САХИФАХО

понедельник, 17 мая 2010 г.

Назарбоев пешвои миллат

Рузи 12 май порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ба Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури кунунй мақоми "пешвои миллат" дода шуд.Пешниҳод дар робита ба ин мабзуъ рузи 5 май аз тарафи гуруҳе аз намояндагони мачлиси намояндапон ироа гардида буд. Бар асоси ин қонун Назарбоев ва хонаводаи вай дар тули умри худ аз дахлнопазирии ҳамешагй бархурдор буда, ба ҳеч вачҳ мавриди таъқиб, боздошт ва муҳокима қарор нахоҳанд гирифт.Албатта 20 июли соли 2000 бар асоси мусавабаи порлумон раиси чумҳури Қазоқистон аз чунин имтиёзоте бархурдор шуда буд, фақат ин бор намояндагони порлумон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қавонини мавчуд, бар ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур афзуданд.Акнун касе ичоза нахоҳад дошт, ки амалкарди раиси чумҳурро мавриди нақду баррасй қарор диҳад ва ба у, хонаводааш ва бастагонаш таҳқир кунад. Ҳар гуна суиқасд ба чони Назарбоев амали террористй тавсиф шуда, то 20 сол мучозоти зиндон хоҳад дошт.Тамоми амвол ва дороиҳои Назарбоев ва пайвандонаш таҳти ҳимояти ҳамешагии давлат қарор хоҳад гирифт. Қобили зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев се духтар бо исмҳои Динора, Дориға ва Олиё дорад, ки бахшҳои пурдаромади тичорати Қазоқистонро таҳти контрул доранд ва набераҳои у низ алорағми чавон будан, дар бахши тичорат фаъоланд ва аз муваффақтарин точирони ин кишвар маҳсуб мешаванд. Албатта ибтикорот барои додани мақоми "пешвои миллат" ба Нурсултон Назарбоев, фақат марбут ба нишасти порлумон нест, балки дар соли гузашта сокинони вилояти Оқтеппа пешниҳод карданд, ки зимни бекор кардани ҳар гуна интихоботи раёсати чумхурй, Нурсултон Назарбоев раиси чумҳури модом-ул-умри Қазоқистон эълом шавад. Ин матлаб дар маросими ифтитоҳи гулгашти Ваҳдат ва ҳамдилй (10 сентябри соли 2009),ки бо ҳузури раиси чумҳури Қазоқистон баргузор шуд, тавассути профессор Байдасов ироа гардид.Оқои Байдасов пешниҳод кард, ки дар ин замина ба қонуни асосй тағйироти зарурй ворид карда шавад. Дар нисбати ин пешниҳод Нурсултон Назарбоев ба таври расмй вокунише аз худ нишон надод. Қобили зикр аст, ки Назарбоеви 69-сола (моҳи июл ба синни 70 мерасад)аз замони касби истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 то кунун дар ҳамаи интихоботи раёсати чумҳурй пируз омадааст.Вай барои охирин бор дар соли 2005 дар интихоботи раёсати чумҳурй баранда шуд ва замони раёсаташ дар соли 2012 ба поён мерасад.Аммо дар соли 2007 порлумони Қазоқистон бо тасвиби қонуне, ба Назарбоев ҳуқуқ дод, ки то поёни умр метавонад дар интихоботи раёсати чумҳурй ширкат кунад.Ин қарори порлумони Қазоқистон ва пешниҳоди мардуми Оқтеппа баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар Қазоқистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй раиси чумҳур ҳозир ба вогузории маснади раёсати чумҳурй нест.Ба истиснои Қирғизистон, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказй раисони чумҳури ба истилоҳ модом-ул-умр дар сари қудрат қарор доранд. Ҳарчанд модом -ул -умр ба таври расмй фақат ба сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури пешини Туркманистон эъто шуд,аммо сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар асл бидуни ҳеч эълом ва тасвиби санаде барои ҳамешагй ба курсии раёсати чумҳурй часпидаанд. Иқдоми тарафдорони Нурсултон Назарбоев дар чиҳати афзудани ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур бе таъсир аз руйдодҳои ахири Қирғизистон нест.Суқути хеле роҳат ва осони Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистон таккони азмиме ба афкори чавомеь дар Осиёи Марказй дод.Ин ҳодиса собит намуд, ки ҳар қудрати чаълй дар баробари хост ва иродаи мардум нотавон ва маҳкум ба шикаст аст.Боқиев дар мақоми раёсати чумҳур талош кард бо додани вазифаҳои калидй ба аъзои хонаводаи худ ва бастагону дустонаш, худро аз ҳар осеби эҳтимолй эмин нигаҳ дорад.Вай бо нодида гирифтани интиқод ва пешниҳодоти рақибони худ чиҳати ислоҳи вазъ, давлати худро ба суи як диктотурии хонаводаи харакат дод.Дар зоҳир чунин ба назар мерасид, ки ҳар мухолифате дар баробари хост ва иродаи Боқиев ва хонаводаи у нотавон ва очиз аст.Аммо дар пайи эътирозоти мардумй, дар камтар аз ду руз давлати Боқиев суқут кард ва ҳукумати муваққати идораи корхоро дар ин кишвар, ки як замон ба чазираи демократия маъруф буд, ба даст гирифт. Дар Аврупо баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй бо таваччуҳ ба бархе аз вижагиҳои чомеаи қазоқ бар ин бовар буданд, ки Қазоқистон бар хилофи кишварҳои Осиёи Марказй барои наздик шудани ба арзишҳо ва меъёрҳои аврупойи гом хоҳад бардошт.Дар ибтидои раёсати чумҳурии Нурсултон Назарбоев ин интизорот то ҳадде бароварда шуд.Аз ин ру Ғарб бо додани раёсати даврайии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба Остона, дар садад баромад аз он чи ки ғарбиҳо бархе ихтилоф ва качравихои Казоқистон аз меъёрҳои аврупойи таъбир мекарданд, пешгирй кунад.Аммо иқдоми ахири порлумони Казоқистон пучии чунин интизоротеро ба исбот бирасонд.Акнун Қазоқистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй, ки низоми давлатдориашон дар зоҳир чумҳуриявй, аммо дар асл низомҳои худкома доранд, ба истилоҳ ба асли худ бозмегардад. Акнун Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар барорбари амали анчом шуда қарор гирифтааст ва чуз созиш бо ин вазъ чораи дигаре надорад.Албатта таҳаввули ахири Қазоқистон хилофи арзишҳои ҳоким дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст, аммо интизор намеравад, ки ин Созмон дар қиболи Остона вокуниши манфие аз худ нишон диҳад.Зеро кишварҳои аврупойи бештар ба манбаъҳои саршори нафту гози Қазоқистон ва мавқеияти мумтози чуғрофиёии ин кишвар ниёз доранд, то нигарони вазъи демократия дар он бошанд. Натичаи чунин руйкарде он хоҳад буд, ки чойгоҳ ва эътибори ин созмон дар кишвархои Осиёи Марказй бештар аз ҳар замони дигаре латмадор ва вайрон хоҳад шуд. Барои он ки тарҳи додани мақоми пешвои миллат ба Нурсултон Назарбоев асоси комили қонунй касб кунад, боястй дар сенати Қазоқистон низ тасвиб шуда, аз тарафи раиси чумҳур низ ба имзо бирасад. Бо таваччуҳ ба таъсирпазирии кишварҳои Осиёи Марказй аз таҳаввулоти ҳамдигар, оё дигар сарони ин минтақа аз иқдоми ҳамтои қазоқи худ пайравй хоҳанд кард? Дар посух ба ин пурсиш бояд таваччуҳ дошт, ки сарони Осиёи Марказй ҳар кадом ба шеваҳои хос ҳокимияти худро ба истилох танзим ва тазмин кардаанд ва ба гунае амал кардаанд, ки интизор намеравад чуз марг ё табаддулот руйдоди дигаре назири интихобот, битавонад онҳоро аз қудрат барканор кунад. Бо ин ҳол ба назар мерасад, аслитарин ангеза барои чунин тарҳе таҳкими қудрат будааст. Нурсултон Назарбоев, ки дар остонаи 70 солагй қарор дорад, сарфи назар аз набудани мухолифони чиддй дар дохили кишвар, аз он бим дорад, ки ба тадрич нуфуз ва чойгоҳи худ дар арсаи қудратро аз даст диҳад, аз ин ру бар он шудааст, аз ҳоло пояҳои ҳокимияти худро аз ҳар гуна осеби эҳтимоли бима кунад.Аммо сарнавишти Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон нишон дод, ки дар чомеъаҳои Осиёи Марказй нуфуз ва эътибори раҳбарон то замоне аҳамият дорад, ки онҳо дар сари қудрат бошанд. Бо марги Туркманбошй тамоми қонунҳои чорй намудаи у низ дар қабристони таърих дафн шуданд ва ҳамонҳое, ки мучассамаҳои тиллоии уро сохта буданд, ба осонй ин мучассамаҳоро аз саҳифаи рузгор барчиданд.Албатта сарнавишти сарони Шуравии собиқ низ тасдики ҳамин ҳақиқат аст. Аз ин ру чои шаке нест, ки бо аз қудрат рафтани Назарбоев мақоми пешвои миллат низ аз чомеаи қазоқ барчида хоҳад шуд.

Техрон ва Душанбе дар масири хамгаройихои бештар

Дар пайи сафари муваффақи Ҳасани Қашқовй,маовини вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе, ки аз чумла ба додани сабукй дар рафту омади шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих ва ҳамдини Эрон ва Точикистон анчомид, Аҳмади Ваҳидй, вазири дифоъи Эрон аз Точикистон боздид намуд, то дар заминаҳои дифоъй низ ба раванди равобит суръат бахшад.Қарори маълум дар пайи сафари Ҳасани Қашқовй ба Точикистон ду кишвар дар ростои тадричан аз миён бардоштани раводид тасмим гирифтанд, ки дар марҳалаи аввал раводид барои донишчуён ва точирони ду кишвар бекор гардад.Акнун донишчуёни эронй ва точик, ҳамчунин точирони ду кишвар метавонанд бидуни раводид рафту омад кунанд.Ин иқдом мавриди истиқболи густурда дар чомеъаи точик қарор гирифт ва ин умедро тақвият намуд, ки баъд аз ин ҳамгаройи миёни Чумҳурии Исломи Эрон ва Точикистон суръати бештаре касб хоҳад кард. Аҳмад Ваҳидй, вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон дар нахустин дидори худ бо мақомоти точик, бо Шералй Хайруллоев, вазири дифоъи Точикистон музокира ва роҳҳои тавсаъаи хамкорихои дифоъии дучонибаро баррасй кард. Аҳмади Ваҳидй дар поёни ин дидор дар чамъи хабарнигорон зимни мусбат ва созанда арзёбй кардани натоичи ҳосил шуда дар музокирот бо ҳамтои точики худ, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Эрон ва Точикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва зарфиятҳои мавчуде, ки дар ин росто камтар истифода шудаанд, бояд бештар фаъол шаванд. Дар дидори вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон бо раиси чумҳури Точикистон, ки бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт, роҳҳои густариши ҳарчй бештари ҳамкориҳои дифоъй миёни ду кишвар, бо таваччуҳ ба авзои печидаи Афғонистон, мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт. Аҳмади Ваҳидй ҳамчунин бо Муҳаммадсаъид Убайдуллоев, раиси мачлиси миллй ва Шукурчон Зуҳуров, раиси мачлиси намояндагони порлумони Точикистон дидор ва гуфтугу кард. Вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон ба маҳалли сохти неругоҳи Сангтуда-2, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт аст, рафт ва ба раванди корхо аз наздик ошно шуд. Нигоҳе гузаро ба собиқаи ҳамкориҳо миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Теҳрон дар сахттарин лаҳзаҳо ҳамвора ба кумаки мардуми точик ҳиммат гумордааст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997) мақомоти эронй тамоми талошҳои худро ба кор гирифтанд, то тарафҳои ба хам ракиби точикро ба пойи мизи музокира бикашанд ва ҳарчй зудтар сулҳу суботро ба мардуми Точикистон ба армуғон биёваранд.Дар имзои тавофуқномаи сулҳи Точикистон дар соли 1997 бидуни муболиға Чумҳурии Исломии Эрон нақши калидиро ичро кард.Ин иқдоми башардустонаи Теҳрон ба унвони сахифаи заррин дар китоби таърихи муосири Точикистон сабт аст ва фард-фарди мардуми точик барои ин хидмати воло эҳтиром ва арзиши азиме қоиланд.Дар даврони баъд аз чанги таҳмилй низ Эрон ҳамвора дар канори бародарони ҳамзабони точики худ қарор гирифтааст. Маҳз бо кушиш ва талоши мутахассисони эронй ва бо сармоягузории Чумҳурии Исломии Эрон роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон, ки аз орзуҳои деринаи мардуми ин сарзамин буд, сохта шуд. Мутахассисони эронй бо сохтани тунели беш аз 5 километрии Истиқлол, ҳаракати мошинҳо аз марказ ба шимоли Точикистон ва билъаксро барои тамоми фаслҳои сол таъмин карданд.Дар ростои таъмини истиқлолияти энержии Точикстон низ саҳми Теҳрон бузург аст ва сохтани неругоҳи Сангтуда-2 як намунае дар ин замина мебошад. Ҳамкорй дар бахшҳои низомй ва фаннй миёни Точикистон ва Эрон аз соли 1997 оғоз шуд.Чумҳурии Исломии Эрон дар тачҳизонидани артиши миллии навпои Точикистон кумакҳои фаровоне дар ихтиёри давлати Душанбе қарор додааст.Омузиши кодрҳои мутахассис барои воҳидҳои низомй, ирсоли тачҳизоти муҳандисй, ихтисоси кумакҳои молй, аз чумлаи иқдомотест, ки Теҳрон дар ростои тақвияти артиши миллии Точикистон анчом додааст. Ҳамкориҳои дифоъи миёни Теҳрон - Душанбе дар шароите, ки авзоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон беш аз ҳар замони дигаре печида шудааст, бештар аҳамият пайдо намудааст.Зеро ҳам Эрон ва ҳам Точикистон аз густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ранч мебаранд ва Афғонистон дар пайи тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба ин кишвар, ба манбаъи пайдоиш ва густариши ин падидаҳои номатлуб табдил шудааст.Ба илова, густариши ифротгаройии мазҳабй дар Точикистон, ки зуҳури фирқа ва равияҳое назири ваҳҳобй, салафия, ҳизби таҳрир,нуфузи мазҳабҳои ғайриисломй дар чомеаи точик, аз чумлаи намунахои он мебошанд,ин заруратро тақвият кардааст, ки кишварҳои минтақа дар ин замина ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд. Ҳузури наздик ба даҳ соли кишварҳои ғарбй дар минтақа, ки бо шиори мубориза бо терроризм шакл гирифт, на танҳо терроризмро аз байн набурд, балки бар домана ва вусъати он афзуд ва минтқаро дар маърази таҳдидҳои чиддитаре қарор дод.Яке аз кучактарин мисолҳо дар тафсири нокомиҳои Ғарб ба саркардагии Амрико дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройи он аст, ки нооромиҳо дар Покистон ба таври бесобиқае густариш ёфтанд ва Гарб дар ирсоли тачҳизот ва муҳиммот барои низомиёни худ дар Афғонистон ба бунбаст ру ба ру шуд ва акнун аз роҳҳои Осиёи Марказй истифода мекунад. Албатта густариши чуғрофиёи нооромиҳо аз як тараф нишони аз контрули ғарбиҳо хорич шудани иддае аз гуруҳҳои террористии созмондодаи худи онҳо бошад, аз суи дигар тарҳест, ки ғарбиҳо ба манзури ноором кардани минтақаи Осиёи Марказй дар назар гирифтаанд, то битавонанд Русия ва Чин - ду аслитарин рақиби худро дар ичрои барномаҳояшон дар ин минтақаи стротегй ба мушкил мувочеҳ кунанд. Аз суи дигар роҳандозии чангу низоъҳо дар манотиқи мавриди назар, ё эчоди таҳдидҳои калбакй, ба табиати империалистии кишварҳои ғарбй бармегардад, то заминаи равнақи санъати низомй, ки сарони аксари кишварҳои ғарбй бақои давлаташонро дар гарави ҳимоятҳои молии соҳибони корхонаҳои низомй медонанд, дар ин кишварҳо фароҳам шавад. Таърихи башарият дар тули садсолаҳо собит кардааст, ки ҳузури неруҳои низомии бегона ба ҳеч вачҳ ба манфиати миллатҳо ва давлатҳо набудааст ва ин мардумони минтақаҳо ҳастанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар қудрати бегона ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Чумҳурии Исломии Эрон бо такя бар ҳамин асл ҳамкориҳои низомии дифоъии худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои дуст шакл додааст ва дар кумак ба мушкилоти амниятии онон саҳми қобили мулоҳизае гирифтааст.Имруз барои қудратҳои Ғарбу Шарқ ин ҳақиқт ғайриқобили инкор аст, ки бидуни мушорикати Эрон буҳрони амниятй дар Ироқ, Афғонистон ва Ховари Миёна, ҳатто Осиёи Марказй қобили ҳал намебошад.Ба иборати дигар акнун Эрони Исломй ба як қудрати воқеъи табдил шудааст, ки метавонад дар муодилоти байналмилалй нақши ҳалкунанда ичро кунад.Аз ин нигоҳ тавони низомии Чумҳурии Исломии Эрон, ҳамон гуна ки мақомоти олирутбаи ин кишвар борхо таъкид кардаанд, фақат ва фақат чанбаи дифои ва боздорандагй дорад. Хамкориҳои низомии дифойии Эрон ва Точикистон, ки як ниёзи маъмулии ду кишвари дуст ва бародар мебошад, барои ду кишвар, ҳамчунин тамоми минтақа дорои аҳамият аст.Точикистон бо истифода аз тачрибаҳои ғании Чумҳурии Исломии Эрон дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва омилхои ноамнй метавонад суботу амниятро дар дохили кишвар тақвият намуда, дар ин амр ба кишварҳои ҳамсоя низ кумак кунад.Бо таваччуҳ ба марзҳои тулонии Эрону Точикистон бо Афғонистон ва вучуди муштаракоти фаровон миёни се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон ҳамкориҳои низомй миёни Теҳрон - Душанбе, ба нафъи Кобул низ хоҳад буд. Бо ин ҳол расонаҳои вобаста ба маҳофили ғарбии минтақа, дар рузҳои сафари вазири дифои Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе бо интишори матолибе, талош карданд аз аҳамияти ин сафар бикоҳанд ва онро дар чорчуби мушкилоте, ки худ барои ин ду кишвари ҳамзабон тасаввур карданд,ба баррасй гирифтанд. Аммо чунин иқдомҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд, зеро мардуми точик кумакҳои Эрони Исломиро дар бахшҳои мухталифи зиндагии худ ҳамеша эҳсос мекунанд ва ин кумакҳо дар қиёс ба иқдомҳои мушобеҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй, ки ҳамеша аҳдофи пасипардайи доранд, холисона ва навъдустона будаанд.

среда, 12 мая 2010 г.

Точикистон ва Узбакистон: аз руёруйи ба ҳамкорй

Дар пайи вуқуъи сел дар чандин ноҳия дар манотиқи чануб ва шимоли Точикистон, ҳукумати ин кишвар чаласи фавқулодда баргузор кард ва авзоъи буҳронии бархоста аз ин ҳодисаҳоро мавриди баррасй қарор дод.Имомалй Раҳмон, раиси чумҳур, ки аз суханронони аслй дар ин нишаст буд, бо баршумурдани мизони зиёнҳои ворида аз ҳодисаҳои ахир, сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои бо хона таъмин кардани бозмондагони ин офатҳо ба кор гиранд.Вай аз чумла таъкид кард, то рузи Қонуни асосй, ки дар моҳи ноябр тачлил мегардад, бояд ҳамаи афроде, ки ба асари чорй шудани сел хонаю кошонаи худро аз даст додаанд, бо манзил таъмин шаванд. Нуктаи чолиб дар суханронии Имомалй Раҳмон дар чаласаи изтирории ҳукумати ин кишвар қадрдонии вай аз ҳамтои узбакаш Ислом Каримов буд. Раиси чумҳури Точикистон аз чумла гуфт: мо аз иқдоми Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, дар мавриди таъмири қитъаи роҳи оҳан, ки тавассути сохторҳои ин кишвар анчом ва боиси ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон шуд, тақдир мекунем.Имомалй Раҳмон дар ин суханронй аз Узбакистон ба унвони кишвари дуст ва бародар ном бурд ва вуруди вагонҳои дорои сузишворй, маводи ғизойи ва масолеҳи сохтмонй ба вилояти Хатлонро ҳосили ҳамсоядустии кишвари ҳамсоя тавсиф кард. Қарори маълум тайи рузҳои охир ҳудуди 67 вагон дорои орду гандум ва беш аз 100 вагон масолеҳи сохтмонй ва анвоъи равған аз Узбакистон вориди вилояти Хатлони Точикистон шуд.Бино ба гуфтаи Саидчон Ёдгорй, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Точикистон, аз 16 март то ин дам тарафи Узбакистон бидуни иттилорасонй вагонҳои Точикистонро дар қаламрави худ манъ кард. Ба гуфати ин манбаъ ҳануз 800 вагони дорои борхои мухталифи мутаалиқ ба ширкатҳои давлатй ва хусусии устони Хатлон дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф шудаанд, ки аз ин теъдод 200 вагон равғанҳои гуногун, 210 вагон сузишворй ва 40 вагон симон ва дигар тачҳизоти мутаалиқ ба неругоҳи "Сангтуда-2" мебошад. Мақомоти точик мегуянд тавқифи вагонҳо тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳудуди 100 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар зарару зиён ворид кардааст.Вазъи иқтисодии бисёре аз ширкатҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон вазнин шуда, теъдоде аз онҳо дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд.Албатта тарафи узбак низ мутаҳаммили зарару зиёнхои фаровоне шудааст, ба илова тибқи қонунҳои байналмилалй роҳи оҳани Узбакистон вазифадор аст барои таваққуфи вагонҳо чарима супорад.Аммо ҳануз ҳеч ниҳоди марбутаи байналмилалй дар ин чиҳат иқдоме анчом надодааст. Яке аз асароти манфии манъ кардани вагонҳои Точикистон дар роҳи оҳани Узбакистон тақрибан ба ҳолати нимафалач даромадани раванди корҳои сохтмонй дар неругоҳи "Сангтуда-2" мебошад. Камбуди симон ва маводи сухт мушкили чиддие дар пешбурди барномаҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли ичро аст, эчод кардааст. Бар асоси барномарезиҳои аз қабл анчом шуда, қарор аст то поёни соли чорй турбини аввали ин неругоҳ ба баҳрабардорй бирасад. Аммо камбуди масолеҳ ва тачҳизот ичрои ин барномаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст ва ин зарбаи чиддие ба раванди амалй шудани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон арзёбй мешавад. Ҳамчунин 16 корхонаи шаҳри Сарбанд, маҳалли сохтани неругоҳи "Сангтуда-2", ба далели камбуди сузишворй ва тачҳизоти зарурй, дар остонаи таътилй қарор гирифтаанд. Аз суи дигар, аксари точирон дар вилояти Хатлон, муътақиданд, ки идомаи таваққуфи вагонҳои Точикистон дар Узбакистон, ба вижа вагонҳои орд ва гандум, мучиби боло рафтани қимати нон дар бозорҳои ин ин вилоят ва дигар минтақаҳои Точикистон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксари точирон дигар ҳозир нестанд аз Қазоқистон ба Точикистон орд ва гандум интиқол диҳанд, зеро манъи тулонимуддати вагонҳо дар қаламрави Узбакистон зиёнхои фаровоне ба онҳо ворид кардааст. Ҳамин амр боис шудааст, ки аз ҳоло дар бозорҳои устони Хатлон ва дигар бозорҳои чануби Точикистон афзоиши қимати орд ва маҳсулоти ордй ба мушоҳида мерасад. Буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон замоне ба вучуд омад, ки миёнахои моҳи марти соли чорй роҳи оҳани Узбакистон ба сабаби он чи вайрон шудани роҳи оҳан дар минтақаи Тирмиз-Амузонги Узбакистон унвон кард, вуруди вагонҳо ба Точикистонро мутаваққиф намуд.Дар пайи идомаи ин амр ва таъсири манфии он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон, мақомоти точик ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод карданд, ки ҳозиранд минтақаи вайрон шудаи роҳро таъмир ва бозсозй кунанд, то ҳаракати вагонҳо аз сар гирифта шавад.Аммо мақомоти узбак ҳаргиз ин пешниҳодро напазируфтанд, ба илова матбуоти электронии вобаста ба давлати Тошканд иттилоъ дод, ки Узбакистон барои таъмини ҳаракати вагонҳои Точикистон, роҳи оҳани вайроншуда дар минтақаи Тирмиз-Амузонгро бо харочоти як миллион доллар аз ҳисоби будчаи худ таъмир ва бозсозй мекунад. Роҳи оҳани Узбакистон каме баъд аз ин сабаби манъ кардани вагонҳои Точикистонро камбуди локомотивҳо эълом кард, вале ҳозир нашуд барои ин кор аз локомотивҳои Точикистон истифода кунад. Баъд аз ин низ манъ кардани вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон идома дошт ва тайи ду моҳ теъдоди онҳо аз марзи ду ҳазор гузашт.Дар пайи бе чавоб мондани дархостҳои пай дар пайи ҳукумати Точикистон дар мавриди аз саргирии ҳаракати вагонҳо, сохторҳои марбутаи Точикистон масъаларо ба ниҳодҳои байналмилалй кашонданд. Аммо Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,Бонки чаҳонй ва амсоли ин ҳеч иқдоми муассире дар чиҳати ҳалли буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, анчом надоданд. Бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз авзои ба амаломада дар равобити ду кишвари Узбакистон ва Точикистон, танҳо роҳи бурунрафт аз ин буҳронро музокироти ру дар руи сарони ду кишвар унвон карданд.Сафари бе натичаи ҳайати ҳукумати Точикистон тахти сарварии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазир ба Тошканд, бори дигар дурустии ин дидгоҳро собит кард. Албатта тарафи Точикистон чиҳати рафъи монеъаҳои ба вучудомада дар равобити байниҳамдигарй бештар кушо будаст, бо ин ҳол чунончи Тошканд иқдомҳои мутақобил анчом надиҳад, ин кушишҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд. Воқеъият он аст, ки азми Точикистон барои сохтани неругоҳи Роғун равобити ду кишвари ҳамсояро таҳти таъсир қарор додааст.Узбакистон бо ироаи далелҳои мухталиф иддао мекунад, ки сохти ин неругоҳ мучиби осеб дидани муҳити зист ва муҳимтар аз ҳама коҳиши чараёни об ба Узбакистон хоҳад шуд, амре ки ба андешаи мақомоти узбак,бахши кишоварзии ин кишварро дар вартаи нобудй қарор хоҳад дод.Аммо давлати Душанбе ин иддаоҳоро баҳонае беш намедонад ва муътақид аст, ки Тошканд намехоҳад Точикистон истиқлолияти энержй касб кунад.Ин ҳама дар ҳолест, ки дар замони Шуравй Узбакистон ташаббускори аслии тарҳи сохтани неругоҳи Роғун буд. Музокироти ду кишвар чиҳати ҳалли ин мавзуъ роҳ ба чое набурд ва акнун бонки чаҳонй ба унвони миёнчй вориди амал шудааст.Аммо бо таваччуҳ ба амалкарди ниҳодҳои байналмилалй дар нуқоти мухталифи чаҳон, интизор намеравад, ки ин бонк масъаларо ба таври мунсифона ва одилона ҳаллу фасл намояд. Нишасти ахири Бонки тавсаъаи Осиё дар Тошканд ва чудо кардани як миллиарду 150 миллион доллар эътибори(кредити) ин бонк барои Узбакистон, бори дигар ин ҳақиқатро собит кард, ниҳодҳои байналмилалй, ки ҳосили сиёсатгузориҳои қудратҳои чаҳонй ҳастанд, ҳамеша манофеи молии худро дар авлавият қарор медиҳанд. Аз ин ру дар паси пардаи баррасии масъалаи Роғун низ мутмаъинан манфиатҳои бонки чаҳонй дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар назар гирифта хоҳад шуд.Аммо он чй дар ин миён насиби ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд, дар канори таҳти таъсири сиёсатҳои ин бонк қарор гирифтан, талафи вақт хоҳад буд. Ин амр барои ҳам Тошкан ва ҳам Душанбе зиёнҳои чуброннопазиреро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Сохта нашудан ва ё бо таъхири зиёд сохта шудани садди Роғун аввалин пайомадҳои манфии худро ба бахши кишоварзии Узбакистон ворид хоҳад кард.Зеро пешбиниҳои ҳавошиносй нишон медиҳанд, ки гармшавии ҳамасолаи кураи Замин ба тадрич мучиби аз байн рафтани пиряхҳо ва кам шудани оби рудхонаҳо хоҳад шуд. Дар натича дар пайи захира нашудани об, Узбакистон ҳатто ба камбуди оби ошомиданй ру ба ру хоҳад шуд.Точикистон низ бо аз даст додани замон, бозори энержиро дар Осиёи чанубй аз даст хоҳад дод, зеро дар Чин чандин неругоҳ дар ҳоли сохт аст, ки барқи онҳо барои содирот ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст.Дар чунин шароите неругоҳи Роғун дар сурати такмил низ наметавонад он ҳама харочотро чуброн кунад ва ба як тарҳи зиёновар табдил хоҳад шуд.Албатта дар чунин шароите Русия, ки иддаои тасаллут бар бозори энержии Осиёи чанубиро дорад, низ хоҳад бохт. Дар чунин шароите аз саргирии ҳаракати вагонҳо аз Узбакистон ба Точикистон ва дар пайи он, паёми раиси чумҳури Точикистон ба ҳамтои узбаки худ, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Ин амр ба унвони равзанаи нуре дар тунели торики равобити ду кишвар тавсиф мешавад, ки боясти сарони ду кишвар дар ростои манофеи мардумони худ ва тамоми минтақаи Осиёи Маказй, бар тавони он афзоянд.

воскресенье, 9 мая 2010 г.

Истифодаи Узбакистон аз сармояхои Бонки рушди Осиё



 Бонки рушди Осиё барои аввалин бор дар таърихи 43 солаи мавчудият, чаласаи Шурои мудирони худро дар як кишвари Осиёи Марказй баргузор кард.Дар шаҳри Тошканд рузҳои 1-4 май доир шудани ин нишаст ба он маънй буд, ки бонки мазкур ва саҳҳомдорони он аз сиёсатҳои давлати Ислом Каримов дар саркуби дигарандешон ва маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандй, чонибдорй мекунанд. Анчумани дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иқдоми масъулони Бонки рушди Осиё дар баргузории нишасти Тошканд шадидан танқид кард ва ин амалро як навъ қонуният бахшидан ба сиёсатҳои саркубгаронаи давлати Тошканд арзёбй кард.
 Қарори маълум дар поёни нишасти Шурои мудирони бонки рушди Осиё дар Тошканд, миёни ин ниҳоди молй ва Узбакистон чор қарордод ба маблағи 1миллиарду 150 миллион доллар эътибор(кредит) ба имзо расид.Қобили зикр аст, ки ҳамин бонк дар соли 1996 барои Узбакистон як эътибори калон ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар чудо карда буд.
 Бонки рушди Осиё дар соли 1966 таъсис шуд.67 кишвари чаҳон, аз чумла 48 кишвари ҳавзаи Осиё – Уқёнуси Ором, ҳамчунин кишварҳои саноатии Аврупо, Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аъзои он мебошанд.Бонки мазкур тарҳҳои рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақаиро сармоягузорй мекунад.Барои дарёфти маблағҳои ин бонк ҳам кишварҳо ва ҳам афроди ҳуқуқй метавонанд тақозо кунанд.Бонки рушди Осиё афзун бар ин, ба кишварҳои узв қарз, кумакҳои фаннй ва эътиборҳо ихтисос медиҳад.Узбакистон дар соли 1995 ба узвияти Бонки рушди Осиё пазируфта шуд.Бонки рушди Осиё дар айни ҳол аслитарин (ва тақрибан ягона)кумакрасон ба иқтисоди Узбакистон мебошад.Ин бонк мисли дигар муассисоти байналмилалии молй,барои кишварҳои дархосткунанда шартҳои вижаеро қоил аст, ки аслитарини он ба сиёсатҳои дохилй ва хоричии кишварҳо бармегардад. Аз чумла бо дархости ин бонк Узбакистон ба системи бонкдории худ ва фаъолиятҳои иқтисодаш дар зоҳир таҳаррукоти вижае дод.
 Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тошканд дар ростои чалби эътимоди Бонки рушди Осиё аз тамоми имконият ва зарфиятҳои мавчуд дар дипломатияи худ кор гирифтааст.Аз чумлаи шигардҳо ё равишҳои маъмулй дар сиёсатҳои Узбакистон дар ин замина, таҳрифи воқеъиятҳо будааст.Ин нукта ин бор низ дар сухаронии Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар дар маросими ифтитоҳияи нишасти Тошканд, бармало буд.Вай аз чумла гуфт: "дар соли 2009 тавлиди нохолис 8,1 дарсад,тавлиди саноатй 9 дарсад,ҳачми сармоягузорй дар иқтисод 26 дарсад ва сармоягузории мустақими хоричй 1,8 баробар афзоиш ёфт". Ин омор дар ҳоле ироа шуд, ки аксари кулли нозирони байналмилалй бар дурустии онҳо ба дидаи шаку шубҳа менигаранд.
 Ислом Каримов дар ин суханронии худ, ки як баёноти баландпарвозонае буд, иброз дошт, мудели ислоҳоти иқтисодие, ки Узбакистон аз соли 1992 оғоз кард, ҳаққонияти худро собит намуд ва ин метавонад намунаи ибрати муносибе барои дигар кишварҳо бошад. Сарфи назар аз воқеи будан ё набудани суханони раиси чумҳури Узбакистон, барои у ва давлаташ муҳим он аст, ки аз ин тариқ тавонистааст наздик ба 14 сол аз сармояҳо ва зарфиятҳои Бонки рушди Осиё дар чиҳати пешбурди сиёсатҳояш ва бақои давлаташ баҳрабардорй намояд. Бо чунин руйкарде ин савол матраҳ мешавад, ки магар коршиносон ва дастандаркорони Бонки рушди Осиё то ин ҳад соддалавҳанд, ки ба суханони Ислом Каримов дар мавриди "бартарии иқтисод бар сиёсат", "дар авлавият қарор доштани қонун барои ҳама", "сиёсатҳои шоистаи рифоҳй-ичтимойи" ва амсоли инҳо бовар мекунанд? Ва ин ҳам дар шароитест, ки дар остонаи нишасти Шурои мудирони бонки мазкур дар Тошканд, хабаргузориҳои мухталиф аз воқеиятҳои вазъи иқтисодиву ичтимойии Узбакистон матолиби фаровоне мунташир намуда, таҳрифи ин воқеиятҳо тавассути масъулони узбакро як амри оддй дар режими давлатдории ин кишвар тавсиф карданд. Дар посух ба чунин пурсишҳо ҳаминро мебояд гуфт, ки ниҳодҳои молии байналмилалй назири Бонки рушди Осиё, дар ҳар як аз минтақа манофеъ ва аҳдофи худро доранд ва барояшон муҳим он аст, ки ба ҳар қимати мумкин ба ҳамон аҳдоф ва манофеъ даст ёбанд.Ҳамин мавзуъ воқеияти фаъолияти ин ниҳодҳоро ошкор мекунад.Дар марҳалаи кунунй барои дастандаркорони Бонки рушди Осиё муҳим он аст, ки суботу амният ва бақои режими Тошканд танзим ва тазмин бошад, зеро амалй шудани тарҳҳои ин бонк бе мушорикати Узбакистон ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳанд шуд.
 Бонки рушди Осиё бар ин бовар аст, ки фақат бо вучуди суботу оромиш дар Узбакистон метавонад тарҳҳоеро назири сохтани хати интиқоли неруи барқи Сурхон-Наибобод-Кобул, роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф,тарҳи сохтани "коридори фароафғонй" чиҳати тронзити борҳо аз Осиёи Марказй ба уқёнуси Ҳинд, сохтани маркази байналмилалии лочистикй дар фурудгоҳи Навойи такмил ва ичрои кунад. Аз ин ру ин ҳадафи аслй эчоб мекунад, ки дастандаркорони Бонки рушди Осиё чун дигар ниҳодҳои мушобеҳи байналмилалй, барномаҳои зоҳирй ва шиоргунаи худ дар мавриди кумак ба рушди чомеъаҳои шаҳрвандй ва иқтисоди озод дар кишварҳоро канор бигзоранд ва дунболи касби суд ва манфиатҳои бештар аз ҳисоби ғорати манобеи манотиқи мухталиф аз чаҳон бошанд.
 Руйи ҳам рафта, ин нукта қобили зикр аст, ки натичаҳои нишасти Тошканд ба беҳбуди шароити зиндагии мардумони оддй дар Узбакистон таъсири чандоне нахоҳанд дошт.Ин руйдод фақат ба давлати Тошканд кумак кард дар дохили кишвар афкори мардумро то ҳадде чалби қудрати худ кунад.Аммо бори дигар барои чомеаи Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа собит шуд, ки умед бастан ба кумак ва мусоидатҳои ниҳодҳои байналмилалй дар чиҳати эчоди чомеаҳои демократй ва коҳиши фишори давлатҳои худкома ба мардумонашон, як хаёли хоме беш нест.

понедельник, 3 мая 2010 г.

Русия ва инқилобҳои эҳтимолии оянда дар Осиёи Марказй


Нигоҳе ба руйдодҳои маҳдудаи Шуравии собиқ тайи як-ду соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар мубориза чиҳати нуфуз ва таҳкими чойгоҳи худ, Русия ба тадрич аз кишварҳои ғарбй пешй гирифтааст. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй, ки боиси ташкили 15 давлати мустақил дар қаламрави ин императории як замон муқтадир шуд, қудратҳои ғарбй тамоми талоши худро ба харч доданд, то кишварҳои тозаистиқлолро таҳти нуфузи худ дароваранд.Он замон, ки Русия гирифтори мушкилоти дохилии худ буд, натавонист аз таъаррузи Ғарб ба маҳдудаи ба истилоҳ "суннатии нуфузаш" пешгирй кунад.Натича он буд, ки қудратҳои ғарбй дар пушиши барномаҳои мухталифи башардустона ва кумакҳои иқтисодй, дар манотиқи Шуравии собиқ - аз Қафқоз то Осиёи Марказй барои худ чои по боз намуданд.Баьди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк, ки фароҳм оварии шароит барои нуфузи Ғарб дар манотиқи ҳамчавор бо Русия аз чумлаи аҳдофи тарроҳони он буд, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико то таъсиси пойгоҳҳои низомй дар қаламравии Шуравии собиқ пеш рафтанд. Ҳарчанд Русия ин ҳама таҳаввулотро таҳти назар дошт ва идомаи чунин раванде манофеи стротегиашро латмадор мекард, аммо тавони ончунонии муқобила дар баробари онро надошт ва фақат бо вокунишҳои лафзй иктифо мекард. Чунин вазъияте Ғарбро дар амалй кардани аҳдофаш дар кишварҳои перомуни Русия часуртар ва густохтар менамуд. Акнун қудратҳои ғарбй ва дар садри онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он шуданд, ки бо роҳандозии ба истилоҳ инқилобҳои рангй дар чумҳуриҳои тазаистиқлоли Шуравй, давлатҳои дастнишондаи худро руи кор оранд. Дар ин росто Украина аввалин интихоб буд, ки ҳамроҳ бо муваффақият буд. Дар соли 2005 Виктор Юшенко, номзади тахти химояти Вошингтон дар Киев сари кудрат омад. Сипас дар пайи дахолатҳои Ғарб давлати ғарбгаро дар Тифлис руйи кор омад.Навбат ба Осиёи Марказй шуд ва ин амр дар Қирғизистон, ки дар Осиёи Марказй ба чазираи демократия маъруф буд, расид.Амрико тавонист бо ваъдаҳои молй Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистонро, ки бо пуштибонии неруҳои демократй руйи кор омад, ба худ наздик ва аз Русия то ҳадде дур кунад. Ин кишвар аз нигоҳи чуғрофиёи барои Амрико дорои аҳамият аст, зеро пойгоҳи "Манас" беҳтарин масир чиҳати пуштибонй аз неруҳои НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Русия дар ибтидои ҳазораи саввум, дар пайи сиёсатҳои Владимир Путин, то ҳадди зиёде тавон ва чойгоҳи худ дар арсаи байналмилалро эҳё кард ва бар он шуд, ки аз манофеи худ қотеъонатар дифоъ кунад.Нахустин қудратнамойии Маскав дар муқобили Ғарб дар поёни соли 2005 сурат гирифт:Узбакистон бо дахолатҳои Кремл дастури ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгоҳи Хонободро содир кард.Он замон, баъд аз тирборони тазоҳуроти мардум дар Андичон (майи соли 2005)давлати Ислом Каримов мавриди маҳкумиятҳои шадиди Ғарб ба саркардагии Амрико қарор гирифт. Маскав аз ин фурсат ниҳояти истифодаро намуд ва бо ҳимоят аз мавзеъи Тошканд, Узбакистонро зери чатри амниятии худ гирифт.Каримов ба ивази ин лутф, дастури баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар кишварашро содир кард.Баьд аз ин Амрико дар пайи интиқом аз Русия шуд ва Саакашвилй, раиси чумҳури Гурчистонро ба чанг алайҳи Русия таҳрик кард(моҳи августи соли 2007).Аммо Маскав ончунон чавоби кубандае ба Тифлис дод, ки Амрико ҳаргиз интизорашро надошт ва натавонист, дурустар бигуем чуръат накард ба Гурчистон дар он чанги панчруза кумак кунад. Инак ҳаводиси Қирғизистон тасдиқи ин дидгоҳанд, ки Русия ба таври чиддй масъалаи таҳким ва тавсаъаи нуфузи худ дар Осиёи Марказиро дар садри сиёсатҳояш қарор додааст.Ҳарчанд давлати Маскав эълом кард, ки ҳеч дахолате дар руйдодҳои Қирғизистон надошт, аммо далелҳо баёнгар аз он аст, ки сарнагунии Боқиев аз қабл бо Кремл ҳамоҳанг шуда буд.Қарори маълум бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда миёни Маскав - Бишкек, Боқиев уҳдадор шуда буд, ки ба ивази сармоягузории ду миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Қирғизистон(дар қолаби кумак), пойгоҳи низомии Амрико – "Манас"ро таътил кунад. Аммо пас аз дарёфти 400 миллион доллар аз ин кумакҳо, давлати Боқиев дар пайи тавофуқ бо Амрико, ки ичорабаҳои пойгоҳи "Манас"ро се баробар афзоиш дод, бо тағйири мақоми пойгоҳи "Манас" ба маркази тронзити колоҳо, фаъолияти ин пойгоҳи амрикоиро тамдид кард.Ин иқдоми Боқиев хашми мақомоти Русия, ба вижа Владимир Путин, нахуствазири ин кишварро барангехт.Фарчоми ин раванд ҳамон тағйири қудрат дар Бишкек аст, ки шоҳидаш ҳастем. Сарнагунии хеле осон ва бидуни вокунишҳои чаҳонии Қурмонбек Боқиев барои сарони кишварҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқатро ёдрас кард, ки акнун на Амрико ва Ғарб, балки ин Русия аст, ки инқилобҳо ё шояд табаддулотҳоро дар қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, идора мекунад.Ин амр сарони худкомаи Осиёи Марказиро, ки ҳифзи қудрат ва меросй кардани он, аслитарин ташвишашон маҳсуб мешавад, ба таври чиддй нигарон кард.Ин раҳбарон акнун дарк карданд, ки сарнавишташон ба тарзи равобит бо Маскав бастагии зиёде дорад.Сафари шитобзадаи Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Маскав дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Ба маҳзи вуқуъи ҳаводиси Қирғизистон Тошканд марзҳои худ бо ин кишварро баст ва васоити ахбори узбак ҳеч хабаре дар бораи сарнагунии Боқиев, умуман руйдодҳои Қирғизистон мунташир накарданд. Дар Туркманистон, дигар давлати худкомаи Осиёи Марказй низ муҳосираи иттилоотй дар қиболи ҳаводиси Қирғизистон ба кор гирифта шуд. Точикистон низ марзҳои худ бо Қирғизистонро тақвият кард ва бо ибрози таассуф аз руйдодҳои кишвари ҳамсоя иктифо кард. Қазоқистон ба унвони раиси даврайии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо нисбатан қотеътар ибрози мавзеъ кард ва аз давлати муваққатии Бишкек даъват кард, ки чиҳати аз байн бурдани фақр тадобири чиддй биандешад. Дар ин миён вокуниши Ислом Каримов ба тағйири қудрат дар Қирғизистон,беш аз ҳар чизи дигаре чалби тавччуҳ кард.Раиси чумҳури Узбакистон дар сафари дурузаи худ ба Маскав (19-20 апрел), таъкид кард, ки Русия кафили суботу амният дар Осиёи Марказй аст.Вай гуфт:"Узбакистон Русияро шарики боэътимод ва озмудашуда медонад ва бар он аст, ки Русия омили аслии таъмини суботу амният дар чаҳон, ба вижа дар Осиёи Марказй аст". Арзёбии коршиносони русй аз ин суханони раиси чумҳури Узбакистон такрори ҳамон дидгоҳҳои қаблй буд: яъне Ислом Каримов ҳар гоҳ ки хатари чиддиро эҳсос кард, ба оғуши Маскав шитофта аст, зеро ба хубй медонад, ки Русия қодир ба ҳимоят аз у ҳаст.Чунин амалкарди Ислом Каримов дар вокуниш ба ҳодисаҳои Кирғизистон, муаййиди он аст, ки раиси чумҳури Узбакистон дар мавриди даст доштани Маскав дар ҳаводиси кишвари ҳамсоя ҳеч тардиде надорад. Аз суи дигар, дар Маскав ба хубй медонанд, ки Ислом Каримов ҳаргиз мавриди эътимод нест ва аз рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ниҳояти истифодаро мекунад.Аммо дар айни ҳол тарси Каримов аз мувочеҳ шудан бо сарнавишти Боқиев барги барандаест дар дасти Кремл, то битавонад Ислом Каримови ба ҳарос афтодаро, ки инфичорҳои Тошканд (апрели соли 2004) ҳануз дар гушаш садо медиҳанд, таҳти мусиқии худ бирақсонад. Имомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон, ки низ солҳои ахир дар чорчуби он чи сиёсати чандсамтй тавсиф мешавад, то ҳадди зиёде аз Маскав фосила гирифта буд, дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвараш (24 апрел)Русияро мисли солҳои қабл шарики стротегй унвон кард. Ин ҳама иттифоқот баёнгар аз он аст, ки феълан Русия пирузи майдони рақобат дар Осиёи Марказй аст ва сарони Осиёи Марказй акнун нақши Маскавро дар сарнавишташон чиддй хоҳанд гирифт.Аммо ин воқеиятро низ набояд инкор кард, ки Русия ҳаргиз ба нафъи худ намебинад, ки барномаҳои Гарб дар Афғонистон нотамом боқй бимонанд.Хуручи зудҳангоми низомиёни ғарбй аз Афғонистон ба он маънй хоҳад буд, ки нооромиҳо ба кишварҳои ҳамсоя, яъне он чи маҳдудаи суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, нуфуз хоҳанд кард.Аз ин ру ҳануз  бозии қудратҳо дар Осиёи Марказй идома дорад.