САХИФАХО

понедельник, 3 мая 2010 г.

Русия ва инқилобҳои эҳтимолии оянда дар Осиёи Марказй


Нигоҳе ба руйдодҳои маҳдудаи Шуравии собиқ тайи як-ду соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар мубориза чиҳати нуфуз ва таҳкими чойгоҳи худ, Русия ба тадрич аз кишварҳои ғарбй пешй гирифтааст. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй, ки боиси ташкили 15 давлати мустақил дар қаламрави ин императории як замон муқтадир шуд, қудратҳои ғарбй тамоми талоши худро ба харч доданд, то кишварҳои тозаистиқлолро таҳти нуфузи худ дароваранд.Он замон, ки Русия гирифтори мушкилоти дохилии худ буд, натавонист аз таъаррузи Ғарб ба маҳдудаи ба истилоҳ "суннатии нуфузаш" пешгирй кунад.Натича он буд, ки қудратҳои ғарбй дар пушиши барномаҳои мухталифи башардустона ва кумакҳои иқтисодй, дар манотиқи Шуравии собиқ - аз Қафқоз то Осиёи Марказй барои худ чои по боз намуданд.Баьди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк, ки фароҳм оварии шароит барои нуфузи Ғарб дар манотиқи ҳамчавор бо Русия аз чумлаи аҳдофи тарроҳони он буд, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико то таъсиси пойгоҳҳои низомй дар қаламравии Шуравии собиқ пеш рафтанд. Ҳарчанд Русия ин ҳама таҳаввулотро таҳти назар дошт ва идомаи чунин раванде манофеи стротегиашро латмадор мекард, аммо тавони ончунонии муқобила дар баробари онро надошт ва фақат бо вокунишҳои лафзй иктифо мекард. Чунин вазъияте Ғарбро дар амалй кардани аҳдофаш дар кишварҳои перомуни Русия часуртар ва густохтар менамуд. Акнун қудратҳои ғарбй ва дар садри онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он шуданд, ки бо роҳандозии ба истилоҳ инқилобҳои рангй дар чумҳуриҳои тазаистиқлоли Шуравй, давлатҳои дастнишондаи худро руи кор оранд. Дар ин росто Украина аввалин интихоб буд, ки ҳамроҳ бо муваффақият буд. Дар соли 2005 Виктор Юшенко, номзади тахти химояти Вошингтон дар Киев сари кудрат омад. Сипас дар пайи дахолатҳои Ғарб давлати ғарбгаро дар Тифлис руйи кор омад.Навбат ба Осиёи Марказй шуд ва ин амр дар Қирғизистон, ки дар Осиёи Марказй ба чазираи демократия маъруф буд, расид.Амрико тавонист бо ваъдаҳои молй Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистонро, ки бо пуштибонии неруҳои демократй руйи кор омад, ба худ наздик ва аз Русия то ҳадде дур кунад. Ин кишвар аз нигоҳи чуғрофиёи барои Амрико дорои аҳамият аст, зеро пойгоҳи "Манас" беҳтарин масир чиҳати пуштибонй аз неруҳои НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Русия дар ибтидои ҳазораи саввум, дар пайи сиёсатҳои Владимир Путин, то ҳадди зиёде тавон ва чойгоҳи худ дар арсаи байналмилалро эҳё кард ва бар он шуд, ки аз манофеи худ қотеъонатар дифоъ кунад.Нахустин қудратнамойии Маскав дар муқобили Ғарб дар поёни соли 2005 сурат гирифт:Узбакистон бо дахолатҳои Кремл дастури ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгоҳи Хонободро содир кард.Он замон, баъд аз тирборони тазоҳуроти мардум дар Андичон (майи соли 2005)давлати Ислом Каримов мавриди маҳкумиятҳои шадиди Ғарб ба саркардагии Амрико қарор гирифт. Маскав аз ин фурсат ниҳояти истифодаро намуд ва бо ҳимоят аз мавзеъи Тошканд, Узбакистонро зери чатри амниятии худ гирифт.Каримов ба ивази ин лутф, дастури баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар кишварашро содир кард.Баьд аз ин Амрико дар пайи интиқом аз Русия шуд ва Саакашвилй, раиси чумҳури Гурчистонро ба чанг алайҳи Русия таҳрик кард(моҳи августи соли 2007).Аммо Маскав ончунон чавоби кубандае ба Тифлис дод, ки Амрико ҳаргиз интизорашро надошт ва натавонист, дурустар бигуем чуръат накард ба Гурчистон дар он чанги панчруза кумак кунад. Инак ҳаводиси Қирғизистон тасдиқи ин дидгоҳанд, ки Русия ба таври чиддй масъалаи таҳким ва тавсаъаи нуфузи худ дар Осиёи Марказиро дар садри сиёсатҳояш қарор додааст.Ҳарчанд давлати Маскав эълом кард, ки ҳеч дахолате дар руйдодҳои Қирғизистон надошт, аммо далелҳо баёнгар аз он аст, ки сарнагунии Боқиев аз қабл бо Кремл ҳамоҳанг шуда буд.Қарори маълум бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда миёни Маскав - Бишкек, Боқиев уҳдадор шуда буд, ки ба ивази сармоягузории ду миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Қирғизистон(дар қолаби кумак), пойгоҳи низомии Амрико – "Манас"ро таътил кунад. Аммо пас аз дарёфти 400 миллион доллар аз ин кумакҳо, давлати Боқиев дар пайи тавофуқ бо Амрико, ки ичорабаҳои пойгоҳи "Манас"ро се баробар афзоиш дод, бо тағйири мақоми пойгоҳи "Манас" ба маркази тронзити колоҳо, фаъолияти ин пойгоҳи амрикоиро тамдид кард.Ин иқдоми Боқиев хашми мақомоти Русия, ба вижа Владимир Путин, нахуствазири ин кишварро барангехт.Фарчоми ин раванд ҳамон тағйири қудрат дар Бишкек аст, ки шоҳидаш ҳастем. Сарнагунии хеле осон ва бидуни вокунишҳои чаҳонии Қурмонбек Боқиев барои сарони кишварҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқатро ёдрас кард, ки акнун на Амрико ва Ғарб, балки ин Русия аст, ки инқилобҳо ё шояд табаддулотҳоро дар қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, идора мекунад.Ин амр сарони худкомаи Осиёи Марказиро, ки ҳифзи қудрат ва меросй кардани он, аслитарин ташвишашон маҳсуб мешавад, ба таври чиддй нигарон кард.Ин раҳбарон акнун дарк карданд, ки сарнавишташон ба тарзи равобит бо Маскав бастагии зиёде дорад.Сафари шитобзадаи Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Маскав дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Ба маҳзи вуқуъи ҳаводиси Қирғизистон Тошканд марзҳои худ бо ин кишварро баст ва васоити ахбори узбак ҳеч хабаре дар бораи сарнагунии Боқиев, умуман руйдодҳои Қирғизистон мунташир накарданд. Дар Туркманистон, дигар давлати худкомаи Осиёи Марказй низ муҳосираи иттилоотй дар қиболи ҳаводиси Қирғизистон ба кор гирифта шуд. Точикистон низ марзҳои худ бо Қирғизистонро тақвият кард ва бо ибрози таассуф аз руйдодҳои кишвари ҳамсоя иктифо кард. Қазоқистон ба унвони раиси даврайии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо нисбатан қотеътар ибрози мавзеъ кард ва аз давлати муваққатии Бишкек даъват кард, ки чиҳати аз байн бурдани фақр тадобири чиддй биандешад. Дар ин миён вокуниши Ислом Каримов ба тағйири қудрат дар Қирғизистон,беш аз ҳар чизи дигаре чалби тавччуҳ кард.Раиси чумҳури Узбакистон дар сафари дурузаи худ ба Маскав (19-20 апрел), таъкид кард, ки Русия кафили суботу амният дар Осиёи Марказй аст.Вай гуфт:"Узбакистон Русияро шарики боэътимод ва озмудашуда медонад ва бар он аст, ки Русия омили аслии таъмини суботу амният дар чаҳон, ба вижа дар Осиёи Марказй аст". Арзёбии коршиносони русй аз ин суханони раиси чумҳури Узбакистон такрори ҳамон дидгоҳҳои қаблй буд: яъне Ислом Каримов ҳар гоҳ ки хатари чиддиро эҳсос кард, ба оғуши Маскав шитофта аст, зеро ба хубй медонад, ки Русия қодир ба ҳимоят аз у ҳаст.Чунин амалкарди Ислом Каримов дар вокуниш ба ҳодисаҳои Кирғизистон, муаййиди он аст, ки раиси чумҳури Узбакистон дар мавриди даст доштани Маскав дар ҳаводиси кишвари ҳамсоя ҳеч тардиде надорад. Аз суи дигар, дар Маскав ба хубй медонанд, ки Ислом Каримов ҳаргиз мавриди эътимод нест ва аз рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ниҳояти истифодаро мекунад.Аммо дар айни ҳол тарси Каримов аз мувочеҳ шудан бо сарнавишти Боқиев барги барандаест дар дасти Кремл, то битавонад Ислом Каримови ба ҳарос афтодаро, ки инфичорҳои Тошканд (апрели соли 2004) ҳануз дар гушаш садо медиҳанд, таҳти мусиқии худ бирақсонад. Имомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон, ки низ солҳои ахир дар чорчуби он чи сиёсати чандсамтй тавсиф мешавад, то ҳадди зиёде аз Маскав фосила гирифта буд, дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвараш (24 апрел)Русияро мисли солҳои қабл шарики стротегй унвон кард. Ин ҳама иттифоқот баёнгар аз он аст, ки феълан Русия пирузи майдони рақобат дар Осиёи Марказй аст ва сарони Осиёи Марказй акнун нақши Маскавро дар сарнавишташон чиддй хоҳанд гирифт.Аммо ин воқеиятро низ набояд инкор кард, ки Русия ҳаргиз ба нафъи худ намебинад, ки барномаҳои Гарб дар Афғонистон нотамом боқй бимонанд.Хуручи зудҳангоми низомиёни ғарбй аз Афғонистон ба он маънй хоҳад буд, ки нооромиҳо ба кишварҳои ҳамсоя, яъне он чи маҳдудаи суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, нуфуз хоҳанд кард.Аз ин ру ҳануз  бозии қудратҳо дар Осиёи Марказй идома дорад.

Комментариев нет: