САХИФАХО

понедельник, 28 июня 2010 г.

Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

  Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи "Сангтуда- 2" ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи "Сангтуда-2" аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
 Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
 Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва ... дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад.
 Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
 Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд.
 Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.

понедельник, 14 июня 2010 г.

Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?



 Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар "Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё" дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй аз манобеии обиро зулм ба башарият унвон кард. Раиси чумҳури Эрон гуфт: "Камбуди об ва оби муносиб, дар манотиқе аз чаҳон дар нуқтаи буҳрон аст ва бар асоси бархе пешбиниҳо дар оаянда об аз чолишҳои муҳими чаҳонй хохад буд... Мутаассифона давлатҳое, ки сирфан манофеи ширкатҳо ва ашхос ва аҳзоби хосро мадди назар доранд ва суд ва қудрати ҳаддиаксарй ҳадафи онон аст, ҳуқуқи соири миллатҳо ва ҳуқуқи умумии инсониро қурбонй мекунанд".

 Суханони раиси чумҳури Эрон дар нишасти мазкур мавриди истиқболи густурда қарор гирифтанд. Аммо нуктаи чолиби таваччуҳ дар сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе, тарзи пушиши хабарии он дар расонаҳои минтақа ва хорич аз он буд. Нашрияҳои вобаста ба қудратҳои чаҳонй талош карданд ин гуна илқо кунанд, ки сафар ба Точикистон ҳосили дар инзивои байналмилалй қарор гирифтани Эрон буд. Ин нашрияҳо бо такрори иддаоҳои бе появу асос матлабхое бар зидди барномаҳои суломези ҳастайии Чумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонда, тасвиби тарҳи таҳримҳои чадид алайҳи Теҳрон дар Созмони милали муттаҳидро як зарбае чиддй ба Эрон тавсиф карданд. Аммо раиси чумҳури Эрон ҳануз дар соатҳои аввалияи тасвиби ин таҳримҳо бо қотеият таъкид кард:"Тасвиби қатъномаи чадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунй аст ва ҳеч арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалй дар заминаи табодули сухт аст”. Маҳмуд Аҳмадинажод зимни суханрониаш дар Душанбе, иқдоми Созмони миллал дар тасвиби таҳримҳо алайҳи кишварашро дастмоли истифодашуда номида гуфт: "Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”. Сарфи назар аз фазосозиҳои расонаҳои фурсатталаб, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Точикистон, дорои ин паём буд, ки Чумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сахту душвор ва мароҳили ҳассос дустони худ, ба вижа кишвари ҳамзабону ҳамдин ва ҳамфарҳангу ҳамтаърихи Точикистонро танҳо нахоҳад гузошт. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита гуфт: "Точикистон ва Эрон пайвандҳои амиқи таърихй ва фарҳангй доранд, ин пайвандҳо аз як ҳуввият ва аз як фарҳанг аст.Равобити мо бисёр хуб ва дар ҳоли густариш дар ҳамаи заминаҳо, дар ҳамаи самтҳо аст ва ҳеч маҳдудияте вучуд надорад. Ман ва оқои Раҳмон ду бародар ва ду дустe ҳастем, ки дар ҳамаи масъалаҳо машварат мекунем, тасмим мегирем.Дар ин чо ичлоси об буд, эшон аз ман даъват карданд, ба эҳтироми оқои Раҳмон, ба эҳтироми мардуми Точикистон мо ин сафарро анчом додем барои ин ки ҳам хаста набошед бигуем ба оқои раиси чумҳур ва ҳамкоронашон, ҳам ташаккур кунем ба хотири ин кори бузурге, ки анчом доданд, ичлоси байналмилалии обро баргузор карданд. Ва ҳам корҳои дучониба, минтақаи ва байналмилалиро бо ҳам пеш барем ва машварат кунем. Мо машваратҳои бисёр хубе доштем ва тасмимоти хубе гирифтем. Корҳое, ки буд бояд бо суръати бештаре пеш раванд. Корҳои чадидеро мучаддадан дар дастури муштарак карор додем.Равобит мумтоз аст, Алҳамдуллилоҳ ва ҳар руз беҳтар хоҳад шуд."
 Дидор бо фарҳангиёни точик аз чумлаи барномаҳои сафари раиси чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе буд. Дар ин мулоқот, ки дар фазои дустй ва самимият баргузор шуд, Маҳмуди Аҳмадинажод бо зикри чойгоҳи фарҳанг дар бақои миллатҳо аз чумла гуфт:"Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Точикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи чону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”. Раиси чумҳури Эрон ба қудрати фарҳанг дар шаклгирии ҳуввияти миллатҳо ва ояндаи онҳо ишора кард ва иброз дошт:"Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонй ва бо ҳамдилй ва ахлоқ импротуриҳои дуруғро соқит ва ба чои он адолат, сулҳ ва бародариро дар чаҳон ҳоким хоҳад кард”. Ба баёни дигар, раиси чумҳури Эрон ба Точикистон омад, то ба точикон, танҳо мардуми форсигу дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бори дигар тазаккур диҳад, ки Чумҳурии Исломии Эрон чуз хайру саодати Точикон ва рушду таолии Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳадафи дигаре надорад. Вай дар ин робита аз корномаи дурахшони Эрон дар дарозои таърих ёдовар шуд ва гуфт:"2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарй ба номи Бобил бар бахши васее аз чаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсй ва албатта бидуни чангу хунрезй импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад".
 Маҳмуди Аҳмадинажод хадафхои Чумҳурии Исломии Эронро дар руёруйи бо истикбори чаҳонй ва барномаҳои моддигароёнаи он баршумурд ва зимни ёдоварии масъулияти Эрону Точикистон таъкид кард:"Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад. Касоне метавонанд дар ояндаи чаҳон нақшофаринй кунанд, ки дилу чони онҳо саршор аз андешаи инсонй ва илоҳй бошад.Пайравони андешаи моддй ва ғайри илоҳй, инсонро тахриб кардаанд ва имруз миллати Эрон ба думболи эҳёи мучаддади шахсият ва шаъни волои инсонй аст ва ду миллати Эрон ва Точикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд".
 Дар дидори як ба як ва ҳамроҳ бо ҳайатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумхури Эрон ва Точикистон масъалаҳои муҳими марбут ва тавасъаи равобит миёни Теҳрон - Душанбе, аз чумла роҳҳои раҳойии ҳарчй зудтари Точикистон аз бунбасти иртиботй ва дастёбй ба истиқлолияти энержй мавриди баррасй қарор гирифт.Дар ин робита тавофуқ ҳосил шуд, ки бо ибтикори Чумҳурии Исломии Эрон тарҳи сохтани роҳи оҳан аз Точикистон то Эрон ба воситаи каламрави Афгонистон, дигар кишвари форсизабони минтака дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ҳамчунин ба манзури мусоидат ба заминасозии тавлиди тачҳизоти зарурй дар дохили кишвар, тасмим гирифта шуд, ки шуъбае аз дафтари фановариҳои раёсати чумҳурии Эрон дар Душанбе таъсис шавад.
 Густариши ҳамкориҳо миёни Теҳрон - Душанбе ҳамвора бо ҳассосиятҳо ва ҳатто норизоятиҳои бозигарони минтақа ҳамроҳ будааст, аммо раиси чумҳури Эрон бо сафар ба Точикистон нишон дод, ки ин ҳассосияту норизоятиҳо барояш арзише надоранд ва муҳимтар аз ин ҳама он аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти кишвари дуст ва бародари худ саҳим бошад. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита дар дидори фарҳангиёни точик гуфт:"Имруз ба фазли илоҳй бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садамае ба кишварамон ворид кунанд". Аз суи дигар густариши ҳамкориҳо бо Точикистон, зимни ба намоиш гузоштани қудрат ва тавоноиҳои Эрон дар бахшҳои мухталиф, заминаи тавсаъаи равобит миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам хоҳад кард, амре ки ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа таъбир мешавад. Зеро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон собит шудааст, ки Эрон ба унвони қудрати чаҳонй, нақш ва чойгоҳи хосе дар муодилоти минтақайи ва байналмилалй дорад ва дар хамкорй бо кишварҳо ҳеч хадафи муғризонаеро дунбол намекунад.

суббота, 12 июня 2010 г.

Сиёсатҳои Маскaв - Тошканд дар Қирғизистон


  Рузи душанбеи 7 июн Владимир Рушайло,намояндаи вижаи раиси чумҳури Русия дар умури Қирғизистон дар шаҳри Тошканд бо Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дидор ва масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар таъмини суботу амният дар Қирғизистонро мавриди баррасй қарор дод.Владимир Рушайло дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Бишкек дар ин робита гуфт, омодагиҳо ба нишасти сарони Созмони Шонгҳойро бо раиси чумҳури Узбакистон баррасй кардем ва тасмим гирифтем фаъолиятҳоямон дар чиҳати таъмини суботу амният дар Қирғизистонро ҳамоҳанг намоем.Ин мақоми рус гуфт, ба манзури кумак ба баргузории ҳамапурсии қонуни асосй, ки қарор аст рузи 27 июн дар Кирғизистон баргузор шавад, ба зудй Владимир Чуров,раиси кумиссиюни марказии интихоботи Федератсиюни Русия ба Бишкек хоҳад омад.

  Русия ва Узбакистон дар ҳоле эъломи ҳамкорй дар чиҳати таъмини суботу амният дар Қирғизистон мекунанд, ки чанде қабл дар вилоятҳои Чалолобод ва Боткент даргириҳои пароканде миёни узбактаборони муқими Қирғизистон ва мардуми бумй ба вуқуъ пайваст. Рузи 19 май дар Чалолобод дар пайи руёруйии қирғизҳо ва узбакҳои муқими ин вилоят, нахустин қурбониёни низоъҳои қавмй ба сабт расиданд.Дар ин руз ҳудуди панч ҳазор қирғиз дар маркази Чалолобод, ки бахши аъзами аҳолиашро узбакҳо ташкил медиҳанд, тачаммуъ карданд.Ин гирдиҳамойи дар ҳоле сурат мегирифт, ки 20 соли қабл, дар соли 1990 дар ин чо задухурди хунине миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст, ки 150 кушта ва садҳо захмй аз ҳарду тараф бар чой гузошт. Дар пайи печида шудани авзоъ дар Чалолобод,ки вайрон кардани роҳҳо ва ба оташ кашидани мошинҳо аз чумлаи паёмадҳои он буд, Узбакистон худсарона ва бидуни дар чараён қарор додани давлати мувақатии Бишкек, ба қаламрави ин кишвар дар минтақаи Сух низомиён ва тачҳизоти низомии худро ворид кард. Давлати Тошканд ин иқдоми худро дифоъ аз манофеи ҳамватанон (шаҳристони Сух), ки дар дохили қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст, унвон карданд.Ба манзури пешгирй аз густариши нооромиҳо, рузи 1 июн мақомоти амниятй ва низомии ду кишвар ба таври изтирорй дар вилояти Фарғонаи Узбакистон мулоқот карданд ва дар заминаи контрули авзоъ тавофуқнома имзо карданд. Сохтани девори амниятй дар минтақаҳои марзии мавриди баҳс, хуручи фаврии тачҳизоти низомй ва сарбозони узбак аз қаламрави Қирғизистон, аз чумлаи ин тавофуқҳо буд.
  Бидуни шак, Маскав ин ҳама таҳаввулотро таҳти назорат дошт ва дорад, зеро тавре аз раванди таҳаввулот бармеояд, Кремл акнун бар он шудааст,дар Бишкек давлати фарккунанда аз давлати Боқиев, ки сиёсатҳои норушане дар қиболи Русия дошт, руйи кор ояд.Аз ин чост, ки Русия қабл аз ҳар кишвари дигаре давлати муваққати Роза Отунбоева,раиси чумҳури муваққати Бишкекро ба расмият шинохт ва ба таври фаврй як кумаки 20 миллион долларй дар ихтиёри Қирғизистон қарор дод.Албатта амалй шудани барномаҳои Маскав дар Қирғизистон бидуни мушорикати ҳамсоягони ин кишвар кори соддае нахоҳад буд. Бо таваччуҳ ба ин муҳим, рузи 24 майи соли чорй дар Қирғизистон мулоқоти сечониба Роза Отунбоева, Григорий Карасин, маовини вазири умури хоричаи Русия ва Нуртой Абикаев, маовини вазири умури хоричаи Казоқистон баргузор шуд. Ин мулоқот пушти дарҳои баста сурат гирифт, бино ба гузоришҳои мунташира, кумак ба давлати чадиди Бишкек дар кори назорати авзоъ мавзуи аслии гуфтугу миёни се тараф будааст.
  Аммо нуктаи муҳим дар баргузории ин дидору гуфтугуҳо он аст, ки Маскав ба таври чиддй таҳаввулоти Қирғизистонро дунбол мекунад, то иштибоҳоти руи кор омадани Боқиев такрор нашавад. Дар ин росто миёни Маскав ва Вашингтон низ ҳамоҳангиҳое анчом шуд ва ду тараф эълом карданд, ки дар масъалаи истиқрори суботу амният дар Қирғизистон бо якдигар ҳамкорй кунанд. Ин мавзуъро маовинони вазирони хоричаи ду кишвар - Чурч Крол ва Григорий Коросин тайи дидоре дар Маскав(дар миёнахои моҳи май) баррасй ва дар ин замина тавофуқ карданд. Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба манофеи муштараки Маскав ва Вашингтон таъкид карданд, ки фақат барқарории сулҳу субот матавонад шароитро барои амалй шудани барномаҳои дарозмуддат дар Қирғизистон фароҳам кунад. Ҳарчанд Русия эълом кардааст ҳеч дахолате дар таҳаввулоти ахири Кирғизистон надошт, аммо нигохе ба раванди руйдодҳо дар ин кишвари Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки Кремл ба таври чиддй пайгири авзоъ будааст.Аз чумла Владимир Путин, нахуствазири Русия дар нахустин рузи ташкили давлати чадид дар Қирғизистон - субҳи 8 апрел дар тамоси телефонй бо Роза Отунбоева, пуштибонии Маскавро аз давлати чадид эълом ва аз ин тариқ ба дигар давлатҳо дар минтақа ва чаҳон ин паёмро дод, ки Кремл дар канори давлати нави Бишкек хоҳад буд. Чунин пуштибонии Маскав барои Бишкек ба вижа дар шароите, ки ду кишвари ҳамсояи Қазоқистон ва Узбакистон аз дақиқахои аввали суқути давлати Боқиев марзҳои худ бо Қирғизистонро бастанд, аз аҳамияи волое бархурдор буд. Бо чунин руйкарде барои Маскав муҳим буд, ки дар ба эътидол овардани авзои Қирғизистон ва ҳалли мушкилоти давлати чадиди он, кишварҳои ҳамсояро мушорикат диҳад.
  Инак баъди анчоми ҳамоҳангиҳои лозим бо Қазоқистон, Русия бо Узбакистон низ тавофуқ ҳосил кард, ки барномаҳои худ дар Қирғизистонро ҳамоҳанг хоҳанд кунанд. Ин таҳаввул дар равобит миёни Остона ва Тошакнд ба рақобатҳои ин ду кишвар барои касби нақши раҳбарй дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бармегардад. Дар айни ҳол Остона аз Тошканд пешй гирифтааст ва Казоқистон ба баракати сиёсатҳои Нурсултон Назарбоев тавонистааст дар бисёре аз масоили муҳим назари мусбати кишварҳои ҳамсояи худро касб кунад.Бидуни шак мушорикати фаъол дар кумак ба барқарории суботу амният дар Кирғизистон,мусоидати бештаре ба боло бурдани нақшу чойгоҳи Остона дар муодилоти Осиёи Марказй, ҳатто байналмилалй хоҳад кард.Аммо давлати Ислом Каримов аз рузҳои аввали руи кор омадани давлати муваққати Бишкек талош кард дар баробари ин давлат қудратнамойи кунад ва аз роҳи зур вориди раванди таҳаввулоти чадид дар кишвари ҳамсоя шуд. Узбакистон бо давлати қаблии Қирғизистон низ равобити хубе надошт ва шадидан ба тарҳои гидроэнергетикии он мухолифат мекард. Аммо акнун бо чой гирифтан дар канори Маскав, Ислом Каримов қасд дорад дар шаклгирии давлати чадиди Бишкек ва сиёсатҳои ояндаи он таъсиргузорй кунад. Ба баёни дигар, Тошканд мехоҳад бо истифода аз ҳимоятҳои Маскав қабл аз ҳар чизи дигаре назар ва мавзеи худ дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба Бишкек таҳмил кунад ва дар ин замина як зарбаи ғайримустақим ба Точикистон низ ворид кунад. Аз суи дигар, Ислом Каримов талош хоҳад кард бо ворид намудани намояндагони ақалияти узбак ба ҳайати давалти чадид, ё ҳадди ақал дар макомҳои муҳим қарор додани афроди ба худ наздик, дар сиёсатгузориҳои Бишкек нақшгузорй кунад. Ва албатта, Узбакистон мехоҳад бо барқарории субот дар марзҳо бо Қирғизистон, аз нуфузи нооромиҳо ба кишвари худ пешгирй кунад. Дар ин миён, ҳадафи дигари Тошканд ҳамон қад алам кардан дар муқобили Остона дар чорчуби рақобат барои касби нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй аст. Дар ин миён ин Русия аст, ки бо истифода аз ин ҳама масоил мехоҳад ҳадафҳои стротегии худро дар минтақа амалй кунад.

пятница, 11 июня 2010 г.

Нигоҳе ба натичаҳои конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт"



 Дар шаҳри Душанбе рузи 10 июн конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" бо тасвиби баёния ба кори худ поён дод.Ин конфронс дар чорчуби барномаи Созмони миллали муттаҳид таҳти унвони даҳсолаи оби солим, бо ибтикори муштараки Точикистон ва Созмони миллал ба муддати ду руз ва бо ширкати намояндагон аз 70 кишвари дунё, 20 ниҳоди марбут ба СММ ва 65 созмону муассисаи байналмилалй баргузор гардид. Баррасии фаъолиятҳои анчомшуда дар ростои ичрои барномаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" (солҳои 2005-2015),арзёбии иқдомоти анчомшуда дар чиҳати ичрои ухдадорихо дар масъалахоимарбут ба об, аз чумлаи хадафхои аслии баргузории конфронси мазкур буд.


 Дар санади ниҳойии конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" аз чумла таъкид шудааст, ки об яке аз воситахои истехсоли энержии барқ маҳсуб мешавад ва энержии барқ барои интиқоли об ба манотиқи зарурй истифода мешавад. Аз ин ру ин ду иртиботи чудоношуданй доранд. Ҳамчунин таъкид бар он шудааст, ки об неъмати бебаҳо аст ва истифодаи беравия аз он метавонад башариятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти фаровоне ру ба ру кунад.Аз ин ру шароити кунунии чаҳон тақозо мекунад, ки дар баҳрабардорй аз манобеи обй, аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои руз кор гирифта шуда,ба ҳеч вачҳ набояд сабабгори исрофи об шуд.Расидагй ба масоили об ниёзманди роҳкорҳои бумй, минтақайи ва байналмилалй аст, то дар ин замина беҳтарин шеваҳои мумкин шиносой ва ироа шаванд.Об аз чойгоҳи вижае дар раванди дастёбй ба хадафхои ҳазораи рушд бархурдор аст. Санади мазкур ба 65 умин ичлосияи Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ироа хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2003 бо пешниҳоди Точикистон соли байналмилалии оби солим ва солҳои 2005 - 2015 ба унвони даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт дар Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба тасвиб расид.

 Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суханони худ бо ишора ба вучуди манобеи фаровони об дар Осиёи Марказй гуфт, агар аз ин захоир оқилона ва одилона истифода нашавад, кишварҳои минтақа ба таври чиддй ба мушкили камбуди об гирифтор хоҳанд шуд.Вай бо ибрози таассуф афзуд, бархе кишварҳо далелхоро баръакс нишон медиҳанд ва хакикатро таҳриф мекунанд, ки ин боиси ташаннуч дар равобити байни кишварҳои минтақа шудааст.

 Суханони Раҳмон дар ҳоле баён шуданд, ки маҳз ҳамин мавзуъ, яъне баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистонро ба буҳрони чиддй мувочеҳ кардааст.Ин буҳрон ба ҳадде печида шудааст, ки ҳатто Созмони миллали муттаҳид дар расидагй ба ин масъала очиз воқеъ шудааст.Бо баёни дигар, сохтани неругоҳи Роғун дар Точикистон мухолифатҳои шадиди Узбакистонро барангехтааст, ба гунае ки давлати Тошканд даст ба он чи ки муҳосираи иқтисодии Точикистон тавсиф мешавад, задааст. Дар чорчуби ҳамин иқдом Узбакистон беш аз ду ҳазор вагони дорои коло ва тачҳизоти мухталиф ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавқиф кардааст.Ин амали хилофи меъёрҳо ва муқаррароти байналмилалй, ки аз се моҳи қабл оғоз шуд, ба иқтисоди Точикистон садҳо милён доллар зарару аиён ворид намуда, умури сохтмонй дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2-ро ба мушкили чиддй мувочеҳ кардааст. Ҳамчунин, қимати маводи ғизойи ва сузишворй дар вилояти Хатлон ва дигар манотиқи Точикистон боло рафта, зиндагии мардум дастхуши масоили зиёде шудааст.Дархосту хоҳишҳои Душанбе барои аз саргирии ҳаракати вагонҳояш роҳ ба чое набурда, норизоятии мардуми Точикистонро аз амалкарди кишвари ҳамсоя доман зад.Тошканд гоҳе харобии роҳ ва гоҳе тарофики мавчуд дар трозинтро ба унвони баҳона пеш овардааст.Дар чунин шароите интизор мерафт конфронси Душанбе фурсати хубе барои ҳаллу фасли ин масъала бошад, аммо суханони Галина Саидова, маовини аввали вазири иқтисоди Узбакистон, ки такрори ҳамон мухолифатҳои Тошканд ба сохтани неругоҳи Роғун буд, умедҳо дар ин заминаро бар бод дод. Ин мақоми узбак бо матраҳ кардани иддаоҳои қаблии масъулони Тошканд, гуфт сохтани садд бо баландии 350 метр дар минтақаи зилзилахез ва бар асоси тарҳҳои замони Шуравй, фочеахои ғайриқобили пешбинй ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Вай бо ироаи иддаоҳои такрорй, талош кард ширкаткунандагони конфронсро ба дурустии дидгоххои Тошканд мутақоид кунад.Саидова дар суханони ба зоҳир дилсузона гуфт, мо салоҳи Точикистонро мехоҳем ва точику узбак як халк ҳастанд, ки бо ду забон гуфтугу мекунанд.

 Дар посух ба иддаоҳои мақоми узбак Гул Шералй, вазири энержй ва саноати Точикистон иброз дошт, ки дар айни ҳол Точикистон дар ҳамкорй бо Бонки чаҳонй мавзуи баррасии тарҳи Роғун тавассути коршиносони байналмилалиро пайгирй мекунад ва мо дар такмили тарҳи Роғун манфиатхои кишварҳои ҳамсояро дар назар хохем гирифт.
 Коршиносон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз натоичи конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт", дидигоҳҳои гуногуне баён карданд. Иддае ба намоишй будани ин нишаст ишора кардаанд, ки дар чорчуби ҳамоишҳои ба ин монанди Созмони милали муттаҳид доир шуд ва санадхои он барои ҳеч кишвар ё ниҳоде лозим-ул-ичро нест. Гуруҳе дигар аз коршиносон нишасти Душанберо фурсате барои маҳак задани зарфият ва имкониятҳои гидроэнергетикии Точикистон тавсиф карданд, ки масъулони точик то ҳадде аз он истифода карданд.Ҳамзамон бо ин дидгоҳҳо ба назар мерасад, ки нишасти Душанбе бори дигар ба кишварҳои дахлдор ва ниҳодҳои марбутаи байналмилалй чиддй будани буҳрони об дар Осиёи Марказиро ба намоиш гузошт.Ин конфронс собит кард, ки масъала фақат ба сохтани неругоҳҳо хатм намешавад, балки амалкарди Узбакистон дар муҳосираи иқтисодии Точикистон ва афзоиши норизоятй дар чомеаи точик, дар ҳоли харакат додани минтақа ба самти як буҳрони чиддй аст. Ин конфронс собит намуд, ки аз ҳоло бояд буҳрони об ва пайомадҳои онро чиддй гирифт, то аз вукуи буҳронҳои чиддитаре дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй пешгирй ба амал ояд.

вторник, 1 июня 2010 г.

Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

  Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз - Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.

 Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
 Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон - Афғонистон - Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
 Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот - Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
 Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.

Манфиатхои муштараки Русия ва Амрико дар Киргизистон

 Ахиран Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Федератсиони Русия тасмим гирифтанд дар масъалаи баркарории суботу амният дар Кирғизистон бо якдигар ҳамкорй кунанд. Ин мавзуъро маовинони вазирони хоричаи ду кишварЧорч Крол ва Григорий Карасин тайи дидоре дар Маскав баррасй ва дар ин замина тавофуқ карданд. Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба манфиатхои муштараки Маскав ва Вашингтон таъкид карданд, ки фақат баркарории сулҳу субот матавонад шароитро барои ичрои барноамҳои дарозмуддат дар Қирғизистон фароҳам кунад. Албатта ду кишвари Амрико ва Русия аз рузҳои нахусти суқути давлати Курмонбек Боқиев, авзо дар Кирғизистонро таҳти контрул доштанд ва талош мекарданд вонамуд кунанд, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии ин кишвар надоранд ва нахоҳанд дошт.Бо ин ҳол ҳам Маскав ва ҳам Вашингтон талош карданд бо ҳар роҳи мумкин худро ба давлати муваққати Бишкек наздик кунанд.Дар ин замина метавон ба баёнияи(хитоба) муштараки сафирони Русия ва Амрико дар Бишкек Валентин Власов ва Татиан Гфеллер ба мардуми қирғиз ба муносибати рузи пирузй бар Олмони фашистй ишора кард, ки дар дипломатияи муосир беназир аст.Кабл аз ин Маскав Роза Отунбоева раиси давлати муваққати Кирғизистонро барои ширкат дар маросими тачлил аз Рузи Галаба ба Маскав даъват карда буд.Ин иқдомот ба навъе ба расмият шинохтани давлати нави Бишкек ва кушодани боби ҳамкорй бо он буд. Дар ин чиҳат Русия ташаббусро дар даст дошт.Владимир Путин, нахуствазири Русия дар нахустин рузи ташкили давлати чадид дар Кирғизистон - субҳи 8 апрел дар тамоси телефонй бо Роза Отунбоева пуштибонии Маскавро аз давлати чадид эълом ва аз ин тариқ ба дигар давлатҳо дар минтақа ва чаҳон ин паёмро дод, ки Кремл дар канори давлати нави Бишкек хоҳад буд. Чунин пуштибонии Маскав барои Бишкек ба вижа дар шароите, ки ду кишвари ҳамсояи Казоқистон ва Узбакистон аз дақиқахои аввали суқути давлати Боқиев марзҳои худ бо Кирғизистонро бастанд ва дар ҳоле, ки Ислом Каримов аз ҳар гуна вокуниш дар баробари ходисахои кишвари ҳамсоя худдорй кард, Нурсултон Назарбоев амалкарди мухолифони Боқиевро роҳзанй тавсиф намуд,аз аҳамияи волое бархурдор буд. Бо чунин руйкарде барои Маскав муҳим буд, ки дар амри ба эътидол овардани авзои Кирғизистон ва ҳалли мушкилоти давлати чадиди он, кишварҳои ҳамсояро мушорикат диҳад.Дар ҳамин росто дар дидори сечонибаи Роза Отунбоева, раиси давлати муваққати Кирғизистон, Григорий Карасин, маовинин вазири хоричаи Русия ва Нуртой Обиқаев, маовини вазири хоричаи Казоқистон, ки 24 моҳи майи гузашта дар Бишкек доир гардид, бархе тавофуқҳо ҳосил шуд.Ҳарчанд ин дидор пушти дарҳои баста сурат гирифт, аммо гуфта шуд, ки масоили марбут ба раванди таҳаввулот ва роҳҳои кумак ба давлати чадиди Кирғизистон дар меҳвари музокирот қарор дошт. Маскав дар чорчуби ҳимоятҳои худ аз давлати чадиди Бишкек 20 миллион эътибор дар ихтиёри Кирғизистон қарор дод. Ба илова Владимир Рушайло, намояндаи вижаи раиси чумҳури Русия эълом кард, ки кишвараш як карзи 30 милионй бо имтиёзи вижа дар ихтиёри давлати муваққати Бишкек қарор хоҳад дод.

 Дар чунин шароите Белорус бо додани як навъ паноҳгоҳ ба Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури барканоршудаи Кирғизистон, худро дар муқобили талошҳои Кремл чиҳати пуштибонй аз давлати чадиди Бишкек қарор дод. Аммо Маскав ба таври зимнй ин паёмро ба Минск дод, ки дар ҳимоятҳои худ аз давлати муваққати Кирғизистон мусаммам аст. Инак эъломи омодагии Маскав ва Вашингтон барои ҳамкорй дар таъмини суботу амният дар Кирғизистон бори дигар азми чиддии Кремлро дар чиҳати ҳимояти ҳамчониба аз мухолифони Боқиев, ба намоиш гузоштааст.Албатта қабл аз ин нишаст ва дар замони интишори баёнияи муштараки Амрико ва Русия ба муносибати Рузи Ғалаба дар Бишкек, Маскав ва Вашингтон ин паёмро ба ҳамдигар доданд, ки ҳозиранд дар масоили Кирғизистон ҳамкорй намоянд. Ин таҳаввул дар навъи худ беназир аст, ки дар ҳеч мархала аз равобити ду кишвар, ҳатто дигар кишварҳои ба истилоҳ ба ҳам рақиб, ба мушоҳида нарасидааст. Баррасии авзои Кирғизистон дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия дар Маскав, як навъ тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки таҳаввулоти ахири ин кишвари Осиёи Марказй ба дахолати дастоне аз хорич набудааст. Аммо Чурч Крол, маовини вазири хоричаи Амрико дар як мусоҳиба чунин ақидаеро рад кард ва гуфт, ҳар вақт ки дар ягон минтақае аз чаҳон мушкиле ба миён меояд, талош мекунанд авомили хоричиро муқассир чилва диҳанд, дар ҳоле ки дар аксари чунин маворид омилхои дохилй нақши калидй бозй кардаанд.Вай афзуд, ба назари ман норизоятии мардум аз сиёсатҳои Боқиев ва хонаводаи вай сабаби аслии руйдодҳои ахири ин кишвар буд. Ин мақоми амрикойи гуфт, дар айни ҳол дар дохили давлати муваққат низ баъзе бозиҳо дар чараёнанд,аммо мардум ба ин умеданд, афроде руйи кор оянд, ки мушкилоти чомеаро ҳаллу фасл кунанд. Аз суе, эъломи омодагии Амрико ва Русия чиҳати ҳамкорй барои таъмини суботу амният дар Кирғизистон ба ин маъност, ки ҳеч як аз се тарафи аслии қазия - давлати муваққат, Русия ва Амрико ба танҳои наметавонанд ба мушкилоти мавчуд дар ин кишвари фақир рсидагй кунанд.Албатта, дар ин миён манофеи ҳар як аз ду қудрати Гарб ва Шарқро дар Кирғизистон ва куллан дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй набояд нодида гирифт. Баррасии авзои Кирғизистон ва роҳҳои таъмини суботу амният дар ин кишвар дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия бидуни мушорикати тарафи қирғиз, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Вашингтон ва Маскав бештар дунболи амалй кардани хадафхои худ дар Кирғизистон ҳастанд, то кумак ба мардуми ин кишвар.
 Имруз барои ин ду қудрат рушан аст, ки бе суботи пойдор дар Кирғизистон наметавонанд ба барномаҳои дарозмуддати худ дар ин кишвар ва минтақа даст ёбанд. Амрико зимни таъмини ҳузури низомии худ дар қаламрави Кирғизистон, метавонад осонтар барномаҳои худ дар Афғонистонро дунбол кунад. Чунин амре наметавонад бидуни ҳамоҳангй бо Русия ва чалби ризояти Маскав амалй шавад.Аз тарафи дигар, барқарории субот дар марзҳои Осиёи Марказй бо Афғонистон, ин имкониятро барои Маскав фароҳам мекунад, ки ба барномаҳои энержии худ дар минтақа даст ёбад ва дар ин росто Русия ниёз ба мусоидатҳои Амрико дорад. Бо чунин руйкарде метавон интизор дошт, ки давлати ояндаи Бишкек аз истиқлоли амали чандоне бархурдор нахоҳад буд ва метавон гуфт раиси чумҳури ояндаи ин кишварро аз ҳоло сарнавишти норушне дар интизор аст.