Руйдодҳои ахири Андичон таваччуҳро ба гузориши як сол қабли вазорати хоричаи Амрико бештар намудааст. Ин вазоратхона гузорише дар мавриди вазъи терроризм дар кишварҳои чаҳон мунташир намуд, ки дар он аз чумла бахше ба кишварҳои Осиёи Марказй ихтисос дошт. Албатта ин ки чаро чунин гузорише на тавассути ниҳодҳои марбутаи байналмилалй, балки аз тарафи вазорати хоричаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунташир мешавад, чои баҳс дорад ва ин мавзуе аст, ки бояд ба таври чудогона ба он пардохт. Бо ин вучуд, ин кор мухолифони сарсахти худро дорад ва бетафовутии иддаи қобили мулоҳизае аз кишварҳо нисбат ба гузориши вазорати хоричаи Амрико аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Ба илова, вазорати корҳои хоричаи Чин соли қабл бо интишори гузорише Амрикоро ба поймолкунии ҳуқуқи башар ва демократия муттаҳам карда буд.
Аммо баргардем ба гузориши вазорати хоричаи Амрико. Ин гузориш 7 майи соли 2008 мунташир шуд. Дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказй навиштааст:"Чонибдории мустамари кишварҳои Осиёи Марказй аз мубориза алайҳи терроризм, боиси коҳиши иқдомоти террористй гардид. Бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида Амрико кишварҳои Осиёи Марказй тавонистанд нируҳои марзбонии худро тақвият кунанд ва ба манзури хунсо кардани таҳаррукоти гуруҳҳои террористии фароминтақайи ва қочоқчиёни маводи мухаддир, посгоҳҳои нав таъсис диҳанд."
Дар бахши дигаре аз ин гузориш омадааст:" Тули беш аз ҳади марзҳо ва фасоди молй дар маҳалҳо , ҳамчунон талоши кишварҳои Осиёи Марказиро дар чиҳати ҳифозат аз марзҳо камранг кардааст. Афзоиши норизоятии мардум аз амалкарди сохторҳои давлатй ва рушди кунди иқтисод, шароитро барои ифротгароён ва террористҳо чиҳати дар дом гирифтани афрод дар манотиқе ҳамчун водии Фарғона, фароҳам намудааст."
Нуктаи қобили таваччуҳ дар ин бахш аз гузориши вазорати хоричаи Амрико, ишора ба водии Фарғона ба унвони маҳалли эҳтимолии нооромоҳои оянда дар Осиёи Марказй мебошад.
Осиёи Марказй ва Осиёи Миёна
Ахиран таваччуҳи кишаврҳои пешрафтаи саноатй ба Осиёи Марказй ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст. Ин амр чанд сабаб дорад, ки аслитарини он вучуди захираҳои фаровони нафту газ дар ин минтақа аст. Омили дигар, зарфият ва имконоти ин минтақаи стротегй аст.Албатта, дар ин миён мавқеияти чуғрофиёиро низ набояд нодида гирифт.
Қобили зикр аст, ки маҳдудаи Осиёи Марказй аз нигоҳи марзбандии чуғрофиёй аз Осиёи Миёна фарқ мекунад, ҳарчанд дар замони Шуравй ин ду истилоҳ ба маънии воҳид корбурд доштанд. Аммо Осиёи Миёна аз баҳри Каспий (дар ғарб) то марзи Чин (дар шарқ) ва аз бахшҳое аз Аралу Иртиш (дар шимол) то марзи Ирону Афғонистон (дар чануб) тул кашидааст.Ин минтақа чумҳуриҳои Туркманистон, Узбакистон,Точикистон,Қирғизистон ва бхши аъзаме аз Қазоқистонро дар бар мегирад.Осиёи Марказй ба иловаи ин Афғонистон,Муғулистон ва манотиқи шимолй шарқии Чинро дар бар мегирад.
Ба дунболи фурупошии Иттиҳоди Шуравй кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказй ҳамроҳ бо дастаи васее аз мушкилоти худ дар нақшаи сиёсии чаҳон пайдо шуданд. Буҳрони иқтисодй-ичтимойи ин кишварҳоро дар коми худ фуру бурд.Коҳиши сатҳи зиндагй, густариши фақр ва бекорй ва дигар масъалаҳо аз паёмадҳои аввалияи ин буҳрон буд.Ба тадрич баҳсҳои марзй, наҳваи истифода аз манбаъҳои гидроэнергетикй,содирот ва воридоти сузишворй, ба ин масъалаҳо изофа шуданд.Чумҳуриҳои Осиёи Мраказй маъмулан тавассути ҳокимони худкома ва ба истилоҳ "модомулумр" идора мешаванд, ки ин омили поймолкунии ҳуқуқи башар, риоят нашудани меъёрҳои демократй дар ин кишварҳо таъбир мешавад.Ин ҳама мушкилот даст ба дасти ҳам дода Осиёи Марказиро дар поёни асри 20 ва ибтидои асри 21 ба саҳнаи даргириҳо ва куштору ғорат табдил доданд. Аз чумла:
-соли 1989, дар водии Фарғона (Узбакистон) қатли оми туркҳои месхетй сурат гирифт;
-соли 1989, низоъ бар сари об миёни точикҳо ва қирғизҳо дар ноҳияи Лайлак (Қирғизистон);
-соли 1990, даргириҳо миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар вилояти Ош, ки садҳо кушта ва захмй бар чой гузошт;
-солҳои 1992-1997 чанги шаҳрвандй дар Точикистон;
-соли 1998, инфичор дар вилояти Ош, ки омилони он гуруҳҳои тундрави исломй эълом шуданд;
-феврали соли 1999, инфичорҳо дар Тошканд тавассути мухолифони давлати Тошканд;
-тобистони соли 1999, нуфузи афроди Ҳаракати исломии Узабкистон ба манотиқи чануби Қирғизистон, ки ҳадафи худро барчидани режими Каримов эълом карданд.Ин иқдомот дар солҳои 2000 ва 2001 низ такрор шуд;
-ноябри соли 2002, сиуқасди нофарчом ба Сафармурод Ниёзов дар Ишқобод;
-апрели соли 2004, силсила таркишҳо дар Тошканд;
-майи соли 2005,тирборони тазоҳуркунандагон дар Андичон тавассути низомиёни узбак;
-майи соли 2009 нооромихо дар Андичон.
Яке аз манотиқе, ки дар Осиёи Марказй зарфиятҳои бештаре барои вуқуи ихтилофот дорад, водии Фарғона унвон мешавад.
Водии Фарғона
Водии Фарғона минтақаи пайванди се чумҳурии Точикистон,Қирғизистон ва Узбакистон аст, ки иборат аз се вилояти Қирғизистон (Ош, бахшҳое аз Чалолобод ва Боткан), се вилояти Узбакистон ( Фарғона, Андичон ва Намангон) ва як вилояти Точикистон (Суғд) аст.Аҳолии он ҳудуди 12 миллион нафарро ташкил медиҳад. Водии Фарғона аз нигоҳи зиччии аҳолй баъд аз Чин ва Бангладеш дар мақоми саввуми чаҳон қарор дорад, ба гунае, ки дар як километри квадратй (мураббаъ) 360 нафар ба сар мебаранд.Ба ғайр аз сокинони аслй - узбакҳо, точикҳо ва қирғизҳо, дар ин чо 50 ақалияти қавмй зиндагй мекунанд.
Водии Фарғона бо тули 300 километр ва арзи 170 километр, яке аслитарин манотиқи кишоварзй дар Осиёи Марказй ба ҳисоб меравад.Дар асри 18 маркази аслии хонигарии Қуқанд буд, ки беш аз дигар минтақаҳои Осиёи Марказй аҳоли дошт.Дар миёнаҳои асри 19 Русия тасарруфи Осиёи Марказиро маҳз аз ҳамин водй шуруъ намуд.
Водии Фарғона дар ибтидои вуруди истеъморгарони Русияи подшоҳй, ба маркази муқовимат алайҳи тачовузгарони хоричй табдил шуд.Дар соли 1875 дар ин чо шуриши бузурге алайҳи хокимони рус ба вуқуъ пайваст, ки баъдан бераҳмона саркуб шуд ва мучиби барҳамхурдани хонигарии Куқанд гардид.
Дар даврони баъд аз пирузии "инқилоби Октябр",соли 1917 дар Русия ва густариши он ба мустамликаҳои Русия, низ водии Фарғона саҳнаи зуҳури аввалин гуруҳҳои муқовимат гардид, ба гунае, ки дар соли 1919 дар ин чо 40 дастаи бузурги муборизон фаъолият мекарданд.
Тавре ишора шуд,бар асоси марзбандиҳои замони Шуравй, ки ҳамчунон эътибор дорад, водии Фарғона дар байни се чумҳурии Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон тақсим шудааст. Ин марзбандй, ки бар асоси ба истилоҳ "принсипи ленинии ҳалли масъалаҳои миллй" сурат гирифта буд, ба баовари таҳлилгарон, заминаро барои вуқуи низоъҳои миллй фароҳам кардааст. Вучуди маҳдудаҳои ақалияти узбакҳо дар қаламрави Қирғизистон ва точикҳо дар қаламрави Узбакистон ва Қирғизистон тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Дар соли 1989 дар вопасин солҳои ҳаёти Иттиҳоди Шуравй, вилояти Андичон дар водии Фарғона ба маркази даргириҳои қавмй табдил шуд.Ин руйдод, ки барои Иттиҳоди Шуравй ғайриқобили тасаввур буд, даҳҳо кушта ва захмй бар чой гузошт ва дар пайи он ақалиятҳои туркҳои месхетй тавассути миллигароёни узбак аз хонаву кошонаи худ ронда шуданд. Ин рухдод пешгуиҳо дар мавриди шикананда будани субот дар водии Фарғонаро то ҳадде тасдиқ намуд.
Аз суи дигар , дар баҳори соли 1990 дар вилояти Ош , чумҳурии Қирғизистон созмони ғайрирасмии "Адолат" ва ба дунболи он созмони "Ош аймоғй" таҳаррукоти худро густариш доданд. Ҳадафи аслии ин созмонҳо ҳифз ва густариши забон, фарҳанг ва одобу русуми аҳолии узбакзабони ин вилоят буд.
Ба тадрич раҳбарии "Адолат" ба самти қавмгаройи мутамоил шуд, вале "Ош аймоғй" бекифоятй дар раванди созиш ва гуфтугуро аз худ ба намоиш гузошт.Дар моҳи майи соли 1990 чавонони қирғиз тақозо намуданд,ки заминҳои колхоз ба онон вогузор шавад. Ин дархост тавассути ҳокимони маҳаллй, ки умдатан қирғиз буданд ичро шуд, аммо каме баъд тасмим дар ин маврид беэътибор эълом шуд. Моҳи июн аввалин руёруиҳо миёни узбакҳо ва қирғизҳо дар масъалаи замин ба вуқуъ пайваст.Баъдҳо ин руйдод бо номи "фочеаи Ош" дар таърихи таҳаввулоти Осиёи Марказй сабт шуд.
Водии Фарғона дар соли 1991 шоҳиди ошубҳои Намангон ва дар соли 2005 саҳнаи қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичон буд. Ва ахиран 25-26 майи соли 2009 нооромиҳо дубора ба суроғи водии Фарғона омаданд ва ин минтақа аз Осиёи Марказй барои аввалин бор ҳамлаи маргталабонаро шоҳид буд.
Мавқеияти водии Фарғона барои чумҳуриҳои Осиёи Марказй
Нигоҳе ба вазъияти кунунии минтақа баёнгар аз он аст, ки ҳамаи вилоятҳои водии Фарғона барои чумҳуриҳои худ аз аҳамияти вижае бархурдоранд ва дар ҳаёти иқтисодй - ичтимойи нақши муҳиме ичро мекунанд. Дар вилоятҳои Намангон,Фарғона ва Андичон 27,2% аҳолии Узбакистон зандагй мекунад, дар вилояти Ош ва бахшҳои дар водии Фарғона будаи вилоятҳои Чалолобод ва Боткан 51 % аҳолии Қирғизистон ва дар вилояти Суғд 17,7 дар сад аз аҳолии Точикистон зиндагй мекунад. Аз суи дигар дар водии Фарғона вазъиаяти чолиби таваччуҳи геополитикй шакл гирифтааст: Узбакистон бахши умдаи заминҳои кишоварзй ва аҳолии ин минтақа, Қирғизистон куҳҳо ва манбаъҳои обй ва Точикистон танҳо роҳи оҳане, ки водии Фарғонаро ба чаҳони хорич пайванд мекунад, дар ихтиёр доранд.
Имруз водии Фарғона дар гири мушкилоти зиёде аст, ки бино ба таъбири коршиносон "заминасози" бесуботиҳои оянда хоҳанд шуд.Чануби Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Узабкистон минтақаҳои фақрнишин дар кишварҳои худ ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд вилояти Суғд (Точикистон) дар замони Шуравй минтақаи саноатй ва пешрафта буд, аммо тайи солҳои истиқлоли Точикистон сатҳи зиндагй дар ин чо ба шиддат пойин омад. Бар асоси омори Бонки чаҳонй дар соли 2003 64 % аҳолии ин вилоят зери хати фақр зиндагй мекарданд ва имруз вазъ тағйири чандоне накардааст. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй баёнгар аз ин аст, ки дар минтақаҳои рустойии водии Фарғона қашшоқй ру ба густариш аст ва талошҳои мақомоти маҳаллй барои муқобила бо ин падидаи номатлуб, номуваффақ будааст. Дар канори ин, бекорй ки ҳамасола садҳо чавонро ба доми худ мегирад, ба густариши фақру камбағалй мусоидат кардааст. Дар қисмати точикистонии водии Фарғона 27 % аз афроди аз 18 сола боло бекоранд.Дар бахшҳои узбакистонй ва қирғизистонии водй мизони бекорй каме пойинтар аз ин аст, бекорй махсусан дар миёни занон бедод мекунад. Аз чумла бар асоси оморҳои 1 марти соли 2006 60 % аз бекорони вилояти Суғдро занон ташкил медоданд.
Иқтисоди водии Фарғона бар пояи кишоварзй аст.
Нуктаи чолиби таваччуҳ дар гузоришҳои расонаҳои ғарбй, ишора ба водии Фарғона ба унвони минтақаи нооромиҳои оянда дар Осиёи марказй мебошад. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки таваччуҳи Ғарб ба водии Фарғона чалб мешавад. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй борҳо дар гузоришҳо ва санадҳои нашрнамудаи ниҳодҳои ғарбй аз чумла Иёлоти Муттаҳида Амрико аз водии Фарғона ба унвони конун ва маркази низоъҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.
Ба назар чунин мерасад, ки ишора ба водии Фарғона амре тасодуфй набуда, сиёсати барномарезишудае аст, ки тавассути хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дунбол мешавад. Зеро ин води дар се чумҳурии - Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон доман паҳн кардааст ва тасаллут бар он ба маънии дар ихтиёр доштани набзи фаъолиятҳо дар ин се чумҳурй таъбир мешавад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий