САХИФАХО

четверг, 3 сентября 2009 г.

Қирғизистон:исломшиносй ё исломситезй?


Давлати Кирғизистон тасмим гирифтааст аз соли таҳсилии 2010-2011 дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар омузиши улуми диниро ба роҳ монад. Дар ин робита Ожонсии давлатии умури дин қонунеро таҳия намудааст, ки интизор меравад ба зудй ба баррасии порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Ин барнома пешбинй мекунад, дар мактабҳо аз соли панчуми таҳсил ба донишомузон таълимоти динй ё диншиносй тадрис хоҳад шуд ва дарсҳо тавассути муаллимони дунявй, на ба истилоҳ муллоҳо, омузонида хоҳанд шуд. Хадаф аз чорй кардани омузиши дин дар мактабҳо ошно кардани донишомузон ба таълимоти динҳои мухталиф ва ба онон омузондани фаркият миёни масехият ва ислом, масеҳият ва буддойи ... ва амсоли ин унвон шудааст.
Бояд гуфт, ки Киргизистон аз чумлаи кишварҳоест дар Осиёи Марказй, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол аз густариши тундгаройии исломй ранч мебарад. Ин мавзуъ ба гунае густариш ёфта, ки борҳо амнияту суботи Киргизистонро ҳадаф қарор дода ва бо таваччуҳ ба мавқияти чугрофиёйи қаламрави ин кишвар чандин бор майдони таҳаррукоти гуруҳҳои ифротй гардидааст. Аз суи дигар,масъулони қиргиз яке аз далелҳои ру овардани мардум, ба вижа чавонон ба фирқаву равияҳои мухталифи мазҳабй ва гароиши мусалмонон ба дину мазҳабҳои дигарро дар поён будани сатҳи динии чомеа медонанд.Аз ин ру дар сададанд, то бо омузиши таърихи динҳои мухталиф ва ошно кардани чавонон ба таълимоти динҳои бузурги олам, аз нигарониҳои худ дар ин замина бикоҳанд.
Воқеияти дигари чомеаи Киргизистон ин аст, ки дар шароити афзоиши тамоилоти мазҳабии мардум ва ба далели набудани таълимгоҳҳои исломй, афрод ва ниҳодҳои мухталифе вориди амал шудаанд ва бо чалби мардум ба маҳфил ва дарсҳо, исломро бар тибқи майлу иродаи хеш таълим медиҳанд.(Дар ин миён фаъолияти дигар фирқа ва равияҳои гайриисломиро низ набояд нодида гирифт).Бар асоси оморҳои расмй, дар айни ҳол дар Киргизистон 45 мадрасаи динй, 8 донишкадаи исломй ва як донишгоҳи исломй фаъолият мекунанд.Хамзамон бо ин дар ин кишвар 15 мадраса ва мактаби динй ба таври гайриқонунй фаъолият мекунанд ва ҳар кадом барномаҳои таълимии худро доранд.Ба иловаи ин ҳама, дар назди масчидҳо низ дарсҳои қуръонй амал мекунанд, ки гуфта мешавад хоҳишмандони зиёде доранд.
Дар шароите, ки густариши ангезаҳо ва тамоилоти динталабии мардум чомеаҳои пасошуравиро фаро гирифтааст ва неруҳои исломй ба унвони аслитарин рақиби давлатҳои худкома дар Осиёи Марказй дар ҳоли шаклгирй ва тақвияти сохтории худ ҳастанд, иқдоми давлатмардони Бишкек талоше дар чиҳати таҳти назорат даровардани ин раванд таъбир мешавад. Аз суи дигар масъулони қиргиз бар он шудаанд, ки бо тасвиби қонуни чадид фаъолиятҳои динии мардумро таҳти контрол гирифта, исломро ба гунае, ки худ мехоҳанд, ба мардум муаррифй кунанд. Чунин руйкард дар нисбати эътиқодҳои мазҳабии мардум ҳосиле чуз печида шудани мавзуъ надоштааст ва намунаи онро метавон дар Узбакистон мушоҳида кард. Аз ин ру иқдоми чадиди давлати Бишкек дар чиҳати ба истилоҳ танзими омузишҳои динй, чунончй ба самти тобеи сиёсатҳои давлат намудани боварҳои динии мардум ва пешгирй аз фаъолиятҳои озодонаи динии мардум пеш равад, сиёсате аз ҳоло шикаст хурда хоҳад буд.
Бо ин ҳол, омузиши дин дар мактабҳо иқдомест, ки ниёз ва зарурати чомеаи мусалмони қиргиз онро шакл додааст.

Комментариев нет: