САХИФАХО

пятница, 29 октября 2010 г.

Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул


 Раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайати олирутбаи давлатй ба Афғонистон сафар ва бо мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугуҳо анчом дод.Ҳарчанд дафтари раёсати чумҳури Точикистон боздиди Эмомалй Раҳмон аз Кобулро як сафари расмй эълом кард, аммо ин сафар ғайримунтазира ва бидуни иттилоъои қаблй сурат гирифт.Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Шералй Гул, вазири энержй ва саноеъ, Олим Бобоев, вазири ҳамлу нақл аз чумлаи ҳамроҳони раиси чумҳури Точикистон дар ин сафар буданд.
 Дар поёни дидори мақомоти ду тараф, панч санади ҳамкорй дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.Ҳамчунин раисони чумҳури ду кишвар ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонданд.Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои афғони худ бо ишора ба захоири фаровони гидруэнергетикй дар кишвараш, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержиро дорои аҳамият тавсиф ва таъкид кард, боясти роҳкорҳои муносиб барои тавсаъаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар ин бахш пеш гирифта шавад.Раҳмон афзуд, сохти хатҳои интиқоли барқ аз Точикистон ба Афғонистон ва Покистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон таъмин шаванд ва ҳамгаройи дар минтақа бештар амалй шавад.Раиси чумҳури Точикистон ҳамкориҳои амниятии ду кишвари дустро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон пураҳамият арзёбй кард ва гуфт: "Мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятй, марзй ва низомии ду кишварро амри зарурй медонем.Тақвияти марзи муштараки мо ба тули тақрибан 1400 километр ба унвони марзи дустиву ҳамкорй, барои амният ва суботи ҳам кишвари шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётй дорад...Амният ва суботи шумову мо мафҳуми тавъам аст ва чудонашаванда."
 Имзои санадҳои чадид миёни Кобул ва Душанбе баёнгар аз азми чидди сарон ва масъулони ду кишвар чиҳати тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо мебошад, аммо ин амр ниёзманди суботу амнияти пойдор дар Афғонистон ва масъулиятшиносии мақомоти ҳарду кишвар мебошад.
 Равобити Точикистон ва Афғонистон ба унвони ду ҳамсоя реша дар аъмоқи таърих дорад, аммо дар марзбандиҳои чадид ин ду кишвар дар поёни қарни 20 ва ба дунболи касби истиқлоли Точикистон аз Шуравии собиқ, равобити худро бар асоси муқаррароти чадид ба роҳ монданд. Дар соли 2001 ва дар пайи суқути давлати толибон дар Кобул равобити ду кишвари ҳамзабон вориди марҳалаи чадиде шуд ва дар ҳамин сол Точикистон сафорати худро дар Кобул ифтитоҳ кард.Аз ин ба баъд ҳамкориҳои Душанбе - Кобул бо касби чанбаҳои густурдатаре, бахшҳои мухталиф, аз чумла, тичорат, сармоягузорй, кишоварзй, ҳамлу нақл, омузиш, фарҳанг ва ... фаро гирифт.Бо ин ҳол ба ду далели аслй: адами амният дар Афғонистон ва заъфи иқтисоди Точикистон - ин ҳамкориҳо ҳеч вақт дар ҳадди интизорот ва тавақуъоти мардумони ду кишвар набудааст.Аммо сарфи назар аз ин Точикистон, ки дорои муштаракоти фаровоне бо Афғонистон аст, дар бозгашти суботу оромиш ба ин кишвар аз ҳеч талоше дареғ накардааст. Ба навбати худ Кобул дар замони чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997), зимни пазиройи аз даҳҳо ҳазор паноҳандаи точик, тамоми тавони худро ба кор гирифт, то тарафҳои рақиби точикро ба якдигар оштй диҳад ва сулҳро ба сарзамини Точикистон бозгардонад. Аввалин тавофуқи давлат ва мухолифони точик дар Хустдеҳи Афғонистон дар соли 1996, аз чумлаи маворидест, ки масъулони афғон дар ростои поён додан ба даргириҳо дар Точикистон, анчом доданд. Дар замони ишғоли Афғонистон тавассути низомиёни кишварҳои ғарбй ба баҳонаи мубориза ба терроризми байналмилалй, Точикистон дар ҳадди тавони худ дар чиҳати таваққуфи низоъҳо дар хоки Афғонистон ва фароҳам намудани заминаи хуручи неруҳои бегона аз ин кишвар, иқдомҳо анчом додааст.
 Бо ин ҳол сафари Эмомалй Раҳмон ба Афғонистон баъди панч соли сафари қаблии вай анчом шудааст, аммо тайи ин муддат Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон ва дигар мақомоти аршади давлати Кобул борҳо ба Душанбе сафар кардаанд.Мақомоти радаҳои мухталифи точик низ диду боздидҳое аз Афғонистон доштанд, ки тайи онҳо санадҳои зиёде дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба имзо расидааст.Ҳарчанд имзои санадҳо дар бахшҳои иқтисодй аслитарин дастовардҳои сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул маҳсуб мешавад, аммо замони анчоми ин сафар, ки бо вуқуъи нооромиҳо дар шарқи Точикистон ва овозаҳо дар мавриди убури чангчуёни ифротй аз хоки Афғонистон ба қаламрави Точикистон ҳамзамон будааст, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки нигарониҳои амниятй муҳаррики сафари Раҳмон ба Кобул будаанд. Қарори маълум дар даргириҳои ахири неруҳои низомии Точикистон бо афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт, даҳҳо нафар аз низомиёни омузишдидаи артиш кушта ва ду болгарди низомй мунҳадим шуд. Ин шикаст барои низомиёни артиши Точикистон ғайриқобили пешбинй буд.Албатта рузҳои ахир иттилооте дар бораи кушта шудани теъдоди зиёде аз афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт ва бозгашти суботу амният ба ин минтақа мунташир шуд, бо ин вучуд давлати Душанбе аз он бим дорад, ки убури чангчуён аз Афғонистон боиси тақвияти чабҳаи ниманизомиёне гардад, ки дар манотиқи душворгузари дараи Рашт паноҳ бурдаанд.Аз ин ру руи ин масъала бо тарафи афғони тавофуқ шуд, ки дар ҳифозат аз марзҳои муштарак бештар ҳамкорй намоянд. Барқарории суботу амният дар Афғонистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки ҳамкориҳо миёни се кишвари форсизабон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфта, дасти бегонагон аз дахолат дар умури давлатҳои минтақа кутоҳ гардад.Дар ҳамин росто таъкиди Теҳрон бар хуручи низомиёни фароминтақайи аз хоки Афғонистон ва вогузории тамоми умур ба афғонҳо бештар аҳамият пайдо кардааст.Сафари раиси чумҳури Точикистон низ талоше дар ҳамин чиҳат аст, то аз ин тариқ ва бо кумаку пуштибониҳои Чумҳурии Исломии Эрон битавонад аз бунбасти нақлиётй, ки Узбакистон барояш эчод кардааст, раҳойи ёбад.



среда, 20 октября 2010 г.

Фурудгохи Айнй ва муборизоти дипломатй


 Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи Точикистон дар як нишасти хабарй дар шаҳри Душанбе гуфт, миёни Русия ва Точикистон дар мавриди тарзи баҳрабардории Маскав аз фурудгоҳи низомии "Айнй", музокирот чараён доранд.Дар ин нишасти хабарй, ки рузи 18 октябр доир гардид, вазири корҳои хоричаи Точикистон ба манзури он чй ворид накардани халал ба раванди музокирот унвон кард, аз ироаи тафсилот дар ин замина худдорй намуд.

 Албатта то ин дам хабару гузоришҳои мухталифе дар мавриди сарнавишти фурудгоҳи "Айнй" тавассути расонаҳои мухталиф мунташир шуда буд ва нуктаи муштарак дар ин иттилоот он буд, ки сухан аз эҳтимоли вогузории фурудгоҳи мазкур ба Русия мерафт. Зеро Русия беш аз ҳар қудрати дигаре дар Осиёи Марказй, аз чумла дар Точикистон нуфуз дорад ва дар сиёсатгузориҳои давлатҳои ин минтақа ба ҳар навъе манфиатҳои Кремл дар назар гирифта мешуд. Дар ин миён хабарҳое низ дар мавриди музокирот миёни Точикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнй" мунташир шуда буд.
 Фурудгоҳи низомии "Айнй" дар замони Шуравй дар ғарбй пойтахти Точикистон сохта шуда буд.Баъди касби истиқлоли Точикистон ин фурудгоҳ чандон мавриди истифода қарор надошт ва бисёре аз бахшҳои он ғайрифаъол шуда буданд. Рузи 3 сентябри соли чорй баъд аз анчоми умури таъмиру бозсозй тавассути мутахассисони ҳйндй, ин фурудгоҳ дубора ба таври расмй мавриди баҳрабардорй қарор гирифт.Акнун аз фурудгоҳи мазкур тамомии анвоъи ҳавопаймоҳои низомй ва борбарй бидуни истисно, метавонанд истифода кунанд ва ин як имтиёзи ин фурудгоҳ аст. Фурудгоҳи "Айнй" мутаалиқ ба вазорати дифоъи Точикистон мебошад.Он чй ба таъмиру бозсозии фурудгоҳи "Айнй" тавассути мутахассисони ҳиндй бармегардад он аст, ки Деҳлй ин иқдомро дар идомаи рақобатҳои низомии худ бо рақиби суннатиаш - Покистон, анчом дод.Покистон тайи солҳои охир дар бахши ҳамкориҳои низомй бо Точикистон пешрафтҳое касб кард ва Ҳиндустон низ даст ба иқдом шуд ва қарордодоҳое дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон имзо намуд. Тармиму бозсозй ва тачҳизонидани фурудгоҳи низомии "Айнй" аз чумлаи бахшҳои ҳамкориҳои низомй миёни Душанбе ва Деҳлии нав мебошад.
 Дар соли 2009, дар замоне ки ҳануз корҳои таъмиру бозсозии фурудгоҳи "Айнй" идома дошт, Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия дар нишасти матбуотй дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт:дар сурати оғози баҳрабардории мучаддад, ба эҳтимоли қавй аз фурудгоҳи "Айнй" Точикистон ва Русия ба таври муштарак истифода хоҳанд кард. Аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз оғози фаъолияти фурудгоҳи Айнй, ҳануз ҳеч ҳавопаймои русй дар он мушоҳида нашудааст.
