САХИФАХО

среда, 27 января 2010 г.

Точикистон ва мушкилоти сохтани неругоҳи Роғун


Соли 2010 дар Точикистон тақрибан бо фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун оғоз шуд. Рузи 6 январ дар саросари ин кишвар саҳмияҳои бузургтарин тарҳи гидроэнергетикй дар маърази фуруш қарор дода шуданд. Дар пайи нокомии давлати Душанбе чиҳати чалби сармоягузорони мавриди эътимод дар хорич аз кишвар, қарор бар ин шуд, ки «тарҳи сарнавиштсоз» бо пули мардум такмил шавад.Бар асоси гузоришҳои мунташира ба маблағи 6 миллиард сомонй, муодили 1,3 миллиард доллар саҳмия ба чоп расидааст, ки то кунун даҳҳо миллион доллар аз ин теъдод ба фуруш рафтааст.Мардуми Точикистон ба таври густурда аз даъвати мақомот истиқбол карданд ва дар саросари манотиқи ин кишвар фуруши саҳмияҳо дар ҳудуди 600 маркази фуруш ба роҳ монда шудааст.


Нигоҳе ба таърихчаи неругоҳи Роғун ҳикоят аз он дорад, ки ин тарҳи азими гидроэнергетикй дар замони шуравй оғоз шуд ва дар ҳамон замон низ бархе аз мухолифони худро дошт, ки Гулрухсор Сафиева, шоираи точик ва узви порлумони Шуравии собиқ аз он чумла буд.Аммо сарфи назар аз ин эътирозҳое, ки бо таваччуҳ ба аҳамияти фароминтақайии ин тарҳ роҳ ба чое намебурданд, сохтмони Роғун шуруъ шуд.Фурупошии Шуравй раванди корҳои сохтмониро дар ин пружа мутаваққиф кард ва фақат дар солҳои 90 қарни гузашта Точикистони соҳибистиқлол дар ростои таъмини ниёзҳои худ ба энержй, иқдом ба такмили неругоҳи Роғун кард.Дар идомаи ин раванд бо ширкати РусАл қарордод ба имзо расид, аммо баъдан дар соли 2007 ба далели коршиканиҳои тарафи русй, Точикистон қарордоди мазкурро бекор кард. Бо ин ҳол ҳануз ҳам дар Душанбе ба ин умед буданд, ки Маскав билохира вориди амал шуда, ин тарҳи муҳимро такмил хоҳад кард.Ҳатто дар соли 2008 масъулони точик қасд доштанд назорати такмили неругоҳи Роғунро ба Русия вогузор кунанд.Русия барои ичрои ин нақш барномаеро ироа кард, ки бар асоси он фақат 25 дарсади саҳмияҳои Роғун ба Точикистон таалуқ мегирифт.Ба тадрич дар Душанбе ин воқеиятро дарк карданд, ки Русия дар ростои мушорикат дар тарҳи Роғун, чуз талафи вақт ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мавриди назари хеш,ҳадафи дигаре надорад. Дар сафари моҳи октябри соли 2009 Эмомалй Раҳмон ба Маскав, Душанбе бар ин умед буд, ки битавонад давлатмардони Русияро мутақоид ба сармоягузорй ва бархурди чиддитаре бо тарҳи Роғун кунад.Аммо тайи ин сафар масъалаи Роғун хорич аз меҳвари баҳсҳо буд ва хилофи интизороти масъуломи точик, раиси чумҳури ин кишвар аз Маскав бо дастони тиҳй бозгашт.Баъд аз ин сафар буд, ки

давлати Душанбе тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз зарфият ва имконоти дохилй такмил намояд.Ба ин манзур дар соли 2009 122,5 миллион доллар ихтисос дода шуд.Имсол низ дар будчаи Точикистон тахсиси 150 миллион доллар барои Роғун дар назар гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки бар асоси тарҳ дар сурати такмил, неругоҳи Роғун қодир ба тавлиди солиёна 13,1 миллиард киловат-соат неруи барқ хоҳад буд. Ин ба маънои бароварда намудани тамоми иёзҳои дохилй ба энержй ва табдил шудани Точикистон ба бузургтарин содиркунандаи неруи барқи арзон дар минтақа хоҳад буд.Дар айни ҳол Точикистон солиёна ба ҳудуди 4 миллиард киловат-соат камбуди неруи барқ ру ба ру аст ва ин масъала дар фасли зимистон бештар аҳамият касб мекунад.Албатта тайи солҳои охир дар натичаи сохтани неругоҳҳои барқи обии кучак,ҳамчунин мавриди баҳрабардорй қарор гирифтани неругоҳи Сангтуда-1, камбуди неруи барқ ду баробар коҳиш ёфтааст. Ало рағми ин, дар поёни соли 2009, дар пайи хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, масъалаи таъмини неруи барқ дар Точикистон бо мушкилоти чадиде ру ба ру шуд.Баъди ин иқдоми Узбакистон, Точикистон натавонист барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе масъулони точикро мачбур ба замонбандии интиқоли неруи барқ дар кишвар намуд, ба гунае ки ҳатто дар бархе манотиқи вилояти Хатлон мардум дар шабонаруз фақат 4-5 соат бо неруи барқ таъмин мешуданд.Дар ин замина авзоъ ба ҳадде муташаннич шуд, ки дар давраи аз 30 октябр то 5 ноябри соли 2009 аксари рустоҳои ин вилоят ба таври комил аз неруи барқ маҳрум шуданд.

Масъалаи сохтани неругоҳи Роғун ин рузҳо ба гунае дар Точикистон доғ шудааст, ки ҳатто ба мизони қобили таваччуҳе интихоботи порлумонии 28 февралро таҳти шуъо қарор додааст.Шабакаҳои радио-телевизиони ин кишвар бо пахши барномаҳои вижа, мардумро ба мушорикати фаъол дар хариду фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун даъват мекунанд.Созмону идора,корхона ва ниҳодҳои мухталиф бо сармоягузорй дар ин тарҳ, талош доранд як навъ имтиёз касб кунанд.Аммо мавзуе ки боиси бархе нигарониҳо шудааст, сарнавишти саҳмияҳои неругоҳи Сангтуда аст, ки бо дар ихтиёри Русия қарор гирифтани тарҳи ин неругоҳ ва табдил шудан ба Сангтуда-1, ба фаромушй супурда шудааст.Бо ин вучуд давлати Душанбе дар шахси раиси чумҳур, ки ташаббускори аслии тарҳи мушорикат додани мардум дар сохтани неругоҳи Роғун аст, тамоми талоши худро ба харч додааст, то мардумро ба мушорикати фаъолтар дар ин тарҳ мутақоид намояд.Ҳатто дар ҳолатҳое дар лаҳни суханрониҳои раиси чумҳур оҳанги таҳдид шунида мешавад.Аз чумла Эмомалй Раҳмон ахиран дар дидор бо соҳибкорон ва точирони точик таъкид кард, ки дар сурати худдории точирон аз интиқоли сармояҳояшон ба Точикистон, доройиҳои онон мавриди бозрасй қарор хоҳад гирифт.Раиси чумҳури Точикистон ҳамчунин ба раисони бонкҳо ҳушдор дод, ки дар сурати камфаъолиятии онон, мучаввизи ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои хоричй дар Точикистонро содир хоҳад кард ва дар чунин сурате бонкҳои дохилй тайи 3-4 моҳ варшикаст хоҳанд шуд.

Дар робита ба фуруши саҳмияҳо ҳатто гузоришҳое дар бораи мачбур кардани донишомузон ба хариди саҳмияҳо тавассути устодон,мунташир шуд, аммо баъдан масъулон ин хабарҳоро такзиб карданд.

Дар мачмуъ дар дохили Точикистон бо шуру шавқи хосе хариду фуруши саҳмияҳо идома дорад.Аммо дар хорич аз кишвар иқдомҳое дар ҳоли шаклгирианд, ки баёнгар аз ба мушкил мувочеҳ шудани раванди сохтани неругоҳи Роғун мебошанд. Қарори маълум Русия дар тарҳи неругоҳи Роғун нақш ва чойгоҳи вижае дорад ва мавзеъгириҳои ин кишвар метавонад бар раванди фаъолиятҳои марбут ба такмили Роғун таъсиргузор бошад.Точикистон дар пайи солҳо умедвор шудан ба ваъдаҳои Маскав дар мавриди сохтани ин тарҳ, ногузир ба гирифтани мавзеи кунунии худ шуд.Вақте ки моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Тошканд эълом кард, дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард,дар Душанбе ба ин натича расиданд, ки дигар наметавон ба ваъдаҳои Русия дил хуш кард. Бо ин вучуд Русия ҳаргиз ҳозир нест аз мушорикат дар тарҳи Роғун канорагирй кунад.Ба вижа дар пайи тасвиби тарҳи САSА-1000 дар порлумони Точикистон, ки интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ба Осиёи Чанубиро тазмин хоҳад кард, Русия ба унвони мудаъийи таҳти тасарруфи худ қарор додани манобеи энержии минтақа,талош хоҳад кард аз саҳми бештаре дар ин тарҳ бархурдор шавад.Аз ин ру ин интизор чой дорад, ки сарфи назар аз мавзеъгириҳои кунунии Маскав дар қиболи масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, давлатмардони рус бар асоси суннати рафоқаташон,ки дар тули таърих ҳамеша манофеи худро аз манфиати шарикон бартар шумурдаанд, метавонанд ба Тошканд пушт гардонда, мучаддадан ру ба суи Душанбе оваранд.Аммо дар Точикистон ин дарси русҳоро хондаанд.

Масъалаи дигари марбут ба сохтани неругоҳи Роғун, мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон мебошад, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик дар ростои қудратталабиҳои Ислом Каримов сурат мегирад. Бархе аз коршиносон пешбинй мекунанд, ки идомаи ихтилофҳо миёни ду кишвари ҳамсоя бар сари неругоҳи Роғун метавонад ба руёруиҳои чиддитаре табдил шавад. Ба вижа дар шароите, ки дар порлумони чадиди Узбакистон як фарксиюни 15 нафараи экологй таъсис шудааст, ин дидгоҳ тақвият шудааст, ки кишвари ҳамсоя масъалаи сохтани неругоҳи Роғунро ба таври чиддй пайгирй хоҳад кард.

Комментариев нет: