Рузи 28 сентябри соли чорй дар Варшава, пойтахти Лаҳистон нишасти солиёнаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо чиҳати баррасии риъояти меъёрҳои ҳуқуқи башар тавассути кишварҳои узви ин созмон, оғоз шуд. Ин нишаст, ки дар он намояндагони 56 кишвари узв ва созмони муассисаҳои маҳаллй ва байналмилалй ҳузур доранд, то 9 моҳи октябр идома хоҳад дошт. Дар қиёс бо нишастҳои қаблй, ки мачмуъи масоил мавриди баҳсу баррасй қарор мегирифт, дар нишасти имсол масоили марбут ба адами табъиз ва озодиҳои асосй, назири озодии матбуъот, фаъолиятҳои мазҳабй ва ҳуқуқи башар мавзуъи аслии суханрониҳо хоҳанд буд."Янеш Ленарич", мудири дафтари демократй ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар маросими ифтитоҳияи нишасти мазкур гуфт, демократияи комил амре душвор аст, аммо таъаҳҳуде ки кишварҳои узв дар чиҳати таъмини ҳуқуқи башар пазируфтаанд, гувоҳи талоши онон барои дастёбй ба ин ҳадафи бузург аст. Вай афзуд, ҳар кишвар вижагиҳои худро дорад ва муҳим он аст, ки дар чиҳати ичрои ухдадорихои хеш, чиддй ва котеъ бошанд."Марк Перрин Бришамбо", дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ишора ба системи озмудашудаи таъмини озодиҳои шаҳрвандй гуфт, авзоъи кунунии чаҳон ва ташдиди буҳрони молии чаҳонй, миконисми ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва демократияро дар маърази озмоишҳои чадид қарор додааст.
Қабл аз ин нишаст гузорише мунташир шуд, ки дар он вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шахрвандй дар Казоқистон, Узбакистон ва Туркманистон арзёбй шудааст. Дар ин гузориш аз чумла омаддаст:се кишвари Казоқистон, Узбакистон ва Туркманистон дар марҳалаи гузар қарор доранд ва дастовардҳое дар ростои эъмори чомеъаи демукросй касб кардаанд.Бо ин ҳол, муаллифони гузориши мазкур таъкид кардаанд, ки дар ин кишварҳо дар масъалаҳои муҳиме назири озодии баён, баргузории эътирозот ва озодии расонаҳо ҳануз мушкилоти чиддй вучуд доранд.Гузориш меафзояд, дар Казоқистон гуруҳҳои мухолифи давлат аз ҳаққи баргузории ҳамоишҳо маҳруманд ва ё ба онҳо фақат дар канораи шаҳрҳо ичозаи барпойии чунин ҳамоиш ва нишастҳо дода мешавад.Тайи чанд моҳи охир дар устони Мангистой ҳазорон коргарони бахши нафт барои афзоиши маоши худ даст ба эътисоб заданд, аммо додгоҳ эътисоби оноро ғайриқонунй эълом ва садҳо нафар аз муътаризонро аз кор ихроч кард.Даҳҳо нафар боздошт ва сарони муътаризон бо иттиҳомоти мухталиф равонаи зиндон шуданд. Мақомоти Остона дар чиҳати сабти ном ва фаъолияти созмон ва муссисаҳои ғайридавлатй мавонеъи зиёде эчод кардаанд ва ба иллати бастани сойтҳои интернетй, дастрасии озоди афрод ба иттилоъот маҳдуд карда шудааст.
Дар мавриди авзоъи Туркманситон дар ин гузориш омадааст, меъёрхои демократй ва озодиҳои шаҳрвандй дар ин кишвар ҳамчунон ба шиддат маҳдуд карда мешаванд.Бо вучуди ин ки дар ин кишвар болиғ бар 100 созмон ва муассисаи ғайридавлатй сабти ном шудааст, аммо фаъолияти ҳамаи онҳо таҳти назорати шадиди сохторҳои давлатй қарор доранд. Дар Туркманистон ҳануз ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар ин кишвар ичозаи фаъолият надоранд. Мунтақидони сиёсатҳои давлат тавассути сохторҳои амниятй таҳдид ва мавриди фишор қарор мегиранд ва ба "феҳристи сиёҳ" - ин хадамоти амниятй дохил карда мешаванд.Афроди шомили ин феҳрист ичозаи хуруч аз кишварро надоранд.Дар Узбакистон низ авзоъи ба ин монанде ҳоким аст ва расонаҳои мустақил бидуни сабти ном ва тақрибан пинҳонй фаъолият мекунанд ва фақат як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар бо номи "Эзгулик" сабти ном шудааст. Бо ин ҳол тамомии фаъолони ҳуқуқи башар таҳти назорати хадамоти амниятй қарор доранд ва ҳар аз гоҳе бо иттиҳомоти сохташуда боздошт ва мучозот мешаванд ва дар боздоштгоҳҳо мавриди озору азият қарор мегиранд.Дастрасй ба иттилоъот маҳдуд аст ва дар пайи ташдиди фишорҳо созмони байналмилалии Human Rights Watch фаъолияти худ дар Узбакистонро қатъ кард.
