САХИФАХО

среда, 8 апреля 2009 г.

Узбакистон ба Русия хушдор медихад?


Узбакистон ба таври расмй аз макомоти Русия хост барои амалй шудани карордодхо ва тавофукхои ба имзо расида миёни ду кишвар, чиддияти бештаре нишон диханд.

Илхом Неъматов, сафири Узбакистон дар Маскав дар дидоре, ки рузи 3 апрел бо Дмитрий Мезентсов, маовини раиси Шурои Федератсияи Русия дошт, зимни таъкиди ин матлаб, норизоятии кишварашро аз нахваи хамкорихои Маскав иброз дошт. Сафири Узбакистон аз чумла ёдовар шуд, ки масъалаи танзими мухочирати корй миёни Русия ва Узбакистон бо вучуди гузашти замони тулонй аз имзои тавофукнома ва тасдики он дар порлумони Узбакистон, халли худро наёфтааст. Вай илова кард, ин санад хануз дар Думаи Русия тасвиб нашуда ва тарафи русй барои расидагй ба ин масъала тамоили чандоне аз худ нишон намедихад.
Илхом Неъматов хамчунин тазаккур дод, ки ваъдахои Русия дар мавриди халли масъалахои обии минтака, бо дар назар гирифтани манфиатхои Тошканд, ичро нашуда бокй мондаанд. Вай аз он ки Русия бе машварат бо Узбакистон дар мавриди сохтани неругохи Камбарота бо Киргизистон карордод имзо кардааст, ибрози нохурсандй кард ва аз макомоти рус хост маблагхои барои сохтани ин неругох дар назар гирифтаро барои бозсозии неругохи Тухтагул ихтисос дихад.
Харчанд дафтари матбуотии порлумони Русия баррасии густариши хамкорихои порлумонй миёни Русия ва Узбакистонро аз масъалахои мехварй дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия унвон кард, аммо аз лахни тарафи узбак ба хубй ошкор мешавад, ки Тошканд аз ин тарик як навъ хушдоре ба Маскав додааст. Зеро, аввал: Узбакистон дар мукоиса бо Киргизистон ва Точикистон, ки ба умеди ваъдахои зиёди Маскав хаёл хуш карда, чуз талафи вакт чизе насибашон нашуд, зарфиятхои бештаре дар интихоби шарикон дорад; дуввум: амалкарди Русия дар нисбати шарикони хеш ва мизони пойбандии ин кишвар ба ваъдахояш беэътимодй ба Кремлро доман задааст; саввум: бо таваччух ба эъломи баста шудани пойгохи "Манас" дар Киргизистон ва стротегияи чадиди Обама дар мавриди Афгонистон, фурсатхои тозае барои чалби таваччухи Гарб пеши руи Узбакистон карор гирифтааст; чахорум: муомилаи ахир дар 13 октябри соли 2008 миёни Узбакистон ва Иттиходияи Аврупо, ки боиси бекор шудани тахримхои ин Иттиходия нисбат ба Узбакистон ва хуручи Тошканд аз Иттиходияи иктисодии Авруосиё шуд, имкониятхои манёври бештареро дар ихтиёри Узбакистон карор додааст, то битавонад дар баробари Маскав муктадиронатар харф бизанад.
Яке аз нуктахои чолиб дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия пешниходи дипломати узбак рочеъ ба мушорикат додани Чин (аз тарики таъсиси як мачмаъ) дар корхои Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) буд. Илхом Неъматов дар ин робита гуфт, ниходхои фаъол дар каламрави Шуравии собик, монанди Иттиходи иктисодии Авруосиё, Паймони амнияти чамъй, ИДМ ва Созмони хамкорихои Шонгхой дар аксари мавридхо масъалахо ва мавзуъхои нишастхоро такрор ва ба истилох "дубла" мекунанд, аммо ин нишастхо натичахои матлубе ба хамрох надоштаанд, аз ин ру хузури Чин метавонад аз ин кор пешгирй кунад.
Дмитрий Мезентсов дар ин робита гуфт, тарафи чинй мехохад факат дар нишастхои СХШ мушорикат намояд ва тамоили чандоне барои хузур дар дигар ниходхои минтакайи надорад.
Мушохидахои чанд соли охир нишон медиханд, ки тасмимгирихои давлати Тошканд ва икдомоти ин кишвар дар мавриди бархе аз масъалахои сиёсатхои хоричй бе таъсир аз барномахо ва тарххои давлатхои бонуфузи хоричй ва ё хамохамгихои пешакй бо ин давлатхо набудааст. Ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгохи хавойии Хонобод ва хуручи Тошканд аз Иттиходи иктисодии Авруосиё факат охирин мавридхо дар ин заминаанд.
Бо таваччух ба ин руйкард метавон тахмин зад, ки тавофуке нав миёни Пекин ва Тошканд дар мавриди масъалахои мухими Осиёи Марказй хосил шудааст, яъне эхтимол меравад Тошканд бо андешаи ин ки Чин дар оянда кудрати бартари минтака хохад шуд, аз холо талош дорад эътимоди ин кишварро касб кунад ва хамин тавр аз пуштибонии Пекин дар расидан ба хадафхои стротегии худ, ки хамон ба даст гирифтани накши рахбарй дар минтака аст, бархурдор шавад. Кобили зикр аст, ки Чин ва Узбакистон тачрибаи хамсонсозии мавзеъхои худро доранд: карори маълум бахори соли 2008 Узбакистон тавонист Чинро мутакоид кунад то аз сохтани неругох дар дарёи Зарафшон, ки карордоди он бо Точикистон ба имзо расида буд, даст бикашад.
Аммо ин нукта гайрикобили инкор аст, ки густариши хузури Чин дар Осиёи Марказй факат ба давлатхои ин минтака бар намегардад, балки ракобати кудратхо хаст, ки дар ин замина муассир хохад буд. Зеро талошхои хамзамони Русия, Чин, Амрико ва давлатхои гарбй барои густариш ва мустахкам намудани чойгохи худ дар кишвархои Осиёи Марказй, ин минтакаи стротегиро ба таври бесобикае ба майдони ракобатхо табдил додааст. Дар холе ки Русия талош дорад бо имзои тарххои иктисодй ва ваъдахои молй давлатхои Осиёи Марказиро дар чорчуби сиёсатхои худ нигох дорад, Амрико ба унвони аслитарин ракиби Маскав музокироти чудогонаро бо макомоти Тошканд, Ашкобод ва Душанбе пеш мебарад, то ризояти ононро дар мавриди таъсиси пойгохи низомй ба даст биоварад. Дар хамин робита сойти EURASIANET бо такя ба як манбаи дипломатй навишт, ИМА дар холи анчоми музокирот бо Туркманистон ва Узбакистон дар мавриди ифтитохи пойгоххои худ дар ин кишвархо мебошад.
Нигохе гузаро ба тахаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз ин вокеият аст, ки бозигарони сахнаи сиёсии ин минтака ба икдомоти худ барои амалй намудани хадафхояшон, афзудаанд. Дар ин миён Узбакистон бо истифода аз роххои мухталиф талош дорад бо мутакоид кардани давлатхои муддайии хузур дар Осиёи Марказй, аввалтар аз хама тарххои гидроэнергетикии Киргизистон ва Точикистонро хунсо кунад. Зеро Тошканд ба хубй медонад, ки сохтани неругохи Камбарота дар Киргизистон ва неругохи Рогун дар Точикистон ба ин ду кишвар имкон хохад дод чараёни оби дарёхои худро танзим кунанд ва дар посух ба икдомоти Тошканд дар катъ кардани интиколи газ ва барк, вокуниш нишон диханд. Танкиди сафири Узбакистон аз Русия дар мавриди бетаваччухй ба халли "масъалахои обии Узбакистон", аз хамин зовия кобили арзёбй хаст. Дар мачмуъ ин дидорро метавон пешгуфтор ё мукаддимаи хушдоре таъбир кард, ки фосила гирифтани дубораи Узбакистон аз Маскав ва гароиш ба самти Амрико ва Гарб ва ё ин бор Чин, хамчунин хуручи (ва ё тахдид ба хуручи) Тошканд аз бархе ниходхои минтакайи, метавонад пайомадхои эхтимолии он бошанд. Бо ин хол пусише, ки матрах мешавад ин аст ки: Оё Узбакистон он гуна ки дар ба таъхир андохтани сохтани неругохи Рогун таъсир гузошт, хохад тавонист Русияро аз сохтани неругохх дар Киргизистон боз дорад?!

Комментариев нет: