низ шудааст.Дар қиёс бо хуручи Шуравй аз Афғонистон, ки  боиси танҳо мондани Маскавро дар арсаи байналмилал шуд, имруз Амрико танҳо нест ва муттаҳидонаш дар шарқу ғарб ҳануз бо барнома ва сиёсатҳои он ҳамсу ҳастанд.Дар чунин шароите ин давлатҳо минтақа ҳастанд, ки бо инсичом ва ҳамгаройи дар сатҳи минтақа ва расидагй ба мушкилоти шаҳрвандони худ дар дохили кишварҳо, метавонанд худро аз гирифторй дар ботлоқи сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Кохи сафед эмин доранд.

среда, 18 мая 2011 г.

Роғун: мухолифон ва мувофиқон.Кй пируз мешавад?


 Рузи 19 моҳи майи соли чорй дар шаҳри Олмотй, пойтахти пешини Қазоқистон тайи нишасте натоичи бозрасиҳои Бонки чаҳонй дар мавриди тарҳи неругоҳи барқи обии "Роғун" мавриди баррасй қарор хоҳад гирифт.Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои мухталифи кишварҳои минтақа ва созмонҳои марбутаи байналмилалй дар мавриди таҳқиқоти коршиносони Бонки чаҳонй росеъ ба таъсироти зистмуҳитии тарҳи "Роғун" ва хатароти эҳтимолии бархоста аз сохти ин неругоҳ, табодули назар хоҳанд кард.Коршиносони мустақил, ки Бонки чаҳонй аз онон чиҳати анчоми ин таҳқиқот истифода кардааст, натоичи пажуҳишҳои худро дар мавриди тарҳи неругоҳи мазкур ва вижагиҳои фаннию муҳандисии он, ироа мекунанд ва мутахассисон назарот ва дидгоҳҳои худро баён хоҳанд кард. Дар остонаи нишасти Олмотй Бонки чаҳонй аз чомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натичаҳои санчиши тарҳи Роғунро баррасй кунанд.Бо тавччуҳ ба ҳассосияти бархоста аз тарҳи "Роғун" дар миёни кишварҳои минтақа, Бонки чаҳонй қасд дорад бо ироаи кумакҳои худ дар заминаҳои фаннй, иқтисодй ва зистмуҳитй, мавозеи кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавриди ин тарҳ ба ҳам наздик ва аз эчоди ихтилоф бикоҳад.Албатта мақомоти ин бонк дар ройзаниҳои чудогона бо ҳар як аз кишварҳои минтақа, мавзеъҳои ононро дар ин робита чуё шуданд.Узбакистон ба унвони сарсахттарин мухолифи сохти неругоҳи "Роғун", ба Бонки чаҳонй гуфт, тарҳи мазкур бар хилофи муқаррароти байналмилалй таҳия шуда, маҳалли сохти он аслан барои чунин коре мунисоб нест. Мақомоти узбак таъкид карданд, муҳандисони точик ба қадри кофй тачриба надоранд, ки чунин тарҳеро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат наметавонанд аз авоқиби он пешгирй кунанд. Мақомоти Туркманистон дар музокирот бо намояндагони Бонки чаҳонй, дар мавриди тарҳи " Роғун " гуфтаанд, Точикистон ҳақ дорад дар ростои ниёзҳои иқтисоди худ аз манобеи обй истифода кунад, вале мақомоти Душанбе бояд уҳдадор шаванд, ки дар сурати такмили ин неругоҳ мачрои об ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш нахоҳад ёфт.Танҳо мухолифати Туркманистон дар мавриди тарҳи "Роғун" он аст, ки ин тарҳ барои танзими чараёни об дар минтақа пешбинй шуда буд ва ҳоло чаро аз он барои тавлиди неруи барқ истифода мекунанд.Қазоқистон дар мавриди "Роғун " мухолифати чандоне нишон надодааст. Мақомоти ин кишвар ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтаанд, тарҳҳое назири "Қамбарота" дар Қирғизистон ва " Роғун " дар Точикистон марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа ҳастанд  ва Остона омодааст ба шабакаҳои барқи Точикистон ва Қирғизистон бипайвандад.Дар ин миён Афғонистон зимни тарафдории комил аз тарҳи "Роғун", ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтааст, ин як зарурати бархоста аз ниёзҳои иқтисодии минтақа аст.
 Ҳарчанд тарҳи " Роғун " як тарҳи минтақайи ва як масъалаи сирф иқтисодй аст, аммо Узбакистон бо мухолифатҳои шадиди худ, ин мавзуро на танҳо байналмилалй кард, балкй ба он рангу буйи сиёсй дод ва ба аҳрами фишор ба кишвари ҳамсояи худ табдил дод.Давлати Тошканд бо таъсиси "Гуруҳи экологй" дар порлумони худ, чабҳаи бузурги муборизаи иттилоотй алайҳи тарҳи "Роғун"-ро ба роҳ монд ва бояд гуфт дар ибтидои ин раванд то ҳадде муваффақ ҳам шуд.Аммо ба тадрич чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои дахлдор эҳсос карданд, ки ҳама иддаоҳои Узбакистон сиёсй ва дар ростои хусумат ба Точикистон анчом мешаванд.Аз ин ру дар арсаи муборизоти иттилоотй акнун баранда Точикистон буд ва мутахассисон ва коршиносони ин кишвар бо интишори матолиби мувассақ ва мавриди эътимод, собит карданд, ки тарҳи "Роғун"  чуз манфиат чизи дигаре барои минтақа ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Натича он шуд, ки кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалй бо тағйири мавозеъ, аз сохти неругоҳи "Роғун" чонибдорй карданд. Гузориши ахири Кумитаи равобити байналмилали Сенати Амрико, посухи Бонки чаҳонй ба экологҳои узбак ва баёнияи Строун Стивенсон, намояндаи порлумони Аврупо тасдиқе дар ҳамин замина аст.Нуктаи муҳим он буд, ки намояндаи порлумони Аврупо аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки аз талошҳои Точикистон дар баҳрабардорй аз захоири оби Осиёи Марказй ва тарҳи неругоҳи "Роғун", ки метавонад омили пешрафти иқтисоди минтақа шавад, пуштибонй кунанд.
 Яке аз далоили  ҳимоятҳои Ғарб ва дигар ниҳодҳои байналмилалй аз мавзеи Узбакистон дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй он аст, ки Узбакистон дар барномаҳои минтақайии Ғарб нақши боризтаре дар муқоиса бо Точикистон дорад.Ин нақш дар пайи вахомати авзои маотиқи қабоилии Покистон, ки маҳалли тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон буд, аҳамияти бештаре пайдо кард. Аммо ахиран ба назар мерасад, ки мавзеи калавандаи раиси чумҳури Узбакистон дар ҳамкорй ва ҳамкорй  накардан бо шарикони худ, кишварҳои ғарбиро бар он доштааст, ки дар пайи чустучуи роҳҳои чадиди интиқоли колои худ ба Афғонистон хорич аз қаламрави Узбакистон бишаванд.Дар ҳамин росто тарҳои пайвастани роҳи оҳани Қазоқистон ба шабакаи роҳи оҳани Туркманистон дар ҳоли ичро аст, ки аз тариқи он вагонҳои марбут ба Ғарб аз Русия ба Қазоқистон ва аз он чо ба Туркманистон ва сипас тавассути мошинҳо ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд.Ин тарҳ аҳамияти Узбакистонро ба таври қобили мулоҳизае дар барномаҳои Ғарб коҳиш дод ва  ғарбиҳо дар бархе масоил чун қабл аз Узбакистон ҳимоят намекунанд.Аз суи дигар ичрои бархе барномаҳои ғарбиҳо дар Афғонистон, бе мушорикати Точикистон ва  такмили тарҳҳои гидроэнергетикии ин кишвар имконнопазир аст. Яъне ҳимоятҳои Ғарб аз мавзеи Точикистон дар баҳрабардорй аз манбаъҳои обии минтақа, на аз руи дилсузии ғарбиҳо, балкй бештар дар ростои аҳдофи худи онҳост.
  Дар ҳоле ки ҳануз натоичи таҳқиқоти Бонки чаҳонй эълом нашудааст, гуруҳи экологии узбак ин бонкро дар мавриди он чй "бозичаи дасти Точикистон" шудааст мегуяд, мутаҳҳам мекунад.Вазорати умури хоричаи Узбакистон рузи 11 май баёнияи ин гуруҳро мунташир намуд, ки дар он ҳушдорҳои такрории мақомоти узбак дар мавриди ба истилоҳ оқибатҳои зистмуҳитии сохти неругоҳи "Роғун" дарч шудаанд. Коршиносони узбак иддао мекунанд, дар сурати коҳиши чараёни об, Узбакистон солиёна 4 миллиард доллар ва дар пайи вайроншавии муҳити зист, 146 милион доллар зарару зиён хоҳад дид.Ин баёния дорои ҳамон иддаоҳои қаблии давлати Тошканд аст, ки ахиран тавассути мақомоти аршади кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалй, қотеъона рад шудаанд. Аз чумла Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнержй дар тозатарин ибрози назари худ гуфт, тарҳи неругоҳи "Роғун" дар замони шуравй ва тавассути мутахассисони ботачриба таҳия шуда, аз ҳар нигоҳе мавриди эътимод ва дар муқобили зилзила муқовим аст.
 Аксари коршиносони мустақил ва соҳибназарон бар ин боваранд, ки тамоми иддаоҳои Узбакистон дар бораи хатароти зистмуҳитии неругоҳҳои "Қамбарота" дар Қирғизистон ва "Роғун" дар Точикистон, ангезаҳои сиёсй дошта дар ростои мухолифат бо рушду пешрафти кишварҳои ҳамсоя анчом шудаанд.Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалй барои ояндаи Афғонистон барномаҳое таҳия кардаанд, ки иртиботи мустақим бо такмили неругоҳҳо дар Точикистон доранд.Ҳамчунин Русия, ки талош дорад бозари энержии Осиёи Марказй ва Чанубиро таҳти тасаллут дошта бошад, моил аст тарҳи неругоҳи "Роғун" такмил шавад.Бо таваччуҳ ба ин, интизор меравад сарфи назар аз мухолифатҳои Тошканд, ки пояҳои заъифи илмй доранд, Точикистон бо кумак ва пуштибонии ниҳодҳои молии байналмилалй муваффақ ба ичрои ин тарҳи барои иқтисоди минтақа муҳим,бишавад.