Дар мавриди Точикистон ва Казоқистон низ гузоришҳои мушобеҳе мунташир шуда, ки дар ростои мақоли машҳури "кач дору марез" таҳия шуданд, ки ҳокй аз бархурди дугонаи ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ин масоил ҳастанд. Аз ин чост ки ҳай ати Федератсиюни Русия зимни интиқоди шадид аз амалкарди дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, таъкид кард меъёрҳои ин дафтар дар чиҳати арзёбй аз амалкарди давлатҳо дар бахши риъояти ҳуқуқи башар, ҳаргиз чавобгуи шароити руз нестанд ва умдатан чанбаи ташрифотй доранд."Андрей Никифоров", маъовини раиси ҳай ати Русия дар нишасти мазкур афзуд, ба вижа амалкарди давлатҳо дар баргузории интихобот ва риъояти ҳуқуқи ақалиятҳои миллй, ниёзманди назорати шадид ва ислоҳ мебошад.Аз суе "Дуня Миятович", намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуъот, аз амалкарди бисёре аз давлатҳои узв дар маҳдудсозии озодии баён ва фаъолияти расонаҳои мустақил интиқод кард. Хонуми "Миятович" аз чумла ба иқдоми Русия, Точикистон ва Узбакистон ишора кард, ки чанде қабл пешниҳод карданд "Ойинномаи байналмилалии таъмини амнияти иттилоъотй" таҳия ва тасвиб шавад.Ин мақоми аврупойи ибрози нигаронй кард, ки чунин иқдомҳое зимни эчоди мавонеъ дар рушди озодии баён, фаъолияти хабарнигоронро бо мушкилоти чиддй мувочеҳ хоҳад кард. Хонуми Миятович аз амалкарди Узбакистон дар маҳдуд кардани дастрасй ба сойтҳои интернетй интиқод кард, амре ки мучиби шомил шудани Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар ба феҳрасти "душманони интернет" шудааст.
Қобили зикр аст, ки дафтари демукросй ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар соли 1990 таъсис шуд ва дар соли 1992 бар асоси эъломияи Хелсинки вазифадор шуд ба кишварҳои узв дар заминаи риояти ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандй ва таҳкими институтҳои демократй,кумак кунад.Назорат бар раванди баргузории интихобот дар давлатҳои узв, аз чумлаи авлавияти фаъолиятҳои ин дафтар маҳсуб мешавад. Аммо воқиъият ин аст, ки тайи наздик ба ду даҳа аз фаъолияти дафтари мазкур, ҳеч беҳбудие дар баргузории интихобот дар кишварҳои пасошуравй сурат нагирифта, давлатҳо ҳамеша натоичи интихоботро ба нафъи худ дасткорй кардаанд.
Вижагии нишасти имсоли дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо он аст, ки ҳамзамон бо оғози хуручи неруҳои низомии кишварҳои ғарбй аз Афғонистон баргузор шудааст.Хамин мавзуъ бидуни шак ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказй арзёбй мешавад, зеро ниёзи фазояндаи Гарб ба ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба унвони имтиёзе барои ин кишварҳо дар таъомул бо ғарбиҳо арзёбй мешавад.Ба иборати дигар, ҳамин масъала боис мешавад, ки лаҳни интиқодҳо аз давлатҳои Осиёи Марказй дар масъалаи риъояти меъёрҳои демукросй ва озодиҳои шаҳрвандй нармтар аз ҳамеша бошад. Дар мачмуъ нишасти Варшава ҳамчун нишастҳои қаблии ин ниҳод бидуни тасмимоти чиддй, ки мучиби беҳбуди вазъ дар заминаи риъояти ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократй дар кишварҳои узв бишавад, ба кори худ поён дод.Танҳо натичаи мусбат барои созмондиҳандагони ин нишаст он аст, ки бо тарҳи қонуншиканиҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказй дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар, заминаи бочгирй аз онҳоро фароҳам мекунанд.Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ҳеч умеде ба кумак ва мусоидати чунин нишастҳо дар чиҳати ислоҳи амалкарди диктотурҳои Осиёи Марказй дар бахши демократй ва ҳуқуқи башар, надошта бошанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий