Ахиран порлумони Точикистон як кумиссиюни 15 нафара таҳти унвони кумиссиюни экологй таъсис намуд.Дафтари матбуотии порлумони Точикистон эълом кард, ки баррасии масъалахои марбут ба муҳити зист, аз вазифаи аслии ин кумиссиюн ба ҳисоб меравад.Харчанд макомоти расмии точик иброз доштанд, таъсиси кумиссиюни экологй ҳеч рабитае ба эътирозоти ахири аҳолии шаҳри Термизи Узбакистон дар нисбати хатароти зистмуҳитии корхонаи алюмини точик надорад, аммо воқеият он аст, ки руёруиҳои лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ба нафъи Тошканд дар ҳоли пешравй аст, аз ин ру давлати Душанбе тасмим гирифтааст сангари муборизаи дипломатиро дар ин замина тақвият кунад.
Нигоҳе ба раванди робитахо миёни ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Точикистон баёнгар аз он аст ки масъалаи сохтани неругоҳҳо дар рудхонаҳои ба истилоҳ фаромарзй, аз чумла неругоҳи Роғун, мавзеъхои ду тарафро ба ҳаде аз ҳам дур кардааст, ки метавон ду кишварро рақибони сарсахти ҳамдигар тавсиф кард. Дар иртибот ба ин мавзуъ тарафи Точикистон муътақид аст, ки сохти неругоҳ бархоста аз ниёзҳои фазояндаи ин кишвар ба энержй аст ва ин амр ҳеч зарару зиёне ба кишварҳои минтақа ворид нахоҳад кард.Аммо тарафи Узбакистон иддао дорад, ки сохтани неругоҳ дар канори коҳиши мачрои об ба қаламрави Узбакистон, таъсироти вайронгаре ба муҳити зист ворид хоҳад кард.Тошканд чунин иддаоеро дар мавриди неругоҳи Камбарота, ки дар Кирғизистон дар ҳоли сохт аст, низ матраҳ намудааст. Аммо ҳам Точикистон ва ҳам Кирғизистон бо ироаи аснод ва далелхо собит кардаанд, ки сохтани неругоҳҳо на танҳо ҳеч пай омадҳои манфии зистмуҳитй надорад, балки дар танзими оби минтақа ва рушди бахши кишоварзй нақши муҳиме ичро хоҳад кард. Ин мавзуъ имруза аз чорчуби равобити дучониба фаротар рафта ба баҳси минтақайи, ҳатто фароминтақайи табдил шудааст. Узбакистон дар пайи беэътинойии ҳамсоягон ба дархостҳояш дар мавриди мутаваққиф кардани раванди сохти неругоҳҳо, масъаларо ба саҳнаи байналмилал кашид ва тавонист ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро то ҳадди зиёде ба мавзеъхои худ ҳамсон кунад. Нахустин муваффақияти Тошканд дар ин замина он буд, ки Чинро аз ичрои қарордодаш бо Точикистон дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон мунсариф кунад. Ёдовар мешавем бар асоси қарордоди ба имзорасида миёни Чин ва Точикистон, тарафи чинй бояд аз моҳи майи соли 2009 сохти неругоҳ дар минтақаи Зарафшонро оғоз мекард, аммо бо дахолатҳои Тошканд, ширкати чинй ичрои ин қарордодро ба ҳолати муаллақ даровард. Дар идомаи ин иқдомҳо, давлати Ислом Каримов тавонист ширкати РусАл-ро низ аз мушорикат дар такмили тарҳи Роғун боздорад. Ҳатто бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй, ки қаблан барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун эьломи омодагй карда буданд, дар пайи фазосозиҳои мақомоти узбак, дар тасмимоти худ чиҳати сармоягузорй дар тарҳи Роғун тачдиди назар ва таъкид карданд, ки то замони рафъи ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифода аз манобеи гидроэнергетикй, ҳеч сармоягузорие дар ин замина анчом нахоҳанд дод.
Узбакистон дар раванди мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Роғун то ҳадде пеш рафт, ки ин масъаларо ба Созмони милалаи муттаҳид - олитарин марчаъи байналмилалй кашид. Дар сафари даврайии Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон ба Осиёи Марказй, ки дар авоили моҳи апрел сурат гирифт, мақомоти Узбакистон Бан Ки Мунро ба минтақаи бахри Арал бурданд ва ба вай ин гуна илқо карданд, ки ҳама фочеаи марбут ба ин бахр бархоста аз сохтани беравияи неругоҳҳо дар минтақа аст.Ин илқоот то ҳадде корсоз буд, ки дабири кулли СММ дар сафар ба Точикистон аз боздиди минтақаи сохти неругоҳи Роғун, сарфи назар кард. Ин таҳаввул ба маънои шикасти дипломатияи точик дар баробари фазосозиҳои ҳамтоёни узбаки онҳо таъбир шуд.
Кабл аз ин Тошканд тавонист дар минтақа дидгоҳҳои Казоқистон ва то ҳадде Туркманистонро ба мавзеи худ дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъхои обии Осиёи Марказй ҳамсон кунад.Русия низ, ки ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳҳои барқи обй қарордодҳо имзо намуда буд,эълом кард, ки дар ин масъала аз мавозеи Тошканд чонибдорй мекунад.
Дар пайи чунин ранг гирифтани таҳаввулот, Точикистон тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз манобеи дохилй такмил кунад.Ба ҳамин манзур аз ибтидои соли чории саҳмияҳои ин неругоҳ ба фуруш бароварда шуданд ва то имруз бар асоси оморҳои мунташира ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия ба фуруш рафтааст.
Ҳар иқдоми давлати Душанбе дар ростои такмили неругоҳи Роғун, ҳасосиятҳои Тошкандро барангехтааст, ба гунае ки ҳамакнун баҳси таъсироти манфии зистмуҳитии корхонаҳои Точикистон мавзуи эътирозҳо дар Узбакистон шудааст. Дар ҳамин чорчуб ахиран бо даъвати кумиссиюни экологии порлумони Узбакистон теъдоде аз аҳолии вилояти Сурхондарёи ин кишвар дар эътироз ба он чи таъсироти вайронгари зистмуҳитии корхонаи алюмини точик номиданд, гирдиҳамойи намуда, роҳи ҳаракати қатори Точикистонро ки аз қаламрави ин вилоят мегузарад, бастанд. Муътаризон иддао карданд, ки дуди ин корхона боиси густариши бемориҳое назири саратон дар миёни аҳолии ноҳияҳои ҳамчавор шудааст.Аз суи дигар ширкати роҳи оҳани Узбакистон бо баҳонаҳои таъмири роҳ беш аз 3 моҳ вагонҳои дорои маводи ғизои ва масолеҳи сохтмонии Точикистонро дар қаламрави хеш манъ кардаанд.Ин иқдом мучиби боло рафтани нархҳо, аз чумла нархи сузишворй дар бозорҳои Точикистон шуда, фаъолиятҳо дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2ро фалач кардааст. Мақомоти Точикистон ин амалкарди кишвари ҳамсояро талош барои мунзавй кардани Точикистон тавсиф ва аз мачомеи байналилал хостанд дар рафъи ин мушкил ҳамкорй кунад. Хатто мутахасисони эронй, ки дар неругоҳи Сангтуда-2 фаъолият мекунанд, ибрози нигаронй карданд, агар тавқифи тачҳизоти фиристодашуда аз Эрон дар қаламрави Узбакистон идома кунад, муҳлати ба баҳрабардорй расидани ин неругоҳ ба таъхир хоҳад афтод.
Амалкарди Узбакистон дар мутавакиф кардани вагонҳои Точикистон чизе чуз талош барои муҳосираи иқтисодии Точикистон таъбир намешавад ва ба касе пушида нест, ки ин иқдом вокуниши Тошканд нисбат ба азми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун аст.Дар шароити кунунй ба назар мерасад, Точикистон ҳеч роҳе барои аксуламал дар муқобили амалкарди Тошканд надорад ва бояд зери бори фишорҳо равад. Аммо...
Ташкили кумиссиюни экологй дар порлумони Точикистон қабл аз ҳама дар ростои тақвияти чабҳаи талош барои ҳифозат аз манофеи Точикистон дар масоили зистмуҳитй таъбир мешавад. Давлати Душанбе ба тадрич ба дарки ин ҳақиқат рафтааст, ки вучуди афроди мутахасис дар порлумон, қабл аз ҳар чизи дигаре пояҳои ҳукуматро тақвият мекунад ва идомаи қавмгарои ва хешутаборпарастй дар интихоби кадрхо, дар дарозмуддат метавонад заволи ҳар давлатеро дар пай дошта бошад.Шикасти муборизоти дипломатй дар баробари фазосозиҳои Узбакистон ин дарсро ба раҳбарони точик дод, ки на ҳамаи вазирон ва масъулони ҳукумат сазовори мақом ва вазифаҳои худ ҳастанд.Идомаи ҳузури чунин афроди тасодуфй дар сохторҳои ҳукумат, дар дарозмуддат тазъифи манофеъ ва чойгохи Точикистон дар минтака ва ҳатто фурупошии давлатро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Аз ин ру манофеи кишвари соҳибистиқлоли Точикистон тақозо мекунад, ки раҳбарии ин кишвар дар сиёсатҳои кадрии худ ба таври чиддй тачдиди назар кунад.
Аз суи дигар,бо ташкили комиссиюни зистмуҳитй дар порлумони Точикистон ва узвияти афроде назири Шодй Шабдолов, Муҳиддин Кабирй ва амсоли инҳо, ба назар мерасад давлати Душанбе қасд дорад, дар канори дигар аҳдофе, ки дар ин кор дар назар гирифтааст, рақибони аслии худро ба масъалаҳои зистмуҳитй саргарм кунад. Аммо ин кумиссиюн то чи хад дар пешбурди вазифахои худ муваффак хохад шуд, саволест, ки посухи он ба амалкарди мантикии намояндагони порлумон дар расидаги ба масъалахо бармегардад. Бо ин хол ташкили кумиссиюни зистмухитй дар порлумони Точикистон баёнгар аз ин вокеият аст, ки минтака аз ин ба баъд сахнаи руёруихои порлумонй миёни Узбакистон аз як тараф ва Точикистону Киргизистон аз тарафи дигар хохад буд.
Акнун ин пурсиш дар зехнхо зухур кардааст, ки оё чунин руёруи мавзеъи кишвархоро ба хам наздик хохад кард ё ба сардии робитахо афзуда авзои Осиёи Марказиро ба самти печида шудан пеш хохад бурд?
Комментариев нет:
Отправить комментарий