САХИФАХО

вторник, 23 июня 2009 г.

Эҳтимоли нооромиҳо дар Узбакистон


Аз матолиби нашрияҳои русй дар мавриди напайвастани Узбакистон ба муоҳидаи ташкили неруҳои чамъийи зудамали Паймони амнияти чамъй (ПАЧ) бармеояд, ки ин иқдоми Тошканд нохушнудии Маскавро доман задааст. Дар таҳлилҳои марбут ба ин мавзуъ, аз Узбакистон ба унвони шарики номутмаъин ва фурсатталаб ёд шудааст.
Рузи 14 июн дар нишасти сарони кишварҳои узви ПАЧ ҳузур наёфтани Александр Лукашенко, раиси чумҳури Белорус ва худдории Ислом Каримов аз имзои қарордоди ташкили неруҳои чамъийи вокуниши сареъ, Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русияро ба таври ғайримунтазира ноумед кард.Маскав бори дигар дар иқдом барои таҳкими нуфуз дар қаламрави Шуравии собиқ, ноком воқеъ шуд.
Идеяи ташкили неруҳои зудамал аз муддатҳо қабл дар зеҳни мақомоти Кремл мечархид ва онро бори аввал Николай Бордюжа, дабири кулли ПАЧ дар як нишасти хабарй, моҳи феврали соли чорй дар Маскав баён намуд.


Эҳёи Шартномаи Варшава ва ҳифзи бозори силоҳ

Ба назар чунин мерасад, ки Русия бо густариши ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар пайи он аст, ки ниҳоде шабеҳи Шартномаи Варшава эчод кунад ва аз ин тариқ тамоми фаъолиятҳои низомй ва амниятии кишварҳои қаламрави Шуравии собиқро тақти назар қарор диҳад. Албатта мақомоти баландпояи Кремл ҳамеша чунин иддаоҳоеро рад кардаанд, аммо бо таваччуҳ ба авзои минтақа ва чаҳон воқеият ин аст, ки бидуни чунин ҳамкорй Русия дар ичрои ҳадафҳои хеш дар он чи ки "минтақаҳои суннатии нуфузи худ" меномад, муваффақ нахоҳад буд. Аз суи дигар, Русия қасд дорад, бо тақвияти ҳамкориҳои низомй, зимни дар даст нигоҳ доштани бозори таслиҳот дар Осиёи Марказй ва Қафқоз, артиши ин кишварҳоро дар чорчуби сохтории артиши худ нигоҳ дорад. Албатта, ҳамкориҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказй ва Кафқоз фақат бо Русия маҳдуд намешавад ва ин кишварҳо бар хилофи иродаи Маскав дар бахшҳои низомй бо Амрико, кишварҳои аврупойи, Ҳиндустон, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо ҳамкориҳо доранд.

Узбакистон шарики бе эътимод

Аксари соҳибназарони рус, ҳамчунин теъдоди қобили мулоҳизае аз сиёсиюни ин кишвар бар ин боваранд, ки Тошканд ҳеч вақт шарики вафодори Маскав набудааст ва низ нахоҳад шуд. Бино бар ин дидгоҳ, Ислом Каримов ҳамеша бо истифода аз фурсат робитаҳои худро бо Маскав тарроҳй кардааст ва дар даврони пасошуравй беш аз ҳар кишвари дигаре ангезаҳои Маскавситезй доштааст. Табдили хати кириллй ба лотин, маҳдуд кардани истифода аз забони русй, чойгузин кардани мутахассисони рус бо кадрҳои бумй (умдатан узбак) аз чумлаи ин ангезаҳо таъбир мешаванд. Тайи 18 соли истиқлолияти хеш, давлати Тошканд ҳамвора талош кардааст аз нақши Русия ба унвони "бародари бузург" бикоҳад ва бо наздик шудан ба кишварҳои Шарқу Ғарб, доираи фаъолиятҳои Русияро маҳдуд намояд.
Тошканд бори охир дар соли 2005, дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи Андичон барои муддате зери чатри амниятии Русия паноҳ бурд. Аммо ба маҳзе, ки бо Иттиҳодияи Аврупо канор омад, аз нав дар пайи афзудани фосила бо Маскав баромад.

Сабабҳои напайвастани Узбакистон ба қарордод

Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар китоби худ "Узбакистон дар остонаи қарни 21" Узбакистонро чузъи кишварҳои ғайри мутааҳид, кишварҳое, ки ба ҳуч паймони низомй ҳамроҳ нестанд, унвон ва таъкид кардааст, ки кишвараш ба ҳеч як аз паймонҳои низомй вормд намешавад ва муқобили таъсиси ҳар гуна ниҳоди низомй-сиёсй дар минтақа хоҳад буд. Дар қонуни асосии Узбакистон низ ишораҳое ба ин мавзуъ шудааст. Бо таваччуҳ ба ин, напайвастани Тошканд ба қарордоди ташкили неруҳои зудамали ПАЧ мантиқй ба назар мерасад. Аммо далелҳои дигаре низ чой доранд, ки Тошкандро водор ба чунин коре намудаанд. Аввал ин ки Тошканд аз он бим дорад, ки дар ин ниҳоди чадид, ки тасмимгириҳо бар асоси раъйи аксарият анчом хоҳанд шуд, бо пешниҳоди Қирғизистон ва Точикистон асноде хилофи манофеи Тошканд ба тасвиб бирасанд. Дуввум, кишварҳои узв уҳдадор ба ичрои масъулиятҳое хоҳанд буд ва Тошканд ҳозир нест дар нисбати Қирғизистон ва Точикистон, ки равобити начандон матлубе дорад, тааҳудеро бипазирад. Саввум, Узбакистон намехоҳад дар ҳар гуна нооромиҳои эҳтимолй низомиёни кишвари дигаре вориди қаламраваш шаванд, зеро ба эътиқоди Тошканд саркуби ҳар гуна эътироз ва нооромиҳо дар ҳар манотиқе аз Узбакистон тавассути неруҳои худй бештар ба нафъи кор хоҳад буд.
Дар мачмуъ, чунин бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй Узбакистон ҳозир нест низомиёнаш дар манотиқи "доғ" ҳузур пайдо кунанд ва низомиёни кишварҳои Шуравии собиқ вориди қаламрави ин кишвар шаванд.

Нооромиҳо аҳраме барои Русия?

Баррасии тҳаввулоти чанд соли ахири Узбакистон нишон медиҳад, ки ин кишвар фақат дар ҳоле ба Маскав ру овардааст, ки аз нигоҳи амниятй дучори мушкил шудааст. Ба иборати дигар, сарфи назар аз тамоилоти маскавситезй, давлатмардони Тошканд ҳар аз гоҳе чиҳати таъмини амнияти хеш руи ниёз ба Маскав овардаанд. Аз чумла, инфичорҳои феврали соли 1999, нуфузи афроди ҳаракати исиломии Узбакистон ба Қирғизистон дар тобистони соли 1999 ва солҳои 2000 ва 2001, силсилаи таркишҳои моҳи апрел дар Тошканд, ҳодисаҳои моҳи майи Андичон боис шудаанд, ки Тошканд дар зери чатри амниятии Русия паноҳ бибарад. Охирин аз ин маврид ҳодисаҳои майи 2005 дар Андичон аст, ки Узбакистонро таҳти шадидтарин ҳамалоти дипломатии Ғарб қарор дод ва Русия бо истифода аз фурсат Тошкандро ба оғуши Маскав бозгардонд. Дар идомаи ҳамин раванд Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия тавонист Ислом Каримовро мутақоид ба ихрочи низомиёни амрикойи аз кишвараш кунанд. Дар чавоби ин, Русия низ аз мавзеъҳои Узбакистон дар ниҳодҳои байналмилалй ҳимоят кард ва муҳимтар аз ҳама Тошкандро итминон дод, ки дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард. Бо вучуди чунин муомилоте, ба назар намерасад, ки дустии Маскав - Тошканд бодавом бошад ва инро дар Кремл ба хубй дарк кардаанд.

Ҳифзи қудрат - ҳадафи аслии ҳокимони Осиёи Марказй

Руйкарди Ғарб ва ҳамчунин дигар қудратҳо бо кишварҳои пасошуравй дар Қафқоз ва Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ташвишҳои амниятй созгортарин роҳи нуфуз бар ин давлатҳо будааст. Талоши густариши ҳамкориҳои амниятй ва низомй бо ин кишварҳо ба унвони муассиртарин роҳкор дар чиҳати боз кардани чои по ва тавсаъаи ҳузур, ҳамеша дар авлавияти сиёсатҳои қудратҳои дахлдор дар ин манотиқ қарор доштааст. Аз ин чост, ки қудратҳои мазкур бо бузургчилванамойии таҳдидҳои терористй ва ифротгаройи, ҳамчунин истифодаҳои абзорй аз мухолифини ин давлатҳо, пайваста саъйи кардаанд ҳукуматҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро дар мадори сиёсатҳои хеш нигоҳ доранд. Талоши ҳокимони Қафқоз ва ба вижа Осиёи Марказй барои меросй кардани қудрат, бар шанси ин қудратхо дар ин замина афзудааст.Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки хокимони ин манотиқ дар ҳолатҳое манофеи миллии худро қурбони чоҳталабиашон намоянд.
Бар асоси бархе баррасиҳо ва таҳлилҳо нооромиҳое, ки ҳар аз гоҳе дар Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд, аз тарафи мучриёни пасипардагй ва бо ҳадафи таъйини хати сиёсй барои давлати Тошканд будаанд. Воқеият он аст, ки баъд аз ҳар нооромй тамойили Узбакистон ба самти Русия бештар шудааст.

Эҳтимоли нооромиҳо дар Узбакистон

Қарори маълум напайвастани Узбакистон ба қарордоди ташкили неруҳои зудамал, Русияро дар чиҳати дастёбй ба аҳдофи стротегии худ ба мизони зиёде ноком мондааст ва Маскав наметавонад чунин вазъро ба муддати тулонй таҳаммул кунад. Зеро густариши нуфузи Ғарб, ба вижа НАТО дар қаламрави Шуравии собиқ манфиатҳои Маскавро ба таври чиддй таҳти таҳдид қарор хоҳад дод. Аз суи дигар Русия, ки қасди назорати комил бар бозори энержии Осиёи Марказиро дорад, бо фосила гирифтани Узбакистон, ҳамчунин Туркманистон, дар ин бахш аз аҳдофи худ низ номуваффақ хоҳад монд. Аз ин ру ин эҳтимол чой дорад, ки мухолифони давлатҳои Осиёи Марказй, ба вижа мухолифони Ислом Каримов вориди амал шаванд. Ба иборати дигар, бозй бо қудратҳои Ғарбу Шарқ ва такя кардани ба пуштибонии ин қудратҳо Осиёи Марказиро дар остонаи нооромиҳои тоза қарор хоҳад дод. Эҳтимолан дар ояндае на чандон дур ин нооромиҳо аз Узбакистон оғоз хоҳанд шуд.

Комментариев нет: