Рузи якшанбеи 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен раиси чумҳурии Афғонистон, ки дар бораи мушкилоти амниятии кишвараш сухан мегуфт, хабар дод, ки дар ростои тақвияти артиши миллй дар назар дорад хидмати сарбозиро барои ҳамаи шаҳрвандони афғон ҳатмй намояд. Ҳомиди Карзай бо ишора ба ин ки бояд ба тадрич умури амниятии кишвар ба неруҳои бумй вогузор шавад, таъкид кард, ки уҳдадории низомии шаҳрвандон имкон хоҳад дод, камбуди неру дар сохторҳои артиш рафъ шавад.
Албатта ин ибтикори раиси чумҳури Афғонистон баргирафта аз авзои дохилии ин кишвар аст, ки тайи чаҳор даҳсола бо чангу хунрезй ҳамроҳ будааст. Аммо шароити кунунии Афғонистон ичрои чунин иқдомеро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст, зеро беэътимоди мардум ба давлати Кобул ва нотавонии ин давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон боис шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон камтарин мушорикатро дар барномаҳои давлат дошта бошанд. Ҳарчанд қабл аз нишасти Мюнхен дар канфронси Ландан барномаҳое дар ростои тақвияти давлати марказии Кобул дар назар гирифта шуд, аммо меконизми ичрои ин барномаҳо, ки такрори нишастҳои номуваффақи қаблй аст,умеди амалй шудани ин барномаҳоро беш аз ҳар замони дигаре заъиф кардааст.
Аз суи дигар Ғарб дар расидагй ба мушкилоти Афғонистон, ё саҳеҳтар бигуем, барои раҳои аз ботлоқи Афғонистон дучори сардаргумй аст ва дар ҳоле, ки Амрико талош дорад ҳузури низомии худ ва муттаҳидонашро дар он кишвар тақвият кунад, масъалаи пуштибонй аз неруҳо бо мушкилоти фаровоне мувочеҳ шудааст. Қарори маълум, дар пайи ташаннучи авзоъ дар Покистон, ки масири аслии интиқоли тачҳизоти зарурй барои неруҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон буд, давлатҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ру ба кишварҳои ҳамчавор дар Осиёи Марказй оварданд, то амалиёти пуштибонй аз неруҳои худ дар манотиқи мухталифи Афғонистонро анчом диҳанд. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки ба таври суннатй дар вобастагиҳои мушаххасе аз Русия қарор доранд, ҳарчанд ҳозир ба ҳамкорй шудаанд, аммо ба бовари ғарбиҳо ин раванд метавонад ҳар лаҳза халалдор шавад.Яъне ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар бисёр ҳолатҳое ба наҳваи равобит миёни Амрико ва Русия бармегардад, амре ки эътимоди Ғарб ба садоқати кишварҳои ин минтақаро заъиф кардааст. Ба вижа ҳузури наёфтани Узбакистон дар конфронси Ландан кишварҳои ғарбиро ба ин натича расонд, ки ба фикри масирҳои чойгузини таронзити тачҳизоти мавриди ниёз ба Афғонистон бошанд. Дар ҳамин росто гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуи таронзити коло ва муҳимоти пуштибонй аз неруҳои низомии ғарбии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Чинро дар дастури баррасй қарор додааст. Мақомоти амрикойи эҳтимоли истифода аз бандарҳои Русия дар Шарқи дурро низ дар чорчуби ҳамин барнома қарор додаанд. Албатта Вошингтон ба масъалаи мушорикат додани Чин дар масоили Афғонистон эҳтиёткорона амал мекунад, зеро Чинро аз рақибони сарсахти худ дар минтақа медонад.Мақомоти амрикои эътироф кардаанд, ки бо вучуди ҳамкориҳои Тошканд дар чиҳати интиқоли коло ва муҳимот ба Афғонистон, бюрократияи мавчуд дар сохторҳои ин кишвар , ҳамчунин ришвахорй ва худхоҳии масъулон узбак онҳоро хаста кардааст. Коршиносон ва мутахассисони амрикойи мегуянд, дар роҳ ба Афғонистон мушкил сари мавзуи расидан ба Осиёи Марказй нест, балки мушкили аслй гузаштан аз қаламрави Узбакистон аст.
Мақомоти узбак дар мавриди мушорикат накарданашон дар нишасти Лондон ҳеч гуна ибрози назаре накарданд, аммо бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар қиболи масоили Афғонистон, ин андеша тақвият мешавад, ки ин иқдоми Тошканд дар ростои бочхоҳиҳои навбатии Узбакистон аз кишварҳои дахлдор дар масоили Афғонистон сурат гирифтааст. Аммо воқеият ин аст, ки дар шароити кунунии Осиёи Марказй, ки тақрибан ҳамаи кишварҳо талош доранд аз мушорикат дар барномаҳои ғарбии марбут ба Афғонистон суд бибаранд, шанси Узбакистон дар ин замин чандон зиёд нест. Аз суе, гуфта мешавад, ки нодида гирифта шудани пешниҳоди Ислом Каримов дар мавриди тачдиди фаъолияти гуруҳи ҳамсоягони Афғонистон бо номи гуруҳи 6+2 (Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон,Чин, Покистон, Туркманистон, Русия, Амрико),иллати ҳузур наёфтани намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон мебошад. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки ҳамзамон бо баргузории нишасти Лондон (28 январ)дар яке аз сойтҳои интернетии марбут ба ҳукумати Узбакистон иттилоия дар мавриди қарори Ислом Каримов таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба табъ расид, чунин бармеояд, ки адами ҳузури намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон як худнамойии дигар аз тарафи раиси чумҳури Узбакистон буд. Асли қазия он аст, ки давлати Тошканд ба ҳамкориҳо бо Ғарб дар чорчуби масоили Афғонистон аҳамияти зиёде қоил аст.Зеро ин ҳамкориҳо ба Тошакнд имкон медиҳанд, ки стротегияи нуфузи худ дар шимоли Афғонистонро осонтар пайгирй кунад.Додани ичозатномаи сохти роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба Узбакистон, натичаи ҳамин ҳамкориҳои ин кишвар бо Амрико будааст.
Аз баррасии масоили Афғонистон ва наҳваи расидагии кишварҳои ғарбй ба ин масъалаҳо бармеояд, ки аслитарин ҳадафи ишғоли ин кишвар на кумак ба мардуми Афғонистон, балки аз байн бурдани рақибони худ дар минтақа ва тасарруфи манобеъ ва сарватҳои бештар мебошад. Гузоришҳои мақомоти расмии давлати Кобул дар мавриди истифода аз кумакҳои башардустона ва сармоягузориҳои кишварҳои ғарбй дар Афғонистон баёнгар аз он аст, ки бахши аъзами ин кумакҳо барои ба истилоҳ умури ташрифотии ниҳодҳои байналмилалии воқеъ дар Афғонистон харч мешавад. Ин умури ташрифотй иборит аст аз ичораи дафтарҳо, хариди мошинҳои люкс, маъмуриятҳои заруру нозарур ва ҳуқуқи кормандони ин ниҳодҳо. Дар ин маврид ҳатто дар порлумони Афғонистон борҳо баҳсҳо матраҳ шудаанд.Ҳамин масъала боис шудааст, ки мардуми Афғонистон ва нухбагони сиёсию фарҳангии ин кишвар ба натоичи конфронсҳое назири канфронси Лондон ба дидаи шак ва шубҳа нигаранд.Ба илова, тарҳи чадиди Ғарб дар мавриди музокира бо толибони муътадил ва чудо кардани 500 миллион доллар ба ин манзур, ин ақидаро тақвият кардааст, ки чанг бо толибон баҳонае барои ишғоли Афғонистон тавассути Ғарб будааст ва акнун бо мушорикат додани гуруҳе аз толибон дар корҳои идоракунии Афғонистон, Ғарб қасад дорад зимни эчоди нифоқ дар сафҳои ин гуруҳи иртичойи, заминаи сирояти нооромиҳо ба кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистонро фароҳам намуда, барномаҳои роҳбурдии худ дар ростои ғорати миллатҳоро дунбол кунад.
Аммо он чй ба барномаи давлати Карзай дар заминаи ҳатмй эълом кардани хидмат дар артиш барои чавонони ин кишвар бармегардад, дар чорчуби барномаест, ки тибқи он то соли 2011 теъдоди неруҳои артиши Афғонистон ба 171 ҳазор ва пулиси ин кишвар ба 134 ҳазор афзозоиш хоҳад ёфт. Бо ин ҳол беэътимодии мардуми Афғонистон ба давлати ин кишвар, ичрои ин барномаро ба амре ғайриқобили ичро табдил кардааст, ки ҳосили он фирори бештари мардуми ин кишвар ба хорич хоҳад буд. Амре ки хонаводаҳои афғон дар ростои ҳифзи чони фарзандони худ анчом хоҳанд дод. Зеро барои аксари кулли мардуми Афғонистон маълум нест, ки дар кишварашон ин ҳама чангу куштор ба хотири кй ва чй ҳаст?
Комментариев нет:
Отправить комментарий