вторник, 29 марта 2011 г.

Туркманистон дар тахаввулоти минтака


 Вазорати корхои хорича Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи гузорише аз беҳбуди равобити Вошингтон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ибрози ризоят кард.Дар ин робита зимни таъкид бар ҳушёрии бештар дар қиболи сиёсатҳои тагйирёбандаи Тошканд, ба таври вижа аз тавсаъаи ҳамкориҳо бо Туркманистон кадрдонй шудааст.Дар нишасти мақомоти Вошингтон ва Ашқобод, ки миёнахои моҳи феврал дар пойтахти Туркманистон доир шуд, ду тараф тамоили худро чиҳати тавсаъа ва таъмиқи равобит дар тамомии заминаҳо иброз карданд.Дар ин миён Амрико даъват кард, ки фаъолиятҳо дар чорчуби масоили марбут ба Афғонистон тақвият ёбанд.Ин суханон ба он маъно аст, ки дар айни ҳол ва аз ин ба баъд Туркманистон дар сиёсатҳои Осиёимарказии Амрико аз чойгоҳи вижае бархурдор хоҳад буд.Имзои қарордоди сохти хати лулаи гази ТАПИ дар поёни соли 2010 баёнгар аз он аст, ки Амрико бо мушорикат додани Туркманистон дар тарҳҳои иқтисодии минтақа, ба вижа тарҳҳои энержй, қасд дорад бо истифода аз равишҳои ғайримустақим низ бо Русия ба рақобат бипардозад. Яъне фаъолиятхои Маскавро дар минтақаи суннатии нуфузаш - Осиёи Марказй ба чолиш бикашад.Афзоиши таҳаррукоти дипломатии Амрико дар Ашқобод тайи як соли охир, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.

 Ин таҳаррукот дар моҳи декабри соли 2010, дар пайи бурузи мушкил дар масъалаи таъмини сухти пойгохи "Манас" дар Кирғизистон, беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтанд.Зеро Туркманистон бузургтарин корхонаи тавлиди сухти ҳавопаймо дар минтақаро дар ихтиёр дорад ва барои Амрико ин кишвар беҳтарин гузина дар ин замина аст.Ба вижа он ки ду тараф дар мавриди хариду фуруши сухти ҳавопаймо барои ниёзҳои Афғонистон дар гузашта низ ҳамкорй доштанд, бо ин тафовут, ки бо таваччуҳ ба асли бетарафии Туркманистон, ин кор ба таври ғайримустақим ва тавассути далолон ичро мешуд.Он замон Маскав дар мавриди афзоиши нуфузи Амрико дар минтақа хеле ҳассос буд, аммо акнун авзоъ тағйир карда ва Русия низ дар тарҳҳои мухталифи Афғонистон шарик шудааст, ки транзити коло ва тачҳизоти Гарб тавассути қаламраваш ба Афғонистон, аз ин чумла аст. Акнун дар Русия ҳеч далеле чиҳати мамониъат аз содироти сухт аз Туркманистон ба Афғонистон вучуд надорад.
 Дар ҳамин росто қобили зикр аст, ки раиси чумҳури Русия рузи 22 моҳи март бо судури фармоне намояндаи вижаи худ дар Кобулро муаррифи кард.Димитрий Медведев тибқи ин фармон Замир Кобулов, мудири бахши Осиёи вазорати умури хоричаи Русияро ба унвони намояндаи худ дар Афғонистон таъйин кард.Дар фармони мазкур аз чумла омадааст, бо таваччуҳ ба зарурати густариши равобит бо Афғонистон, ки раванди навсозй ва раҳойи аз тероризмро тачриба мекунад, Маскав низ бояд мушорикати бештаре дар таҳаввулоти ин кишвар дошта бошад. Замир Кобулов дар солҳои 2004 - 2009 сафири Русия дар Афғонистон буд ва мутахасиси ботачрибаи вазорати хоричаи Русия дар умури Афғонистон маҳсуб мешавад.Сарпараси ҳайати русй дар конфронси Бон буд ва бо Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон робитаҳои дустона дорад.
 Рузи 24 январи соли чории мелодй дар шаҳри Ашқобод музокироти тарафҳои туркман ва амрикойи дар мавзуи тавсаъаи ҳамкориҳои энергетикй баргузор шуд, ки дар он тарҳи интиқоли энержй, аз чумла неруи барқ ба воситаи қаламрави Туркманистон ба Афғонистон баррасй шуд. Бо таваччуҳ ба аҳамияти минтақайии ин тарҳ, интизор меравад, ки маблаги такмили он тавассути ниҳодҳои молии байналмилалй таъмин шавад.Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, дар ин музокирот интиқоли маҳсулоти нафтии Туркманистон ба бозори Афғонистон низ баррасй шуда, тарафайн дар ин замина мавозеъи тақрибан ҳамсоне доштанд. Албатта дар ин музокирот дигар масоили марбут ба дурнамои ҳузури низомиёни амрикойи дар Афғонистон низ матраҳ буд ва Амрико бо мушорикат додани Туркманистон дар масоили Афғонистон қасд дорад бархе заминаҳои хуручи неруҳояш аз Афғонистонро низ фароҳам кунад.Ин мавзуъ дар шароите ки ахиран замзамаҳое дар мавриди ҳузури доимй дар Афғонистон аз генералҳои амрикои шунида мешавад, бештар аҳамият пайдо кардааст.Рузи 24 март расонаҳои мухталиф гузоришҳое аз ибрози назарҳои мақомоти низомии амрикойи мунташир намуданд, ки дар онҳо омода набудани сохторҳои интизомии афғон чиҳати таъмини амнияти кишвар,таъкид мешуд. Дар ин гузоришҳо ба нақл аз фармонедеҳони амрикойи гуфта шуда, ки ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон тулонимуддат хоҳад буд ва ин ҳузур дар ҳамоҳангй бо мақомоти Афғонистон танзим хоҳад шуд.
 Аммо ончй ба нақши Туркманистон дар таҳаввулоти Афғонистон бармегардад он аст, ки Ашқобод ҳамеша бо риояти асли бетарафй, дар низоъҳои кишвари ҳамсоя дахолат накардааст ва дар ҳолатҳои изтирорй қаламрави худро барои ироаи кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон, дар ихтиёри ниҳодҳои байналмилалй қарор додааст.Дар шароити кунунй, ки нақш ва чойгоҳи Туркманистон дар муодилоти минтақаи беш аз пеш афзоиш ёфтааст, тавсаъаи равобит бо ин кишвар, ба точирон ва бозаргонони афғон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки равобит худ бо кишварҳои Аврупои чанубй ва бахри Миёназаминро ба таври бесобиқа густариш диҳанд.Ин масир аз ҳар масире ки аз қаламрави Покистон мегузарад, беҳтар аст, зеро дар канори бархурдорй аз субот, ин вижагиро низ доро мебошад, ки Туркманистон бар хилофи Покистон, ҳеч иддаое дар қиболи Афғонистон надорад. Аз дигар нукоти муҳими мушорикати Туркманистон дар тарҳҳои марбут ба Афғонистон он аст, ки бо такмили хати роҳи оҳани Туркманистон - Казоқистон, ки хорич аз қаламрави Узбакистон дар ҳоли сохт аст, ин имкон фароҳам хоҳад омад, ки тронзити коло тавассути вогунҳо аз Афғонистон ба Аврупо ва билъакс, бе таваққуфҳои тулонимуддат дар Узбакистон, сурат хоҳад гирифт.Ин муҳим дар рушди иқтисоди Афғонистон ва дар кул, иқтисоди кишварҳои минтақа, аз аҳамияти волое бархурдор аст.

понедельник, 21 февраля 2011 г.

Амрико дар Осиёи Марказй

 
 Иёлоти Муттаҳида Амрико бо тағйир дар нигариш ва сиёсатҳои худ дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказй тасмим гирифтааст аз ин ба баъд таваччуҳи бештаре ба ин минтақаи стротежй хоҳад дошт.Албатта ин қабл аз ҳама ба ташдиди рақобатҳо миёни қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй бармегардад, аммо аз суи дигар ба назар мерасад Ғарб дар садади он аст, нооромиҳои Афғонистонро ба тадрич ба ин минтақа мунтақил кунад, то битавонад аз ин тариқ аз ҳузури кишварҳое ки монеи ичрои аҳдофи ғарбиҳо мешаванд, бикоҳад. Дар ҳамин росто изҳороти вазири дифои собиқи Амрико қобили таамул аст. Доналд Ромсфелд ахиран дар китоби худ таҳти унвони "Ошкор ва пинҳон" навишт, "аз чумлаи иштибоҳоти дардовари мо дар сиёсати хоричй, андохтани Узбакистон ба оғуши Русия буд".Вазири дифоъи вақти Амрико дар ин китоби худ тазаккур медиҳад, ки мавзеъгирй дар қиболи амалкарди давлати Тошканд дар бархуд бо тазоҳуркунандагони андичонй, иштибоҳ буд ва ин амр мучиби фосила гирифтани Узбакистон аз Амрико ва бозгашти мучаддади у ба оғуши Русия шуд.Қарори маълум дар моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Андичон мардуми тазоҳуркунанада, ки аз сиёсатҳои Каримов норозй буданд, тавассути неруҳои амниятй ва интизомии узбак қатлиом шуданд.Мақомоти узбак дар асосноккунии амалкарди худ, иддао карданд, ки тазоҳуркунандагон ифротиюни исломй буданд, аммо воқеият чизи дигар буд.
 Вазири собиқи дифои Амрико дар китоби худ тазаккур медиҳад, ки мавзеъгирии мо дар қиболи амалкарди зидди ҳуқуқи башари Тошканд боиси он шуд, ки Амрико аз минтақаи стротегии Осиёи Маркзй ронда шавед.Аз суи дигар дар моҳи ноябри соли 2005, баьд аз интиқодҳои Амрико аз саркуби мухолифон дар Андичон, Тошканд қарордоди ҳамкориҳои стротегй бо Маскав имзо кард. Ин амр боиси тақвияти дубораи Русия дар Узбакистон ва ихрочи Амрико аз ин кишвар шуд.Ромсфелд ёдовар мешавад, ки исрори мо ба риояти ҳуқуқи башар боис шуд, ки манофеи стротегии ва амнияти миллии Амрико латмадор шавад.Бо таваччуҳ ба ин, вазири дифоъи собиқи Амрико тавсия мекунад, ки дар мақтаи кунунй Иёлоти муттаҳидаи Амрико бояд сиёсати худро бештар руи манофеъи роҳбурдии худ мутамарказ кунад, то дифоъ аз ҳуқуқи башар ва риояти меъёрҳои демократй. Инак ба назар мерасад Амрико дар пайи тармими сиёсатҳои худ дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказй бар омадааст.Сафари ахири Роберт Блейк,ёвари вазири хоричаи Амрико дар умури Осиёи Марказй ва Чанубй ба Осиёи Марказй, тасдиқе ба ҳамин дидгоҳ аст. Ин мақоми амрикойи бо қаноатмандй иброз дошт, ки тайи солҳои ахир ҳамкориҳо бо кишварҳои ин минтақа, ба вижа дар масоили марбут ба Афғонистон, натоичи хубе ба ҳамроҳ дошт.Блейк ки дар остонаи сафар ба Осиёи Марказй суҳбат мекард, иброз дошт, ки ҳамкориҳои мо бо ҳар як аз кишварҳои ин минтақа аз аҳамияти волое бархурдор аст ва сарони кишварҳо низ ин муҳимро дарк кардаанд. Рафту омадҳои мақомоти амрикойи ба кишварҳои Осиёи Марказй ва ҳамзамон бо ин густариши ҳамкориҳои ин кишварҳо дар бахшҳои мухталиф бо Амрико, дигар тасдиқе ба оғози руйкарди чадиди Вошингтан ба ин минтақаи стротегй аст.Дар ҳамин росто дигар мавзуе ки чалби таваччуҳ мекунад, талошҳои Амрико барои чалби бештари донишчуён аз кишварҳои Осиёи Марказй ба Амрико аст.Ахиран дар ин робита Эни Фалиомаваега, намояндаи ҳизби демократ дар конгресси Амрико иброз дошт, ки мо бояд чавонони бештареро аз Осиёи Марказй ба донишгоҳҳои Амрико чалб кунем, то аз наздик ба чомеаи мо ошно шаванд.Ин суханон дар шароите гуфта шуданд, ки бар асоси иттилооти мақомоти амрикойи, дар айни ҳол дар донишгоҳҳои Амрико аз Казоқистон - 1936, аз Қирғизистон - 274, аз Точикистон - 288, аз Туркманистон - 195, аз Узбакистон - 513 нафар донишчу дар Амрико таҳсил мекунанд.Ба баёни дигар,намояндагони конгресси Амрико аз он ибрози таачуб карданд, дар ҳоле ки теъдоди донишчуён аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказй ҳудуди 3,5 ҳазор нафар мебошад,Чин 124 ҳазор нафар ва Ҳинд 100 ҳазор нафар аз чавонони худро барои касби дониш ва тахассус ба Амрико эъзом кардаанд. Фалиомаваега таъкид кард, ки дар чалби доншчу, бояд кишварҳои Осиёи Марказй дар авлавият қарор дошта бошанд.Вай афзуд густариши ҳамкорй дар бахши омузишу парвариш, ба кишварҳои Осиёи Марказй имкон хоҳад дод то роҳи рушду таолии худро беҳтар мушаххас кунанд.Ин узви конгресси Амрико афзуд, таҳсил дар Амрико ба чавонони кишварҳои Осиёи Марказй имкон хоҳад дод бо донишҳо ва чаҳонбиниҳои воқеи мучаҳҳаз шаванд. Аз ин таҳаррукоти мақомоти Амрикойи дар Осиёи Марказй ва ибрози назарҳои онон бамеояд ки дар пайи оғози суқути диктотурҳои кишварҳои арабй, қудратҳои Шарқу Ғарб дар ростои дифоъ аз манофеи худ, барномаҳои вижаеро дар назар гирифтаанд.
 Ба эҳтимоли қавй ин барномаҳо ҳаргиз дар чорчуби манофеи давлатҳо ва мардумони минтақа нахоҳанд буд. Аз ин ру шаке нест, ки аз баҳори имсол шоҳиди руйдодҳое мутафовут дар кишварҳои Осиёи Марказй хоҳем буд.Оғози музокироти пинҳону ошкори мақомоти Душанбе ва Маскав дар мавриди бозгашти марзбонони русй ба марзи Точикистону Афғонистон, бахше аз ҳамин руйдодҳо аст, ки ба тадрич ба сафороиҳои тоза дар Осиёи Марказй мунчар хоҳад шуд.Чои шубҳа нест ки таҳаррукоти чадиди Амрико дар Осиёи Марказй Маскавро бар он водошта ки масъалаи бозгашт ба марзи Афғонистонро ба таври чиддй пайгирй кунад.

пятница, 11 февраля 2011 г.

Интихобот барои Назарбоев


Дар рузҳои поёнии моҳи январи соли чории мелодй, раиси чумҳури Қазоқистон тайи як суханронии телевизиюни хитоб ба мардуми худ, пешниҳод кард, ки ба манзури рафъи бархе суитафоҳумот дар чомеъа, интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор шавад.Нурсултон Назарбоев аз чумла таъкид кард, ки дар шароити кунунии чомеъа баргузории ҳамапурсй, ё референдум имкон дорад боиси шикоф дар чомеъа гардад, аз ин ру пешниҳод мекунам интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор шавад.Раиси чумҳури Қазоқистон гуфт:сарфи назар аз он ки ду сол аз замони раёсати ман боқй мондааст, дар чаҳорчуби қонун ба порлумон пешниҳод мекунам, ки интихоботи зудҳангом барои мақоми раёсати чумҳурй, доир гардад.
 Албатта, қаблан бархе аз ниҳодҳо ва шахсиятҳои наздик ба доираҳои ҳукуматй дар Остона, тарҳи баргузории ҳамапурсй ба манзури тамдиди замони раёсати Нурсултон Назарбоевро ироа карда буданд.Раиси чумҳури Қазоқистон ба манзури маҳак задани вокуниши чомеъа ба ин пешниҳод,як муддат мунтазир бимонд.Аммо фазои ҳоким дар чомеаи Қазоқистон аз як су бетафовут ба чунин иқдоме буд ва аз суи дигар мухолифони давлати Остона ки фаъолияти чандон муассире дар ин кишвар надоштаанд, даст ба амал шуданд ва вокунишҳои эҳтиёткоронае нишон доданд.Аҳзоби мухолифи қазоқ, ки фармоишй ва ба истилоҳ дар пайи "дастур аз боло" таъсис шуданд, чойгоҳи чандоне дар чомеъа надоранд ва натавонистанд дар қиболи пешниҳоди тарҳи баргузории рефрендум мавозеи таъсиргузор интихоб намоянд.Бо ин ҳол, Шурои қонуни асосии Қазоқистон баъд аз баррасии масъалаи баргузории ҳамапурсии тамдиди раёсати чумҳурй, эълом кард ки баргузории ҳамапурсй мухолиф бо муқаррароти қонуни асосй мебошад.Табиист, ки Назарбоев дар чунин шароите наметавонист бар хилофи чараён ҳаракат кунад ва мисли бархе ҳамтоёни худ дар қаламрави Шуравии собиқ, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун, хостаи худро барои мардум таҳмил кунад.Зеро раёсати яксола бар созмони амният ва ҳамкории Аврупо то ҳадде чеҳраи мутафовут аз дигар сарони Осиёи Марказй, аз Нурсултон Назарбоев ироа намуда буд, ҳамчунин амалкарди наздик ба ду даҳаи вай дар мақоми раёсати чумҳурй нишон дода, ки сарфи назар аз ангезаҳои қавмгаройи, бештар қонунманд будааст.
 Аммо воқеият он аст, ки ин раҳбари Осиёимарказй чун дигар сарони худкомаи ин минтақа, дар ботини худ ҳаргиз ҳозир нест қудратро ба каси дигар вогузор кунад, аз ин ру тарафдорони худро вориди амал кард, то заминаи раёсати модомулумрии уро фароҳам кунанд.Дар ҳамин росто бо ба поён расидани раёсати даврайии Назарбоев дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,  дар моҳи декабри соли 2010 як гуруҳи корй ба манзури тамдиди замони раёсати Назарбоев то соли 2020 таъсис шуд ва то 11 январи соли 2011 имзои 5 миллион нафар мувофиқони ин тарҳҳро гирдоварй намуд. Аммо дар дохил ва хоричи кишвар, ин иқдом мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт ва тасмими Шурои қонуни асосии Қазоқистон фақат дар ростои ҳифзи обруи Нурсултон Назарбоев, гирифта шуд.