Суханони раиси чумҳури Точикистон дар дидори чамъе аз намояндагони расонаҳои иттилоотии ин кишвар, бозтоби густурдае дар доираҳои расонаи ва хабарй Русия пайдо кард.Эмомалй Раҳмон дар ин мулоқот, ки рузи 8 декабр баргузор шуд, аз чумла аз амалкарди ҳамтои узбаки худ интиқод ва бино ба навиштаи нашрияҳои русй, зимнан ишора намуд, ки ба Ислом Каримов дар яке аз руёруиҳои лафзй таъкид кардааст, ки Самарқанду Бухороро бозпас мегирем.
Ин суханони раиси чумҳури Точикистон фурсти муносибе шуданд барои доман задан ба суитаблиғот ва таъсиргузорй бар равобити кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин таҳқиру тавҳини миллати точик ва шахси раиси чумҳури ин кишвар. Банда ҳаргиз қасди вакили мудофеъ шудан барои шахси Эмомалй Раҳмонро надорам. Барои ин кор ниҳодҳои қонунй фаъолият мекунанд. Аммо матлаби сойти интернетии Сегодня. ру маро ба навиштани ин сатрҳо водошт. Дар ин мақола, ки «Рахмон в поход собрался» унвон дорад, рафтори раиси чумҳури Точикистон накуҳиш ва аз Маскав дархост шудааст барои сари чояш шинондани Раҳмон вориди амал шавад ва аз қартаи муҳочирони корй истифода кунад.
Муаллифи ин мақола дар арзёбии худ ба ин натича мерасад, ки ин амалкарди раиси чумҳури Точикистон бо таҳрики Амрико сурат гирифтааст ва амрикоиҳо бо додани пул ба Раҳмон ва ё умеди табдил шудани вай ба шахсияти таърихй, уро ба ин кор водоштаанд. Нуктае, ки дар ин чо чалби тавччуҳ мекунад, истифодаи муаллифи мақола аз вожаи «бахшиш» аст. Ин вожа дар Афғонистон ба маънии «туҳфа», «подош» истифода мешавад. Аз ин чо бармеояд, ки муаллиф эҳтимолан аз хабарчинҳои даврони шуравй дар Афғонистон бошад ва фаромуш кардааст, ки вожаи «бахшиш» дар фарҳанги точикон корбурди тамоман дигаре дорад. Гузашта аз ин нависандаи мақолаи мазкур аз истилоҳи «афғоникардани» авзои минтақа сухан гуфтааст, ки таҳқире ошкор ба мардуми шарифи Афғонистон аст. Дар ин мақола зоҳиран аз он ибрози нигаронй шудааст, ки суханони раиси чумҳури Точикистон механизми ташаннучи авзоъро дар минтақа фаъол кард. Аммо худи муаллифи мақола аз ин тариқ моҳирона донаи нифоқу тафриқаи байниқавмиро пошидааст. Вай бо ёдоварй аз оғози сохтани неругоҳи Роғун, таваққуфи амалиёти сохт дар ин тарҳро ба «геноциди русҳо ва русзабонон» дар Точикистон вобаста мекунад ва ба таъбири худ бесалоҳиятии мардуми бумиро ёдрас мешавад.
Муаллифи мақолаи Сегодня. ру (Павел Аристархов) ба мавзуъ ба гунае пардохтааст, ки гуё Точикистон яке аз музофотҳои Федератсияи Русия аст. Вай менависад: «ангезаҳои империягии Раҳмон, ки бо пулҳои амрикойи таҳрик дода шудаанд, метавонанд гарон тамом шаванд, аз ин ру раҳбари точикро бояд фавран дар чояш шинонд».
Ин чо ҳамзамон ин пурсиш матраҳ мешавад, дар сурате ки мавзуи баҳс байни Точикистон ва Узбакистон аст, чаро ин нашрияи русй бо тамоми тавон ба ҳимоят аз Узбакистон бархостааст?
Зикри ин нукта ба маврид аст, ки мавзуи Самарқанд ва Бухоро, ду шаҳри таърихии точикон, доғи нангине дар таърихи муосири Осиёи Миёна аст.Имруз барои ҳамаи соҳибони ақл чун рузи рушан маълум аст, ки ин ду гаҳвораи фарҳангу тамаддуни точикон бо чи найрангу дасисаҳое ба Узбакистон фурухта шуданд. Агар дар чаҳони мутамаддини (цивилизованном мире)имруз зарае адолат бошад, бояд Самарқанду Бухоро ба соҳибони аслиашон баргардонда шаванд. Шояд бо гузашти замон ва бо руи кор омадани инсоне одил дар кишвари ҳамсоя, ин мавзуъ бо роҳҳои дипломатй ҳалли худро ёбад ва ин як амре ногузир аст. Зеро захираҳои нафту газ, ки имруз қартаи бурднок дар дасти Тошканд ҳастанд ва мазҳ ба ҳамин хотир қудратҳо бо поймол кардани қонунҳои адолат, аз манфиатҳои Тошканд пуштибонй мекунанд, абадй нестанд. Аммо имруз ҳеч кас дар Точикистон ҳозир нест(ҳамон гуна ки Сегодня.ру илқо мекунад), ба ин хотир ба кишвари ҳамсоя юриш кунад.
Бархе дигар расонаҳои русй низ тақрибан бо чунин руйкард ба ин мавзуъ пардохтаанд. Албатта ин мақомоти расмии точик ҳастанд, ки боястй дар ин робита эъломи мавзеъ намоянд, аммо бардошти муғризонаи бархе ба истилоҳ рузноманигорон аз фурсат, мавзуест ки ба суботу оромиш дар минтақа бармегардад. Дар ин робита зикри дидгоҳҳои Александр Рар, коршиноси аврупойии масоили Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба маврид аст, ки мегуяд, дар шароити кунунй вогаройи ба нафъи ҳеч як аз кишварҳои минтақа нест. Ин коршиноси олмонй муътақид аст, ки ба танҳои ҳеч як аз кишварҳои Осиёи Марказй қодир ба ҳалли масоили пеши ру нестанд.
Бо ин вучуд, доираҳое дар минтақа ва берун аз он вориди амал шудаанд, ки дар Осиёи Миёна нооромиҳоро созмондиҳй кунанд.Барои ин доираҳо дар чони ҳам афкандани ду кишвари ҳамсоя аслитарин ҳадаф аст, то аз ин тариқ ҳамон сиёсати санчидашудаи «тафриқа андозу ҳукумат кун»-ро дунбол кунанд ва обро гил намуда моҳй гиранд. Аз ин ру ин миллатҳои минтақа ҳастанд, ки бо хунсо кардани чунин барномаҳо, бояд суботу амниятро дар хонаи худ ҳифз кунанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий