воскресенье, 9 мая 2010 г.
Истифодаи Узбакистон аз сармояхои Бонки рушди Осиё
Бонки рушди Осиё барои аввалин бор дар таърихи 43 солаи мавчудият, чаласаи Шурои мудирони худро дар як кишвари Осиёи Марказй баргузор кард.Дар шаҳри Тошканд рузҳои 1-4 май доир шудани ин нишаст ба он маънй буд, ки бонки мазкур ва саҳҳомдорони он аз сиёсатҳои давлати Ислом Каримов дар саркуби дигарандешон ва маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандй, чонибдорй мекунанд. Анчумани дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иқдоми масъулони Бонки рушди Осиё дар баргузории нишасти Тошканд шадидан танқид кард ва ин амалро як навъ қонуният бахшидан ба сиёсатҳои саркубгаронаи давлати Тошканд арзёбй кард.
Қарори маълум дар поёни нишасти Шурои мудирони бонки рушди Осиё дар Тошканд, миёни ин ниҳоди молй ва Узбакистон чор қарордод ба маблағи 1миллиарду 150 миллион доллар эътибор(кредит) ба имзо расид.Қобили зикр аст, ки ҳамин бонк дар соли 1996 барои Узбакистон як эътибори калон ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар чудо карда буд.
Бонки рушди Осиё дар соли 1966 таъсис шуд.67 кишвари чаҳон, аз чумла 48 кишвари ҳавзаи Осиё – Уқёнуси Ором, ҳамчунин кишварҳои саноатии Аврупо, Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аъзои он мебошанд.Бонки мазкур тарҳҳои рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақаиро сармоягузорй мекунад.Барои дарёфти маблағҳои ин бонк ҳам кишварҳо ва ҳам афроди ҳуқуқй метавонанд тақозо кунанд.Бонки рушди Осиё афзун бар ин, ба кишварҳои узв қарз, кумакҳои фаннй ва эътиборҳо ихтисос медиҳад.Узбакистон дар соли 1995 ба узвияти Бонки рушди Осиё пазируфта шуд.Бонки рушди Осиё дар айни ҳол аслитарин (ва тақрибан ягона)кумакрасон ба иқтисоди Узбакистон мебошад.Ин бонк мисли дигар муассисоти байналмилалии молй,барои кишварҳои дархосткунанда шартҳои вижаеро қоил аст, ки аслитарини он ба сиёсатҳои дохилй ва хоричии кишварҳо бармегардад. Аз чумла бо дархости ин бонк Узбакистон ба системи бонкдории худ ва фаъолиятҳои иқтисодаш дар зоҳир таҳаррукоти вижае дод.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тошканд дар ростои чалби эътимоди Бонки рушди Осиё аз тамоми имконият ва зарфиятҳои мавчуд дар дипломатияи худ кор гирифтааст.Аз чумлаи шигардҳо ё равишҳои маъмулй дар сиёсатҳои Узбакистон дар ин замина, таҳрифи воқеъиятҳо будааст.Ин нукта ин бор низ дар сухаронии Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар дар маросими ифтитоҳияи нишасти Тошканд, бармало буд.Вай аз чумла гуфт: "дар соли 2009 тавлиди нохолис 8,1 дарсад,тавлиди саноатй 9 дарсад,ҳачми сармоягузорй дар иқтисод 26 дарсад ва сармоягузории мустақими хоричй 1,8 баробар афзоиш ёфт". Ин омор дар ҳоле ироа шуд, ки аксари кулли нозирони байналмилалй бар дурустии онҳо ба дидаи шаку шубҳа менигаранд.
Ислом Каримов дар ин суханронии худ, ки як баёноти баландпарвозонае буд, иброз дошт, мудели ислоҳоти иқтисодие, ки Узбакистон аз соли 1992 оғоз кард, ҳаққонияти худро собит намуд ва ин метавонад намунаи ибрати муносибе барои дигар кишварҳо бошад. Сарфи назар аз воқеи будан ё набудани суханони раиси чумҳури Узбакистон, барои у ва давлаташ муҳим он аст, ки аз ин тариқ тавонистааст наздик ба 14 сол аз сармояҳо ва зарфиятҳои Бонки рушди Осиё дар чиҳати пешбурди сиёсатҳояш ва бақои давлаташ баҳрабардорй намояд. Бо чунин руйкарде ин савол матраҳ мешавад, ки магар коршиносон ва дастандаркорони Бонки рушди Осиё то ин ҳад соддалавҳанд, ки ба суханони Ислом Каримов дар мавриди "бартарии иқтисод бар сиёсат", "дар авлавият қарор доштани қонун барои ҳама", "сиёсатҳои шоистаи рифоҳй-ичтимойи" ва амсоли инҳо бовар мекунанд? Ва ин ҳам дар шароитест, ки дар остонаи нишасти Шурои мудирони бонки мазкур дар Тошканд, хабаргузориҳои мухталиф аз воқеиятҳои вазъи иқтисодиву ичтимойии Узбакистон матолиби фаровоне мунташир намуда, таҳрифи ин воқеиятҳо тавассути масъулони узбакро як амри оддй дар режими давлатдории ин кишвар тавсиф карданд. Дар посух ба чунин пурсишҳо ҳаминро мебояд гуфт, ки ниҳодҳои молии байналмилалй назири Бонки рушди Осиё, дар ҳар як аз минтақа манофеъ ва аҳдофи худро доранд ва барояшон муҳим он аст, ки ба ҳар қимати мумкин ба ҳамон аҳдоф ва манофеъ даст ёбанд.Ҳамин мавзуъ воқеияти фаъолияти ин ниҳодҳоро ошкор мекунад.Дар марҳалаи кунунй барои дастандаркорони Бонки рушди Осиё муҳим он аст, ки суботу амният ва бақои режими Тошканд танзим ва тазмин бошад, зеро амалй шудани тарҳҳои ин бонк бе мушорикати Узбакистон ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳанд шуд.
Бонки рушди Осиё бар ин бовар аст, ки фақат бо вучуди суботу оромиш дар Узбакистон метавонад тарҳҳоеро назири сохтани хати интиқоли неруи барқи Сурхон-Наибобод-Кобул, роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф,тарҳи сохтани "коридори фароафғонй" чиҳати тронзити борҳо аз Осиёи Марказй ба уқёнуси Ҳинд, сохтани маркази байналмилалии лочистикй дар фурудгоҳи Навойи такмил ва ичрои кунад. Аз ин ру ин ҳадафи аслй эчоб мекунад, ки дастандаркорони Бонки рушди Осиё чун дигар ниҳодҳои мушобеҳи байналмилалй, барномаҳои зоҳирй ва шиоргунаи худ дар мавриди кумак ба рушди чомеъаҳои шаҳрвандй ва иқтисоди озод дар кишварҳоро канор бигзоранд ва дунболи касби суд ва манфиатҳои бештар аз ҳисоби ғорати манобеи манотиқи мухталиф аз чаҳон бошанд.
Руйи ҳам рафта, ин нукта қобили зикр аст, ки натичаҳои нишасти Тошканд ба беҳбуди шароити зиндагии мардумони оддй дар Узбакистон таъсири чандоне нахоҳанд дошт.Ин руйдод фақат ба давлати Тошканд кумак кард дар дохили кишвар афкори мардумро то ҳадде чалби қудрати худ кунад.Аммо бори дигар барои чомеаи Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа собит шуд, ки умед бастан ба кумак ва мусоидатҳои ниҳодҳои байналмилалй дар чиҳати эчоди чомеаҳои демократй ва коҳиши фишори давлатҳои худкома ба мардумонашон, як хаёли хоме беш нест.
Подписаться на:
Комментарии к сообщению (Atom)
Комментариев нет:
Отправить комментарий