Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст.
Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд.
Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки "ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард".Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, "агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд".Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро "уту" кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки "бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад." Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон "посухи сазоворе" диҳад, зеро ба гуфтаи у "Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед". Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, "ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад".
Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал - Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати " Rolkan Investmens Ltd "ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод.
Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий