САХИФАХО

среда, 17 февраля 2010 г.

Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард




Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.

 Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
 Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
 Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.

Комментариев нет: