САХИФАХО

среда, 29 апреля 2009 г.

Узбакистон ва Точикистон: шарик ё ракиб?

Решаxои ихтилоф
Нигохе ба тарзи бархурд ва руйкарди Узбакистон дар баробари Точикистон, ин акидаро таквият мекунад, ки давлати Тошканд ба хамсояи худ ба унвони як ракиб (агар на душман) дар тамоми заминахо рафтор мекунад.
Бисёре аз коршиносон решахои ин хама сардй дар робитахои ду хамсояро бархоста аз робитахои шахсии ду раиси чумхур медонанд. Гурухи дигар аз таxлилгарон сабаби вазъи xоким дар муносибатxои Тошканд - Душанберо, ки дар нисбати дигар кишварxои минтақа низ ба мушоxида мерасад, xосили қудратталабиxои сарони узбак дар ростои ба даст гирифтани нақши раxбарй дар Осиёи Марказй медонанд.
Воқият он аст, ки дар робитаxои ду кишвари xамсоя "як бому ду xаво" ба мушоxида мерасад: муносибати мақомот руз ба руз ба самти сард шудан пеш меравад, аммо мардуми оддй, пойбанд ба одобу суннатxо, алоқаxои xамсоягиро идома медиxанд.


Коршиканиxои Тошканд

Узбакистон дар нахустин икдоми зиддиточикистонии худ, бо "мутақоид" кардани масъулони ширкати "Русал", ононро аз раванди сохтани неругоxи "Роғун" хорич кард. Сипас тамоми талоши худро ба харч дод ва тавонист Чинро аз ичрои қарордоди имзошуда бо Точикистон, дар мавриди сохтани неругоxxо дар дарёи Зарафшон, боздорад.
Бар асоси бароварди мутахассисон, ин ду иқдоми Тошканд зарбаи "нокдаункунандае" буд ба пайкари иқтисоди дар xоли эxёи Точикистон ва истиқлоли энергетикии ин кишварро барои чанд соли дигар ба қафо андохт. Зарару зиёнxои молии ин амалро бояд ба таври чудогона xисобу китоб кард.
Акнун ба назар мерасад Узбакистон дар пайи ворид кардани зарбаи "нокаутовар" ба Точикистон аст. Карори маълум, Узбакистон тасмим гирифтааст аз тариқи созмонxо ва ниходхои байналмилалй Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишор қарор диxад, то аз сохтани неругоxxои азим дар дарёxои ба истилоx "фаромарзй" сарфи назар кунанд.Давлати Тошканд дар ростои расидан ба ин xадаф бо анчоми муомилаxое, Русия, Амрико ва давлатxои таъсиргузори аврупойиро дар чабxаи худ қарор додааст, то Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишорxои бештаре қарор диxанд. Аз номаи ахири Роберт Зеллик, раиси Бонки чаxонй ба Ислом Каримов бармеояд, ки дар айни xол дар арсаи дипломатй таxаввулот ба нафъи Узбакистон пеш меравад.

Узбакистон ва Точикистон: xамсоя ё ...

Сардй дар робитаxои ду кишвари xамсоя аз ибтидои асри 21 оғоз шуд. Аввалин иқдоми кишвари xамсоя он буд хати сарxад бо Точикистонро, ки дар бисёре аз минтақаxо xануз мушаххас нашуда буд, минагузорй кард ва дар ин бора на фақат назари давлати Душанберо чуё нашуд, балки конвенсиюн ва меъёрхои байналмилалиро зери по гузошт. Хосили ин амал кушта ва захмй шудани даxxо шаxрванди Точикистон (хатто шаxрвандони Узбакистон!) аст, ки xеч робитае ба гуруxxои терористй надоштаанд.
Иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон бештар чанбаи дипломатй ва иқтисодй доштаанд. Дар заминаи дипломатй ин руйкардxо дар ширкат накардан ва ё xузури камранги мақомоти узбак дар нишастxои байналмилалй ва минтақайи ба мизбонии Душанбе хулоса мешуд. Аммо дар чанбаи иқтисодй xар аз гоxе қатъ кардани интиқоли газ ё барқ ба Точикистон аз чумлаи амалкардxои кишвари xамсоя будаанд. Дар ин радиф бояд аз таваққуфxои тулонимуддати борxое, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Точикистон транзит мешуданд, низ ёд кард. Бозчуйиxои бамавқа ва бемавқ аз шаxрвандони Точикистон тавассути сарxадбонон, гумрукчиён ва милисаи узбак, аз дигар "коpномаи" кишвари бародар мебошад, ки бар раванди фосила гирифтани ду xамсоя аз якдигар, афзудааст.

Терористон аз Точикистон ба Узбакистон xамла мекунанд

Рузи 8 апрел воxидxои вижаи Хадамоти амниятии Узбакистон (СНБ) ва вазорати дохилаи ин кишвар дар минтақаи Бекобод, дар наздикии марзи Точикистон машқxои низомй баргузор карданд. Бар асоси сенарияе, ки хадамоти амниятии ин кишвар таxия кард, як гуруxи терористон аз қаламрави кишвари бародар (Точикистон) барои гаравгонгирй вориди хоки Узбакистон шуданд... Алабатта натичаи ин тамрин он буд, ки неруxои шучоъи давлати Узбакистон ин терористонро нобуд карданд. Аммо нуктаи чолиб макони баргузории ин машкxо ва маxалли вуруди терористон аст: корхонаи оxани Бекобод xадафе буд,ки "терористон" барои дастёбй ба он аз қаламрави Точикистон ворид шуда буданд. Ба эътиқоди аксари таxлилгарон ин мавзуъ тасодуфй нест, зеро корхонаи мазкур, ки гуфта мешавад баъзе аз таъсисоташ дар қаламрави Точикистон мебошанд, асбоби нигаронй ва ташвиши Тошканд аст. Хамин таxлилгарон вуруди "терористон" ба ин маxаллро як аломати рамзй ва маънидор аз тарафи мақомоти амниятии узбак, таъбир мекунанд.
Аз ин чо баъзе хулосаxо зуxур мекунад, ки оё иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон ва Кирғизистон аз доираи диломатия хорич хохад шуд?

Рушанй дар охири тунел

Дар нишасти ахири Остона, ки бо xузури раисони чумxури Осиёи Марказй ва ба манзури баррасии масъалаxои марбут ба кули Арал баргузор гардид, Ислом Каримов бар хилофи рузномаи нишаст ва таъкидxои Нурсултон Назарбоев, мизбони ин нишаст, масъалаxои гидроэнергетикиро матраx кард, ки боиси эътирози шадиди раиси чумxури Точикистон гардид.
Ин фоли неке нест. Аммо дар зимистони имсол, дар шароите, ки мардуми Точикистон аз сармо ранч мебурданд, масъулони вилояти Суғд дар ростои манфиатxои мардуми xамсоя истеxсоли неруи барқро коxиш доданд, то оби бештаре дар обанбори Қайроққум захира шавад ва кишоварзони узбак дар тобистон ба камбуди об ру ба ру нашаванд. Аз суи дигар давлати Тошканд руз хои 29-30 апрел мизбони нишасти комиссиюни муштараки ду кишвар буд, ки дар он тавофукхои мухиме дар ростои халли мушкилоти ду кишвар хосил шуд.
Пас роxи xал вучуд дорад! Хеч зарурати кашондани пойи бегонагон ба минтақа барои "қозигй" ва "доварй" нест. Ду xамсоя метавонанд ба роxатй ва осонй мушкилоти xамдигарро баррасй ва xаллу фасл кунанд.
Аммо ин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки ёрй гирифтан аз кишварxои хоричй ва ниxодxои минтақайи, xар давлатеро вобастаи дигарон хоxад кард ва ин вобастагй дар канори такрори сарнавишти Саакшвилй, заминаи гирифториxои мардуми xамон кишвар ба бегонагонро бештар фароxам хоxад кард.

среда, 22 апреля 2009 г.

СУГНОМА


Тохири Абдучаббор. Ин исм дар фазои сиёсю маънавй ва идеологии Точикистони поёни умри императории Шуравй, рамз ва намоди бедории миллии точикон буд. Бо зухури ин ном дар афкори чомеаи точик андешае шакл гирифт, ки нахзати худшиносиро ба вучуд овард ва онро дар масири эчоди вахдат дар миёни тудаи мардум, карор дод. Тохири Абдучаббор бо таъсиси созмони "Растохез" аввалин сангари мухолифатро дар баробари хокимони комунист устувор кард. Хазорон рушанфикри чуёи хештани хеш дар саросари Точикистон ба сафхои ин созмони мардумй пайвастанд. Дар шахру нохияхои кишвар бахшхои созмони "Растохез" яке паси дигаре ташкил мешуданд ва мардум бо иштиёки зиёд дар нишастхо ва хамоишхои ин созмон хузур ёфта, ба суханони бедоргаронаи аъзои он гуши чон месупорданд. Тохири Абдучаббор ба минтакахо сафар мекард ва бо суханронихои хидояткунанда раванди худшиносию хакталабиро дар зехнхо ва калбхо рушан мекард. Мардуми точик садои "микрофони 6"-ро дар порлумон ба хубй дар ёд доранд. Андешахои шахшудаи хокимони вакт бо далелу мантик ба воситаи ин микрофон ва бо садои Тохири Абдучаббор рад ва рохи халли масъалахо баён мешуданд. "Микрофони 6" як навъ рамзи озодии баён, дигарандешй ва озодгуйи буд. Ба иборати дигар, Тохири Абдучаббор нишон дод, дар чомеа андешаи дигаре созандатар аз андешаи хокимон метавонад буда бошад ва дигарандеш будан харгиз ба маънии "душмани халк" будан нест. У сухан мегуфт, бомантиктар ва илмитар аз харфхои хар раисе, аммо харгиз дар сар хаёли раис шуданро намепарварид. Ин хислатест, ки хамагон онро дар шахси Тохири Абдучаббор дидаанд ва ба хубй дарк кардаанд, ки ин родмард харгиз дар сар хавои садорату раёсат надошт... Имруз дар хамаи ёдворахое, ки дар бораи Тохири Абдучаббор ба табъ расидаанд, аз у ба некй зикр шудааст, яъне бар асоси таомул, мо точикон ба кадри инсонхо дар вакте мерасем, ки кайхо дер шудааст. Дар зиндагй ва замони беморй Тохири Абдучаббор харчанд дар халкаи дустону пайвандон, аммо танхо буд.Вай бо хазорон хасрат он Точикистонеро ки орзу дошт ва барояш талош кард, надида рафт. Имруз мо бояд аз худ суол кунем:Оё мерасад замоне, ки дар ТОЧИКИСТОН "магзхоро" кадр кунанд? Рохкоре бояд барои халли ин мушкил:кадрнашносй аз андешамандон ва мутафаккирон, ки хамчунон гиребонгири чомаеи мост, бояд пайдо кард!!!

четверг, 9 апреля 2009 г.

Афгонистон: дардхо ва ормонхо 09:35


Афгонистон дар шароите ба интихоботи раёсати чумхурй омода мешавад, ки ин кишвар баъд аз як фосилаи замонии кутохи бархоста аз интихоботи раёсати чумхурии Амрико ва бухрони молии чахонй, аз нав дар маркази таваччухи созмонхои байналмилалй ва кудратхои чахонй карор гирифта аст. Ба иборати дигар, мусобика барои тасаллут бар каламрави Афгонистон миёни кудратхои Шарку Гарб ва доирахои байналмилалй вориди мархалае дигар аз силсиламархилахои худ шудааст.
Баъд аз талоши номуваффаки Англия дар ибтидои асри 20 барои тасарруфи Афгонистон, ин сарзамин барои як муддати нисбатан тулонй ба холи худ гузошта шуд. Бо ин хол мушаххас буд, ки мавкеияти чугрофиёи, захирахои таббии ва зарфиятхои мавчуд, дер ё зуд Афгонистонро ба сахнаи ракобатхо табдил хохад дод. Зеро ба гуфтаи Аллома Икбол, Афгонистон кишварест, ки "дар кушоди у кушоди Осиёст".
Дар поёни солхои 70-уми асри гузашта Иттиходи Шуравй дар ростои густариши каламрави урдугохи сотсиалистй ба Осиёи чанубу гарбй ва наздикии бештар ба марзхои Чин, ки дар он даврон аслитарин душмани Маскав ба хисоб мерафт, хамчунин заминасозй барои вуруд ба Хиндустон, Покистон ва... ба Афгонистон хамла кард. Хузури 10-сола дар Афгомистон аз як су ба ихтилофот миёни урдугохи сотсилаистй ва капиталистй доман зад ва аз суи дигар заминаи фурупошии Шуравй ва урдугохи сотсиалистиро фарохам кард.
Вокеият он аст, ки тайи 30 соли ахир харитаи сиёсии чахон ва сохтори сиёсии бисёре аз кишвархо дастхуши тагйиру тахаввули бузурге шуд: чй басо кишвархо аз накшаи сиёсии чахн барчида шуданд ва чй басо давлатхое арзи хастй намуданд, ки таърих номашонро дар ёд надорад... Дар ин миён Афгонистон хамвора майдони чангу хунрезихо буд, чангу хунрезихое, ки барои ин марзу бум нохоста аз майлу иродаи мардуми он, тахмил шуд.Натича он аст, имруз дар Афгонистон гурух, хизб ва созмонхои мухталифе фаъолият мекунанд, ки вобастаи ин ё он кудрат ва ё ниходи байналмилалй мебошанд. Яъне Афгонистон чоррохи бархурди манофеи куратхои чахонй аст, ки хар кадом дар чорчуби хадафхо ва стротегияхои худ барои (ва ба чои)мардуми ин кишвар тасмимгирй мекунанд.Ин амр решаи аслии идомаи чангу хунрезй дар Афгонистон аст. Баргузории конфронс ва хамоишхои зиёди байналмилалй зохиран гуёи ин амр аст, ки давлатхои масъул дар пайи сару сомон додан ба авзои асафбори мардуми Афгонистон ва расидагй ба мушкилоти ин кишвар хастанд. Барномаи нави раиси чумхури Амрико дар мавриди Афгонистон, баргузории конфронси вижаи Афгонистон о ташаббуси Созмони хамкорихои Шонгхой ва ичлоси байналмилалии Гаага бо номи "Ояндаи Афгонистон" факат охирин мавридхо аз рафтори намоишии куратхо дар нисбати Афгонистон аст.
Карори маълум яке аз бахонахои вуруди низомиёни бегона ба хоки Афгонистон кумак ба мардуми ин сарзамин дар халли мушкиоте назири рахойи аз акибмондагй, мукобила бо унсурхои иртичойи... ва дар нихоят мубориза бо терроризми байналмилалй буд. Кудратхои султачу имруз дар Афгонистон бо он нерухое мечанганд, ки худ дируз онхоро ба вучуд оварданд. Гурухи Ал-коида ва чунбиши Толибон сохтаи хадамоти махсуси кишвархои довталаби нуфуз дар Афгонистонанд. Нигохе сатхй ба шаклгирии гурухи Толибон дар Афгонистон ба таври возех нишон медихад. ки хадамоти вижаи кишвархои гарбй бо мусоидати хамтоёни покистонии худ ба манзури латмадор кардани Ислом ва тахти назорати худ гирифтани чараёнхои исломй дар минтака, ин чунбишро ба вучуд оварданд.
Толибон дар огози вуруди худ ба сахнаи Афгонистон чехраи матлубе аз исломи ноби мухаммадй муаррифй карданд, амре ки ба хеч вачх ба нафъи гардонандагони ин тарх набуд. Аз ин ру бо дахолати мушовирони гарбй чунбиши Толибон чехра иваз кард ва ба як неруи вопасгаро ва иртичойи табдил шуд. Акнун пайравони ин чуниш бо бакоргирии шевахои асримиёнагй, хама гуна илм ва пешрафтро инкор мекарданд ва дар холе ки бо мусалсал (автомат) ва дигар силоххои пешрафта алайхи мухолифони хеш мечангиданд, истифода аз мисвокро хамчун нишони тачаммулгаройи ва гарбзадагй харом медонистанд. Бо гузашти беш аз 10 сол аз огози чунбиши Толибон, ин гурух ба куллй тагйири чехра ва маром намуда, акнун дар сафхои худ на "толибон", яъне талабагон ва донишчуён, балки унсурхои вобаста ба гурух, ниход ва кишвархои мухталифро чой додааст. Албатта танхо гурухи Толибон нест, ки омили ташаннучи авзоъ дар Афгонистон тавсиф мешавад, балки бисёр гурух, хизб ва харакатхои дигаре низ хастанд, ки бо сенарияи хомиёни хоричии худ фаъолият мекунанд ва хадафхои хилофи ормонхои миллии мардуми Афгонистонро дунбол мекунанд.
Баргузории нишасти Маскав дар 27 март ва конфронси Гаага дар 31 март барои баррасии авзои Афгонистон ва кумак ба мардуми зачркашидаи ин кишвар, дар асл чилвахои дигаре аз ракобати кудратхо барои султа бар манотики мавриди назар дар чахон аст. Русия ва Чин талош доранд аз тарики Созмони хамкории Шонгхой дар раванди тахаввулоти Афгонистон мушорикат ёбанд ва тахаррукоти ракибони худ – Амрико, кишвархои гарбй ва НАТО-ро аз наздик тахти назорат дошта бошанд. Аз суи дигар тархи Барак Обама бо номи "Стротегияи Афгонистон" дар асл идомаи хамон сиёсатхоест, ки Гарб ба саркардагии Амрико барои тасаллут бар манбаъхо ва сарватхои кишвархои мухталифи чахон, пайгирй мекунанд.
Дар нишасти Маскав аъзои Шанхай талош карданд дар мавриди масъалахои Афгонистон мавзеи ягона интихоб кунанд. Дар ичлоси байналмилалии Гаага таъкид шуд, ки кишвархои дахлдор барои баркарории суботу амният ва бозсозии Афгонистон фаъолонатар икдом намоянд ва неру ва сармояи лозим барои халли мушкилоти ин кишвар ихтисос диханд. Ин икдомхо бештар дар ростои манфиатхои кудратхо дар назар гирифта шудааст, то манфиатхои мардуми Афгонистон.
Ин нукта мусаллам аст, ки нишастхои Маскав ва Гаага барои расидагии намоишй ба мушкилоти Афгонистон охирин тадбир дар ин замина нахохад буд, зеро тарзи ба истилох "муборизаи байналмилалй бо терроризм" баёнгар аст, холо холохо Ал-коида, Толибон ва дигар омилони ноамнихо дар Афгонистонро реша дар об хохад буд.Фалсафаи хузури нерухои гарбй дар Афгонистон махз ба фаъолияти хамин омилони ноамнихо бармегардад, аз ин ру манфиатхои ин кудратхо эчоб мекунад, ки ин бахона ба куввати худ бокй бошад. Ин бахона дар канори таъмини хузури нерухои гарбй дар Афгонистон, ин имконро фарохам мекунад, ки дигар кишвархои хамчавор бо Афгонистон низ аз тарики фазосозй дар бораи тахдидхои амниятй, тахти контроли кудратхои гарбй карор дошта бошанд.
Бо ин руйкард метавон гуфт, ки таъмини суботу амнияти Афгонистон ва умуман минтака на бо хузури густурдаи нерухои фароминтакайи амалй хохад шуд, балки ин амр замоне амалй мешавад, ки кишвархо ва ниходхои фароминтакайи аз пуштибонй ва кумак ба гуруххои тундрав дар Афгонистон даст бардоранд, дар корхои дохилии кишвархо дахолат накунанд ва андешаи "баробарии миллатхо ва зиндагии мусолиматомезро" чойгузини андешаи "тасаллут бар чахон" дар зехнхои худ намоянд. Аммо бо тарзи зиндагие, ки кишвархои гарбй барои худ сохтаанд, оё чунин коре имконпазир хаст?!
Мохи август раиси чумхури чадид дар Афгонистон руйи кор хохад омад. Оё ин раиси чумхур ин бор дастнишондаи чй нерухое хохад буд? Аз холо талошхо барои пешй гирифтан дар ин мусобикаи эъломнашуда миёни бозигарони сахнаи Афгонистон огоз шудааст.Аммо мардуми ин сарзамин хамчунон дар орзуи раиси чумхуре бархурдор аз истиклоли амал хоханд буд...

среда, 8 апреля 2009 г.

Узбакистон ба Русия хушдор медихад?


Узбакистон ба таври расмй аз макомоти Русия хост барои амалй шудани карордодхо ва тавофукхои ба имзо расида миёни ду кишвар, чиддияти бештаре нишон диханд.

Илхом Неъматов, сафири Узбакистон дар Маскав дар дидоре, ки рузи 3 апрел бо Дмитрий Мезентсов, маовини раиси Шурои Федератсияи Русия дошт, зимни таъкиди ин матлаб, норизоятии кишварашро аз нахваи хамкорихои Маскав иброз дошт. Сафири Узбакистон аз чумла ёдовар шуд, ки масъалаи танзими мухочирати корй миёни Русия ва Узбакистон бо вучуди гузашти замони тулонй аз имзои тавофукнома ва тасдики он дар порлумони Узбакистон, халли худро наёфтааст. Вай илова кард, ин санад хануз дар Думаи Русия тасвиб нашуда ва тарафи русй барои расидагй ба ин масъала тамоили чандоне аз худ нишон намедихад.
Илхом Неъматов хамчунин тазаккур дод, ки ваъдахои Русия дар мавриди халли масъалахои обии минтака, бо дар назар гирифтани манфиатхои Тошканд, ичро нашуда бокй мондаанд. Вай аз он ки Русия бе машварат бо Узбакистон дар мавриди сохтани неругохи Камбарота бо Киргизистон карордод имзо кардааст, ибрози нохурсандй кард ва аз макомоти рус хост маблагхои барои сохтани ин неругох дар назар гирифтаро барои бозсозии неругохи Тухтагул ихтисос дихад.
Харчанд дафтари матбуотии порлумони Русия баррасии густариши хамкорихои порлумонй миёни Русия ва Узбакистонро аз масъалахои мехварй дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия унвон кард, аммо аз лахни тарафи узбак ба хубй ошкор мешавад, ки Тошканд аз ин тарик як навъ хушдоре ба Маскав додааст. Зеро, аввал: Узбакистон дар мукоиса бо Киргизистон ва Точикистон, ки ба умеди ваъдахои зиёди Маскав хаёл хуш карда, чуз талафи вакт чизе насибашон нашуд, зарфиятхои бештаре дар интихоби шарикон дорад; дуввум: амалкарди Русия дар нисбати шарикони хеш ва мизони пойбандии ин кишвар ба ваъдахояш беэътимодй ба Кремлро доман задааст; саввум: бо таваччух ба эъломи баста шудани пойгохи "Манас" дар Киргизистон ва стротегияи чадиди Обама дар мавриди Афгонистон, фурсатхои тозае барои чалби таваччухи Гарб пеши руи Узбакистон карор гирифтааст; чахорум: муомилаи ахир дар 13 октябри соли 2008 миёни Узбакистон ва Иттиходияи Аврупо, ки боиси бекор шудани тахримхои ин Иттиходия нисбат ба Узбакистон ва хуручи Тошканд аз Иттиходияи иктисодии Авруосиё шуд, имкониятхои манёври бештареро дар ихтиёри Узбакистон карор додааст, то битавонад дар баробари Маскав муктадиронатар харф бизанад.
Яке аз нуктахои чолиб дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия пешниходи дипломати узбак рочеъ ба мушорикат додани Чин (аз тарики таъсиси як мачмаъ) дар корхои Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) буд. Илхом Неъматов дар ин робита гуфт, ниходхои фаъол дар каламрави Шуравии собик, монанди Иттиходи иктисодии Авруосиё, Паймони амнияти чамъй, ИДМ ва Созмони хамкорихои Шонгхой дар аксари мавридхо масъалахо ва мавзуъхои нишастхоро такрор ва ба истилох "дубла" мекунанд, аммо ин нишастхо натичахои матлубе ба хамрох надоштаанд, аз ин ру хузури Чин метавонад аз ин кор пешгирй кунад.
Дмитрий Мезентсов дар ин робита гуфт, тарафи чинй мехохад факат дар нишастхои СХШ мушорикат намояд ва тамоили чандоне барои хузур дар дигар ниходхои минтакайи надорад.
Мушохидахои чанд соли охир нишон медиханд, ки тасмимгирихои давлати Тошканд ва икдомоти ин кишвар дар мавриди бархе аз масъалахои сиёсатхои хоричй бе таъсир аз барномахо ва тарххои давлатхои бонуфузи хоричй ва ё хамохамгихои пешакй бо ин давлатхо набудааст. Ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгохи хавойии Хонобод ва хуручи Тошканд аз Иттиходи иктисодии Авруосиё факат охирин мавридхо дар ин заминаанд.
Бо таваччух ба ин руйкард метавон тахмин зад, ки тавофуке нав миёни Пекин ва Тошканд дар мавриди масъалахои мухими Осиёи Марказй хосил шудааст, яъне эхтимол меравад Тошканд бо андешаи ин ки Чин дар оянда кудрати бартари минтака хохад шуд, аз холо талош дорад эътимоди ин кишварро касб кунад ва хамин тавр аз пуштибонии Пекин дар расидан ба хадафхои стротегии худ, ки хамон ба даст гирифтани накши рахбарй дар минтака аст, бархурдор шавад. Кобили зикр аст, ки Чин ва Узбакистон тачрибаи хамсонсозии мавзеъхои худро доранд: карори маълум бахори соли 2008 Узбакистон тавонист Чинро мутакоид кунад то аз сохтани неругох дар дарёи Зарафшон, ки карордоди он бо Точикистон ба имзо расида буд, даст бикашад.
Аммо ин нукта гайрикобили инкор аст, ки густариши хузури Чин дар Осиёи Марказй факат ба давлатхои ин минтака бар намегардад, балки ракобати кудратхо хаст, ки дар ин замина муассир хохад буд. Зеро талошхои хамзамони Русия, Чин, Амрико ва давлатхои гарбй барои густариш ва мустахкам намудани чойгохи худ дар кишвархои Осиёи Марказй, ин минтакаи стротегиро ба таври бесобикае ба майдони ракобатхо табдил додааст. Дар холе ки Русия талош дорад бо имзои тарххои иктисодй ва ваъдахои молй давлатхои Осиёи Марказиро дар чорчуби сиёсатхои худ нигох дорад, Амрико ба унвони аслитарин ракиби Маскав музокироти чудогонаро бо макомоти Тошканд, Ашкобод ва Душанбе пеш мебарад, то ризояти ононро дар мавриди таъсиси пойгохи низомй ба даст биоварад. Дар хамин робита сойти EURASIANET бо такя ба як манбаи дипломатй навишт, ИМА дар холи анчоми музокирот бо Туркманистон ва Узбакистон дар мавриди ифтитохи пойгоххои худ дар ин кишвархо мебошад.
Нигохе гузаро ба тахаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз ин вокеият аст, ки бозигарони сахнаи сиёсии ин минтака ба икдомоти худ барои амалй намудани хадафхояшон, афзудаанд. Дар ин миён Узбакистон бо истифода аз роххои мухталиф талош дорад бо мутакоид кардани давлатхои муддайии хузур дар Осиёи Марказй, аввалтар аз хама тарххои гидроэнергетикии Киргизистон ва Точикистонро хунсо кунад. Зеро Тошканд ба хубй медонад, ки сохтани неругохи Камбарота дар Киргизистон ва неругохи Рогун дар Точикистон ба ин ду кишвар имкон хохад дод чараёни оби дарёхои худро танзим кунанд ва дар посух ба икдомоти Тошканд дар катъ кардани интиколи газ ва барк, вокуниш нишон диханд. Танкиди сафири Узбакистон аз Русия дар мавриди бетаваччухй ба халли "масъалахои обии Узбакистон", аз хамин зовия кобили арзёбй хаст. Дар мачмуъ ин дидорро метавон пешгуфтор ё мукаддимаи хушдоре таъбир кард, ки фосила гирифтани дубораи Узбакистон аз Маскав ва гароиш ба самти Амрико ва Гарб ва ё ин бор Чин, хамчунин хуручи (ва ё тахдид ба хуручи) Тошканд аз бархе ниходхои минтакайи, метавонад пайомадхои эхтимолии он бошанд. Бо ин хол пусише, ки матрах мешавад ин аст ки: Оё Узбакистон он гуна ки дар ба таъхир андохтани сохтани неругохи Рогун таъсир гузошт, хохад тавонист Русияро аз сохтани неругохх дар Киргизистон боз дорад?!

вторник, 7 апреля 2009 г.

Ба номи Худо

МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ!