САХИФАХО

пятница, 29 мая 2009 г.

Аз Ню Йорк то Андичон




Ойинаи руйдод

Ҳодисаҳои пурсару садои Андичон тайи рузҳои охир дар садри ахбори расонаҳои минтақа ва доираҳои коршиносй қарор доштанд. Хусусияти ин ҳодисаҳо он буд, ки барои аввалин бор дар Осиёи Марказй ҳамлаи "маргталабона " сурат гирифт, ки тайи он фарди ҳамлавар худ ва як милисаро ба коми марг супурд ва теъдодеро низ захмй кард.
Дар бораи тарзи вуқуи ҳодисаҳои Андичон , омилони ин ҳодисаҳо, ҳадафҳо ва ангезаҳои онон, ҳамчунин шумори қурбониён хабарҳои ба ҳам зид ба табъ расиданд. Бино ба гузоришҳои аввалия шаби 25 ба 26 май дар истгоҳи бозрасии "Хонобод" дар марзи миёни вилояти Андичони Узбакистон бо вилояти Чалолободи Қирғизистон таркиш ба вуқуъ пайваст. Додситони кулли Узбакистон эълом кард, ки ифротгароён қасд доштанд идораи милисаи маҳаллиро ишғол намоянд.Фарзияе матраҳ шуд, ки шумори афроди мусаллаҳ 5 то 20 нафар буд.
Аз суи дигар гуруҳе бо номи "Мовароуннаҳр", ки худро чузъе аз Чиҳоди исломй муаррифй кард, масъулияти ҳодисаҳои Андичонро бар уҳда гирифт ва эълом кард, ки афроди ин гуруҳ баъди анчоми бомуваффақияти амалиёт, сиҳату солим ба қароргоҳҳои худ бозгаштанд.

Қудратнамойии сохторҳои амниятии узбак

Тибқи маъмул неруҳои амниятй ва интизомй ба таври шитобзада вориди амал шуданд ва бо тақвияти неруҳои милиса, бастани марзҳо бо ҳамсоягон, ташдиди назорат бар рафту омадҳо, сафоройии танку зиреҳпушҳо дар хиёбонҳо, маҳдуд намудани замони шабгардй ... давлати Тошканд иқдом ба қудратнамойи кард. Дар идомаи ин тадбирҳо эълом шуд, ки авзоъ дар маҳалли ҳодиса ба ҳолати оддй бозгашта, мақомоти ҳокимияти давлатй авзоро ба таври комил таҳти назорат доранд. Тағйироте дар барномаҳои мақомоти олирутбаи Тошканд рух надод ва Ислом Каримов дар чорчуби як сафари расмй, роҳии Бразилия шуд.

Зуҳури гуруҳи ношинохтаи "Мовароуннаҳр"

Нуктаи чолиби таваччуҳ дар раванди ҳодисаҳои Андичон зуҳури як гуруҳи исломии ношинохта бо номи "Мовароуннаҳр" буд. Ин гуруҳ худро чузъи Чиҳоди исломй муаррифй кард ва масъулияти ҳодисаҳоро пазируфт. Чунин ценария дар руйдодҳои ба ин монанд дар Осиёи Мраказй, аз чумла дар водии Фарғона ба мушоҳида расидааст. Аз чумлаи чунин мавридҳо, зуҳури гуруҳи "Байъат" дар шимоли Точикистон дар солҳои 90 асри гузашта буд. Бино ба гуфтаи Муҳаммадсаид Чурақулов, раиси дафтари мубориза бо чиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилаи Точикистон, ки 20 апрели соли 2005 дар як нишасти хабарй сухан мегуфт, гуруҳи "Байъат" соли 1991 дар Исфара таъсис шуд ва аз соли 1996 ба таври васеъ фаъолиятҳои худро оғоз кард. Дар Точикистон бархе аз доираҳои коршиносй кори дасти сохторҳои амиаятй будани зуҳури гуруҳи "Байъат" - ро матраҳ намуданд.

Оё ҳодисаҳои Андичон кори дасти СНБ буд?

Гуфтаҳои боло ва баъзе вокунишҳои мақомоти Узбакистон ақидаи коршиносонро дар бораи даст доштани сохторҳои амниятии Узбакистон дар ҳодисаҳои Андичон, бештар тақвият мекунад.Шеваи рафтори хадамоти амниятй дар бисёре аз кишварҳои чаҳон нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дунболи баҳонатарошй мегарданд ва барои ҳақ баровардани амалкарди худ саҳнасозй мекунанд. Матраҳтарин чунин саҳнасозй дар асри имруз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк буд, ки дар мавриди он матлабҳои фаровоне ба нашр расидааст. Ин ҳодиса лашкаркашии Амрико ба дунёи исломро оғоз бахшид.Ишғоли Ироқ ва Афғонистон пайомадҳои кунунии ин лашкаркашй мебошанд.

Ғарб ва ҳамла ба кишварҳои исломй

Дар дунёи имруз раванди таҳаввулот баёнгар аз ин воқеият аст, ки қудратҳои чаҳонй, ба вижа ғарбй бо ҳадафҳои муштарак, аммо руйкардҳои мухталиф сафарбар шудаанд то манбаъҳо ва сарватҳои малакатҳои мусалмонро тасарруф кунанд ва бо ҳар роҳи мумкин аз рушд ва пешрафти ин кишварҳо, ҳамчунин густариши ислом пешгирй намоянд. агар чунин нест, чаро барои "нобудии силоҳҳои атомй"(собит шуд, ки чунин силоҳҳое аслан вучуд надоштаанд). Ироқ мавриди ҳамла қарор мегирад, аммо Кореяи Шимолй дар сояи ҳушдорҳои инфиъолй барномаҳои атомии худро пайгирй мекунад? Ба ин пурсиш кореягиҳо худ дар ибтидои ба истилоҳ "муборизаи байналмилалй бо терроризм" посух дода буданд:чун Корея манбаъҳои нафту газ надорад, мавриди ҳеч ҳамлае қарор намегирад.


Биҳишт барои Ғарб, дузах барои Шарқ

Имруз дар ҳоле ки чаҳони Ғарб бо аз миён бардоштани марзҳо ва ташкили пули воҳид, барои худ зиндагии матлуберо ба вучуд овардааст, аммо бо таҳмили мушкилот ва масъалаҳои мухталиф кишварҳои мавриди назари худ дар Шарқ, ба вижа дар чаҳони исломро дар ноамнй ва вобастагй ба қудратҳои ғарбй нигоҳ доштааст. Натичаи ҳамин сиёсат аст,ки имруз аксари ноамнй ва даргириҳо дар кишварҳои исломй иттифоқ меафтад.Дар ин миён кишварҳое, ки аз манбаъҳои энержй ва дигар сарватҳои табии бархурдоранд, бештар аз бақия дар маърази осебҳо ва таҳочумоти қудратҳои мухталиф қарор доранд. Нигоҳ доштани маркази ноамниҳо дар Афғонистон, аз чумла дар ростои дар чорчуби сиёсатҳо ва ҳадафҳои Ғарб қарор додани кишварҳои минтақа, ки аксар дорои манбаъҳои саршори энержй мебошанд, сурат мегирад.


Ноамнй дар минтақа - ҳосили рақобати қудратҳо

Ҳарчанд шумори зиёде аз коршиносон ва таҳлилгарон ҳодисаҳои ахири Андичонро саҳнасозии сохторҳои амниятии узбак барои баҳонаи саркуби мухолифони исломгарои давлати Тошканд таъбир карданд, аммо гуфта мешавад як сари ин нах ҳамчунон дар дасти хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй аст ва дар мавридҳои зарурй афроди вобаста ба худро вориди амал мекунанд. Аз ин чо ин эҳтимол қувват мегирад, ки ҳалқаи занчири руйдодҳои Тавилдараи Точикистон ва Андичони Узбакистон аз тариқи каналҳои махсусе ба як ё якчанд марказ пайваст мешавад. Дар чунин мавридҳо афроде, ки барои ичрои амалиёт сафарбар мешаванд, аз коргардонҳои аслй ҳеч иттилое надоранд.Пахши баёнияҳо ва пазируфтани масъулияти амалиёт, аз дигар бахшҳои сенарияи мазкур аст,ки то кунун дар нуқоти мухталифи чаҳон иттифоқ афтодааст. Далелҳо баёнгар аз онанд, ки ин сенария маъмулан дар он қисмат аз кишварҳо истифода мешавад, ки фаъолиятҳои исломй бештар густариш ёфтаанд. Аз ин ру яке аз ҳадафи ба саҳна овардани гуруҳҳои ношинохта, эчоди шикоф дар сафҳои исломхоҳон аст. Шиносойии фаъолон ва барномаҳои созмонҳои мазҳабй аз дигар ҳадафи муаррифии гуруҳҳои ношинохта тавассути хадамоти вижаи кишварҳо унвон мешавад.


Ҳамлаи маргталабонаи Андичон оғози кор аст?

Албатта дар ин миён вучуди гуруҳҳои тундрави исломй дар минтақа ва талоши онон дар вокуниш ба таъқибот аз суи давлатҳоро набояд нодида гирифт.Ба вижа он ки акнун афроди ин гуруҳҳо дар Покистон ва кишварҳои арабй омузиш мебианад ва ба истилоҳ мавриди "шустушуи мағзй" қарор мегранд. Сахтгириҳои давлатҳо дар нисбати ҳаракатҳои исломй, озору шиканчаи боздоштшудагони ин гуруҳҳо ва таҳқири онҳо аз тарафи маъмурони интизомй низ ин гуруҳҳоро ночор ба андешидани чораҳои ниҳойи, ки даст ба ҳамлаҳои худкушй задан аз чумлаи онҳост, кардааст. Ба бовари соҳибназарон ҳамлаи маргталабона дар Андичон охирин ҳамлаи матргталабона дар Осиёи Марказй нахоҳад буд.
Бидуни шаку шубҳа аз чунин шароите хадамоти вижаи кишварҳои фурсатталаб ниҳояти истифодаро ба амал хоҳанд овард.


Манбаъҳои энержй - сабаби нооромиҳо дар Осиёи Марказй

Ба назар чунин мерасад, Осиёи Марказй дар оянда низ шоҳиди чунин нооромиҳо хоҳад буд, зеро дар пайи буҳрони энержй миёни Русия ва Аврупо, кишварҳои аврупойи иқдом барои раҳойи аз вобастагии энержй аз Русия кардаанд ва дар роҳи дастёбй ба ин ҳадаф чашми умед ба манбаъҳои энержии ин минтақа духтаанд. Таҳаррукоти тоза барои такмили тарҳи Набукко аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Акнун кишвархои аврупойи барои қабулондани тарҳҳои худ дар мавриди энержй, талош мекунанд бо истифода аз абзорхои гуногун дар давлатҳои минтаҳа нуфуз кунанд. Ин иқдом кишварҳои минтақаро дар маърази хатарҳои бештаре ки ҳосили ҳамон рақобати қудратҳост, қарор хоҳад дод.

Амният - нуқтаи заъфи ҳокимони Осиёи Марказй

Кишварҳои аврупойи дарк кардаанд, ки сарони Осиёи Марказй аз ноҳияи амният бештар осебпазиранд ва ҳамаи ҳокимони ин минтақа андешаи меросй кардани қудратро дар сар мепарваранд. Аз ин ру бо истифода аз гуруҳҳои ифротии таҳти нуфузи хеш, талош хоҳанд кард набзи таҳаввулоти минтақаро дар ихтиёр дошта бошанд. Тачриба нишон додааст, ки эчоди нооромй осонтарин роҳи дар чархаи сиёсатҳои худ қарор додани ҳокимони худкома мебошад. Ин намунаи дигаре аз рақобати қудратҳо аст, ки ҳамакнун дар Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.

воскресенье, 24 мая 2009 г.

"Толибон" ҳушдор медиҳад ё хочагонаш?




Ҳафтаи гузашта расонаҳои мухталиф дар бораи ҳушдори гуруҳи Толибон ба Точикистон ва Эрон хабару гузоришҳои зиёде ба табъ расонаданд। Бино ба ин навштаҳо як тан аз масъулони чунбиши Толибон бо номи Муътасим таҳдид кард, ки агар Эрон ва Точикистон дар иқдомоти зиддитолибон, ҳамкорй бо Амрикоро идома диҳанд, товони сангине пардохт хоҳанд кард. Ин мақоми Толибон дар бораи иқдомоти эҳтимолй алайҳи ду кишвари форсизабон ишорае накард, аммо таъкид намуд, аввалин чизе ки Точикистон аз даст хоҳад дод, суботу оромиш аст.
Дар бораи ин ҳушдори гуруҳи Толибон куниш ва вокунишҳо дар сатҳҳои мухталиф тавассути мақомот ва шахсиятҳои мухталиф, гуногун буданд. Нуктаи умумй дар ин ибрози назарҳо он буд, ки ҳушдори гуруҳи Толибон бештар чанбаи таблиғотй дорад ва ин гуруҳ дар ҳадде нест, ки ба кишвари дигаре нуфуз кунад. Бо ин ҳол ҳушдори гуруҳи Толибон аз зовияҳои дигаре қобили арзёбй ва баррасй аст. Аввал: Оё ин ҳушдори Толибон аст ё хочагони онҳо? Қарори маълум гуруҳи Толибон парвардаи дасти хадамоти вижаи кишварҳои ғарбй аст, ки дар миёнаҳои солҳои 90 асри гузашта ба манзури эчоди шикоф дар чабҳаи неруҳои чиҳодии Афғонистон, зуҳур намуд. Албатта яке дигар аз ҳадафҳои ташкили ин гуруҳ аз байн бурдани толибилмоне буд, ки аз исломи ноби муҳаммадй ҳарф мезаданд. Метавон гуфт , ин ҳадаф ба мизони зиёде ичро шуд ва толибони воқейи аз саҳна бардошта шуданд (дар набардҳо кушта шуданд) ва тудаҳои ифротй бо диди асримиёнагии иртичойи ба ислом, вориди ин чунбиш шуданд,ҳамон чизе ки ташкилкунандагони пасипардагии гуруҳи Толибон мехостанд. Акнун Толибон аз як исломи зидди ҳамагуна пешрафт сухан мегуяд.
Бар асоси навиштаи бисёре аз сойтҳои интернетй, чунбиши Толибон фишанг ва василе дар дасти қудратҳои ғарбй аст, ки бар асоси сенарияи онҳо барномаҳои худро пеш мебарад. Аз ин ру ҳушдори ахирро метавон ҳушдори гардонадагони пуштипардагии гуруҳи Толибон (хочагонашон А.Х.) арзёбй кард, амре ки дар чорчуби рақобати қудратҳо шакл мегирад.Яъне, қудратҳои ғарбии ҳомии гуруҳи Толибон, дар ростои муқобила бо рақибони худ дар минтақа, ин гуруҳро вориди амал мекунанд ва кишварҳои мавриди назарро таҳти фишор қарор медиҳанд.
Дуввум: Чаро гурҳи Толибон ду кишвари форсизабонро ҳушдор додааст? Ҳамон гуна ки маълум аст, Чумҳурии Исломии Эрон дар остонаи интихоботи раёсати чумҳурй қарор дорад ва "доғи" ҳамкорй бо Амрико ниҳодан ба раиси чумҳури кунунй бо ҳадафи зери савол бурдани сиёсатҳои давлати Эрон ва дилсард кардани мардум аз ҳузур дар интихобот сурат мегирад. Ин ҳамон ҳадафест, ки давлатҳои ғарбй дар чорчуби сиёсатҳои зиддиэронии худ онро дунбол мекунанд. Дар ин миён Точикистонро низ мавриди ҳушдор қарор додан, як навъ талошест, ки ба манзури пинҳон кардани ҳадафи аслй сурат гирифтааст. Албатта набояд нодида гирифт, ки кишварҳои ғарбй барои тавсаъаи нуфузи низомии худ дар Афғонистон ба густариши доманаи ноамниҳо ниёз доранд ва Точикистон дар сархати чунин барномаҳое қарор дорад. Давлатҳои ғарбй бо судури ноамниҳо ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Осиёи Марказй, таҳкими ҳузури низомии худро асоснок мекунанд ва имкон пайдо хоҳанд кард фаъолиятҳои рақибони аслии худ дар минтақа, яъне Русия, Чин ва Эронро аз наздик таҳти назорат дошта бошанд.
Албатта, дигар далели ба Точикистон ҳушдор додани Толибон (дар асл хочагонашон А.Х.) марзи тулонии ин кишвар бо Афғонистон аст, ки муҳофизат аз баъзе минтақаҳои куҳистонии он, кори осоне нест. Дар ин миён ишораҳои коршиносони ғарбй ба ноамн шудани водии Фарғона дар Осиёи Марказй низ ба ҳамин мавзуъ бармегардад. Хабарҳо дар бораи пайдо шудани афроди мусаллаҳ дар минтақаҳои шарқии Точикистон, аз ҳамин нигоҳ қобили арзёбй аст.
Дар мачмуъ, ҳушдори ахири Толибон дар радифи суханрониҳои видеойии Усома ибни Лодан ва ё Муллоумар ва дигар мақомоти гуруҳҳои дар хидмати давлатҳои ғарбй, аз чумлаи силсила иқдомотест, ки ташкилкунандагон ва гардонандагони ин созмонҳои байналмилай дар чорчуби сиёсатҳои роҳбурдии худ дар марҳалаҳои зарурй аз онҳо истифода мекунанд. Намунаи рушане аз чунин иқдомот ҳамла ба манораҳои сохтмони тичорати чаҳонй дар Ню Йорк дар 11 сентябри соли 2001 буд, ки барои бовар кардан ба тарҳи Алқоида будани он, бояд хеле соддалавҳ буд.
Бо ин ҳол, ҳушдори Толибон дар шароите, ки артиши Покистон ҳамла ба мавзеъҳои ин гуруҳро шиддат бахшидааст, мантиқй ба назар мерасад ва баёнгар аз тарҳи содир кардани ноамниҳо ба минтақаҳои ҳамчавор аст. Ин кор дар ростои бештар мутамойил кардани кишварҳои Осиёи Марказй ба ҳамкориҳо бо давлатҳои ғарбй сурат гирифааст.
Аз суйе, Покистон дар ҳоле ҳамлаҳои худ бар зидди Толибонро шиддат бахшидааст, ки чанде қабл бо намояндагони ин гуруҳ ба тавофуқҳое даст ёфта буд. Дар пасманзари ин таҳаввулот дигар ҳадафи кишварҳои ғарбй мушоҳида мешавад, ки он халъи силоҳи атомии Исломобод аст.

воскресенье, 17 мая 2009 г.

Сарнавишти тарҳи Nabucco


Рузи 8 майи соли равон дар ҳамоиши "Коридори чануб - роҳи абрешими чадид", ки дар шаҳри Прага баргузор шуд, масъалаи такмили тарҳи Nabucco мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт. Тарҳи мазкур ба манзури интиқоли энержй (газ) аз Осиёи Марказй ва Шарқи Наздик ба бозорҳои Иттиҳодияи Аврупо таҳия шуда аст, аммо дар ҳамоиши Прага Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба ёддошти тафоҳуми сиёсй дар мавриди ин тарҳ имзо накарданд. Дар ёддошти тафоҳуми мазкур таъкид шуда, тарафҳои дахлдор, ки ҳозиранд дар тарҳи хати лулаи Nabucco мушорикат кунанд, тамоми талошҳои худро чиҳати таҳияи қарордоди байни ҳукуматии тарҳи мазкур, ки боястй то моҳи июн ба имзо бирасад, ба харч хоҳанд дод. Лозим ба ёдоварист, ки арзиши тарҳи Nabucco 7,3 миллиард доллар баровард шуда, қодир ба интиқоли солона 20 - 30 миллиард метри мукааб газ аз Осиёи Марказй ва Озарбойчон, хорич аз қаламрави Русия ба Аврупо аз тариқи Туркия - Булғористон - Руминия - Мачористон - Австрия хоҳад буд. Бино ба барномарезиҳои анчомшуда сохти ин хати лула от соли 2013 ба поён расида, интиқоли газ ба Аврупо аз соли 2014 оғоз хоҳад шуд.
Ба эътиқоди масъулони кумиссиюни Аврупо тарҳи Nabucco бо интиқоли газ аз Осиёи Марказй ва Шарқи наздик ба бозорҳои аврупойи, амнияти энергетикии Иттиҳодияи Аврупоро таъмин хоҳад кард. Ин мавзуъ барои кишварҳои аврупойи аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи ихтилоф бо Русия ва қатъ шудани содироти гази Русия ба Аврупо, мардуми "қитъаи сабз" дар фасли зимистони гузшта бо камбуди шадиди энержй ру ба ру шуданд. Ин амр эътимод ба Русияро ба таври камсобиқа коҳиш дод ва кишварҳои аврупойи ногузир дар пайи чустучуйи манбаъҳои нав баромаданд.
Дар ибтидои соли 2009 , дар замоне, ки ихтилофи газй миёни Русия ва Украина боиси қатъ шудани интиқоли гази Русия ба кишварҳои ИА гардид, музокирот дар мавриди тарҳи Nabucco бештар аҳамият касб кард. Аммо дар Русия дар мавриди муваффақияти ин тарҳ чандон хушбин нестанд, зеро ҳануз масири он ба таври дақиқ мушаххас нашудааст. То ин дам раисони чумҳури Озарбойчон, Гурчистон ва Туркия, ҳамчунин намояндагони Миср ба тарҳи Nabucco имзо кардаанд. Ҳарчанд раиси чумҳури Туркманистон ҳамчун ҳамтоёни қаоқ ва узбаки худ ба тарҳи мазкур имзо накардааст, аммо гуфта мешавад қаламрави ин кишвар "долони аслй"и интиқоли энержии Осиёи Марказй ба Аврупо хоҳад буд. Бо таваччуҳ ба сиёсатҳои Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Туркманистон, ин кишвар талош хоҳад кард равобити худ бо ИА-ро густариш диҳад.
Аз суи дигар дар оянда низ шоҳиди диду боздидҳои мақомоти олирутбаи аврупойи аз Ашқобод хоҳем буд, зеро дар ростои амалй шудани тарҳи Nabucco ИА руи Туркманистон ҳисоби вижае боз кардааст. Ниёз ба сармоягузориҳои калон низ давлати Туркманистонро мутамоил ба густарсихи робитаҳо бо кишварҳои аврупойи намудааст. Имзои қарордодҳои тичорй миёни Туркманистон ва ИА, ки ахиран сурат гирифт, баёнгар аз азми Ашқобод барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупойи дар бахши газ аст, зеро газ ягона маҳсулоти дархури тичорат бо Аврупо ба ҳисоб меравад.
Мақомоти Ашқобод ба таври зимнй эълом карданд, ки ҳозиранд гази худро ба ҳар кишваре, ки пули бештар пардохт кунад, бифрушанд ва дар Аврупо ва Чин аҳамияти ин мавзуъро дарк кардаанд. Аммо тарафи русй ин мавзуъро чиддй нагирифтааст. Маскав ба ин умед аст, ки битавонад бо истифода аз бархе фишангҳо назорати "чараёни газ"и Осиёи Марказиро дар ихтиёр гирад. ин руйкард шояд дар мавриди Узбакистон сидқ дошта бошадм зеро давлати Тошакнд дар марҳалаи кунунй ба ҳимоятҳои Маскав ниёз дорад. Ин ҳимоятҳо зомини ичрои барномаҳои гидроэнергетикии Узбакистон дар Осиёи Марказй мебошанд ва Тошканд метавонад аз ин тариқ аз сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Точикистон ва Қирғизистон пешгирй намуда, зимни "таъмини об ба бахши кишоварзии худ", ин ду ҳамсояро дар вобастагй ба манбаъҳои энержии худ нигоҳ дорад. Муомилаи "газу об", ки дар моҳҳои гузшта дар чараёни сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Тошканд, миёни Русия ва Узбакистон анчом шуд,аз ҳамин зовия қобили баррасй аст. Бар асоси ин тавофуқ Узбакистон гази худро фақат ба Русия хоҳад фурухт ва Русия низ уҳдадор шуд аз манфиатҳои Тошканд дар масъалаҳои баҳрабардорй аз захираҳои оби Осиёи Марказй ҳимоят хоҳад кард.
Аммо дар мавриди Туркманистон авзоъ фарқ мекунад ва давлати Ашқобод фурсатҳои бештаре барои манёвр дар ихтиёр дорад. Албатта ҳануз Туркманистон зербино ва тачҳизоти пешрафта ба чузъ хати қубурҳои Русия дар ихтиёр надорад, то битавонад гази худро ба Аврупо содир кунад. Аммо талоши ИА барои "раҳойи аз вобастагйҳои газй аз Русия", метавонад ин мушкилотро рафъ кунад. Ҳарчанд ИА аз чумлаи танкидкунандагони кишварҳои Осиёи Марказй дар заминаи риоят накардани меъёрҳои демократй ва ҳуқуқи башар ба ҳисоб меравад, вале ниёзи кишварҳои аврупойи ба энержй, ин мавзуъро ба ҳошия рондааст. Мавзуе, ки тасдиқе дигар бар муносибати дусуяи Ғарб ба масъалаҳо мебошад. Дар ин миён тарҳи Nabucco ин руйкардро бештар бармало кардааст

суббота, 9 мая 2009 г.

Далолатҳо ва дахолатҳо




Баъд аз эъломи бонки чаҳонй дар мавриди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду ҳамсоякишвари Точикистон ва Узбакистон ва ба ҳам наздик кардани дидгоҳҳои ин ду кишвар дар заминаи баҳрабардорй аз манбаъҳои обии минтақа, инак ниҳоде бо номи Маншури ё Хартияи энергетика низ остин барзадааст, то дар ин робита миёнчигарй кунад.
Андре Мернийе - дабири кулли Маншури байналмилалии энергетика ин матлабро баъд аз дидор ва гуфтугу бо Эмомалй Раҳмон - раиси чумҳури Точикистон баён кард. Вай як навъ ибрози хушбинй намуд, ки дар Тошканд ва Душанбе барои рафъи суйитафоҳумҳо иродаи сиёсй вучуд дорад. Дабири кулли Маншури энергетика тазаккур дод, ки дар чараёни мушкилоти бахши энергетикаи минтақа қарор дорад, ниёзи кишварҳо ба неруи барқро дарк мекунад ва муътақид аст, ки масъалаҳои мавчуд роҳи ҳалли худро доранд.
Андре Мернийе баъди баррасии мавзуъ ва гуфтугузорҳо бо мақомоти точик, роҳии Тошканд шуд, то бо масъулони узбак низ музокироте дошта бошад. Ин ҳама дар ҳолест, ки чанд руз ҳабл Ислом Каримов - раиси чумҳури Узбакистон дар Казоқистон таъкид карда буд: кишварҳои минтақа бояд мушкилоти мавчудро бидуни дахолати дигарон, худ ҳаллу фасл кунанд. Чаноби Каримов, ки бо тағйири мавзеъҳо ва дидгоҳҳояш чандон боиси ҳайрату шигифтй намешавад, пештар аз ин гуфтаҳо таъкид карда буд,ки барои сохтани неругоҳи Роғун бояд баррасиҳои байналмилалй анчом гирад. Давлатмардони Тошканд ба ин умеданд, ки ниҳодҳои байналмилалй аз мавзеъҳои Узбакистон ба унвони "кишвари муҳими минтақа" дар баробари Точикистон ва Кирғизистон ҳимоят хоҳанд кард. Аммо Душанбе ва Бишкек ошкоро эълом намуданд, ки сарфи назар аз натичаҳои ҳаргуна баррасиҳои "байналмилалй", барномаҳои гидроэнергетикии худро идома хоҳанд дод.
Аммо...
Созмону ниҳодҳои байналмилалй бар асоси ойинномаҳои худ ва дар зоҳир сохторҳое бетараф, мунсиф ва боадолате ҳастанд, ки ба масъалаҳо дар чорчуби ҳадафҳои ҳамаи тарафҳо ва риояти адолату меъёрҳои демократй расидагй мекунанд. Аммо, ҳасрато, ҳайфо (!!!), ин ҳарфҳо фақат орзуҳое ҳастанд, ки барои ба онҳо бовар кардан бояд хеле соддалавҳ буд.
Дар дунёи мутамаддини имруз ниҳодҳо ва созмонҳои ба истилоҳ "байналмилалй" ба гунае тарроҳй ва ташкил шудаанд, ки пеш бурдани ҳадафҳои мушаххаси гуруҳҳо ва кишварҳо дар меҳвари фаъолиятҳояшон қарор дорад. Ин созмонҳо бо ташкил намудани замина, роҳро барои дахолат дар корҳои кишварҳо ва минтақаҳо фароҳам мекунанд. Кофист фақат ишорае кутоҳ ба таърихчаи ташкили гуруҳи Толибон ва Ал-коида дошта бошем, ки имруз қудратҳои ғарбй барои расидан ба ҳадафҳояшон аз ин созмонҳое, ки худ ташкил намудаанд, чи тавр моҳирона истифода мекунанд...
Мепурсед, "ин чй вобастагй ба Маншури энергетикй дорад?"
Андре Мернийе дар суҳбатҳое, ки баъд аз дидор бо масъулони точик дошт ба таври зимнй ишораи чолибе кард: "Сармоягузорй дар кишварҳое анчом мешавад, ки аз суботи сиёсй бархурдор бошанд, агар суботи сиёсй набошад, ҳеч гуна сармоягузорй анчом нахоҳад шуд". "Суботи сиёсй". Ин "субот"-ро кй мушаххас хоҳад кард ва чй таърифе аз "суботи сиёсй" дар назар гирифта хоҳад шуд?
Оре, ин суханон дорои паёмҳои зиёданд, яъне агар шумо хилофи хостаҳои мо амал кунед, аз сармоягузориҳои хоричй ва кумакҳои башардустона маҳрум хоҳед шуд!
Бо чунин вазъ, оё салоҳи кор он нест, ки кишварҳои ҳамсоя худ иқдом ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаб кунанд ва роҳро барои дахолатҳои бегонагон дар корҳо ва сиёсатҳояшон, бибанданд?
Тачрибаи таърих нишон медиҳад, ки созмонҳои фурсатталаб бо доман задан ба ихтилоф миёни кишварҳо ва далолати давлатҳо ба пайравй аз ин ё он сиёсат, заминаи нуфузи худ дар минтақаҳои мавриди назарро фароҳам мекунанд. Аз ин нигоҳ Осиёи Миёна як минтақаи стротегй аст!

четверг, 7 мая 2009 г.

Пул дихед ва рох равед!


Масъулони Точикистон эълом карданд, ки баъд аз пурра ба истифода додан, ҳаракати мошинхо ба воситаи шоҳроҳи "Душанбе - Бустон - Чаноқ" пулакй хоҳад шуд. Бар асоси гуфатаи ин масъулон, рузи 9 сентябри соли равон, дар солрузи истиқлолияти Точикистон маросими ба истифода додани шоҳроҳи мазкур баргузор хоҳад шуд.
Чои муболиға нест, ки тарҳи мазкур, аз чумлаи тарҳҳои миллии Точикистон аст, ки дорои аҳамияти вижаи стротегй мебошад. Ин роҳ ягона роҳи пайванди заминии марказ ва шимоли Точикистон аст, дар солҳои касби истиқлол ва марзбандиҳои чадид дар қаламрави Шуравии собиқ, аҳамияти бештаре касб кард.Дар рузҳои турктозиҳои гуруҳи муздурони Худойбердиев (ноябри соли1997) бори дигар маълум шуд, ки ин шоҳроҳ дар таъмини таомияти арзй ва амнияти сарзамини Точикистон низ нақши муҳиме бар уҳда дорад. Аз ин чост, ки давлатмардони точик сарфи назар аз тамоми мушкилот, иқдом ба бозсозй ва навсозии шоҳроҳи мазкур намуданд. Ба манзури таъмини рафту омади воситаҳои нақлия дар тамоми фаслҳои сол тунели "Анзоб", ки бозмондаи даврони Шуравй буд, бо кумаки мутахассисони эронй сохта шуд. Аз суи дигар, қарордоди сохтани тунели "Шаҳристон" бо Хитой баста шуд, ки дар айни ҳол дар марҳалаҳои ниҳойи қарор дорад.
Баҳрабардорй аз шоҳрохи "Душанбе - Бустон - Чаноқ" аз чиҳатҳои мухталиф, аз чумла сиёсй, амниятй, иқтисодй, иичтимойи, фарҳангй ... дорои аҳамияти фаровон буда, дар канори ваҳдати чуғрофиёи, ваҳдатро дар дигар заминаҳо низ барои чомeаи точик ба армуғон хоҳад овард. Дар шароити Точикистон, ки 93% қаламравашро куҳҳо ташкил медиҳанд, шоҳроҳи Душанбе - Бустон - Чаноқ сарвати бебаҳои миллй ба ҳисоб меравад ва ин сарват мутаалиқ ба ҳамаи мардуми Точикистон аст. Бидуни шак ба марҳалаи баҳрабардорй расидани ин тарҳ орзуи деринаи милёнҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар аст, то битавонанд аз як гуша ба гушаи дигари Ватани азизи хеш бе кашидани бори миннати ҳамсояи бадсоя, рафту омад кунанд. Албатта, теъдоде аз ҳамватанон ин орзуро бо худ ба хок бурданд ва то ҳануз часади баъзе аз онҳо аз зери тармаву куҳҳои фурурехта пайдо нашудааст.
... Ва ин шоҳроҳ, ин тарҳи миллй, ин чодаи стротегй ... пулакй мешавад.
Зоҳиран ин ҳарфи тозае нест, зеро ин роҳ тақрибан ҳамзамон бо касби истиқлоли Точикстон пулакй шуда буд. Мусофирони ин роҳ ва ронандагони таксиҳо охири солҳои асри 20-ро ба хубй дар ёд доранд: аз Душанбе то Хучанд
25-30 посгоҳи гумрукй ва милиса амал мекард, ки аксари онҳо ғайриқонунй ва фақат ба хотири гирифтани пул фаъолият мекарданд. Бо барқарории суботу оромиш ба кишвар, ҳамаи посгоҳҳои ғайриқонунй барчида шуданд, аммо... Бале, аммо пул гирифтани милисаи роҳ аз ронандагон ҳамчунон идома дорад. Хатто баъзе милисаҳои фурсатталаб худсарона дар канори роҳ истода (ба хусус аз Шаҳристон то Истаравшан) аз ронандагон "ҳақ-ул роҳ" мегиранд. Дар вилояти Суғд ронандагони "душанбегй" бештар дар маърази чунин беинсофиҳо қарор доранд ва дар Душанбе ронандагони "шимолй".
Акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки бо пулакй шудани шоҳроҳ, пул гирифтани (ё шояд пул додан ба) нозирони роҳ аз байн хоҳад рафт? Ё ин ки ин "доля" ба қуввати худ боқй хоҳад монд?