САХИФАХО

понедельник, 30 августа 2010 г.

Чосусони хоричй дар Точикистон



 Рузномаи амрикойии "Нью Йорк тайм" аз фаъолиятҳои чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Точикистон парда бардошт.Ба навишатаи ин нашрия хадамоти чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бисёре аз кишварҳо, аз чумла дар Точикистон дар чорчуби тарҳи мубориза бо тероризм иқдомоти чосусии худро густариш додааст."Нью Йорк тайм" тазаккур додааст, чосусй тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва неруҳои кучаки вижа анчом мешавад.Бино ба навиштаи ин рузнома аз сентябри соли 2009 фаъолиоятҳои чосусии Амрико дар Точикистон тақвият шудаанд. Албатта густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои мухталиф дар Точикистон ҳарфи чадиде нест, дар гузашта мақомоти точик борҳо аз боздошти чосусони хоричй дар ин кишвар иттилоияҳо мунташир намуда буданд.Дар давраи солҳои 2003 - 2009, замоне ки равобит миёни Тошканд ва Душанбе ба сардй гароид, дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон боздошт ва мучозоти чосусони якдигар ба як руйдоди маъмулй табдил шуд.Тайи ин муддат даҳҳо шаҳрвандони ду кишвар бо иттиҳоми чосусй боздошт ва равонаи зиндон шуданд.Аммо ҳеч гоҳ Тошканд ва Душанбе ҳозир нашуданд дар ин замина мавқеи расмии худро эълом кунанд.Дар ҳоле ки сохторҳои амниятии узбак умдатан точирон ва соҳибкорони точикро ба унвони чосус боздошт ва мучозот мекарданд,дар Точикистон аъзои чунбиши исломии Узбакистон ва бештар аъзои ҳизби таҳрир ба унвони чосус муаррифй мешуданд. Дар бораи боздошти чосусони хоричй дар Точикистон гузоришҳо камтар мунташир мешуд, аммо ахиран раиси чумҳури Точикистон дар ин маврид ошкоро сухан гуфт. Эмомалй Раҳмон дар поёни моҳи август тайи сафар ба устони Хатлон дар дидор бо мардум аз фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй дар Точикистон сухан ба миён овард ва гуфт "чосусони хоричй бо муллоҳо ва фарзандони мо кор мекунанд ва мо тамошобин ҳастем". Ин суханон дар шароите гуфта шуданд, ки фазои амниятй ва иттилоотии Точикистон таҳти таъсири фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии ин кишвар қарор дошт.Бо гузашти 10 руз аз замони вуқуи ин ҳодиса,тамоми талошҳои марбут ба шиносии маҳалли буду боши фирориён ва боздошти онҳо бенатича буд. Ба илова, мавзеъгирии ачибу ғариби мақомоти амниятии точик ва ҳозир нашудани онҳо ба саволу чавоб бо хабарнигорон, чомеи ин кишварро дастхуши овоза ва тахмину гумонҳои мухталиф кардааст, ки ҳеч як дар чорчуби суботу амнияти ин кишвар набудаанд. Сенарияе, ки мақомоти точик аз фирори зиндониён ва барномарезони ин чиноят муаррифй карданд, зимни бармало кардани заъфи иттилорасонии ин мақомот, нотавонии онҳоро дар идора намудани ин ҳодиса нишон дод.Баъд аз ин ин ақида тақвият шуд, ки фирори зиндониён ҳаргиз бе кумак ва ҳамоҳангии масъулони зиндон сурат нагирифтааст. Ҳамин мавзуъ суханони раиси чумҳури Точикистонро дар мавриди густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй тақвият кардааст.Аммо нуктаи чолиб дар мавзеъгириҳои ахири раиси чумҳури Точикистон он буд, ки Эмомалй Раҳмон ин суханонро баъд аз дидор ва гуфтугу бо Димитрий Медведев, ҳамтои руси худ дар Сочй баён кард.Қарори маълум, Точикистон хотироти хубе аз музокирот дар Сочй надорад, зеро дар ҳамин чо буд, ки соли 2004 Маскав дар мавриди ҳузури низомиёнаш дар Точикистон ва истифода аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар, мавзеи худро ба Душанбе таҳмил кард.Ин бор низ чузъиёти чандоне аз гуфтугуҳои Раҳмон ва Медведев мунташир нашуд, аммо аз мавзеъгириҳои раиси чумҳури Точикистон бармеояд, ки ҳамкориҳои ру ба рушди Точикистон бо кишварҳои мухталиф, ба вижа кишварҳои исломй, аз чумлаи мавзуъҳои мавриди баррасй миёни тарафайн будааст. Точикистон ҳамчун кишвари мустақил ва дар ростои бароварда намудани ниёзҳои худ, бо пеш гирифтани сиёсати чандсамтй, ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталиф , аз чумла кишварҳои исломиро тавсаъа дод.Ин амр дар ҳоле бештар густариш ёфт, ки Русия бо ҳимояти ошкор аз манофеи Узбакистон дар баҳси сохтани неругоҳҳо, Точикистонро ба ҳошияи сиёсатҳои осиёимиёнагии худ ронд.Аммо, бо ин вучуд ба назар мерасад, Маскав ҳозир нест ба роҳатй аз он чй ки "минтақаи суннатии нуфузи худ" меномад, даст бикашад.Бо таваччуҳ ба ин эҳтимол меравад раиси чумҳури Русия норизоятиҳои Маскав аз наздикшавии Душанбе бо кишварҳои исломй ва дигар рақибони Русияро ба давлати Душанбе гушзад карда бошад.

 Ин дидгоҳ дар ҳоле тақвият мешавад, ки ахиран расонаҳои русй бо доман задани фаъолиятҳои таблиғотй, бо ҳар баҳонае аз ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои мазҳабй дар Точикистон гузоришу таҳлилҳои мухталиф ба табъ расонданд. Он гуна илқо мекарданд, ки Точикистон дар остонаи табаддулоти мазҳабй қарор дорад. Ин як риволи шинохташуда дар сиёсатҳои Маскав аст, ки қабл аз ҳар иқдоме аз тариқи расонаҳо чавсозй мекунад ва дар чиҳати таҳмили дидгоҳи худ ба ин ё он чомеъа ниҳояти талошро ба харч медиҳад. Бо ин ҳол он чй ба ташдиди фаъолиятҳои чосусии маҳофил ва кишварҳои мухталиф дар Точикистон бармегардад, амре бархоста аз рақобати қудратҳо барои нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.Ҳатто бархе аз коршиносон фирори мармузи 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Точикистонро ба ҳамин мавзуъ нисбат медиҳанд, ки ба манзури бочгирй аз давлати Эмомалй Раҳмон сурат гирифтааст.
 Аммо мавзуе ки дар ин фароянд руи он таъкид мешавад, шеваи амалкард ва мавзеъгирии раиси чумҳури Точикистон дар қиболи руҳониён ва фаъолиятҳои динии мусалмонони ин кишвар аст.Суханони исломситезонаи мақомоти олирутбаи точик дар ҳоле садо медиҳанд, ки имрузҳо аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиони ин кишвар филми хуччатие аз даргириҳои панчсолаи ин кишвар ба намоиш гузошта шуда, дар он ҳамин қишри руҳонй омили аслии чанги шаҳрвандй муаррифй мешавад.Ин ҳамзамонй, ки дар доирахое таъсиргузории расонаҳои русй ва ҳосили фишорҳои Маскав таъбир мешавад, ин ақидаро тақвият мекунад, ки доираҳое дар дохил ва хоричи Точикистон даст ба кор шудаанд, то зимни ба ҳам задани суботи ин кишвар, хадафхои худро ба роҳатй дунбол кунанд.

Комментариев нет: