Хабари дархости ғаромат аз панч нашрияи Точикистон ба иллати он чи ки риоят накардани қонуни матбуот ва нашри ахбори кизб таъбир шудааст, фазои иттилоотии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст.Бар пояи ин хабарҳо вазорати кишоварзй, муассисаи «Точикстандарт» ва чанд додрас аз ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат», «Пайкон», «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» талаби пардохти ғаромат ба маблағи 7 миллион сомонй - муодили 1,5 миллион доллар намудаанд. Аз чумла дар шикояти вазорати кишоварзии Точикистон таъкид шудааст, ки ҳафтаномаи «Миллат» бояд ба ин вазоратхона барои интишори матолиби кизб як миллион сомонй ғаромат пардохт намояд. Дар ин замина сухангуи ин вазорат гуфт, ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 49, 10 декабри слои 2009 таҳти унвони «Вазорати кишоварзй фасодзадатарин ниҳод аст» оморе мунташир намуд, ки дур аз воқеият мебошад.Ин дар ҳолест, ки масъулони нашрия мегуянд омору рақамхоро аз гузориши Сафаралй Гулов, раиси Кумитаи будчаи Мачлиси намояндагони Точикистон иқтибос кардаанд, ки дар як чаласаи парлумон гуфта буд. Аз суе ду қозии додгоҳи олй ва як додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» барои он чи ки таҳкир ба шаъну шараф ва ҳайсияти додрасҳо таъбир кардаанд,ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Аммо масъулони ин нашрияҳо муътақиданд, ки ин иқдомот ҳосили як барномарезии аз қабл пешбинй шудаи гуруҳҳои фурсатталаб аст, ки дар чунин марҳалаи ҳасос саъй доранд фазои дохили кишварро ба бухрон бикашанд. Аҳли матбуот бар ин боваранд, дар шароите ки Точикистон ба интихоботи порлумонии 28 феврал омода мешавад ва мавзуи мушорикати мардум дар тарҳи азими неругоҳи Роғун дар меҳвари фаъолиятҳои расонаи қарор дорад, иддае бар он шудаанд сарнавишти давлат ва миллати Точикистонро қурбонии тамаъхои муғризонаи худ кунанд.Таҳлилгарони точик низ бо ишора ба ҳамин мавзуъ мегуянд, вазоратхонаҳое ки дар пешбурди вазифахои худ муваффақ набудаанд, дар остонаи чаласи солонаи ҳукумат, ки тибқи маъмул бо чойивазкунии кадрй ҳамроҳ аст, талош доранд бо чунин чанчолофариниҳо афкори умумиро ба бероха баранд. Дар ҳамин ҳол Созмони гузоришгарони бидуни марз, ки қароргохи он дар Париж мебошад, бо интишори баёнияе аз мақомоти точик хостааст,аз афзоиши фишор ба матбуоти мустақил пешгирй кунанд.Дар ин баёния, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, аз он ибрози нигаронй шудааст,ки бо иддаоҳои беасос ба додгоҳ кашидани фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон, дар ҳоли табдил шудан ба як анъана аст.
Нигоҳе ба амалкарди расонаҳои иттилоотии Точикистон тайи чанд соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар муқоиса бо бархе кишварҳои ҳамсоя, рузноманигорони Точикистон дар вазъи беҳтаре аз нигоҳи истиқлоли амал бархурдоранд.Ба иборати дигар, меъёрҳои демократй ва озодии баён то ҳадди қобили мулоҳизае дар ин кишвар риоят мешаванд ва ин имкон додааст, ки рузноманигорон бо худбоварии бештаре анчоми вазифа кунанд.Қонуни матбуоти Точикистон, ки дар чанд навбат мавриди тағйиру ислоҳ қарор гирифт, сарфи назар аз бархе костиҳо, фазои нисбатан мусоидеро дар ихтиёри аҳли қалами ин кишвар қарор додааст.Албатта дар ин замина ҳануз масъалаҳои зиёде вучуд доранд, ки ҳалли онҳо ба эҳтимоми масъулон ва рафтори касбии ахли расона вобаста аст.
Дар моҳи майи соли 2009 гуруҳе аз рузноманигорони Точикистон бо имзои санаде бо номи "Ойинномаи ахлоқи журналист", иқдом ба таъсиси Шурои чамъиятии матбуот намуданд, то аз ин тариқ зимни тақвияти маҳоратҳои касбии хабарнигорон, фаъолияти ононро дар чорчуби қонунхо ва муқаррароти мавчуд тазмин кунанд. Аммо на ҳамаи дастандаркорони матбуоти точик аз ин иқдом истиқбол карданд ва иддае бо андешаи ин ки Шурои мазкур як ниҳоди чадиди назоратй ба фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон табдил хоҳад шуд, аз пайвастан ба он худдорй карданд. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй дар мавриди вазъи озодии баён дар Точикистон хикоят аз он дорад, ки дар соли 2009 ин кишвар бо 7 зина суқут аз мақоми 106 ба мақоми 113 нузул кардааст.Дар чунин гузориши соли 2007 Точикистон дар мақоми 115 қарор дошт.Харчанд дар гузориши мазкур вазъи озодии баён дар Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа ру ба беҳбуд арзёбй шудааст, аммо аз падидаи «худсонсур» дар миёни рузноманигорони точик ва фишори бархе сохторҳо ба матбуот ба унвони монеи чиддй дар масири ин раванд, ибрози нигаронй шудааст.
Бар асоси оморҳои расмй дар Точикистон 22 шабакаи мустақили радои ва телевизион фаъолият мекунанд.Хамчунин дар вазорати фарҳанги ин кишвар беш аз 360 ҳафтанома сабти ном шудаанд, ки теъдоде аз онҳо ба иллати мушкилоти молй аз фаъолият бозмондаанд.Точикистон аз чумлаи андак кишварҳо дар қаламрави Шуравии собиқ аст, ки ҳануз рузнома, яъне нашрияе, ки ҳар руз ба табъ расад, надорад.Бархе аз нашрияҳои давлатй руздармиён чоп мешаванд.
Гуфтан чоиз аст, ки зуҳури матбуоти мустақил дар фазои иттилоотии Точикистон, ки аз нахустин падидаҳои сиёсати бозсозии (перестройка)Горбачёвй буд, таҳаввуле чиддй дар фаъолиятҳои рузноманигорй дар ин кишвар эчод кард.Аввалин нашрияҳои мустақил, назири «Сухан», «Ҳафт ганч», «Чароғи руз»,«Адолат»,«Растохез» бо чопи матолиби миллию мазҳабй, инқилобе дар афкори чомеаи точик эчод карданд.Нахустин ҳосили талоши ин нашрияҳо мақоми давлатй касб кардани забони форсии точикй дар Точикистон дар соли 1989 буд.Ин матбуот бедории миллиро дар Точикистон ба гунае густариш доданд, ки ин кишвар ба маркази чунбишҳои миллй дар минтақа табдил шуд ва раванди бозгашт ба хештани хеш дар зехни фард-фарди мардум ба таври бесобиқае тақвият шуд.Дар сарорсари Точикистон масочид дарҳои худро ба руи намозгузорон боз карданд, омузиши алифбои ниёкон (хати форсй) дар мактабхо чорй ва Навруз ба унвони чашни миллй дар тақвим зикр шуд.Аммо оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй дар соли 1992, ки то соли 1997 идома кард, камари ин наҳзатро шикаст.Дар оғози ҳазораи саввум, бо бозгашти суботу амният ба сарзамини точикон, матбуоти мустақил мучаддадан ҳузри худро дар саҳна пурранг кард, ҳарчанд ҳолу ҳавои даҳаи 90 қарни гузаштаро надошт.Бо ин ҳол тайи солҳои охир ин матбуот тавонист бо ҳимоят аз манофеи миллии Точикистон дар баробари бархе кишварҳо, чойгоҳи худро боло бибарад.Вокунишҳои шадид дар баробари озору азият ва куштори муҳочирони кории точик дар Русия ва тарғиби давлат ба иқдоми амалй дар ин замина, аз нахустин муваффақиятҳои ин расонаҳо дар давраи ба истилоҳ ҳаёти дубораашон дар чомеаи точик мебошанд.Химоят аз тарҳи азими неругоҳи Роғун ва руёруйи бо иддаҳои беасоси кишварҳои ҳамсоя, аз дигар амалкарди мусбати ин расонаҳо маҳсуб мешавад, ки истикболи густурдаи чомаеро ба хамрох дошт.Аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон бо судури фармони 622 тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор кард, ки ба танкидҳои расонаҳо посух гуянд ва масъулони ҳукуматй дар нишастҳои матбуотй ҳузур ёбанд. Бо ин ҳол имруз матбуоти Точикистон, аз чумла нашрияҳои мустақил бо бархе мушкилоте ру ба ру ҳастанд, ки бар фаъолиятҳои онон соя афкандааст. Аз чумлаи ин мушкилот нотавонии молй мебошад, ки ин нашрияҳоро дар ҳолатҳое ба мубаллиги сиёсатҳо ва хостаҳои афрод ё ниҳодҳои сармоягузор табдил кардааст. Аз муҳтавои чунин расонаҳо ба осонй эҳсос мешавад, ки ба ивази дарёфти маблағ, сиёсатҳо ва ҳадафхои дигаронро дунбол мекунанд.Ин падидаи номатлуб қабл аз ҳама фарҳанги чомеа ва арзишҳои миллию мазҳабии мардумро ҳадаф қарор додааст, ки идомаи ин раванд на танҳо суботу амният, балки мавчудияти Точикистонро ба унвони давлати мустақил таҳти савол қарор хоҳад дод.
Масъалаи риояти қонуни забон аз дигар мушкили расонаҳои Точикистон мебошад.Забони баёни бархе аз ин расонаҳо ба ҳадди солхои 60 асри гузашта омиёна ва бархе дигар ончунон печида ва дур аз меъёрҳои забони точикй менависанд, ки хонандаро ба бероҳа мебарад.Албатта ин мавзуи баҳси чудогона аст.
Аммо дар остонаи интихоботи порлумонй ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил, ёдовари ҳамон иқдомҳоест, ки дар соли 2005 ва низ дар остонаи интихоботи порлумонй анчом шуда буд.Амре, ки ба манъи чопи нашрияҳои мустақили «Рузи нав», «Одаму олам» ва «Неруи сухан» анчомид.Албатта ҳар рузноманигоре вазифадор ба риояти меъёрҳои хабарнигорй аст ва ин сохторҳои дахлдор ҳастанд, ки дар мавриди шикоятҳо қазоват хоҳанд кард.Бо ин ҳол ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил ин бор таъкидҳои пай дар пайи мақомоти точик, ба вижа раиси чумҳур дар мавриди тазмини интихоботи шаффоф ва озодро то ҳадде таҳти сояи худ қарор додааст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий