САХИФАХО

суббота, 26 декабря 2009 г.

Ҳошияҳои сафари Лавров ба Узбакистон


Нигоҳе ба раванди равобит миёни Маскав ва Тошканд баёнгар аз ин воқеият аст, ки Узбакистон дар мавридҳои барои худ зарурй ру ба Маскав оварда ва аз ҳимоят ва пуштибониҳои Кремл барои пешбурди сиёсатҳои хеш ба наҳви аҳсант истифода кардааст.Чунин коре ба вижа баъд аз ҳодисаҳои Андичон дар моҳи майи соли 2005, замоне ки давлати Тошканд дар пайи қатли оми тазоҳуркунандагон мавриди маҳкумияти мачомеи байналмилалй қарор гирифт, ин Маскав буд, ки бо ҳимоятҳои бедареғи хеш бақои сиёсии давлати Тошкандро тазмин кард.Он замон Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бо ба коргирии таҳримҳо алйҳи Узбакистон, бар он шуданд, ки давлати Ислом Каримовро водор ба эътирофи ҳақи мухолифин кунанд ва таҳқиқоти мустақилона дар мавриди ҳодисаҳои Андичон анчом диҳанд. Аммо Маскав аз ин фурсат барои амалй кардани сиёсатҳои хеш дар Узбакистон кор гирифт ва чойгоҳу нуфузи заифшудаи хеш дар ин кишварро мучаддадан эҳё кард. Албатта ин раванд то соли 2008 давом кард ва дар пайи оддй шудани равобит миёни Узбакистон ва Ғарб, Каримов дубора дар пйи фосила гирифтан аз Маскав баромад.
Инак аз сафари ахири Сергей Лавров, вазири умури хоричаи Русия ба Тошканд, ки рузҳои 21-22 декабри соли чории анчом шуд, бармеояд, ки ду кишвар мучаддадан ниёз ба ҳам пайдо кардаанд.Бадеҳист ки дар чунин маврид ҳарфи аввалу охир бештар ба Тошканд аст.Ҳарчанд Маскав нигарони наздикии беш аз ҳади Узбакистон ба Ғарб, ба вижа Амрико аст ва талош мекунад пеши роҳи ин равандро боздорад, аммо ин ниёзҳои Тошканд ба тарафи муқобил ҳастанд, ки дар тасмимгириҳо муассир хоҳанд буд. Дар марҳлаи кунунй ниёзи Тошканд ба Русия ба баргузории интихоботи порлумонй дар Узбакистон (якшанбеи 27 декабр)бармегардад. Аз раванди омодагиҳо ба ин интихобот ва натичаҳои назарсанчиҳои анчомшуда бармеояд, ки аз «шаффофият» дар ин интихобот хабаре нест ва тақрибан натичаҳои он аз ҳоло маълуманд.Бар асоси назарсанчии маркази «Ичтимоий фикр» (Афкори ичтимои), ки дар тамоми манотиқи Узбакистон анчом шуд,ҳизбҳои халқй-демократй ва либерол-демократ пешсафанд. Дар ин назарсанчй 29,4 дарсад аз ҳизби халқй-демокрай, 21,1 дарсад аз ҳизби либерол-демократ, 13,5 дарсад аз ҳизби сотсиал-демократи «Адолат» ва 7,1 дарсад аз ҳизби демократ ҳимоят намудаанд. Дар интихоботи порлумонии рузи 27 декабр чор ҳизби сиёсии фаъол дар Узбакистон, ки чонибдорони сиёсатҳои давлат мебошанд, ширкат доранд.
Давлати Тошканд аз ҳоло медонанд, ки баргузории интихоботи порлумонй мавриди интиқодҳои шадиди кишварҳои ғарбй қарор хоҳад гирифт, аз ин ру бо наздикшавии зоҳирй ба Маскав, саъй мекунад қабл аз ҳар гуна вокунишҳо дар мавриди интихобот, ҳимоятҳои Маскавро тазмин кунад.Бо таваччуҳ ба ин сафари ахири вазири умури хоричаи Русия ба Маскав аз ҳамин зовия қобили тааммул ва арзёбй аст. Дар ин сафар тарафҳо дар чорчуби урфи дипломатй, бар тавсаьа ва таҳкими ҳарчй бештари ҳамкориҳои дучониба таъкид карданд. Вазири хоричаи Русия барои чалби эътимоди ҳарчй бештари Тошканд тайи суханронй дар донишгоҳи иқтисод ва сиёсати байналмилали Тошканд, аз мавзеи Узбакистон дар баҳрабардорй аз манобеи обии Осиёи Марказй ҳимоят кард.Сергей Лавров гуфт, кишварҳои Осиёи Марказй дар ростои баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии минтақа бояд ба мавозеи қобили қабули ҳамаи кишаврҳо даст ёбанд. Чунин суханоне ҳимояти Маскав аз манофеи Узбакистон дар баҳси оби Осиёи Марказй мебошад ва ин такрори суханонест, ки Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия дар сафари худ ба Тошканд (ибтидои соли чории мелодй) гуфта буд.
Дигар мавзуе, ки Тошкандро ба ҳимоятҳои Маскав ниёзманд кардааст, дархости чанд тан аз аъзои Палатаи намояндагони Амрико аз намояндагии тичории ин кишвар дар мавриди ба коргирии таҳримҳои тичорй алайҳи Узбакистон аст. Қарори маълум рузи 9 декабр панч тан аз аъзои Кунгураи Амрико бо ирсоли номае аз мақомоти Вошингтон хостанд ба иллати суиистифода аз неруи кории кудакон дар Узбакистон, алайҳи давлати Тошканд таҳримҳои тичорй чорй шавад. Ҳарчанд ба далели ниёзи Амрико ба ҳамкориҳои Узбакистон барои амалй кардани ба истилоҳ барномаҳои зидди терор дар Афғонистон, давлати Барак Обама то кунун ба ин нома вокунише нишон надодааст,аммо Узбакистон талош дорад «илочи воқеаро қабл аз вуқуъ» анчом диҳад.
Дар мачмуъ сафари Сергей Лавров, вазири корҳои хоричаи Русия ба Узбакистон бори дигар нишон дод, ки дар бозиҳои дипломатй тарафи баранда Тошканд аст. Русия зоҳиран муваффақ шуд, ки чойгоҳи худ дар бозори энержии Узбакистонро ҳифз кунад, аммо дар Маскав кайҳо ба ин ҳақиқат пай бурдаанд, ки Узбакистон кишвари мавриди эътимод нест ва метавонад дар ҳар мақтаъ, бо таваччуҳ ба шароит мавзеи худро тағйир диҳад. Бо ин ҳол Кремл чорае чуз канор омадан бо хостаҳои Ислом Каримов надорад ва чунин вазъ то замоне идома хоҳад дошт, ки таҳдиде алайҳи субот ва амнияти Узбакистон шакл гирад.

пятница, 18 декабря 2009 г.

Матбуоти Русия точиконро таҳқир мекунанд

Суханони раиси чумҳури Точикистон дар дидори чамъе аз намояндагони расонаҳои иттилоотии ин кишвар, бозтоби густурдае дар доираҳои расонаи ва хабарй Русия пайдо кард.Эмомалй Раҳмон дар ин мулоқот, ки рузи 8 декабр баргузор шуд, аз чумла аз амалкарди ҳамтои узбаки худ интиқод ва бино ба навиштаи нашрияҳои русй, зимнан ишора намуд, ки ба Ислом Каримов дар яке аз руёруиҳои лафзй таъкид кардааст, ки Самарқанду Бухороро бозпас мегирем.
Ин суханони раиси чумҳури Точикистон фурсти муносибе шуданд барои доман задан ба суитаблиғот ва таъсиргузорй бар равобити кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин таҳқиру тавҳини миллати точик ва шахси раиси чумҳури ин кишвар. Банда ҳаргиз қасди вакили мудофеъ шудан барои шахси Эмомалй Раҳмонро надорам. Барои ин кор ниҳодҳои қонунй фаъолият мекунанд. Аммо матлаби сойти интернетии Сегодня. ру маро ба навиштани ин сатрҳо водошт. Дар ин мақола, ки «Рахмон в поход собрался» унвон дорад, рафтори раиси чумҳури Точикистон накуҳиш ва аз Маскав дархост шудааст барои сари чояш шинондани Раҳмон вориди амал шавад ва аз қартаи муҳочирони корй истифода кунад.
Муаллифи ин мақола дар арзёбии худ ба ин натича мерасад, ки ин амалкарди раиси чумҳури Точикистон бо таҳрики Амрико сурат гирифтааст ва амрикоиҳо бо додани пул ба Раҳмон ва ё умеди табдил шудани вай ба шахсияти таърихй, уро ба ин кор водоштаанд. Нуктае, ки дар ин чо чалби тавччуҳ мекунад, истифодаи муаллифи мақола аз вожаи «бахшиш» аст. Ин вожа дар Афғонистон ба маънии «туҳфа», «подош» истифода мешавад. Аз ин чо бармеояд, ки муаллиф эҳтимолан аз хабарчинҳои даврони шуравй дар Афғонистон бошад ва фаромуш кардааст, ки вожаи «бахшиш» дар фарҳанги точикон корбурди тамоман дигаре дорад. Гузашта аз ин нависандаи мақолаи мазкур аз истилоҳи «афғоникардани» авзои минтақа сухан гуфтааст, ки таҳқире ошкор ба мардуми шарифи Афғонистон аст. Дар ин мақола зоҳиран аз он ибрози нигаронй шудааст, ки суханони раиси чумҳури Точикистон механизми ташаннучи авзоъро дар минтақа фаъол кард. Аммо худи муаллифи мақола аз ин тариқ моҳирона донаи нифоқу тафриқаи байниқавмиро пошидааст. Вай бо ёдоварй аз оғози сохтани неругоҳи Роғун, таваққуфи амалиёти сохт дар ин тарҳро ба «геноциди русҳо ва русзабонон» дар Точикистон вобаста мекунад ва ба таъбири худ бесалоҳиятии мардуми бумиро ёдрас мешавад.
Муаллифи мақолаи Сегодня. ру (Павел Аристархов) ба мавзуъ ба гунае пардохтааст, ки гуё Точикистон яке аз музофотҳои Федератсияи Русия аст. Вай менависад: «ангезаҳои империягии Раҳмон, ки бо пулҳои амрикойи таҳрик дода шудаанд, метавонанд гарон тамом шаванд, аз ин ру раҳбари точикро бояд фавран дар чояш шинонд».
Ин чо ҳамзамон ин пурсиш матраҳ мешавад, дар сурате ки мавзуи баҳс байни Точикистон ва Узбакистон аст, чаро ин нашрияи русй бо тамоми тавон ба ҳимоят аз Узбакистон бархостааст?
Зикри ин нукта ба маврид аст, ки мавзуи Самарқанд ва Бухоро, ду шаҳри таърихии точикон, доғи нангине дар таърихи муосири Осиёи Миёна аст.Имруз барои ҳамаи соҳибони ақл чун рузи рушан маълум аст, ки ин ду гаҳвораи фарҳангу тамаддуни точикон бо чи найрангу дасисаҳое ба Узбакистон фурухта шуданд. Агар дар чаҳони мутамаддини (цивилизованном мире)имруз зарае адолат бошад, бояд Самарқанду Бухоро ба соҳибони аслиашон баргардонда шаванд. Шояд бо гузашти замон ва бо руи кор омадани инсоне одил дар кишвари ҳамсоя, ин мавзуъ бо роҳҳои дипломатй ҳалли худро ёбад ва ин як амре ногузир аст. Зеро захираҳои нафту газ, ки имруз қартаи бурднок дар дасти Тошканд ҳастанд ва мазҳ ба ҳамин хотир қудратҳо бо поймол кардани қонунҳои адолат, аз манфиатҳои Тошканд пуштибонй мекунанд, абадй нестанд. Аммо имруз ҳеч кас дар Точикистон ҳозир нест(ҳамон гуна ки Сегодня.ру илқо мекунад), ба ин хотир ба кишвари ҳамсоя юриш кунад.
Бархе дигар расонаҳои русй низ тақрибан бо чунин руйкард ба ин мавзуъ пардохтаанд. Албатта ин мақомоти расмии точик ҳастанд, ки боястй дар ин робита эъломи мавзеъ намоянд, аммо бардошти муғризонаи бархе ба истилоҳ рузноманигорон аз фурсат, мавзуест ки ба суботу оромиш дар минтақа бармегардад. Дар ин робита зикри дидгоҳҳои Александр Рар, коршиноси аврупойии масоили Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба маврид аст, ки мегуяд, дар шароити кунунй вогаройи ба нафъи ҳеч як аз кишварҳои минтақа нест. Ин коршиноси олмонй муътақид аст, ки ба танҳои ҳеч як аз кишварҳои Осиёи Марказй қодир ба ҳалли масоили пеши ру нестанд.
Бо ин вучуд, доираҳое дар минтақа ва берун аз он вориди амал шудаанд, ки дар Осиёи Миёна нооромиҳоро созмондиҳй кунанд.Барои ин доираҳо дар чони ҳам афкандани ду кишвари ҳамсоя аслитарин ҳадаф аст, то аз ин тариқ ҳамон сиёсати санчидашудаи «тафриқа андозу ҳукумат кун»-ро дунбол кунанд ва обро гил намуда моҳй гиранд. Аз ин ру ин миллатҳои минтақа ҳастанд, ки бо хунсо кардани чунин барномаҳо, бояд суботу амниятро дар хонаи худ ҳифз кунанд.

воскресенье, 13 декабря 2009 г.

Узбакистон ва фраксиюни экологй дар порлумон

Узбакистон дар ҳоле ба интихоботи порлумонии 27 декабр омода мешавад, ки дар порлумони ояндаи ин кишвар 15 курсй барои «Ҳаракати экологии Узбакистон» дар назар гирифта шудааст.Яъне сарфи назар аз натоичи интихобот, 15 намоянда аз наҳзати мазкур вориди порлумони ин кишвар хоҳанд шуд. Дар шарҳи ин мавзуъ гуфта шудааст, ки «бо таваччуҳ ба аҳамияти мавзуи ҳифзи муҳити зист, саломати чомеа ва масоиле, ки ба манофеи кишвар ва тамоми мардум бармегарданд» фраксиюни экологии порлумони оянда фаъолиятҳои худро анчом хоҳад дод.
Ин иқдоми давлати Тошканд баёнгар аз азми чиддии Узбакистон дар пайгирй ва аммо агар саҳеҳтар бигуем, дар руёруйи бо сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Қирғизистон ва Точикистон мебошад.Қарори маълум ахиран мақомоти узбак дар сатҳҳои мухталиф иддао мекунанд, ки сохти неругоҳҳои барқи обй дар болооби рудхонаҳо, яъне дар Қирғизистон ва Точикистон таҳдиде чиддй ба муҳити зист ва амнияти минтақа маҳсуб мешавад.Ин таҳаррукот дар шароите, ки Қирғизистон ва Точикистон бо тарроҳй ва ба марҳалаи ичро гузоштани барномаҳои миллй, сохтани неругоҳҳои азими барқи обиро дунбол мекунанд, беш аз ҳар замони дигаре шиддат гирифтааст. Ба вижа тайи ду соли ахир, мақомоти Узбакистон бо истифода аз нишастҳои мухталифи минтақайи ва чаҳонй, бар он шудаанд, кишварҳои дахлдор ва ниҳодҳои марбутаро мутақоид намоянд, ки сохтани неругоҳҳои «Қамбар ота» ва «Роғун» дар Қирғизистон ва Точикистон хилофи муқаррароти байналмилал буда, минтақаро дар маърази таҳдидҳои ғайриқобили пешбинй қарор медиҳанд. Дар ҳамин росто Тошканд то ин дам тавонистааст дар ду тарҳи муҳими Точикистон монеъ эчод кунад: Чинро аз сохтани неругоҳҳо дар рудхонаи Зарафшон ва ширкати «РусАл»-ро аз такмили неругоҳи «Роғун» мунсариф кард. Дар мавриди неругоҳи «Қамбар ота» низ фазосозиҳое анчом дод, ки то ҳадде дар барномаҳои такмили ин неругоҳ монеъ эчод кард. Охирин маврид аз иқдоми Узбакистон дар ростои монеътарошй дар раванди сохтани неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон, суханронии Владимир Норов, вазири корҳои хоричаи ин кишвар дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Афина - пойтахти Юнон 2 декабри соли чории милодй буд. Дар ин нишаст вазири корҳои хоричаи Узбакистон иддао кард, ки таҳдидҳои амниятй фақат терористон ва ё маводи мухаддир нест, балки таҳдидҳои экологй низ метавонанд суботу амнияти минтақаро халалдор кунанд. Вай иддао кард, ки дар қаламрави Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таҳдидоти экологй ҳамасола дар ҳоли афзоиш ҳастанд.Ин мақоми узбак бо ишора ба фалокат дар неругоҳи Саяно Шушенски Русия (17 августи соли чорй) таъкид кард, ки такрори чунин ҳодиса дар неругоҳҳои Қирғизистон ва Точикистон дур аз эҳтимол нест.
Давлати Тошканд бо таъсиси фраксиюни экологй дар порлумон, чандин ҳадафро дунбол мекунад. Аввал ин ки чабҳаи мубориза бо тарҳҳои гидроэнергетикии ду кишвари ҳамсояро тақвият ва бо пешниҳоди қарорҳои порлумонй ба ниҳодҳои байналмилалй, қонунмандии иқдомоти худро дар он чи ки ҳифзи муҳити зист тавсиф мекунад, бештар асоснок кунад. Дуввум, гардонандагони сиёсатҳои Узбакистон бар ин боваранд, ки бо фаъол кардани фраксиюни экологй дар порлумон, нишондиҳандаи коройии мачлиси худро боло баранд ва ҳамзамон ин паёмро ба мардум илқо кунанд, ки намояндагони мардумй аз батни чомеа буда, бар манофеи умум меандешанд.Саввум, бо доғ кардани масъалаҳои экологй, зеҳни мардумро машғул дорад ва афкори умумиро дар дохили кишвар ва хорич аз он аз масоили муҳиме назири риояти меъёрҳои демократй ва озодиҳои шаҳрвандй, ки Тошкандро ҳамеша дар маърази интиқодҳои шадид қарор додааст, дур кунад. Ва чаҳорум ин ки бо ҳар роҳи мумкин дастёбии ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержиро ба таъхир андозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки «Ҳаракати экологии Узбакистон» тобистони соли 2008 дар авчи ироаи тарҳҳои гидроэнергетикй дар Қирғизистон ва Точикистон таъсис шуд. Раиси ин ҳаракат Бурй Алихонов, раиси собиқи кумитаи ҳифозати табиат, мебошад.Бино ба гузориши кумиссиюни марказии интихоботи Узбакистон «Ҳаракати экологии Узбакистон» ҳамроҳ бо аҳзоби халқй-демократй,миллй-демократй,сотсиал-демократии «Адолат» ва ҳизби либерал-демократ ичозатномаи ширкат дар интихоботи порлумонии 27 декабрро дарёфт карданд.Аммо мухолифони аслии давлати Ислом Каримов ҳизбҳои «Эрк» ва «Бирлик», ки умдатан дар хорич аз кишвар фаъолият мекунанд ҳақи ширкат дар ин интихоботро надоранд.Зеро тибқи конуни интихоботи Узбакистон, яке аз шартҳои ҳузур дар рақобатҳои интихоботй он аст, ки афрод бояд на камтар аз 5 соли охир дар қаламрави ин кишвар кор ва зиндагй карда бошанд.То ин дам 517 нафар номзад сабти ном шудааст, ки 135 нафар аз ҳизби либерал-демократ, 134 нафар аз ҳизби халқй-демократй, 125 нафар аз ҳизби миллй-демократй ва 123 нафар аз ҳизби сотсиал-демократ мебошанд. Бо таваччуҳ ба ин ки ҳамаи ҳизбҳои ҳозир дар интихобот аз сиёсатҳои давлат пайравй мекунанд, Тошканд бидуни ҳеч ташвиш ба интихобот меравад.
Иқдоми Узбакистон дар таъсиси фраксиюни экологй дар порлумон, вокунишҳоеро дар минтақа дар пай дошт.Аз чумла дар Точикистон ҳизби сотсиал-демократй эълом кард, ки дар қиболи иддаоҳои Узбакистон ҳимояти ҳуқуқии тарҳи сохтани неругоҳи «Роғун»-ро бар уҳда хоҳад гирифт.Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб рузи 8 декабр гуфт, ҳизби сотсиал-демократй, ки дар сафҳои худ теъдоди қобили таваччуҳе аз ҳуқуқшиносони зубдаро гирд овардааст, ин тавоноиро дорад, ки дар арсаҳои байналмилалй дар муқобили иддаоҳои Узбакистон биистад ва аз тарҳи неругоҳи «Роғун» ҳимояти қонунй ба амал оварад.
Давлати Точикистон ҳануз дар қиболи пешниҳоди ҳизби сотсиал-демократ вокунише нишон надодааст, аммо ин таҳаввул баёнгар аз он аст, ки дар Осиёи Марказй чанги дипломатй бар сари мавзуи баҳрабардорй аз манобеи обй дар ҳоли густариш аст.

понедельник, 7 декабря 2009 г.

Узбакистон ба набарди дипломатй дар Дания омода мешавад


Дар шароите, ки Остона талош дорад бо баргузории нишастҳои ру дар ру ба мушкилоти минтақайи расидагй ва чиҳати ҳаллу фасли масоили мавчуд дар равобити байни кишварҳои Осиёи Марказй роҳкорҳое пайдо кунад, Тошканд бо гирифтани мавзеи «кишвари бартар» дар пайи он аст масоили минтақайиро ба арсаҳои байналмилалй кашонад ва ин масоилро ба нафъи худ ва нодида гирифтани манофеи дигарон ҳал намояд.Суханони Владимир Норов, вазири корҳои хоричаи Узбакистон дар ҳафтдаҳумин нишасти Шурои вазирони хоричаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Афина (пойтахти Юнон)аз ҳамин зовия қобили баррасй ва арзёбй аст.Вазири корҳои хоричаи Узбакистон гуфт, кишвараш барои анчоми баррасиҳои байналмилалии тарҳҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ҳамчунон исрор хоҳад кард.Вай афзуд, фақат баъд аз арзёбиҳои коршиносй таҳти сарпарастии Созмони миллали мутаҳид сохтани неругоҳҳои барқи обй дар ин минтақа имконпазир хоҳад буд.
Мақоми узбак таъкид кард: «Имруз таҳдидоти экологй дар нуқоти мухталифи қаламрави Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба мушоҳида мерасад.Ин таҳдидот на фақат дар тағйири обу ҳаво хулоса мешавад, балкй ба вуқуъи ҳодисаҳои ғайри қобили пешбинй низ бармегардад. Аз ин ру сохтани неругоҳҳои бузург метавонад тавозуни экологиро дар минтақа ба ҳам бизанад».
Тазаккур додан ба маврид аст, ки мақомоти Тошканд баъд аз ҳодиса дар неругоҳи Саяно-Шушенски Русия (17 августи соли чорй), ки мучиби вайрон шудани садди ин неругоҳи азим шуд, сару садоҳоро дар мавриди такрори чунин ҳодисаҳое дар Қирғизистон ва Точикистон беш аз ҳар замони дигаре зиёд карданд. Албатта, ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки дахолатҳои Узбакистон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон тайи солҳои охир ба ҳукми одати маъмулй дар сиёсатҳои давлатмардони Тошканд дар омадааст. Дар ҳамин росто ахиран Сергей Жигарёв, мудири ширкати саҳомии «Гидропроект»-и Узбакистон муддайи шуд, ки бар асоси тарҳҳои 20 соли қабл сохтани неругоҳҳо чинояти соддалавҳона аст.Вай мегуяд тарҳи сохти неругоҳи «Роғун» дар соли 1978 таҳия шудааст ва посухгуи меъёрҳои имруз нест.Ин масъули узбак дар мавриди тарҳи неругоҳи «Қамбарота» дар Қирғизистон низ иддао кард, ки тарҳи ин неругоҳ таҳти шиори «зудтар ва арзонтар» таҳия шуда,мавриди эътимод нест.
Имрузҳо низ дар остонаи баргузории нишасти Копенгаген, ки ба баррасии тағироти обуҳавойи дар чаҳон ихтисос дорад, дипломатияи узбак бо овозапароканй дар мавриди он чи оқибатҳои номатлуб ва фочеъабори зистмуҳитии сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон мегуяд, дар пайи чалби назари чомеаҳои байналмилалй ва ниҳодҳои марбута ба мавзеъҳои Тошканд аст. Дар ин робита вазири хоричаи Узбакистон аз минбари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, сохтани неругоҳҳои барқи обй дар доманакуҳҳои Помир ва Тёншон, ки манотиқи зилзилахез маҳсуб мешаванд, оқибатҳои фочеаборе барои минтақа ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Чудо аз ин, мақомоти узбак дар сатҳҳои мухталиф тамоми талошҳои худро ба кор гирифтаанд, то бо ҳар роҳи мумкин монеъ аз сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Точикистон ва Қирғизистон шаванд. Дар ин замина то ин дам Тошканд то ҳадде муваффақ будааст. Аз чумла тавонист ширкати РусАл-ро аз мушорикат дар сохтани неругоҳи Роғун мунсариф кунад ва ичрои қарордоди Чин бо Точикистон дар мавриди сохтани неругоҳҳо дар рудхонаи Зарафшонро ба ҳолати муаллақ дароварад.
Аммо акнун ба назар мерасад Узбакистон ба таври чиддй бар он шудааст аз фурсати пеш омада, яъне нишасти зистмуҳитй дар Дания, ниҳояти истифодаро кунад ва созмонҳои марбутаи байналмилалиро мутақоид кунад, ки сохтани неругоҳҳои Роғун ва Қамбарота чизе чуз фочеъа ба ҳамроҳ нахоҳанд дошт.Бо ин ҳол саволе ки матраҳ мешавад ин аст, ки Узбакистон бо чунин руйкард чи ҳадафҳоеро дунбол мекунад? Таҳлилгарон дар посух ба ин пурсиш муътақиданд, ин сиёсат баргирифта аз ангезаҳои қудратталабии Тошканд дар минтақа аст ва бо тарҳи чунин иддаоҳо дар пайи он аст набзи фаъолиятҳо дар бахшҳои ҳассос дар Осиёи Марказиро ба даст бигирад. Аз суе Тошканд аз он бим дорад, ки ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержй мушарраф шуда, аз вобастагй ба газу барқи узбак раҳо хоҳанд шуд. Ва саввум, бо сохтани обанборҳо имкони танзими оби рудхонаҳо фароҳам шуда, ҳамсоягон низ метавонанд дар қиболи амалкарди Тошканд - қатъи чараёни газ ё барқ - вокуниш нишон диҳанд.
Дар чунин шароите Бишкек ва Душанбе бо нодида гирифтани вокунишҳои Тошканд, тарҳҳои муҳими гидроэнергетикии худро дунбол мекунанд. Дар Душанбе Роғун тарҳи миллй эълом шуда, раиси чумҳури Точикистон аз мардуми кишвараш даъват кард, ки барои такмили ин тарҳ бо харидани саҳмияҳо фаъолона мушорикат кунанд.Қирғизистон низ бо анчоми инфичорҳои бузург такмили садди Қамбаротаро идома медиҳад ва аз Русия дархост кард, ки сармояи ваъда додааш барои ин неругоҳро дар ихтиёри Бишкек қарор диҳад.
Ба ҳамин тартиб, Узбакистон дар шароите ба набарди дипломатй бо ҳамсоягони худ аз тариқи минбари нишасти Копенгаген омода мешавад, ки бархе расонаҳои интернетй аз барномаҳои қудратталабонаи ин кишвар дар Осиёи Марказй сухан мегуянд.Аз чумла гуфта мешавад, ки давлати Тошканд барои тақвияти артиши худ ба қавитарин артиш дар минтақа, барномаи вижаеро руи даст гирифтааст. Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон дар 17-умин солгарди таъсис артиши Узбакистон (январи 2009) бори дигар бар ин масъала таъкид кард. Ин барнома ҳузури Узбакистон дар созмонҳои минтақайиро чандон созгор бо манофеи ин кишвар намедонад, зеро ҳар узвият вазифа ва масъулиятҳоеро ба ҳамроҳ дорад. Узбакистон бар он аст, ки равобит бо ҳамсоягонро ба таври дучониба танзим кунад, на аз тариқи ниҳодҳои минтақайи, ки умдатан таҳти нуфузи Русия ё Чин ҳастанд.
Пушида нест, ки ҳадафи аслии Тошканд таҳти савол қарор додани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон аст ва ҳадди ақали хостаҳояш он аст, ки садҳо дар ин ду кишвар тибқи майлу иродаи Тошканд сохта шаванд.Ба илова, давлати Узбакистон бо анчоми бозрасиҳои байналмилалии неругоҳҳои фаъол дар ин ду кишвар, мехоҳад фаъолияти ин неругоҳҳоро низ маҳдуд кунад.
Воқеият он аст, ки имруз масъалаи истифода аз рудхонаҳои муштарак дар робитаҳои байнихамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй соя афканда, ононро дар сангарҳои муқобили ҳам қарор додааст. Албатта дар ин қазия нақши кишварҳои фароминтақайи кам набудааст. Аз чумла Русия аз як тараф мегуяд дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, аз манфиатҳои Тошканд ҳимоят хоҳад кард, аз суи дигар барои мушорикат дар сохтани неругоҳҳо дар Қиргизистон ва Точикистон эъломи омодагй мекунад. Ин амр боис шудааст, ки беэътимодй ба Маскав дар миёни сарони Осиёи Марказй беш аз пеш афзоиш ёбад. Бокй мондани маркази низомиёни амрикойи дар Қиргизистон таҳти пушиши "маркази боркашонии тронзитй" ва ручуи Точикистон ба сармоягузориҳои мухталиф барои такмили неругоҳи Роғун, аз ҳамин зивия қобили тааммул ва андеша аст.
Акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки агар Душанбе ва Бишкек бо нодида гирифтани вокунишҳои Тошканд, барномаҳои сохтани неругоҳҳои барқи обиро дунбол кунанд,оё Узбакистон даст ба иқдомҳои дигаре хоҳад зад? Ин савол дар ҳоле, ки бино ба навиштаи сойти интернетии REGNUM, Узбакистон ҳатто бе анчоми бозрасиҳои байналмилалй низ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон мухолифат хоҳад кард, бештар аҳамият пайдо кардааст.

вторник, 1 декабря 2009 г.

Чанги лафзй миёни Узбакистон ва Точикистон




Чанде қабл, дар солрузи истиқлоли Узбакистон сафири ин кишвар дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон аз беҳбуди равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон сухан гуфт.Шоҳқосим Шоҳисломов бо ишора ба баргузории нишасти кумиссиюни муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодй - тичории Узбакистон ва Точикистон, ки баъди як таъхири шашсола доир гардид, раванди ҳамкориҳои Душанбе-Тошкандро мусбат арзёбй кард.Вай дар бораи ҳалли масъалаҳои марбут ба таъйини хати марзи миёни ду кишвар ва ичрои тавофуқномаҳои баимзорасида низ ҳарфҳои хуб ва умедворкунанда гуфт.
Суханони сафири Узбакистон доираҳои коршиносй дар Точикистон ва минтақаро дар мавриди ояндаи равобит миёни Узбакистон ва кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Точикистон, то ҳадди зиёде хушбин карданд.Аммо иддае аз коршиносон ба суханони Шоҳисломов бо шаку шубҳа нигаристанд ва бо ишора ба руйкарди давлати Тошканд дар бархурд бо масоили минтақайи, хушбиниҳои сафири Узбакистон дар мавриди робита бо ҳамсоягонро як жести дипломатй дар рузи чашни ин кишвар арзёбй карданд.
Инак бо гузашти камтар аз ду моҳ аз нишасти хабарии сафири Узбакистон дар Душанбе, тахмину гумонҳои коршиносон дар мавриди бештар сард шудани равобити ду кишвари ҳамсоя чомаи амал ба бар карданд.Ин бор Шоҳисломов эълом кард, ки кишвараш аз аввали декабри соли чорй аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй хорич хоҳад шуд. Албатта қабл аз ин кормандони бахши энержии Узбакистон хатҳои интиқоли барқ аз кишварашон ба Точикистонро бидуни огоҳ кардани тарафи точик, қатъ карданд. Бо ин кор Точикистон, ки тавассути ҳамин хатҳои интиқоли барқ ба системаи воҳиди энергетикии Осиёи Марказй васл буд, ба таври амалй аз ин система хорич шуд. Аз ин чо буд, ки масъулони точик эълом карданд, аз рузи 28 октябр узвияти худ дар системи мазкурро қатъ карданд.
Мавриди зикр аст, ки то ин дам Точикистон барқи вилояти Сурхондарёи Узбакистонро таъмин мекард ва Узбакистон ба ивази ин бахше аз вилояти Суғди Точикистонро бо неруи барқ таъмин менамуд.Сафири Узбакистон дар нишасти хабарии ахири худ эълом кард, ки бо такмили хати чадиди интиқоли барқи "Гузар-Сурхон", дигар ниёзе ба барқи Точикистон нест ва мо бо барқи худй вилояти Сурхондарёро таъмин мекунем.
Мақомоти узбак иддао доранд, ки яке аз сабабҳои хуручи ин кишвар аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй истифодаи беравияи неруи барқ тавассути Точикистон аст, ки борҳо омили аз кор афтодани трансформаторҳо дар Узбакистон шудааст.Аммо тарафи Точикистон чунин иддаоҳоро рад ва онро фазосозиҳои Узбакистон унвон кардааст.
Ҳарчанд макомоти Тошканд хуручи ин кишвар аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказиро як иқдоми сирфан иқтисодй таъбир карданд, аммо вазорати хоричии Точикистон бо интишори баёнияе хуручи кишвари ҳамсоя аз системаи мазкурро иқдоми сиёсй таъбир кард.Ин матлаб дар нишасти хабарии муштараки масъулони вазорати хорича, вазорати энергетика ва ширкати Барқи точик рузи 25 ноябр унвон шуд.Мақомоти точик хуручи Тошканд аз системаи воҳиди энергетикиро иқдоме хилофи муқаррароти дипломатияи байналмилал арзёбй карданд.
Бо ин ҳол ба назар мерасад иқдоми Точикистон чиҳати такмили неругоҳи Роғун, ки Узбакистон аз мухолифони сарсахти сохтани он мебошад,сабаби аслии хуручи Тошканд аз системаи мазкур аст. Узбакистон бар ин бовар аст, ки хуруч аз системаи воҳиди энергетикии Осиёи Марказй гоме аст дар ростои таъмини истиқлолияти энержй ва ин ҳаққи мусаллами ҳар кишвар аст.Аммо профессор Виталий Бушуев, мудири пажуҳишгоҳи стротежии энержии Русия мегуяд, хорич шудан аз ин система як амали бехирадона ва фарчоми он бунбаст аст.
Акнун, бо хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, Точикистон наметавонад барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе бидуни шак бар мушкилоти мардуми ин кишвар дар фасли сармои зимистон хоҳад афзуд.
Воқеият ин аст, ки тайи солҳои ахир бо далелҳои мухталиф равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон ба сардй гароида, чанги лафзй миёни ду тараф ҳамвора ташдид мешавад.Боздошт ва мучозоти чосусони ду кишвар ба як руйдоде маъмулй барои сохторҳои амниятии Тошканд ва Душанбе табдил шудааст. Имруз садҳо тан аз шаҳрвандони ду кишвар ба чурми чосусй равонаи зиндон шудаанд. Ҳал ношуда боқй мондани масъалаҳое назири хатҳои марз, майдонҳои мина, ҳузури мухолифон дар қаламрави ин ё он кишвар, истифода аз рудхонаҳои фаромарзй ва ... бар равобити ду кишвари ҳамсоя соя афканда, авзои минтақаро ба суи ноамнй ҳаракат додааст.
Дар чунин шароит ин пурсиш матраҳ мешавад, ки: Чунин вазъе ба нафъи кй хоҳад буд? Албатта ба ҳеч вачҳ ба нафъи мардумони ду кишвар, ки аз муштаракоти фаровоне бархурдоранд ва қарнҳо дар канори ҳам зистаанд,нахоҳад буд.Ҳар ташаннуч ва ноамнй дар минтақа ба зиёни тамоми кишварҳо тамом хоҳад шуд ва ин қудратҳои хоричй ҳастанд, ки бо пуштибонии муваққатй аз ин ё он давлати бартар, ҳадафҳои худро дунбол мекунанд.Ҳар вақт ки таърихи масрафи ин давлат тамом шуд, дар пайи суқути он хоҳанд шуд.Ин ҳақиқатро таърих милёнҳо бор шоҳид будааст. Аммо имруз ғаразҳои сиёсии раҳбарони Осиёи Марказй ва ваъдаҳои пучи қудратҳои Шарқу Ғарб чашми воқеъиятбини онҳоро бастаанд. Ва ин амр на фақат ояндаи сиёсии ин раҳбарон, балкй суботи минтақаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

среда, 11 ноября 2009 г.

Муомилаи сиёсй миёни Маскав – Вашингтон

Таҳаввулоти Афғонистон, ки тамоми равандҳои сиёсй ва амниятии минтақаро таҳти таъсири худ гирифтааст, ба равобит миёни Амрико ва Русия низ соя афкандааст. Аммо ин бор ин соя шабеҳи сояест, ки дар як гармои тоқатфарсо домани имдод густурдааст. Дар пайи гузаштҳои мутақобил ва муомилоти сиёсие, ки ахиран миёни Кремл ва Кохи сафед анчом шуд, бисёре аз масъалаҳои мавчуд дар равобити ду тараф ҳал шуданд ё аз шиддаташон коста шуд. Агар ҳифзи тамомияти арзй ва манотиқи суннатй, ҳамчунин саркуби чудоиталабон дар марҳалаи кунунй аз ташвишҳои аслии Маскав маҳсуб шаванд, барои Вашингтон гурез аз шикаст ва такрори сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон, муҳимтарин масъалаи пеши ру маҳсуб мешавад. Бо таваччуҳ ба ин, ду тараф дар пайи як силсила музокираҳо руйкардҳоеро дар ростои ҳалли ин масоил интихоб карданд. Муҳимтарин таҳаввул дар ин замина, мувофиқати Русия ба парвози ҳавопаймоҳои бории амрикои аз фарози қаламраваш ба манзури интиқоли тачҳизоти низомй ба Афғонистон аст, ки бидуни дарёфти ҳақи тронзит сурат мегирад. Аз ин тариқ Пентагон муваффақ ба сарфачуйи аз 133 млн. доллар дар сол хоҳад шуд.
Албатта канор омадани Маскав ва Вашингтон реша дар ниёз ва эҳтиёчоте дорад, ки имруз ду кишвари ИМА ва Русия ба унвони ду қудрат аз ҳамдигар эҳсос мекунанд.Талоши ду кишвари Украина ва Гурчистон барои пайвастан ба НАТО ва таҳаррукоти чудоиталабй дар Қафқоз аз мавзуоте ҳастанд, ки бетаъсир аз хорич шакл намегиранд ва Русия бо чалби ҳимояти Ғарб аз сиёсатҳои худ дар қиболи ин масъалаҳо, талош дорад раванди таҳаввулотро тибқи муроди хеш ҳаракат диҳад.Дар мавриди Осиёи Марказй, ки Русия онро минтақаи суннатии нуфузи худ тавсиф мекунад, ташвиши Кремл он аст, ки кишварҳои ғарбй имкони манёвр аз Русия дар ин маҳдудаи чуғрофиёиро нагиранд.Яъне Маскав моил нест кишварҳои ғарбй бо мушорикати беш аз ҳад дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй, амниятй ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказй,дар сиёсатгузориҳои сарони ин кишварҳо таъсир гузоранд.Ба иборати дигар интизори Маскав аз Ғарб ин аст, ки ба нақши раҳбарии Маскав дар таҳаввулоти Осиёи Марказй ва Қафқоз эҳтиром гузорад.
Аз суе Ғарб низ дар баробари амали анчомшуда қарор гирифтааст ва бе кумак ва ҳамкории Русия маҳол аст, ки аз ботлоқи эчодкардаи худ раҳо шавад.Бо даргир шудан дар ду чанги Ироқ ва Афғонистон, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дар гирдобе банд мондаанд, ки начот аз он чуз шикаст ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Дар ин миён чанги Афғонистон аз вижагии бештаре бархурдор аст, зеро дар ин чанг ба истилоҳ сарнавишти НАТО рақам мехурад.Қарори маълум, паймони Атлантики шимолй дар таърихи беш аз 50 - солаи мавчудияти хеш,барои нахустин бор маъмурияти ба истилоҳ сулҳбониро ба уҳда гирифтааст ва нокомй дар Афғонистон ба маънои сароғози измеҳлоли ин паймони низомй низ хоҳад буд.Аз ин ру Ғарб бо ҳар роҳи мумкин талош дорад қазияи Афғонистонро ба нафъи худ ҳал кунад.Албатта, нокомии Ғарб ва хуручи низомиёни кишварҳои ғарбй аз Афғонистон ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нахоҳад буд. Зеро дар чунин шароите Русия ба таври инфиродй дар баробари падидаҳое назири «ифротгаройии исломй» ва «тероризми байналмилалй» қарор хоҳад гирифт. Дар чунин ҳолате раванди таҳаввулот дар кишварҳои Осиёи Марказй ғайриқобили пешбинй хоҳад буд. Бо ин ҳол ҳамкориҳои наздики Маскав - Вашингтон дар масъалаи Афғонистон ҳаргиз ба ин маънй нест, ки ду қудрату Шарқу Ғарб мушкилоти мавчуд дар равобити ҳамдигарро ҳаллу фасл кардаанд. Воқеият ин аст, ки ихтилофи назар дар мавзуоте назири барномаҳои ҳастайии Эрон, пайвастани Украина ва Гурчистон ба НАТО, ба расмият шинохтани истиқлолияти Обхозиё ва Осетиёи чанубй ва амсоли ин миёни ду тараф ба қуввати худ боқист. Фақат манофеи муштарак дар қазияи Афғонистон Маскав ва Вашингтонро водор ба як силсила ҳамкориҳо кардааст, ки дар марҳалаи кунунй бархоста аз ниёзҳои ҳар ду тараф аст

среда, 28 октября 2009 г.

Дар хошияи сафари раиси чумхури Точикистон ба Маскав


Интизороти тарафҳо

Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Маскав дар равобити дипломатй миёни ду кишвар камназир буд.Зеро аз ин сафар Точикистон ва Русия интизороти худро доштанд.Дар ҳоле ки Душанбе талош мекард иштибоҳоти қаблиро, ки дипломатияи точик дар тадвини тавофуқномаҳо бо Маскав муртакиб шуда буд, чуброн кунад, тарафи русй бо барномарезии ин сафар ният дошт вонамуд созад, ки Точикистон барои Кремл кишваре боаҳамият дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аст.
Дар чунин шароите бахти тарафҳо дар дастёбй ба ҳадафҳои хеш яксон набуд.Агар рақобати қудратҳо ва талоши Амрико, Аврупо ва Чинро барои нуфузи бештар дар Осиёи Марказй ба унвони барги барандаи Душанбе тавсиф кунем, пас вучуди болиғ бар як миллион муҳочири кории точик дар Русия ва вобастагиҳои иқтисодии Точикистон аз Русия, мавридҳое буданд, ки ба нафъи Маскав кор мекараданд.

Музокирот ва масъалагузориҳо

Ҳарчанд дар бораи масъалаҳои мавриди баррасй дар гуфтугуҳо миёни тарафҳои точик ва рус аз қабл ибрози назарҳое сурат гирифта буд, аммо тақвияти ҳамкориҳои иқтисодй дар меҳвар қарор дошт.Он чи коршиносон пешбинй мекарданд, яъне мушаххас намудани мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбут ба ҳамкориҳои низомй, ҳамчунин таъйини тарзи мушорикати Русия дар такмили неругоҳи «Роғун», тақрибан баррасй нашуд.Ба эътиқоди тарафи русй ҳеч зарурате дар ин замина вучуд надошт:қарордоди низомй ба муддати 10 сол (2004-2014) имзо шудааст ва консорсиюми сохти «Роғун», ки Русия ҳозир аст дар он мушорикат намояд, ҳануз шакл нагирифтааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодй, раиси чумҳури Русия иттилоъ дод, ки муқаррароти чадидеро дар мавриди муҳочирати хоричиён чорй хоҳад кард, ки имкони ҳузури қонунии шаҳрвандони Точикистон дар қаламрави Русияро замонат хоҳанд кард.
Ба эътиқоди ағлаби коршиносон ин изҳороти раиси чумҳури Русия бештар чанбаи ташрифотй дошт, ки солҳои ахир дар дидору гуфтугуҳои Душанбе - Маскав ба як падидаи маъмулй табдил шудааст.Маскав чунин ваъдаҳоеро борҳо додааст, аммо вазъияти муҳочирони кории Точикистон дар Русия ҳеч тағйире накардааст.


Пойгоҳи низомии Русия ва низомиёни рус дар Точикистон

Бар асоси қарордоди соли 2004, ки ба имзои Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ва Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон расида буд, пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон вучуд хоҳад дошт.
Фалсафаи таъсиси ин пойгоҳ, ҳамон гуна ки дар ҳуччатҳои марбута зикр шудааст, таъмини суботу амният дар Точикистон ва минтақа буда, тарафи русй уҳдадор шудааст, ки дар сурати таҳдид ба ҳукумати Точикистон, дар таъмини амнияти ин кишвар мусоидат хоҳад кард.Аммо имруз авзои минтақа тағйир кардааст ва дар баробари афзоиши таҳдидҳо, теъдоди кумаккунандагон ба амният низ афзудааст.Акнун кишварҳои аврупойи, Амрико, Чин, ҳатто Ҳиндустону Покистон вориди чархаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон шуда, имконияти интихоби шариконро барои Душанбе фароҳам намудаанд.Чунин вазъе ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нест. Аз ин ру ҳарчанд Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия таъкид кард бознигарй дар қарордодҳои низомии байни Маскав - Душанбе ҳадди ақал то соли 2014 ғайриимкон хоҳад буд, аммо Русия ба хубй медонад, ки Точикистон барои касби даромад ҳамкориҳо бо кишварҳои ғарбиро густариш хоҳад дод. Дар шароите, ки Амрико эълом кардааст нируҳои вижаи худро барои мубориза бо зуҳуроти ноамниҳо дар Осиёи Марказй, дар кишварҳои ин минтақа чойгир хоҳад кард, нигарониҳои Маскав аз сарнавишти пойгоҳаш баъд аз поёни қарордод (соли 2014) беш аз ҳар замони дигаре афзудааст. Ба иборати дигар, дар Маскав ба хубй дарк кардаанд, ки Душанберо дигар наметавон бо ваъдаҳои пуч қонеъ кард, аз ин ру бархе фишангҳои фишорро руи даст гирифтаанд.


Манбаъҳои обй нуқоти заъф ё қувват?

Дар шароити кунунй Точикистон шадидан ба неруи барқ ниёз дорад ва дастёбй ба ин ҳадаф танҳо бо сохтани неругоҳҳои обй имконпазир аст. Дар ибтидо Русия эъломи омодагй кард, ки дар такмили неругоҳи Роғун мушорикат хоҳад кард.Ин ваъда ҳамзамон бо ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларй ба иқтисоди Точикистон дода шуд, ки то имруз ғайр аз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон надошт.Ба назар мерасад Русия фақат барои дар чорчуби сиёсатҳои хеш нигоҳ доштани давлати Душанбе даст ба чунин иқдоме зад.Сафари раиси чумҳури ин кишвар дар январи имсол ба Тошканд ва ваъдаи Маскав дар бораи ҳимояти Кремл аз манофеи Узбакистон дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, пасипардаи сиёсатҳои Маскавро дар қиболи Душанбе ифшо кард.Яъне собит шуд, ки Русия дунболи ҳадафҳо ва манофеи бузургтаре дар Осиёи Марказй ҳаст, ба иборати дигар Маскав манобеи газу нафти Узбакистонро аз манобеи обии Точикистон бартар шумурд ва Душанберо ба ҳошияи сиёсатҳои хеш ронд.Дар ростои чунин иқдоме Маскав руи он ҳисоб кардааст, ки Точикистони маҳрум аз роҳҳои иртиботии мустақим ба чаҳони хорич, чорае чуз тан додан ба хостаҳои Русия надорад.Аз ин ру ҳарчанд Русия эълом кардааст, ки дар такмили неругоҳи «Роғун» ширкат хоҳад кард, аммо ба таври ҳатм манофеи Узбакистонро дар назар хоҳад гирифт. Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки Узбакистон дар интиқоли гази Осиёи Марказй ба Аврупо аз нақш ва чойгоҳи муҳиме бархурдор аст. Дар чунин шароите Точикистон дарк кардааст, ки Русия барояш аҳамият ва чойгоҳе, ки дар шаъни як давлати мустақил бошад, қоил нест.


....Ва аммо баъд

Сарфи назар аз натичаҳо ва пайомадҳо, сафари роҳбарияти Точикистон ба Маскав ин нуктаро собит намуд, ки Душанбе нақш ва чойгоҳи хеш дар минтақаро ба хубй дарк кардааст.Дар ҳоле ки довталабони ҳузури фаъолтар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ичтимойи, сиёсй, иқтисодй, низомй ва фарҳангии ин кишвар афзудаанд, ба Маскав ру овард, то барномаҳои шарики стротегии худро бори дигар маҳак занад.Ин нукта мусаллам аст, ки Точикистон дигар ба умеди ваъдаҳои Русия нахоҳад шуд ва бо тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Шарқу Ғарб, иқдом ба ҳалли масъалаҳои ичтимойи ва иқтисодии хеш хоҳад кард.
Ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки афзоиши сафархои мақомоти аврупойи ва амрикойи ба Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон, нишони ғамхории ин кишварҳо нисбат ба мардумон ва ё давлатхои минтақа нест, балки авзои минтақа ва чахон қудратхои ғарбиро мухточи хамкорихои кишвархои Осиёи Марказй кардааст. Акнун қудратхои ғарбй дар ростои амалй кардани стротегияхои худ дар минтака, ру ба кишвархои Осиёи Марказй овардаанд, то бо истифода аз сардии робитахои ин кишвархо бо Маскав, ба хадафхои хеш осонтар даст ёбанд. Хамин мавзуъ аз чумла боиси он шудааст, ки гарбихо дар руйкарди худ бо кишвархои ин минтака бознигарй кунанд ва хамаи конуншиканихои макомоти ин кишвархо дар риояти озодихои шахрвандиро нодида гиранд. Икдоми Иттиходияи Аврупо дар заминаи бекор кардани тахримхои таслихотии Узбакистон факат бахше аз ин руйкард аст. Чунин вазъе имкониятҳои тозаеро барои кишварҳои Осиёи Марказй фароҳам кардааст, то он чиро, ки аз Русия интизор доштанд ва доранд, тавассути кишвархои ғарбй ба он даст ёбанд.
Агар Русия дар руйкарди хеш бо Точикистон тачдиди назар накунад, ба тадрич чойгоҳ ва нуфузи худро дар ин кишвар аз даст хоҳад дод. Дар идомаи ин раванд ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Точикистон таҳти савол қарор хоҳад гирифт.

понедельник, 12 октября 2009 г.

Точикистон ваТуркманистон: марҳалаи чадиди ҳамкориҳо

Дар поёни сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ашқобод чаҳор санади ҳамкорй миёни Точикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати чумҳури Точикистон ёддошти тафоҳум, протоколи ҳамкорй миёни вазоратхонаҳои хоричии ду кишвар, тавофуқномаи байниҳукуматй дар мавриди кумиссиюни ҳамкориҳо дар бахшҳои тичорй-иқтисодй ва илмй-фаннй ва варзиш асноде буданд, ки Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури ду кишвар ба онҳо имзо гузоштанд.
Дар нишасти хабарии муштарак Эмомалй Раҳмон аз чумла таъкид кард, ки кишвараш ба тавсаъаи равобит бо Туркманистон аҳамияти зиёде қоил аст ва наздикии мавзеъҳои ду кишвар дар бисёре аз масоили минтақайи ба байналмилалй, заминаи муносибе барои тақвияти ҳамгаройи ва равобити чандчониба дар минтақа фароҳам карадааст.
Қурбонгулй Бердимуҳаммадов низ хотирнишон кард, ки равобит миёни ду кишвар бар асоси эътимоди мутақобил ва ҳусни ҳамчаворй устувор аст.
Қобили зикр аст, ки сафари дурузаи раиси чумҳури Точикистон ба Туркманистон рузи чумъаи 9 октябр оғоз шуд.Дар ин сафар Эмомалй Раҳмонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири раси чумҳур дар умури байналмилал,Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Сафаралй Начмиддинов, вазири доройи, Гул Шералй, вазири энержй ва саноат, Маликшо Неъматов,раиси кумитаи чавонон, туризм ва варзиш, Санъат Раҳимов,раиси ширкати «Барқи точик» ва дигар мақомоти расмй ҳамроҳй карданд.
Нигоҳе ба таърихчаи на чандон дури равобит миёни Душанбе - Ашқобод баъд аз фурупошии Шуравй ва касби истиқлол, баёнгар аз он аст, ки ду кишвар тақрибан ҳеч масъалае баҳсбарангез дар муносиботи байни ҳам надоштаанд.Туркманистон бо эъломи бетарафй дар даврони раёсати чумҳурии Сафармурод Ниёзов, зимни напайвастан ва ё мушорикати камранг дар ниҳодҳои минтақайии пасошуравй, равобит бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба дур аз ҳар гуна таниш ва ихтилоф ҳифз кард.Фақат дар соли 2002, дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Туркманбошй, мақомоти Ашқобод Тошкандро дар даст доштан ба ин қазия мутаҳҳам карданд, ки дар пайи ин равобит миёни Туркманистон ва Узбакистон то ҳадди қобили мулоҳизае ба сардй гаройид. Бо руйи кор омадани Қурбонгулй Бердимуҳаммадов дар соли 2007 давлати Ашқобод сиёсатҳои бозтареро дар пеш гирифт, ки мушорикати фаъолтар дар созмону ниҳодҳои минтақайи ва фароминтақайи ва тавсаъаи равобит бо кишварҳои минтақа, ҳамчунин ҳузури муассиртар дар муъодилоти минтақайи, аз чумлаи натоичи ин сиёсат будаанд. Акнун Ашқобод бо саҳм гирифтан дар тарҳҳои бузурги минтақайи ва фароминтақайи, ба маркази рафтуомадҳои мақомоти кишварҳо ва қудратҳои мухталиф табдил шуд, ки дари имтиёзгириҳои бештареро ба руи Туркманистон боз кардааст. Бархурдорй аз манобеи саршори нафту газ аз дигар мавориде аст, ки чойгоҳи Туркманистонро дар сиёсатгузориҳои қудратҳои Шарқу Ғарб беш аз ҳар замони дигаре бо аҳамият намудааст.Ба вижа дар шароите, ки буҳрони энержй миёни Украина ва Русия дар зимистони гузашта кишварҳои аврупойиро ба камбуди шадиди энержй мувочеҳ кард ва ин кишварҳо дар пайи касби манобеи чадиди таъмини энержй бар омаданд,бар нақши Туркманистон ба унвони манбаъи чойгузин, афзуда шуд.
Ва аммо он чи ба Точикистон бармегардад, Туркманистон дар даврони чанги дохилии Точикистон дар солҳои 1992 - 1997 аз чумлаи кишварҳое буд, ки ба истиқболи паноҳандагони точик омад ва то чое имконоти ин кишвар эчоб мекард, шаҳрвандони Точикистонро макон дод ва ононро таҳти ҳимоят гирифт. Гузашта аз ин Ашқобод дар 3-24 ноябри соли 1995, 28 январ - 8 феврали соли 1996, 8-21 ноябри соли 1996 мизбони панчумин даври навбатии музокироти сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик буд ва дипломатҳои туркман ниҳояти талошҳои худро ба харч доданд, то сулҳро ҳарчи зудтар ба сарзамини точикон бозгардонад. Натичаи ҳамин талошҳо буд, ки дар ин давр аз музокироти сулҳ, мавзеъҳои тарафҳои точик бештар ба ҳам наздик шуд ва фосила то имзои созишномаи ниҳойии сулҳ то ҳадди қобили мулоҳизае кутоҳтар шуд.
Дар даврони буҳрони энержй, ки дар поёни солҳои 90 қарни гузашта чомеаи Точикистонро фаро гирифт, давлати Ашқобод бо интиқоли барқ ба Точикистон, талош кард аз мушкилоти мардуми точик дар фасли сармо бикоҳад. Аз чумла дар зимстони гузашта Туркманистон 1миллиарду 200млн.киловат неруи барқ ба Точикистон содир кард.
Бар асоси гузориши кумитаи омори Точикистон тайи моҳҳои январ-августи соли чорй мубодилоти тичорй миёни ду кишвар 48,7 миллион долларро ташкил дод. Точикистон ба Туркманистон умдатан маводи ғизойи, оҳан ва тачҳизоти оҳанй содир намуда, аз ин кишвар маҳсулоти нафту химия ва масолеҳи сохтмонй ворид мекунад.Бо ин вучуд ин ду кишвар аз зарфиятҳои фаровоне бархурдоранд, ки баҳрабардорй аз онҳо ба нафъи тарафайн ва дигар кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Сафари Эмомалй Раҳмон ба Ашқобод, ки ки боиси хузур наёфтани вай дар нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Молдова шуд, баёнгар аз аҳамияти волои Туркманистон дар сиёсатҳои давлати Душанбе аст.Ҳамсонй ва наздикии мавозеъҳои ду кишвар дар масоили баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ин умедро дар зеҳни давлатмардони Душанбе тақвият кардааст, ки бо истифода аз пуштибонии Ашқобод, битавонанд тарҳҳои гидроэнергетикии худро амалй кунанд.Ба вижа он ки пешниҳоди ахири Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз кишварҳои минтақа чиҳати пардохти чубронпулй ба Точикистон ба ивази истифода аз оби рудхонаҳои ин кишвар,бар аҳамият ва чойгоҳи Ашқобод дар сиёсатҳои Душанбе афзудааст. Аммо набуди марзи мушатарак миёни ду кишвар монеи чиддй дар густариши ҳамкориҳои фимобайн мебошад,хоса он ки коршиканиҳои Тошканд дар тронзити барқи Туркманистон ба Точикистон(дар зимистони гузашта)ин ҳақиқатро собит намуд, ки бояд ду тараф дар пайи масирҳои хорич аз қаламрави Узбакистон бошанд. Аз ин ру ду тараф саъй доранд дар қолаби барномаҳои роҳбурдй, бо эчоди масир аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистон, ин мушкилро рафъ намоянд. Дар ин миён Точикистон умедвор аст бо истифода аз чойгоҳи Туркманистон дар арсаи байналмилал битавоанд бо бо пуштибонихои Ашкобод, аз монетарошихои Узбакистон дар масири барноамахои гидроэнергетикии худ бикохад ва ин барномахоро дунбол кунад.

пятница, 2 октября 2009 г.

Туркзабонон муттаҳид мешаванд, форсизабонон...


Мачлиси намояндагони Точикистон дар нишасти ахири худ бо ду раъйи мухолиф ва 57 раъйи мувофиқ лоиҳаи Қонуни забони давлатиро, ки аз суи раиси чумҳур таҳия ва пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонд.Бо ин кор яке дигар аз "шоҳкорҳои" намояндагони мардумй шакл гирифт ва он ин буд, ки аз лоиҳаи қонун вожаи "форсй" бардошта шуд. Яъне забони давлатии Точикистон забони точикй (на мисли лоиҳаи пешин "форсии точикй") эълом шуд.
Ҳамин масъала дар бист соли пеш низ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд шуда буд ва он замон намояндагон ба ҳарфи донишмандон гуш фаро доданд ва пазируфтанд, ки "забони точикй" "забони форсии точикй" таъбир шавад. Аммо ин бор ин ҳарф, ин ҳақиқати таърихй гуши шунавое надошт.Хақиқате, ки ниёз ба исбот надорад ва ҳамин мучассамаи Исмоили Сонмонй, ки мо онро ба унвони поягузори нахустин давлати ТОЧИКОН пазируфтаем, далели ғайри қобили инкор будани ин мавзуъ аст. Дар давлати нахустини точикон, ки беш аз ҳазор соли қабл арзи ҳастй намуда буд, забони давлатй форсй буда на точикй!Мо бо барчидани вожаи "форсй" аз қонуни забони давлатй, худ бо дасти худ теша бар решаи гузаштаи таърихи худ задем ва худро аз ниёкон бибридем.
Нигоҳе ба саҳифаҳои таърихи гузашта ба хубй нишон медиҳад, ки қавми точик ҳамеша "форсигу" буд, яъне ба номи "забони точикй" дар ҳеч маъхазу сарчашмае чизе зикр нашудааст.Ва ин фақат махсуси мо точикон, ки як миллати ориёинажод ҳастем, нест. Чи басо халқу миллатҳое ҳастанд, ки забонашон баргирифта аз номи миллаташон нест: миллат амрикойи - забон англисй, миллат бразилй - забон португалй, миллат аргентинй - забон испанй ва ... Мо меросхори фарҳангу тамаддуни форсй ҳастем ва бо гирифтани вожаи "форсй" аз Конуни забони давлатй, худро аз ин мероси ғанй маҳрум мекунем. Ҳануз ҳам дар миёни мардуми куҳистон иборати "фалонй (манзур одаме аз ягон маҳалли Точикистон) форсигу" ҳаст ё "форсигу буд" корбурд дорад, ки як далели таърихии форситабор ва форсизабон будани миллати мо ҳаст.
Дар ҳоле, ки талошҳо барои ваҳдати ҳарчй бештари се кишвари форсизабони Точикистон, Афғонистон ва Эрон ба таври бесобиқае дар сатҳҳои мухталиф шиддат гирифтааст, мо худро аз ин доира берун мекашем.Ва он ҳам дар ҳоле, ки забони точикй як шохаи забони форсй аст, ба гунае, ки форсии дарй, форсии эронй (ё теҳронй) ва форсии точикй таъбир мешавад.Ба назар мерасад, ҳануз ҳам иддае дар радаҳои болои ҳукумати Точикистон аз идеологияи комунистй, ки аз чумлаи ҳадафҳояш буридани пайвандҳо миёни Точикистон ва Эрону Афгонистон буд, раҳо нашудаанд ва ҳануз ҳам аз наздикй бо ин ду кишвари форсизабон бим доранд.Ин идеология бо тамоми тавон дар пайи содда ва омиёна кардани забони форсии точикй дар Точикистон бар омад, то «собит» кунад, ки «забони точикй» ҳеч умумияте бо дарию форсй надорад.Коммунистон дар ин амр муваффақ ҳам шуданд ва ин нукта, ки дар замони тачовузи Шуравй ба Афғонистон, аз Кремл ба Душанбе занг зада барои чалби тарчумон ба Афгонистон мепурсанд:«у вас еще остались таджики, которые хорошо владеют родным языком?», тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Гузашта аз ин, форсизудойи дар порлумони Точикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дақиқан дар ҳамин руз дар Нахчувони Озарбойчон сарон ва намояндагони кишварҳои туркзабон даври ҳам чамъ меоянд, то таъсиси иттиҳоди кишварҳои туркзабонро суръат бахшанд.Дар ин нишаст туркзабонҳо дар минтақаи чудошуда аз Арманистон ба баҳсу гуфтугу нишастанд, то аз ин тарқ бештар бар моҳият ва зарурати иттиҳод таъкид карда бошанд. Идеяи иттиҳоде назири Шурои Аврупо ва Лигаи давлатҳои арабй меҳвари аслии суханрониҳо дар нишасти Нахчувон буд.Ин талошҳо дар шароите сурат мегиранд, ки бархе кишварҳои туркзабон ихтилофоти чиддие бо ҳам доранд ва робитаҳои Қирғизистон ва Узбакистон фақат гушае аз ин ихтилофот аст. Мачмаи порлумонии кишварҳои туркзабон, ки дар гузаштаи на чандон дур дар Боку ташкил шуд,имруз дар пайи он аст, ки роҳи ҳалле барои ихтилофи дидгоҳҳо ва мевзеъҳои кишварҳои туркзабон пайдо кунад.
Точикистон дар муҳосираи кишварҳои туркзабон воқеъ аст ва суханони яке аз сарони ин кишварҳо ки ошкоро эълом карда, «Точикистон дар роҳи ташкили иттиҳоди давлатҳои туркзабон мисли як устухоне дар гулу ҳаст», ҳушдоре ба сарони точик аст, ки ба таври чиддй ба фикри мавчудияти ояндаи кишвари худ бошанд.
Албатта, Точикистон кишвари мустақил ва соҳибистиқлол аст ва забони давлатии худро бояд дошта бошад, аммо инкори ҳақиқтҳои таърихй роҳ ба чое нахоҳад бурд.
Мо бо забони модарии худ ифтихор мекунем, ҳамон гуна, ки Муъмин Қаноъат , шоири машҳури точик мегуяд:
Форсй гуйи, дарй гуйи варо,
Ҳарчй мегуйи, бигу
Бекарон бахрест гавхар бехисоб
Харчи мечуйи бичу.

Лек бахри ман забони модарист
Хамчу шири модар аст
Бахри у ташбехи дигар нест, нест
Чунки мехри модар аст.

Сарфи назар аз он ки дар тасвиби конуни забон дар холатхое ангезахои сиёсй боло гирифтаанд, вучуди чунин конунеро ба фоли нек мегирем, то дар хифзу густариши забони форсии точикй муассир вокеъ шавад. Аммо аминам рузи ислохи иштибохот фаро хохад расид.




вторник, 15 сентября 2009 г.

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре...



Фочеаи ба вуқуъомада дар неругоҳи барқи обии Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то мақомоти узбак аз нав сару садоҳо дар бораи хатари неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро дар сатҳи байналмилал матраҳ кунанд. Албатта, дар Точикистон ва Қирғизистон инкор намекунанд, ки неругоҳҳои Норак ва Тухтагул, ки дар замони Шуравй сохта шудаанд, бо гузашти ин ҳама сол ниёз ба таъмир , бозсозй ва муқовимсозй доранд.Аз чумла Канатбек Эрматов, мудири кумитаи давлатии назорат бар амнияти таъсисоти саноатии Қирғизистон бар ин бовар аст, ки хатари вайроншавй дар ҳар неругоҳе ғайриқобили инкор аст. Аҳмад Чундубоев, коршиноси мустақили қирғиз низ ба қадимй будани тачҳизот дар неругоҳҳо ишора мекунад ва ивазкунии тачҳизоти заруриро ба унвони тадбири муҳим дар чиҳати пешгирй аз хатароти эҳтимолй амре ногузир тавсиф мекунад.Аммо Нозир Ёдгорй, сухангуи ширкати "Барқи точик" мегуяд иддаоҳо дар бораи хатароти неругоҳи Норак асосе надоранд, зеро ҳамасола тачҳизоти ин неругоҳ нав мешаванд. Бино ба гуфати сухангуи ширкати "Барқи точик", комиссиюни вижае иборат аз мутахассисони бо тачриба вазъи неругоҳҳои кишварро дар ҳоли баррасй аст ва бар асоси пешниҳодоти ин комиссиюн иқдомоти лозим барои рафъиҳар гуна заминаи вукуи фочеа андешида хоҳад шуд. Дигар мақомоти точик низ иддаоҳои тарафи узбакро дар мавриди хатароти неругоҳи Норак рад карданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин барои аввалин бор нест, ки Тошканд эътирозоти худро дар мавриди сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон матраҳ мекунад.Дахолатҳои Узбакистон ба тарҳҳои гидроэнергетикй дар Точикистон ва Қирғизистон тайи солҳои ахир ба ҳукми як одати маьмулй дар сиёсатҳои давлатмардони Тошканд даромадааст. Дар ҳамин робита Бозорбой Мамбетов, таҳлилгари қиғиз мегуяд, ин ҳама иддаоҳои Узбакистон ангезаи сиёсй доранд ва ин кишвар намехоҳад, ки ҳамсояҳояш аз вазъи беҳтаре бархурдор бошанд. Инак фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то Узбакистон фурсатталабона иддаоҳои худро дар мавриди сохти неругоҳҳо дар ду кишвари ҳамсоя Точикистон ва Қирғизистон дубора матраҳ кунад. Дар ин робита Сергей Жигарёв, мудири ширкати саҳомии Гидропроект - и Узбакистон муддаи аст, ки бар асоси тарҳҳои 20 соли қабл сохтани неругоҳҳо чинояти соддалавҳона аст.Вай мегуяд тарҳи сохти неругоҳи Роғун дар соли 1978 таҳия шудааст ва посухгуи меъёрҳои имруз нест.Ин масъули узбак дар мавриди тарҳи неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон низ иддао мекунад, ки тарҳи ин неругоҳ низ таҳти шиори "зудтар ва арзонтар" таҳия шуда ва мавриди эътомод нест. Коршиносони точик ва қирғиз дар арзёбиҳои худ дар қиболи иддаоҳои Узбакистон, ин падидаро бархоста аз ангезаҳои қудратталабиҳои Тошканд дар минтақа медонанд ва мегуянд Узбакистон бо тарҳи чунин иддаоҳо дар пайи он аст, то контрули фаъолиятҳо дар бахшҳои ҳассос дар Осиёи Марказиро ба даст бигирад.Чои тазаккур аст, ки давлати Тошканд тавонист дар тарҳои гидроэнергетикии Точикистон латма ворид кунад:нахуст ширкати РусАл-ро аз мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун мунсариф кард, сипас ичрои қарордоди Чин бо Точикистонро дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон ба ҳоли муаллақ даровард. Руйкарди охири Тошканд дар қиболи ҳамсоягонаш - Точикистон ва Қирғизистон чизе чузъ қудратнамойи тавсиф намешавад ва ин амр дар шароите, ки рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ташдид шудааст, чанбахои бештаре ба худ гирифтааст. Аз гузориши расонаҳо бармеояд, ки Узбакистон барои доро будан ба пурзуртарин артиш дар минтақа барномаи вижаеро руи даст гирифтааст.Бар асоси ин барнома Тошканд қасд дорад ба истилоҳ ба "жандарми Осиёи Марказй" табдил шавад.Аз ин чост, ки Узбакистон руи хуше ба таъсиси пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Точикистон надорад. Ба илова имзо накардан ба қарордоди Паймони амнияти чамъй далели дигаре дар мавриди талоши Узбакистон дар чиҳати истиқлоли фаъолиятҳои низомияш дар минтақа аст. Ва аммо дар мавриди мухолифатҳои Тошканд ба сохти неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон бояд гуфт, ки Узбакистон аз он бим дорад, ки аз ин тариқ: аввал,ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержй мушарраф шуда, вобастагиашон аз газу барқи узбак аз миён хоҳад рафт; дуввум,бо сохти обанборхо имкони танзими чараёни оби рудхонаҳо фароҳам шуда ҳамсоягон низ метавонанд дар қиболи амалкарди Тошканд (қатъи чараёни газ ё барқ) вокуниш нишон диҳанд. Аз суи дигар, Узбакистон дар ҳоле ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон мухолифат мекунад, ки тақрибан ҳеч иқдоми созанда ва холисонае дар чиҳати рафъи ниёзҳои ду ҳамсояи худ ба энержй, анчом надодааст.Аз ин ру Бишкек ва Душанбе ин ҳақро доранд, ки дар ростои дастёбй ба истиқлолияти энержй талош намоянд. Аз тарафи дигар, бино ба эътикоди профессор Хочимухаммади Умарзода, иктисодшиноси точик, бо такмили неругохи Рогун Узбакистон ин имконро пайдо мекунад, ки хазорон гектар заминхои бекорхобидаашро обёрй кунад.Хамчунин вазъи таъмини об ба бахши кишоварзии минтака бамаротиб бехтар хо=ад шуд. Аммо сарусадоҳои Тошканд дар мавриди хатароти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон, ки баъд аз фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск (17 августи соли чорй) чанбаҳои густурдатаре касб кардааст, бад -ин мемонад, ки фармудаанд: Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре,
Ба Шуштар заданд гардани мисгаре.

понедельник, 14 сентября 2009 г.

Қадрдонии НАТО аз Узбакистон



Ҳафати гузашта Роберт Симон, намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказй аз нақши фаъоли Узбакистон дар ҳамкорй бо ин паймон дар ростои ичрои барномаҳо дар Афғонистон ибрози сипос намуд.Намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар номае, ки ба вазорати хоричаи Узбакистон ирсол шуд, аз чумла тазаккур дода, ки Узбакистон дар муъодилоти минтақа аз чойгоҳи вижае бархурдор аст ва НАТО аз ҳар гуна густариши ҳамкорй бо Узбакистон истиқбол мекунад.
Дар бахши дигаре аз ин нома омадааст:Мо барои чонибдории Узбакистон аз тронзити борҳои ғайринизомй барои неруҳои посдори сул дар Афғонистон, аҳамияти зиёде қоилем.
Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои соли равон давлати Узбакистон ба НАТО ичозат дод, ки борҳои ғайринизомии худро барои неруҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Узбакистон интиқол диҳад.
Хамкориҳо миёни НАТО ва Узбакистон дар соли 1991 оғоз шуд ва дар соли 1995, замоне ки Узбакистон ба барномаи НАТО таҳти унвони "Ҳамкорй барои сулҳ" пайваст, ҳамкориҳо миёни ду тараф чанбаҳои густурдатаре ба худ гирифт. Ин дар замоне буд, ки Тошканд дар чорчуби сиёсатҳои Маскавситезии худ робита бо кишварҳои ғарбиро тақвият кард.Аммо аз миёнаҳои соли 2005 ҳамкорй миёни Узбакистон ва НАТО кунд шуд. Қарори маълум моҳи майи слои 2005 дар пайи ҳодисаҳои хунини Андичон давлати Тошканд ба далели қатли оми тазоҳуркунандагон таҳти фишорҳои шадиди Ғарб қарор гирифт ва теъдоде аз масъулони узбак ба таҳримҳои сиёсй ру ба ру шуданд, ба гунае, ки ҳақи сафар ба давлатҳои аврупойи надоштанд.Русия аз ин фурсат истифода кард ва Узбакистонро дубора ба оғуш гирифт.Аммо дар охирҳои соли 2008 Тошканд аз нав ба фикри густариши робитаҳо бо Ғарб баромад. Ба вижа дар пайи бекор кардани таҳримҳои Узбакистон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, Тошканд ба иборате "қиблаи худро тағйир дод".Карори маълум 13 октябри соли 2008 дар Люксембург дар пайи тавофуқ ё ба иборати дигар муомилаи сиёсй миёни тарафҳои узбак ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои сиёсии мақомоти узбак бекор шуданд.Дар пайи ин муомила Узбакистон аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё хорич шуд ва ҳузури худро дар ниҳодҳои минтақайи, ки умдатан таҳти нуфузи Русия ҳастанд, камранг намуд . Тамчиди НАТО аз Узбакистон баёнгар аз ин аст, ки дар марҳалаи кунунй раванди наздикшавии Тошканд ба кишварҳои ғарбй идома дорад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Тошканд дар дастёбй ба бисёре аз сиёсатҳои минтақайии худ, ба пуштибонй ва дастгирии Русия ниёз дорад, аз ин ру ҳаргиз наметавон гуфт, ки ин мавзегирии Узбакистон тулонимуддат хоҳад буд. Дар чунин шароите бояд мунтазир буд, то Кремл дар посух ё вокуниш ба иқдомоти ғарбгароёнаи Тошканд чй барномаҳоеро дар назар хоҳад гирифт

Сафари вазири дифои Русия ба Точикистон


Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар чорчуби як сафари расмй ба Душанбе омад ва дар дидор бо мақомоти точик бархе аз масоили марбут ба ҳамкориҳои низомй миёни Маскав - Душанберо баррасй намуд.Кобили зикр аст, ки барномаи ин сафар ҳануз моҳи июли соли равон дар рузҳои сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Точикистон таъйин шуда буд.Аз ин ру сарфи назар аз баргузории музокирот миёни Анатолий Сердюков ва Шералй Хайруллоев, вазири дифои Точикистон ва Хамроҳхон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон пушти дарҳои баста,мавзуи мавриди баҳс миёни тарафайн аз диди расонаҳо ва маҳофили коршиносй пинҳон намонд.На дар расонаҳои давлатй ва на дар нашрияҳои мустақил чузъиёте аз натоичи сафари Сердюков ба Душанбе мунташир нашуд, аммо маълум шуд, ки дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон натичае хосил нашуд.
Воқеият он аст, ки тайи 2 - 3 соли охир равобит миёни Русия ва Точикистон аз раванди маъмулй хорич шуда, дастхуши таҳаввулоте ачибу ғариб гардидааст.Аз наҳваи бархурди Русия бо Точикистон чунин бармеояд, ки гуё Маскав ба хадафхои мавриди назари худ дар ин кишвар даст ёфта, тамоили чандоне ба ичрои қарордодҳои имзошуда бо давлати Душанберо надорад.Боло бурдани мақоми лашкари 201 ба пойгоҳи низомй, вогузории пойгоҳи родории "Окно" ба Русия аз чумлаи ин аҳдоф унвон мешаванд.
Аммо имруз авзоъ тағйир кардааст ва дар пайи таҳаввулоти ахир дар минтақа, ки афзудани ниёзи НАТО ба ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказй аз он чумла аст,барои Точикистон низ фурсатҳои тозае чиҳати манёвр дар сиёсатҳои хоричи ва наҳваи равобит бо ба истилоҳ "шарики стротегй", фароҳам шудааст.Ин мавзуъ дар шароите, ки расонаҳо ва маҳофили коршиносй баҳсҳо дар мавриди бознигарй дар қарордодҳои имзошуда миёни Русия ва Точикистонро беш аз ҳар замони дигаре матраҳ мекунанд,бештар аҳамият касб кардааст.Зеро, ба эътиқоди ағлаби коршиносони точик қарордодҳо миёни Маскав - Душанбе дар аксари ҳолатҳо ба нафъи Русия ва бо дарназардошти манофеи ин кишвар ба имзо расидаанд.Ичро нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Точикистон, ин ақидаро дар чомеаи точик тақвият карда аст, ки Кремл фақат ба фикри имтиёзгирй аз Душанбе мебошад.
Хамакнун амал накардани Русия ба қарордодҳо ва ваъдаҳояш дар нисбати Точикистон ин ҳақро ба давлати Душанбе мадиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти хеш ва бароварда намудани ниёзҳояш роҳҳои дигареро чустучу кунад.Дар Маскав низ ба ин воқеият эътироф доранд.Ба иборати дигар дар Русия ба хубй дарк кардаанд, ки Точикистон дар чорчуби сиёсати чандсамтй, дар пайи он аст ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталифро густариш диҳад ва дар ин раванд аз кишварҳои ҳамсоя ақаб намонад.Бо ин вучуд вазири дифои Русия дар мавриди дастёбй ба ҳадафхои мавриди назараш дар музокирот бо мақомоти точик, чандон ноумед нест. Зеро ҳануз Русия басилахоеро барои овардани фишор ба Точикистон дар ихтиёр дорад.Вобастагиҳои низомии Точикистон ба Русия:артиши Точикистон ба таври комил мучаҳҳаз бо тачҳизот ва силоҳҳои сохти Русия аст ва кодрҳои низомии точик низ умдатан дар омузишгоҳҳои Русия таълим мегиранд. Ба иловаи ин ҳузури беш аз як миллион нафар муҳочири кории точик дар Русия, фурсати дигареро дар ихтиёри Маскав қарор додааст, то битавонад аз Душанбе дар мавридҳои зарурй имтиёз касб кунад. Бо ин ҳол Точикистон низ ҳарфҳое барои гуфтан дорад.Акнун давлати Душанбе дар пайи тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо дигар кишварҳо, аз чумла Чин ва Хиндустон баромадааст,теъдоди қобили мулоҳизае аз афсарони артиши точик дар омузишгоҳҳои ин кишварҳо таълим мегиранд ва ин ду кишвар кумакҳои зиёде дар ихтиёри артиши Точикистон ва неруҳои марзбонии точик қарор додаанд. Дар ин миён кумакҳои низомии кишварҳои ғарбй ба Точикистон низ афзоиш ёфтааст.Аз суи дигар бо имзои қарордодҳо бо Қазоқистон ва Арабистон, Душанбе қасд дорад аз теъдоди муҳочирони кории худ дар Русия бикоҳад.Пурранг шудани ҳузури кишварҳое назири Чин, Эрон, Хиндустон ва бархе кишварҳои ғарбй дар Точикистон аз дигар мавридхоест, ки баёнгар аз талоши Душанбе дар чиҳати коҳиши вобастагиҳо аз Маскав унвон мешавад.
Бо ин ҳол аҳамияти Точикистон дар сиёсатҳои геополитикии Русия ҳамчунон ба қуввати худ боқист, ва ба дидорҳои баъдй вогузор шудани баҳс дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбута, гуёи аз ин воқеият аст,ки ду кишвар ниёзҳои мубраме бо ҳам доранд.Фақат ин бор низ бим аз он меравад, ки дар тасмимгириҳои Душанбе эҳсосот бар мантиқ пируз ояд ва бархе мақомоти точик манофеи шахсй ва гуруҳии худро бар манфиатхои миллй бартар шуморанд.Амре, ки аз заъфи дипломатия точик маншаъ мегирад.

вторник, 8 сентября 2009 г.

Нигоҳе ба сафари раиси чумҳури Ҳиндустон ба Точикистон


Раиси чумҳури Ҳиндустон баъд аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Русия ба Точикистон омад ва дар дидор бо раиси чумҳур, нахуствазир ва раиси мачлиси намояндагони ин кишавр масъалаҳои марбут ба робитаҳои дучонибаро мавриди баҳсу баррасй қарор дод. Ҳарчанд дар ин сафар Пратибҳа Патилро ҳайате аз мақомоти сиёсй, иқтисодй ва тичории ҳинд ҳамроҳй мекарданд, аммо дар поёни дидору гуфтугоҳои мақомоти точик ва ҳинд ҳеч санади расмие миёни тарафҳо ба имзо нарасид. Бо ин ҳол боздиди раиси чумҳурии Ҳиндустон аз Точикистон аз аҳамияти вижае барои ҳарду кишвар бархурдор аст.
Қарори маълум Ҳиндустон қудрати дар ҳоли зуҳур таъбир мешавад ва нуфуз дар кишвархои минтақа аз барномаҳои роҳбурдии давлатмардони ин кишвар маҳсуб мешавад.
Мавзуи музокирот миёни хонуми Пратибҳа Патил бо Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури Русия ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Деҳлии нав бар он шудааст, то ҳамкориҳои низомиро дар садри равобити худ бо ин ду кишвари Шуравии собиқ қарор диҳад. Ҳарчанд Кремл бар ин бовар аст, ки равобити Русия ва Ҳиндустон бештар ба ҳамкориҳои тичорй устувор аст ва ду тараф бояд дар чиҳати густариши ин ҳамкориҳо бештар кушо бошанд, аммо Деҳлии нав бар ин умед аст, ки бахшҳое назири энержй, фазонавардй, энержии атомй, фаннй ва низомй низ чузъи авлавиятҳо дар барномаи ҳамкориҳо бошанд.Ин мавзуъ дар нисбати ҳамкориҳо бо Точикистон низ матраҳ аст ва бозсозии фурудгоҳи Айни (дар 20 км. чануби Душанбе), ҳамчунин омузиши кодрҳои неруҳои мусаллаҳи Точикистон дар омузишгоҳҳои Ҳиндустон дар ҳамин росто сурат гирифтаанд.Қобили зикр аст, ки бозсозии фурудгоҳи низомии Айни, аввалин иқдоми Ҳиндустон дар сохти пойгоҳи низомй дар хорич аз каламрави ин кишвар буд.Бо ин ҳол тамоили Деҳлии нав ба тавсаъаи ҳамкориҳои низомй дар шароите боло гирифтааст, ки ин мавзуъ барои Душанбе ва Маскав чойгоҳи мутафовите дорад. Бидуни шак Маскав дар канори ҳамкориҳои иқтисодй, аз густариши ҳамкориҳои низомй бо Ҳиндустон низ суди фаровоне хоҳад бурд.Зеро Ҳиндустон дар гузашта муттаҳиди Иттиҳоди Шуравй буд ва ҳудуди 60% ниёзҳояш ба аслиҳа ва тачҳизоти низомиро аз тариқи воридот аз Иттиҳоди Шуравй бароварда мекард. Ҳарчанд имруз бозори аслиҳа ва тачҳизоти низомии Ҳиндустон аз инҳисори Русия то ҳадде хорич ва Амрико ва Исроил дар ин бозор фаъол шудаанд, аммо Маскав ҳамчунон аз муомилоти низомй бо Деҳлии нав даромадҳои зиёде касб мекунад.Аз суи дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон чалби эътимоди давлате чун Ҳиндустон барои Русия аз аҳамияти волои стротегй бархурдор хоҳад буд.
Аммо мавзуи ҳамкориҳои низомии Точикистон ва Ҳиндустон аз чанбаҳои дигаре бархурдор аст ва Точикистон ин ҳамкориҳоро дар ростои тақвияти зербиноҳои иқтисодй ва низомии худ анчом медиҳад.Ба иборати дигар Точикистон ба ин умед аст, ки бо густариши равобити ҳамачониба бо Ҳиндустон битавонад сармояҳои бештареро аз ин кишвар барои тарҳҳои муҳими хеш чалб кунад. Ин амр, яъне чалби сармояи ҳинд ба иқтисоди Точикистон то имруз камрангтар аз он аст, ки тасаввур мешавад.Мубодилоти тичорй миёни ду кишвар тайи ҳафт моҳи гузаштаи соли чорй фақат 25 млн. доллар будааст. Агар аз як тараф набуди роҳҳои мустақим миёни ду кишвар сабаби дар сатҳи пойин қарор доштани равобити тичорй ва иқтисодй бошад, аз суи дигар таваччуҳи бештари Ҳиндустон ба ҳамкориҳои низомй мучиби чунин вазъе шудааст.Аммо акнун аз мавзуи мавриди баҳс дар музокироти ахири тарафҳои точику ҳинд ба хубй бар меояд, ки Деҳлии нав ниёзҳои аввалияи Точикистонро дарк кардааст ва аз ин ба баъд сармоягузорй ва мушорикати фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистонро дар дастури кор қарор хоҳад дод.
Дар канори чунин руйкарде, сафари ахири раиси чумҳури Ҳиндустон ба Русия ва Точикистонро набояд чудо аз рақобати қудратҳо тавсиф кард.Бидуни шак, ҳамин мавзуъ пойи раиси чумҳури Ҳиндустонро ба ин ду кишвар кашондааст. Ҳарчанд дар Ҳиндустон мақоми раиси чумҳур як мақоми ташрифотй аст, аммо ин сафар баёнгар аз стротегияи ояндаи Деҳлии нав дар қлқмрави пасошуравй аст.Дар ҳамин росто, яъне чорчуби рақобати қудратҳо, Русия талош дорад бо истифода аз имконият ва зарфиятҳои иқтисодии Ҳиндустон пеши роҳи густариши нуфузи иқтисодии Чинро дар он чи ки минтақаҳои суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, бигирад.Ҳамчунин бо ҳифзи иттиҳод бо Ҳиндустон, дар рақобат бо тавсаъаталабиҳои Амрико дар чаҳон аз шанси бештаре бархурдор бошад. Ин мавзуъ барои Точикистон аз он чиҳат дорои аҳамияти бештар аст, ки Покистон - рақиби суннатии Ҳиндустон низ бо Душанбе равобити густурдае дорад ва фаъолиятҳои низомии Деҳлии нав дар Точикистон наметавонад Исломободро бетараф бигзорад.Покистон бар ин бовар аст, ки иқдомҳои низомии Ҳиндустон дар Точикистон таҳдиде барои амнияти давлати Исломобод хоҳанд буд, аз ин ру мақомоти ин кишвар борҳо эълом кардаанд, ки фаъолиятҳои Деҳлии нав дар Осиёи Марказиро бо диққат таҳти назорат доранд. Чунин вазъе имкониятҳои бештареро пеши руи Точикистон қарор хоҳад дод, то битавонад бо истофода аз рақобатҳои мавчуд, барномаҳои худро дар чиҳати чалби сармоя беҳтар амалй кунад.Ба вижа дар шароите, ки ҳам Покистон ва ҳам Ҳиндустон ниёз ба барқи арзони Точикистон доранд, сармоягузории онҳо дар бахши энержии Точикистон метавонад ба ичрои барномаҳои давлати Душанбе дар ин замина суръти бештаре бахшад.

суббота, 5 сентября 2009 г.

Фар - ҳанги ришва дар Точикистон


Точикистон - сарзамине, ки чун чон дусташ дорам, дубора маро дар огуш гирифтааст.Ачаб гуворою лаззатбахш аст ин огуш, хоса замоне, ки ин огушро пазмон мешавй!
Аммо...
Чанд рузе корафтода будам дар идороти кисмати шимоли Точикистони махбуб, дар шахри Хучанд. Чихо дидам?! Кош намедидам! "Идорашинхо", онхое, ки худро "хидматгузори халк" меноманд ва аз хисоби андозҳои хамин мардум маош мегиранд, хамчун зулук (ман ибораи дигаре пайдо накардам) хуни ин мардумро мемаканд.Ба идораи андоз, нотариус, шиноснома... сар задам.Коғазҳои маро аз дастам мегирифтанд ва дар холе, ки хеч "нагрузкаи корй" надоштанд, "ако баъди се-чор руз хабар гиред" мегуфтанд.Баъд медидам, он корафтодагон, яъне муштариёне, ки хамрох бо номаашон "чойпулй" медоданд, корашон фавран ичро мешуд.Яъне ришва медоданд ва кори худро рох меандохтанд.Яъне ман хам бояд ришва дихам!
Корафтодае, ки пуле барои додан надошт, вакти худро сарфи рафту омад аз идора ба идора мекард ва соатхо, хатто рузҳо пушти дари идорахо мунтазир мемонд.
Касе аз ин "навхочагони навкиса", ки бо василае курсии мансаб зери думғозаашон карор гирифтааст, намеандешид, ки ин корафтодаи бечора шабхои берушнойи ва дастурхоне холй аз ғизои гарм дорад. Касе аз ин мансабдораконро ба хотир намеомад, ки хамин корафтодаи бечора, як шаби бебарк ва сардеро паси сар кардааст ва аз нохия ба шахр омадааст, то кореро сару сомон бахшад.На! Ин харфхо ба гуши ин мансабдоракон рох пайдо намекунанд.
Шумо савол медихед, ки чаро бе факту ракам менависам. Охир он кадр ин факту ракамхо зиёданд, ки ... Аз суи дигар, тавре маълум мешавад, он чй ман мегуям сухани наве нест, хама, хатто масъулон инро ба хубй медонанд.
Ба дустам, рузноманигори варзида ва шоири боистеъдод - Чура Юсуфй дарди дил кардам.Дар посух оҳи талхе кашид.Оре, тавре ки мегуянд "об аз сар лой аст".Аммо ин савол зехнамро машгул медорад, ки: "Бо ин хол мо ба кучо меравем?" Рохе печида, нохамвор, бе уфуқе рушан, чизи дигаре ман намебинам.
Аз Душанбе бо рохи заминй ба Хучанд меомадем.Ба иловаи постгоххои давлатии бозрасй, дар бисёре аз минтакахои ин рох милисахо истода, аз ронандагон "чойпулй" мегирифтанд.Ба ронанда гуфтам охир ин ду милиса гайриконунй ин чо истодаанд, чаро ба онхо пул додй? Гуфт: Эй ака, ту соле як бор аз ин рах мегузарй, ман зиндагиамро аз хамин хисоб мечархонам, агар пул надихам ё конунигарй кунам, дафъаи дигар бахонае меёбанду азобам медиханд. Ду сомонй садакаи сар!
Шояд ҳақ бо ин ронанда бошад, аммо касе аз масъулон боре хам аз ин милисахое, ки канори рох ғайриконунй меистанд, (махсусан аз Шахристон то Истаравшан ва баромадгоҳҳои Истаравшан шуморашон зиёд аст!!!), бозрасй накардааст.
Ба назари ман чунин намуд, ки дар Точикистони азиз ришва додан ва ришва гирифтан дар холи табдил шудан ба як фарҳанг аст. Чй фарҳанге?! Фарре дар он намебинам ба чуз "ҳанг".
Хонандаи азиз, мо бо ин вазъ ба кучо хоҳем рафт?

четверг, 3 сентября 2009 г.

Қирғизистон:исломшиносй ё исломситезй?


Давлати Кирғизистон тасмим гирифтааст аз соли таҳсилии 2010-2011 дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар омузиши улуми диниро ба роҳ монад. Дар ин робита Ожонсии давлатии умури дин қонунеро таҳия намудааст, ки интизор меравад ба зудй ба баррасии порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Ин барнома пешбинй мекунад, дар мактабҳо аз соли панчуми таҳсил ба донишомузон таълимоти динй ё диншиносй тадрис хоҳад шуд ва дарсҳо тавассути муаллимони дунявй, на ба истилоҳ муллоҳо, омузонида хоҳанд шуд. Хадаф аз чорй кардани омузиши дин дар мактабҳо ошно кардани донишомузон ба таълимоти динҳои мухталиф ва ба онон омузондани фаркият миёни масехият ва ислом, масеҳият ва буддойи ... ва амсоли ин унвон шудааст.
Бояд гуфт, ки Киргизистон аз чумлаи кишварҳоест дар Осиёи Марказй, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол аз густариши тундгаройии исломй ранч мебарад. Ин мавзуъ ба гунае густариш ёфта, ки борҳо амнияту суботи Киргизистонро ҳадаф қарор дода ва бо таваччуҳ ба мавқияти чугрофиёйи қаламрави ин кишвар чандин бор майдони таҳаррукоти гуруҳҳои ифротй гардидааст. Аз суи дигар,масъулони қиргиз яке аз далелҳои ру овардани мардум, ба вижа чавонон ба фирқаву равияҳои мухталифи мазҳабй ва гароиши мусалмонон ба дину мазҳабҳои дигарро дар поён будани сатҳи динии чомеа медонанд.Аз ин ру дар сададанд, то бо омузиши таърихи динҳои мухталиф ва ошно кардани чавонон ба таълимоти динҳои бузурги олам, аз нигарониҳои худ дар ин замина бикоҳанд.
Воқеияти дигари чомеаи Киргизистон ин аст, ки дар шароити афзоиши тамоилоти мазҳабии мардум ва ба далели набудани таълимгоҳҳои исломй, афрод ва ниҳодҳои мухталифе вориди амал шудаанд ва бо чалби мардум ба маҳфил ва дарсҳо, исломро бар тибқи майлу иродаи хеш таълим медиҳанд.(Дар ин миён фаъолияти дигар фирқа ва равияҳои гайриисломиро низ набояд нодида гирифт).Бар асоси оморҳои расмй, дар айни ҳол дар Киргизистон 45 мадрасаи динй, 8 донишкадаи исломй ва як донишгоҳи исломй фаъолият мекунанд.Хамзамон бо ин дар ин кишвар 15 мадраса ва мактаби динй ба таври гайриқонунй фаъолият мекунанд ва ҳар кадом барномаҳои таълимии худро доранд.Ба иловаи ин ҳама, дар назди масчидҳо низ дарсҳои қуръонй амал мекунанд, ки гуфта мешавад хоҳишмандони зиёде доранд.
Дар шароите, ки густариши ангезаҳо ва тамоилоти динталабии мардум чомеаҳои пасошуравиро фаро гирифтааст ва неруҳои исломй ба унвони аслитарин рақиби давлатҳои худкома дар Осиёи Марказй дар ҳоли шаклгирй ва тақвияти сохтории худ ҳастанд, иқдоми давлатмардони Бишкек талоше дар чиҳати таҳти назорат даровардани ин раванд таъбир мешавад. Аз суи дигар масъулони қиргиз бар он шудаанд, ки бо тасвиби қонуни чадид фаъолиятҳои динии мардумро таҳти контрол гирифта, исломро ба гунае, ки худ мехоҳанд, ба мардум муаррифй кунанд. Чунин руйкард дар нисбати эътиқодҳои мазҳабии мардум ҳосиле чуз печида шудани мавзуъ надоштааст ва намунаи онро метавон дар Узбакистон мушоҳида кард. Аз ин ру иқдоми чадиди давлати Бишкек дар чиҳати ба истилоҳ танзими омузишҳои динй, чунончй ба самти тобеи сиёсатҳои давлат намудани боварҳои динии мардум ва пешгирй аз фаъолиятҳои озодонаи динии мардум пеш равад, сиёсате аз ҳоло шикаст хурда хоҳад буд.
Бо ин ҳол, омузиши дин дар мактабҳо иқдомест, ки ниёз ва зарурати чомеаи мусалмони қиргиз онро шакл додааст.

вторник, 1 сентября 2009 г.

Даргириҳо дар қалби Узбакистон


Чумҳурии Узбакистон дар ҳоле 18-умин солгарди истиқлоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар таҳти тадбирҳои шадиди амниятй қарор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шаҳри Тошканд бори дигар саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона буд. Дар ин бора расонаҳои мухталиф хабарҳои зидду нақизе мунташир намуданд, ки тибқи маъмул сукути мақомоти расмиро ба ҳамроҳ дошт. Бо ин ҳол, иттилои мавриди эътимоди бештар он буд, ки рузи 29 август дар минтақаи "шаҳри куҳна"-и пойтахти Узбакистон, дар наздикии масчиди "Кукча" байни чанд фарди мусаллаҳ ва нируҳои пулис даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Хабарҳои тасдиқнашуда аз кушта шудани 3 то 6 нафар ҳикоят доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамзамон бо ин дар чанд минтақаи шаҳри Тошканд даргирии афроди мусаллаҳ бо неруҳои интизомй руй дод. Дар пайи ин ҳодиса неруҳои амниятй ва интизомии узбак вориди амал шуданд ва минтақаҳои "ноором"ро ба муҳосираи шадид дароварданд. Аз чумлаи арзёбиҳо аз ҳодасаҳои Тошканд он аст,ки кормандони милисаи узбак барои тафтиши ду фарди шубҳанок вириди як бинои истиқоматй мешаванд, аммо ин афрод дарро боз намекунанд ва ҳамин тавр тирпарронй байни ду тараф оғоз мешавад. Дар ин арзёбй ин ҳодиса "амалиёти махсус" унвон шуд.
Бо таваччуҳ ба ин ки даргириҳои Тошканд дар остонаи рузи истиқлоли Узбакистон иттифоқ афтод, бозтоби густурдае дар расонаҳои минтақайи ва фароминтақайи дошт. Зеро сиёсати хафақон, ки давлатмардони узбак пеш гирифтаанд, ин интизорро тақвият кардааст, ки ин кишвар дар ниҳоят аз дохил мунфачир хоҳад шуд. Ба иборати дигар,пешгуиҳо дар мавриди ин ки Узбакистон дар ояндае на чандон дур дастхуши нооромиҳо хоҳад шуд, даргириҳои Тошкандро ба як паёмаде ғайриқобили инкор табдил кардаанд. Бо ин ҳол руйдодҳои Тошканд аз чанд зовия қобили арзёбй ва баррасианд.Аввал ин ки вуқуи чунин ҳодисае дар остонаи чашни миллии Узбакистон ба он ишора дорад, ки неруҳои мухолифи давлати Узбакистон ба ин восита аз худ дарак доданд ва талош карданд таваччуҳи чомаеи чаҳониро ба сиёсати худкомаи давлатмардони узбак чалб кунанд, то шояд ниҳодҳои байналмилалй дар ростои риояти ҳуқуқи башар Тошкандро таҳти фишорҳои бештаре қарор диҳанд.Дуввум, ин эҳтимол чой дорад, ки бастагони афроди таҳти боздошт ва шиканча дар зиндонҳои Узбакистон талош доранд бо ноором кардани кишвар ва таҳрики эҳсости мардум таваччуҳро ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Узбакистон чалб кунанд ва нишон диҳанд, ки мухолифат дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Саввум, нируҳои мухолифи Ислом Каримов, ки гуфта мешавад ахиран аз беморй ранч мебарад, ин барномаро тарроҳй караданд, то беҳосилии сиёсатҳои саркуби раиси чумҳури Узбакистонро ба намоиш гузоранд. Цахорум,тибқи риволи роич дар хадамоти амниятии бисёре аз кишварҳо, ин ходиса саҳнасозии мақомоти амниятии узбак буд, то бо ин баҳона битавонанд, мухолифони худро бештар саркуб кунанд ва фурсати тозае барои қудратнамойи дошта бошанд.(Харчанд ин бор дар ибтидои ҳодиса муҳри иттиҳом ба неруҳои исломй зада нашуд, аммо милисаи узбак бо таҳти контроли шадид гирифтани минтақаи ҳодиса ва тамоми маркази вилоят ва ноҳияҳо, қабл аз ҳама афроди ришдорро мавриди боздошт ва бозчуйи қарор додааст).Панчум, ин ҳодиса қудратнамойии доираҳое буд, ки мехоҳанд дар Узбакистон нуфуз дошта бошанд:қарори маълум давлати Тошканд бо пеш гирифтани сиёсати бозй бо қудратҳо, гоҳ ба тарафи Русия рафтааст ва гоҳе ба суи Гарб ба саркардагии Амрико. Чунин сиёсате табъи дили ҳеч як аз тарафҳои рақиб намебошад, аз ин ру ин қудратҳо бо вориди амал намудани афроди вобаста ба хеш ин паёмро доданд, ки метавонанд ҳатто дар қалби ин кишвар барномаҳои худро ба ичро гузоранд.Шашум ва ...
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2009 барои саввумин бор аст, ки Узбакистон дастхуши нооромиҳо мешавад. Нахуст, шаби 26 май афроди ношинос посгоҳи милисаи Хонобод дар вилояти Андичонро мавриди ҳамла қарор доданд ва рузона чанд таркиш дар шаҳри Андичон ба вуқуъ пайваст.Дар ин таърих нахустин ҳамлаи маргталабона дар Осиёи Марказй иттифоқ афтод.Дуввум, мохи август дар ноҳияи Бахмал, вилояти Чиззах даргирии мусаллаҳона миёни афроди ношинос ва марзбонони узбак руй дод.Саввум,руйдодҳои ахири Тошканд.
Ба назар чунин мерасад, ки сиёсатҳои пешгирифтаи давлати Тошканд ба бор нишастаанд ва ин кишвар дар раванди ташаннучи авзоъ қарор гирифтааст. Сарфи назар аз шарҳу тафсири сарони Узбакистон, ки ин бор низ шоҳиди он хоҳем буд,сиёсати диктотурй дар ҳеч шакле умри абад нахоҳад дошт, ҳамон гуна, ки таьрих шикаст ва фурупошии бисёр режимҳои диктотуриро дар ҳофиза дорад.Аммо дар марҳалаи кунунй зоҳиран давлати Тошканд тавонистааст дар доираҳои мухолифи хеш нуфуз кунад ва фаъолиятҳои ононро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибарад.Бо ин вучуд чунин сиёсате дар дарозмуддат корсоз нахоҳад буд. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ва Русия низ дар созмону ниҳодҳои мухолифи давлати Тошканд то ҳадди қобили мулоҳизае нуфуз доранд ва қодиранд дар мавридҳои зарурй аз омилони хеш дар ин созмонҳо барои пешбурди ҳадафҳояшон дар Узбакистон истифода кунанд. Аз суи дигар, гуфта мешавад, ки фаъолияти бо ном афроди Ҳаракати исломии Узбакистон дар Точикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя чизе чуз пешбурди барномаҳои хадамоти вижаи давлати Тошканд дар ростои барномаҳои стротегиаш дар минтақа нест. Чудо аз ин ҳама руйкрдҳои шеваи кунунии мақомоти узбак дар бархурд бо мухолифони хеш ва умуман дигарандешон, чизе чуз бозй бо оташ таъбир намешавад.

вторник, 7 июля 2009 г.

Террористон ба Осиёи Марказй меоянд ё ононро меоранд?



Вактхои охир расонахои минтакайи ва фаромитакайи дар бораи хамлаи толибон ба Осиёи Марказй матолиби мухталифе ба табъ расондаанд. Аз ин навиштахо чунин бармеояд, ки дар ояндае на чандон дур маркази нооромихо ба ин минтакаи стротегй мунтакил хохад шуд.
Расонаҳои ғарбй бо истифода аз ҳар фурсати пеш омада, талош мекунанд ин гуна илқо кунанд, ки ин минтақа ҳадафи баъдии терористони байналмилалй хоҳад буд. Чунин иддаоҳо ба вижа баъд аз ташдиди амалиёти неруҳои Покистон алайҳи толибон ва оғози амалиёти муштараки неруҳои амрикойи ва инглисй алайҳи шуришиён дар Афғонистон, доманаи бештаре касб кардаанд. Дабири кулли НАТО бо тасдиқи эҳтимоли убури нируҳои толибон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳушдор дод, ки НАТО нахоҳад тавонист аз чунин иқдоме пешгирй кунад. Бо ин ҳол овозаҳо дар бораи ҳамлаи гуруҳҳои ифротй ба Осиёи Марказй аз чанд зовия қобили арзёбй аст. Аввал ин ки ташдиди ҳамалоти неруҳои покистонй ва амрикойи ба гуруҳҳои тундрав дар қаламрави Покистон ва бархе манотиқи Афғонистон, ҳамчунин даргириҳои ахир дар Точикистон, Қирғизистон ва Узбакистон то ҳадде дурустии чунин иддаоро тасдиқ кардааст. Дуввум, ба назар чунин мерасад, ки бархе аз сарон ва масъулони Осиёи Марказй бо истифода аз шароити ҳоким дар минтақа, бо бузургнамойии таҳдиди ифротиён ба суботу амнияти Осиёи Марказй, дар пайи касби имтиёзҳои бештар аз кишварҳои хоричй ва ниҳодҳои байналмилалй ҳастанд. Саввум, хадамоти вижаи қудратҳои ғарбй, ки нуфузи қобили мулоҳизае дар доираҳои ба истилоҳ чиҳодй доранд, бо вориди амал намудани омилони худ дар минтақа, дар пайи онанд, ки ҳокимони худкомаи Осиёи Марказиро аз хатари вуқуи даргириҳо тарсонанд ва онҳоро водор ба ичрои хостаҳои худ (истиқрори неруҳои низомй, ташкили пойгоҳҳо, истифодаи тронзитй аз қаламравашон ...) намоянд. Чаҳорум, ҳеч чои шаку шубҳа нест, ки ин ҳама овозапароканй бахше аз рақобати қудратҳо барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз дар Осиёи Марказй мебошад. Панчум, дар ин миён таъкид ва ишораҳои рай дар пай ба ноамншавии дарраи Фарғона, идомаи ҳамон сиёсати "тафриқа афкану ҳукумат кун" аст. Ҳар гуна даргирй дар Фарғона, ки дар миёни се чумҳурии Точикистон, Кирғизистон ва Узбакистон тақсим шудааст, ба маънии ноором шудани ин се чумҳурй ва дар кул Осиёи Марказй хоҳад буд. Аз ин ру барномаҳое руйи даст гирифта шудаанд, ки мучриёни фароминтақайии он, талош доранд аз ин тариқ барои худ чойи пои бештаре пайдо кунанд.
Аммо дар ин миён як нуктаи дигар чалби таваччух мекунад ва он ин ки бо ин хама тачхизот ва техникае, ки нерухои эътилофи зиддитерор дар ихтиёр доранд, оё имкони гузаштан аз марзхо барои толибон ва дигар гуруххои ифротй вучуд дорад? Дар посух ба ин пурсиш ин акида таквият мешавад, ки бе мусоидати хадамоти махсуси хамин кишвархои ба истилох "мубориз алайхи тероризм" хеч толибе наметавонад аз марзхои Осиёи Марказй гузар кунад. Ба иборати дигар толибонро ба ин минтака меоранд, то аз онхо дар ростои хадафхои худ кор гиранд.
Бо чунин руйкарде, интизор меравад сарфи назар аз иродаи мардуми минтақа, Осиёи Марказй дар солҳои оянда дастхуши таҳаввулоте ғайриқобили пешбинй хоҳад шуд.Тарзи бархурд бо авзои хосил аз ракобати кудратхо ва буҳрони молй тавассути ҳокимони минтақа метавонад бар паёмадҳои ин таҳаввулот таъсири чиддй бигзорад.

вторник, 23 июня 2009 г.

Эҳтимоли нооромиҳо дар Узбакистон


Аз матолиби нашрияҳои русй дар мавриди напайвастани Узбакистон ба муоҳидаи ташкили неруҳои чамъийи зудамали Паймони амнияти чамъй (ПАЧ) бармеояд, ки ин иқдоми Тошканд нохушнудии Маскавро доман задааст. Дар таҳлилҳои марбут ба ин мавзуъ, аз Узбакистон ба унвони шарики номутмаъин ва фурсатталаб ёд шудааст.
Рузи 14 июн дар нишасти сарони кишварҳои узви ПАЧ ҳузур наёфтани Александр Лукашенко, раиси чумҳури Белорус ва худдории Ислом Каримов аз имзои қарордоди ташкили неруҳои чамъийи вокуниши сареъ, Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русияро ба таври ғайримунтазира ноумед кард.Маскав бори дигар дар иқдом барои таҳкими нуфуз дар қаламрави Шуравии собиқ, ноком воқеъ шуд.
Идеяи ташкили неруҳои зудамал аз муддатҳо қабл дар зеҳни мақомоти Кремл мечархид ва онро бори аввал Николай Бордюжа, дабири кулли ПАЧ дар як нишасти хабарй, моҳи феврали соли чорй дар Маскав баён намуд.


Эҳёи Шартномаи Варшава ва ҳифзи бозори силоҳ

Ба назар чунин мерасад, ки Русия бо густариши ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар пайи он аст, ки ниҳоде шабеҳи Шартномаи Варшава эчод кунад ва аз ин тариқ тамоми фаъолиятҳои низомй ва амниятии кишварҳои қаламрави Шуравии собиқро тақти назар қарор диҳад. Албатта мақомоти баландпояи Кремл ҳамеша чунин иддаоҳоеро рад кардаанд, аммо бо таваччуҳ ба авзои минтақа ва чаҳон воқеият ин аст, ки бидуни чунин ҳамкорй Русия дар ичрои ҳадафҳои хеш дар он чи ки "минтақаҳои суннатии нуфузи худ" меномад, муваффақ нахоҳад буд. Аз суи дигар, Русия қасд дорад, бо тақвияти ҳамкориҳои низомй, зимни дар даст нигоҳ доштани бозори таслиҳот дар Осиёи Марказй ва Қафқоз, артиши ин кишварҳоро дар чорчуби сохтории артиши худ нигоҳ дорад. Албатта, ҳамкориҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказй ва Кафқоз фақат бо Русия маҳдуд намешавад ва ин кишварҳо бар хилофи иродаи Маскав дар бахшҳои низомй бо Амрико, кишварҳои аврупойи, Ҳиндустон, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо ҳамкориҳо доранд.

Узбакистон шарики бе эътимод

Аксари соҳибназарони рус, ҳамчунин теъдоди қобили мулоҳизае аз сиёсиюни ин кишвар бар ин боваранд, ки Тошканд ҳеч вақт шарики вафодори Маскав набудааст ва низ нахоҳад шуд. Бино бар ин дидгоҳ, Ислом Каримов ҳамеша бо истифода аз фурсат робитаҳои худро бо Маскав тарроҳй кардааст ва дар даврони пасошуравй беш аз ҳар кишвари дигаре ангезаҳои Маскавситезй доштааст. Табдили хати кириллй ба лотин, маҳдуд кардани истифода аз забони русй, чойгузин кардани мутахассисони рус бо кадрҳои бумй (умдатан узбак) аз чумлаи ин ангезаҳо таъбир мешаванд. Тайи 18 соли истиқлолияти хеш, давлати Тошканд ҳамвора талош кардааст аз нақши Русия ба унвони "бародари бузург" бикоҳад ва бо наздик шудан ба кишварҳои Шарқу Ғарб, доираи фаъолиятҳои Русияро маҳдуд намояд.
Тошканд бори охир дар соли 2005, дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи Андичон барои муддате зери чатри амниятии Русия паноҳ бурд. Аммо ба маҳзе, ки бо Иттиҳодияи Аврупо канор омад, аз нав дар пайи афзудани фосила бо Маскав баромад.

Сабабҳои напайвастани Узбакистон ба қарордод

Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар китоби худ "Узбакистон дар остонаи қарни 21" Узбакистонро чузъи кишварҳои ғайри мутааҳид, кишварҳое, ки ба ҳуч паймони низомй ҳамроҳ нестанд, унвон ва таъкид кардааст, ки кишвараш ба ҳеч як аз паймонҳои низомй вормд намешавад ва муқобили таъсиси ҳар гуна ниҳоди низомй-сиёсй дар минтақа хоҳад буд. Дар қонуни асосии Узбакистон низ ишораҳое ба ин мавзуъ шудааст. Бо таваччуҳ ба ин, напайвастани Тошканд ба қарордоди ташкили неруҳои зудамали ПАЧ мантиқй ба назар мерасад. Аммо далелҳои дигаре низ чой доранд, ки Тошкандро водор ба чунин коре намудаанд. Аввал ин ки Тошканд аз он бим дорад, ки дар ин ниҳоди чадид, ки тасмимгириҳо бар асоси раъйи аксарият анчом хоҳанд шуд, бо пешниҳоди Қирғизистон ва Точикистон асноде хилофи манофеи Тошканд ба тасвиб бирасанд. Дуввум, кишварҳои узв уҳдадор ба ичрои масъулиятҳое хоҳанд буд ва Тошканд ҳозир нест дар нисбати Қирғизистон ва Точикистон, ки равобити начандон матлубе дорад, тааҳудеро бипазирад. Саввум, Узбакистон намехоҳад дар ҳар гуна нооромиҳои эҳтимолй низомиёни кишвари дигаре вориди қаламраваш шаванд, зеро ба эътиқоди Тошканд саркуби ҳар гуна эътироз ва нооромиҳо дар ҳар манотиқе аз Узбакистон тавассути неруҳои худй бештар ба нафъи кор хоҳад буд.
Дар мачмуъ, чунин бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй Узбакистон ҳозир нест низомиёнаш дар манотиқи "доғ" ҳузур пайдо кунанд ва низомиёни кишварҳои Шуравии собиқ вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

Нооромиҳо аҳраме барои Русия?

Баррасии тҳаввулоти чанд соли ахири Узбакистон нишон медиҳад, ки ин кишвар фақат дар ҳоле ба Маскав ру овардааст, ки аз нигоҳи амниятй дучори мушкил шудааст. Ба иборати дигар, сарфи назар аз тамоилоти маскавситезй, давлатмардони Тошканд ҳар аз гоҳе чиҳати таъмини амнияти хеш руи ниёз ба Маскав овардаанд. Аз чумла, инфичорҳои феврали соли 1999, нуфузи афроди ҳаракати исиломии Узбакистон ба Қирғизистон дар тобистони соли 1999 ва солҳои 2000 ва 2001, силсилаи таркишҳои моҳи апрел дар Тошканд, ҳодисаҳои моҳи майи Андичон боис шудаанд, ки Тошканд дар зери чатри амниятии Русия паноҳ бибарад. Охирин аз ин маврид ҳодисаҳои майи 2005 дар Андичон аст, ки Узбакистонро таҳти шадидтарин ҳамалоти дипломатии Ғарб қарор дод ва Русия бо истифода аз фурсат Тошкандро ба оғуши Маскав бозгардонд. Дар идомаи ҳамин раванд Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия тавонист Ислом Каримовро мутақоид ба ихрочи низомиёни амрикойи аз кишвараш кунанд. Дар чавоби ин, Русия низ аз мавзеъҳои Узбакистон дар ниҳодҳои байналмилалй ҳимоят кард ва муҳимтар аз ҳама Тошкандро итминон дод, ки дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард. Бо вучуди чунин муомилоте, ба назар намерасад, ки дустии Маскав - Тошканд бодавом бошад ва инро дар Кремл ба хубй дарк кардаанд.

Ҳифзи қудрат - ҳадафи аслии ҳокимони Осиёи Марказй

Руйкарди Ғарб ва ҳамчунин дигар қудратҳо бо кишварҳои пасошуравй дар Қафқоз ва Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ташвишҳои амниятй созгортарин роҳи нуфуз бар ин давлатҳо будааст. Талоши густариши ҳамкориҳои амниятй ва низомй бо ин кишварҳо ба унвони муассиртарин роҳкор дар чиҳати боз кардани чои по ва тавсаъаи ҳузур, ҳамеша дар авлавияти сиёсатҳои қудратҳои дахлдор дар ин манотиқ қарор доштааст. Аз ин чост, ки қудратҳои мазкур бо бузургчилванамойии таҳдидҳои терористй ва ифротгаройи, ҳамчунин истифодаҳои абзорй аз мухолифини ин давлатҳо, пайваста саъйи кардаанд ҳукуматҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро дар мадори сиёсатҳои хеш нигоҳ доранд. Талоши ҳокимони Қафқоз ва ба вижа Осиёи Марказй барои меросй кардани қудрат, бар шанси ин қудратхо дар ин замина афзудааст.Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки хокимони ин манотиқ дар ҳолатҳое манофеи миллии худро қурбони чоҳталабиашон намоянд.
Бар асоси бархе баррасиҳо ва таҳлилҳо нооромиҳое, ки ҳар аз гоҳе дар Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд, аз тарафи мучриёни пасипардагй ва бо ҳадафи таъйини хати сиёсй барои давлати Тошканд будаанд. Воқеият он аст, ки баъд аз ҳар нооромй тамойили Узбакистон ба самти Русия бештар шудааст.

Эҳтимоли нооромиҳо дар Узбакистон

Қарори маълум напайвастани Узбакистон ба қарордоди ташкили неруҳои зудамал, Русияро дар чиҳати дастёбй ба аҳдофи стротегии худ ба мизони зиёде ноком мондааст ва Маскав наметавонад чунин вазъро ба муддати тулонй таҳаммул кунад. Зеро густариши нуфузи Ғарб, ба вижа НАТО дар қаламрави Шуравии собиқ манфиатҳои Маскавро ба таври чиддй таҳти таҳдид қарор хоҳад дод. Аз суи дигар Русия, ки қасди назорати комил бар бозори энержии Осиёи Марказиро дорад, бо фосила гирифтани Узбакистон, ҳамчунин Туркманистон, дар ин бахш аз аҳдофи худ низ номуваффақ хоҳад монд. Аз ин ру ин эҳтимол чой дорад, ки мухолифони давлатҳои Осиёи Марказй, ба вижа мухолифони Ислом Каримов вориди амал шаванд. Ба иборати дигар, бозй бо қудратҳои Ғарбу Шарқ ва такя кардани ба пуштибонии ин қудратҳо Осиёи Марказиро дар остонаи нооромиҳои тоза қарор хоҳад дод. Эҳтимолан дар ояндае на чандон дур ин нооромиҳо аз Узбакистон оғоз хоҳанд шуд.

пятница, 5 июня 2009 г.

Чангҳои ояндаи Осиёи Марказй аз водии Фарғона шуруъ мешаванд?




Руйдодҳои ахири Андичон таваччуҳро ба гузориши як сол қабли вазорати хоричаи Амрико бештар намудааст. Ин вазоратхона гузорише дар мавриди вазъи терроризм дар кишварҳои чаҳон мунташир намуд, ки дар он аз чумла бахше ба кишварҳои Осиёи Марказй ихтисос дошт. Албатта ин ки чаро чунин гузорише на тавассути ниҳодҳои марбутаи байналмилалй, балки аз тарафи вазорати хоричаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунташир мешавад, чои баҳс дорад ва ин мавзуе аст, ки бояд ба таври чудогона ба он пардохт. Бо ин вучуд, ин кор мухолифони сарсахти худро дорад ва бетафовутии иддаи қобили мулоҳизае аз кишварҳо нисбат ба гузориши вазорати хоричаи Амрико аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Ба илова, вазорати корҳои хоричаи Чин соли қабл бо интишори гузорише Амрикоро ба поймолкунии ҳуқуқи башар ва демократия муттаҳам карда буд.
Аммо баргардем ба гузориши вазорати хоричаи Амрико. Ин гузориш 7 майи соли 2008 мунташир шуд. Дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказй навиштааст:"Чонибдории мустамари кишварҳои Осиёи Марказй аз мубориза алайҳи терроризм, боиси коҳиши иқдомоти террористй гардид. Бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида Амрико кишварҳои Осиёи Марказй тавонистанд нируҳои марзбонии худро тақвият кунанд ва ба манзури хунсо кардани таҳаррукоти гуруҳҳои террористии фароминтақайи ва қочоқчиёни маводи мухаддир, посгоҳҳои нав таъсис диҳанд."
Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст:" Тули беш аз ҳади марзҳо ва фасоди молй дар маҳалҳо , ҳамчунон талоши кишварҳои Осиёи Марказиро дар чиҳати ҳифозат аз марзҳо камранг кардааст. Афзоиши норизоятии мардум аз амалкарди сохторҳои давлатй ва рушди кунди иқтисод, шароитро барои ифротгароён ва террористҳо чиҳати дар дом гирифтани афрод дар манотиқе ҳамчун водии Фарғона, фароҳам намудааст."
Нуктаи қобили таваччуҳ дар ин бахш аз гузориши вазорати хоричаи Амрико, ишора ба водии Фарғона ба унвони маҳалли эҳтимолии нооромоҳои оянда дар Осиёи Марказй мебошад.


Осиёи Марказй ва Осиёи Миёна

Ахиран таваччуҳи кишаврҳои пешрафтаи саноатй ба Осиёи Марказй ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст. Ин амр чанд сабаб дорад, ки аслитарини он вучуди захираҳои фаровони нафту газ дар ин минтақа аст. Омили дигар, зарфият ва имконоти ин минтақаи стротегй аст.Албатта, дар ин миён мавқеияти чуғрофиёиро низ набояд нодида гирифт.
Қобили зикр аст, ки маҳдудаи Осиёи Марказй аз нигоҳи марзбандии чуғрофиёй аз Осиёи Миёна фарқ мекунад, ҳарчанд дар замони Шуравй ин ду истилоҳ ба маънии воҳид корбурд доштанд. Аммо Осиёи Миёна аз баҳри Каспий (дар ғарб) то марзи Чин (дар шарқ) ва аз бахшҳое аз Аралу Иртиш (дар шимол) то марзи Ирону Афғонистон (дар чануб) тул кашидааст.Ин минтақа чумҳуриҳои Туркманистон, Узбакистон,Точикистон,Қирғизистон ва бхши аъзаме аз Қазоқистонро дар бар мегирад.Осиёи Марказй ба иловаи ин Афғонистон,Муғулистон ва манотиқи шимолй шарқии Чинро дар бар мегирад.
Ба дунболи фурупошии Иттиҳоди Шуравй кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказй ҳамроҳ бо дастаи васее аз мушкилоти худ дар нақшаи сиёсии чаҳон пайдо шуданд. Буҳрони иқтисодй-ичтимойи ин кишварҳоро дар коми худ фуру бурд.Коҳиши сатҳи зиндагй, густариши фақр ва бекорй ва дигар масъалаҳо аз паёмадҳои аввалияи ин буҳрон буд.Ба тадрич баҳсҳои марзй, наҳваи истифода аз манбаъҳои гидроэнергетикй,содирот ва воридоти сузишворй, ба ин масъалаҳо изофа шуданд.Чумҳуриҳои Осиёи Мраказй маъмулан тавассути ҳокимони худкома ва ба истилоҳ "модомулумр" идора мешаванд, ки ин омили поймолкунии ҳуқуқи башар, риоят нашудани меъёрҳои демократй дар ин кишварҳо таъбир мешавад.Ин ҳама мушкилот даст ба дасти ҳам дода Осиёи Марказиро дар поёни асри 20 ва ибтидои асри 21 ба саҳнаи даргириҳо ва куштору ғорат табдил доданд. Аз чумла:
-соли 1989, дар водии Фарғона (Узбакистон) қатли оми туркҳои месхетй сурат гирифт;
-соли 1989, низоъ бар сари об миёни точикҳо ва қирғизҳо дар ноҳияи Лайлак (Қирғизистон);
-соли 1990, даргириҳо миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар вилояти Ош, ки садҳо кушта ва захмй бар чой гузошт;
-солҳои 1992-1997 чанги шаҳрвандй дар Точикистон;
-соли 1998, инфичор дар вилояти Ош, ки омилони он гуруҳҳои тундрави исломй эълом шуданд;
-феврали соли 1999, инфичорҳо дар Тошканд тавассути мухолифони давлати Тошканд;
-тобистони соли 1999, нуфузи афроди Ҳаракати исломии Узабкистон ба манотиқи чануби Қирғизистон, ки ҳадафи худро барчидани режими Каримов эълом карданд.Ин иқдомот дар солҳои 2000 ва 2001 низ такрор шуд;
-ноябри соли 2002, сиуқасди нофарчом ба Сафармурод Ниёзов дар Ишқобод;
-апрели соли 2004, силсила таркишҳо дар Тошканд;
-майи соли 2005,тирборони тазоҳуркунандагон дар Андичон тавассути низомиёни узбак;
-майи соли 2009 нооромихо дар Андичон.
Яке аз манотиқе, ки дар Осиёи Марказй зарфиятҳои бештаре барои вуқуи ихтилофот дорад, водии Фарғона унвон мешавад.


Водии Фарғона


Водии Фарғона минтақаи пайванди се чумҳурии Точикистон,Қирғизистон ва Узбакистон аст, ки иборат аз се вилояти Қирғизистон (Ош, бахшҳое аз Чалолобод ва Боткан), се вилояти Узбакистон ( Фарғона, Андичон ва Намангон) ва як вилояти Точикистон (Суғд) аст.Аҳолии он ҳудуди 12 миллион нафарро ташкил медиҳад. Водии Фарғона аз нигоҳи зиччии аҳолй баъд аз Чин ва Бангладеш дар мақоми саввуми чаҳон қарор дорад, ба гунае, ки дар як километри квадратй (мураббаъ) 360 нафар ба сар мебаранд.Ба ғайр аз сокинони аслй - узбакҳо, точикҳо ва қирғизҳо, дар ин чо 50 ақалияти қавмй зиндагй мекунанд.
Водии Фарғона бо тули 300 километр ва арзи 170 километр, яке аслитарин манотиқи кишоварзй дар Осиёи Марказй ба ҳисоб меравад.Дар асри 18 маркази аслии хонигарии Қуқанд буд, ки беш аз дигар минтақаҳои Осиёи Марказй аҳоли дошт.Дар миёнаҳои асри 19 Русия тасарруфи Осиёи Марказиро маҳз аз ҳамин водй шуруъ намуд.
Водии Фарғона дар ибтидои вуруди истеъморгарони Русияи подшоҳй, ба маркази муқовимат алайҳи тачовузгарони хоричй табдил шуд.Дар соли 1875 дар ин чо шуриши бузурге алайҳи хокимони рус ба вуқуъ пайваст, ки баъдан бераҳмона саркуб шуд ва мучиби барҳамхурдани хонигарии Куқанд гардид.
Дар даврони баъд аз пирузии "инқилоби Октябр",соли 1917 дар Русия ва густариши он ба мустамликаҳои Русия, низ водии Фарғона саҳнаи зуҳури аввалин гуруҳҳои муқовимат гардид, ба гунае, ки дар соли 1919 дар ин чо 40 дастаи бузурги муборизон фаъолият мекарданд.
Тавре ишора шуд,бар асоси марзбандиҳои замони Шуравй, ки ҳамчунон эътибор дорад, водии Фарғона дар байни се чумҳурии Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон тақсим шудааст. Ин марзбандй, ки бар асоси ба истилоҳ "принсипи ленинии ҳалли масъалаҳои миллй" сурат гирифта буд, ба баовари таҳлилгарон, заминаро барои вуқуи низоъҳои миллй фароҳам кардааст. Вучуди маҳдудаҳои ақалияти узбакҳо дар қаламрави Қирғизистон ва точикҳо дар қаламрави Узбакистон ва Қирғизистон тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Дар соли 1989 дар вопасин солҳои ҳаёти Иттиҳоди Шуравй, вилояти Андичон дар водии Фарғона ба маркази даргириҳои қавмй табдил шуд.Ин руйдод, ки барои Иттиҳоди Шуравй ғайриқобили тасаввур буд, даҳҳо кушта ва захмй бар чой гузошт ва дар пайи он ақалиятҳои туркҳои месхетй тавассути миллигароёни узбак аз хонаву кошонаи худ ронда шуданд. Ин рухдод пешгуиҳо дар мавриди шикананда будани субот дар водии Фарғонаро то ҳадде тасдиқ намуд.
Аз суи дигар , дар баҳори соли 1990 дар вилояти Ош , чумҳурии Қирғизистон созмони ғайрирасмии "Адолат" ва ба дунболи он созмони "Ош аймоғй" таҳаррукоти худро густариш доданд. Ҳадафи аслии ин созмонҳо ҳифз ва густариши забон, фарҳанг ва одобу русуми аҳолии узбакзабони ин вилоят буд.
Ба тадрич раҳбарии "Адолат" ба самти қавмгаройи мутамоил шуд, вале "Ош аймоғй" бекифоятй дар раванди созиш ва гуфтугуро аз худ ба намоиш гузошт.Дар моҳи майи соли 1990 чавонони қирғиз тақозо намуданд,ки заминҳои колхоз ба онон вогузор шавад. Ин дархост тавассути ҳокимони маҳаллй, ки умдатан қирғиз буданд ичро шуд, аммо каме баъд тасмим дар ин маврид беэътибор эълом шуд. Моҳи июн аввалин руёруиҳо миёни узбакҳо ва қирғизҳо дар масъалаи замин ба вуқуъ пайваст.Баъдҳо ин руйдод бо номи "фочеаи Ош" дар таърихи таҳаввулоти Осиёи Марказй сабт шуд.
Водии Фарғона дар соли 1991 шоҳиди ошубҳои Намангон ва дар соли 2005 саҳнаи қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичон буд. Ва ахиран 25-26 майи соли 2009 нооромиҳо дубора ба суроғи водии Фарғона омаданд ва ин минтақа аз Осиёи Марказй барои аввалин бор ҳамлаи маргталабонаро шоҳид буд.


Мавқеияти водии Фарғона барои чумҳуриҳои Осиёи Марказй


Нигоҳе ба вазъияти кунунии минтақа баёнгар аз он аст, ки ҳамаи вилоятҳои водии Фарғона барои чумҳуриҳои худ аз аҳамияти вижае бархурдоранд ва дар ҳаёти иқтисодй - ичтимойи нақши муҳиме ичро мекунанд. Дар вилоятҳои Намангон,Фарғона ва Андичон 27,2% аҳолии Узбакистон зандагй мекунад, дар вилояти Ош ва бахшҳои дар водии Фарғона будаи вилоятҳои Чалолобод ва Боткан 51 % аҳолии Қирғизистон ва дар вилояти Суғд 17,7 дар сад аз аҳолии Точикистон зиндагй мекунад. Аз суи дигар дар водии Фарғона вазъиаяти чолиби таваччуҳи геополитикй шакл гирифтааст: Узбакистон бахши умдаи заминҳои кишоварзй ва аҳолии ин минтақа, Қирғизистон куҳҳо ва манбаъҳои обй ва Точикистон танҳо роҳи оҳане, ки водии Фарғонаро ба чаҳони хорич пайванд мекунад, дар ихтиёр доранд.
Имруз водии Фарғона дар гири мушкилоти зиёде аст, ки бино ба таъбири коршиносон "заминасози" бесуботиҳои оянда хоҳанд шуд.Чануби Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Узабкистон минтақаҳои фақрнишин дар кишварҳои худ ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд вилояти Суғд (Точикистон) дар замони Шуравй минтақаи саноатй ва пешрафта буд, аммо тайи солҳои истиқлоли Точикистон сатҳи зиндагй дар ин чо ба шиддат пойин омад. Бар асоси омори Бонки чаҳонй дар соли 2003 64 % аҳолии ин вилоят зери хати фақр зиндагй мекарданд ва имруз вазъ тағйири чандоне накардааст. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй баёнгар аз ин аст, ки дар минтақаҳои рустойии водии Фарғона қашшоқй ру ба густариш аст ва талошҳои мақомоти маҳаллй барои муқобила бо ин падидаи номатлуб, номуваффақ будааст. Дар канори ин, бекорй ки ҳамасола садҳо чавонро ба доми худ мегирад, ба густариши фақру камбағалй мусоидат кардааст. Дар қисмати точикистонии водии Фарғона 27 % аз афроди аз 18 сола боло бекоранд.Дар бахшҳои узбакистонй ва қирғизистонии водй мизони бекорй каме пойинтар аз ин аст, бекорй махсусан дар миёни занон бедод мекунад. Аз чумла бар асоси оморҳои 1 марти соли 2006 60 % аз бекорони вилояти Суғдро занон ташкил медоданд.
Иқтисоди водии Фарғона бар пояи кишоварзй аст.
Нуктаи чолиби таваччуҳ дар гузоришҳои расонаҳои ғарбй, ишора ба водии Фарғона ба унвони минтақаи нооромиҳои оянда дар Осиёи марказй мебошад. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки таваччуҳи Ғарб ба водии Фарғона чалб мешавад. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй борҳо дар гузоришҳо ва санадҳои нашрнамудаи ниҳодҳои ғарбй аз чумла Иёлоти Муттаҳида Амрико аз водии Фарғона ба унвони конун ва маркази низоъҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.
Ба назар чунин мерасад, ки ишора ба водии Фарғона амре тасодуфй набуда, сиёсати барномарезишудае аст, ки тавассути хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дунбол мешавад. Зеро ин води дар се чумҳурии - Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон доман паҳн кардааст ва тасаллут бар он ба маънии дар ихтиёр доштани набзи фаъолиятҳо дар ин се чумҳурй таъбир мешавад.