 Масъалаи марбут ба баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй" дар сатҳи олй миёни Маскав ва Душанбе тобистони гузашта дар Сочй, миёни Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон, райисони чумҳури ду кишвар мавриди баррасй қарор гирифт.Ҳарчанд ҳеч тафсилоте дар бораи тавофуқи тарафҳо дар ин замина мунташир нашуд, аммо маълум буд, ки масъала ба баррасиҳои бештар тавассути коршиносони ду тараф вогузор шуд. Баъд аз оғози ба истилоҳ чанг алайҳи терроризм тавассути кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дар Афғонистон, аҳамияти фурудгоҳи "Айнй" беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфт. Аммо Русия беш аз ҳар кишвари дигаре ниёз ба ин фурудгоҳ пайдо кард, то битавонад ҳузури низомии худ дар минтақаро бештару беҳтар тасбит кунад. Ин ниёз ба вижа дар пайи тағйир дар қарордодҳои низомй миёни Русия ва Точикистон, ки бар асоси он ҳавопаймоҳои низомии Русия аз фурудгоҳи Душанбе ба фурудгоҳи "Кант" дар Қирғизистон мунтақил шуданд, ошкортар шуд. Дар айни ҳол дар фурудгоҳи Душанбе неруҳои ҳавойии Фаронса чойгир ҳастанд ва ҳавопаймоҳои низомй ва борбарии Амрико ва Олмон барои сухтгирй ва идомаи парвоз ба Афғонистон, аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.

Масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй" миёни Русия ва Точикистон дар ҳоле мавриди баррасй қарор дорад, ки бино бар пояи иттилоъи бархе аз сойтҳои интернетй, Саидмуъмин Ятимов, раиси кумитаи амнияти миллии Точикистон рузи 14 октябр ба таври ғайримунтазира ба Маскав сафар ва бо мақомоти русй гуфтугуҳое анчом додааст.Дар ин музокирот авзоъи амниятй дар шарқи Точикистон дар меҳвар қарор доштааст, аммо табии аст, ки масъалаи фурудгоҳи "Айнй" низ матраҳ шудааст.Зеро Русия мехоҳад дар чорчуби муқаррароти Паймони амнияти чамъй аз ин фурудгоҳ ба таври ройгон истифода кунад ва ҳавопаймоҳои чангии худро дар ҳамин фурудгоҳ мустақар кунад. Русия дар айни ҳол барои пойгоҳи низомии худ дар Душанбе ва воҳидҳои низомии воқеъ дар вилояти Хатлон ҳеч маблағе ба Точикистон пардохт намекунад. Аммо акнун Точикистон мехоҳад барои истифода аз фурудгоҳи "Айнй" ичорабаҳо дарёфт кунад. Душанбе ва Маскав дар шароите масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй"ро мавриди баррасй қарор додаанд, ки барои дастёбй ба аҳдофи хеш ҳар кадом нуқоти заъф ва қувватҳое дар ихтиёр доранд.Маскав қабл аз ҳама мехоҳад аз нооромиҳои шарқи Точикистон ба унвони аҳрами фишор бар давлати Душанбе, кор гирад ва масъаларо ба нафъи худ ҳал ва ҳаққи истифодаи ройгон аз фурудгоҳи "Айнй"ро касб кунад.Дар ин миён дигар барги барандаи Русия таваққуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон аст.
 Точикистон низ ба хубй медонад, ки хоҳишмандони истифода аз фурудгоҳи Айнй кам нестанд ва ин фурудгоҳ дар айни ҳол барои Русия аз чй арзише бархурдор аст. Ба илова, барои Душанбе рушан аст, ки Маскав мехоҳад ба ҳар қимате ки шуда, дар масъалаи фурудгоҳи "Айнй" бар рақибони ғарбии худ пируз ояд. Бо ин ҳол дастёбй ба ҳадафҳои хеш барои ҳар як аз тарафҳо, ниёз ба дипломатияи қавй дорад.Он чй дар ин робита ба тарафи Точикистон бармегардад он аст, ки дипломатияи Душанбе то кунун дар набарди сиёсй бо Русия корномаи шоистае надоштааст ва қариб дар ҳама маворид тарафи гузашткунанда будааст.