Зеро талоши раиси чумҳури Қазоқистон чиҳати касби унвони раиси чумҳури модомулумр дар миёни нухбагони сиёсии ин кишвар, ҳатто маҳофили ҳамсу бо Назарбоев, мавриди истиқбол қарор нагирифт. Инак раиси чумҳури 70 солаи қазоқ, ки 22 сол боз зимоми қудрат дар бузургтарин кишвари Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, тасмим гирифт моҳи апрели соли чорй интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор кунад.Ин амр баргирифта аз авзоъи ҳоким дар чаҳон, минтақа ва дохили ин кишвар аст.Аввал ин ки Нурсултон Назарбоев, ки дар соли гузаштаи мелодй унвони "падари миллат"-ро касб кард, дар шароити кунунй чойгузини сазовор надорад ва рақибони сиёсиаш низ аз тавон ва зарфияти лозим барои руёруйии сиёсй бо у, бархурдор нестанд.Ин амр аз аслитарин мушаввиқҳои дохилии Назарбоев ва гкркҳи ҳомии вай барои баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳур будааст.Аз суи дигар авзои печида дар Осиёи Марказй ва вучуди заминаҳои зиёди  буҳронҳои эҳтимолй, давлатмардони қазоқро ногузир ба анчоми иқдомҳое дар тасбити ҳокимият дар ин кишвар кардааст. Дар канори ин, вуқуъи инқилобҳо дар кишварҳои арабй ва суқути бархе диктаторҳо, ки як амри ғайриқобили пешбинй буд, пояҳои давлати  Назарбоевро низ то ҳадде мутазалзил ва водор ба он кард, ки бо роҳҳои қонунй ҳокимияти худро бори дигар тасбит кунад.
 Албатта дар шароити кунунии Қазоқистон мухолифони давлати Остона ҳеч шансе барои пирузй дар интихоботи ояндаи раёсати чумҳурй надоранд ва ба эҳтимоли қавй Назарбоев пирузии қотеъ касб хоҳад кард.Бо таваччуҳ ба ин, мавзуи аслй он аст, ки дар коридорҳои қудрати Остона, масъалаи вориси Нурсултон Нзарбоев ҳануз ҳалли худро пайдо накардааст ва нухбагони сиёсии ин кишвар, ки бақои ҳокимияти Назарбоев зомини манофеъашон ҳаст, ба ин натича расиданд, бо баргузории як интихоботи фармоишй, мавзуи вориси Нрсултон Нзарбоевро барои як муддати тулонй аз руйхати масоили сиёсй пок кунанд.
 Дар шароите, ки дар дохили Қазоқистон мусаввабаи порлумони ин кишвар дар мавриди ворид намудани тағйирот ба қонуни асосй чиҳати баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй, бо интиқодҳое ҳамроҳ буд, дар хорич аз ин кишвар вокунишҳо муҳтотона буданд. Ҳарчанд Ғарб амалкарди раиси собиқи даврайи созмони амният ва ҳамкории Аврупоро мухолиф бо муқаррароти байналмилалй ва қавонини мавчуд дар Қазоқистон мебинад, аммо таҳти шиори "раҳбари муқтадир - кишвари муқтадир", ризояти худ аз ин иқдомро пинҳон накардааст.Зеро барои қудратҳо суботи кишварҳо дар ҳар шароите ки бошад, муҳим аст, на амали қонунҳои демократй.

суббота, 5 февраля 2011 г.

Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод - Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй - башардустона дар давраи солҳои 2011 - 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи "Чануб"-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.
  Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.
  Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй да Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард