САХИФАХО

вторник, 1 декабря 2009 г.

Чанги лафзй миёни Узбакистон ва Точикистон




Чанде қабл, дар солрузи истиқлоли Узбакистон сафири ин кишвар дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон аз беҳбуди равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон сухан гуфт.Шоҳқосим Шоҳисломов бо ишора ба баргузории нишасти кумиссиюни муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодй - тичории Узбакистон ва Точикистон, ки баъди як таъхири шашсола доир гардид, раванди ҳамкориҳои Душанбе-Тошкандро мусбат арзёбй кард.Вай дар бораи ҳалли масъалаҳои марбут ба таъйини хати марзи миёни ду кишвар ва ичрои тавофуқномаҳои баимзорасида низ ҳарфҳои хуб ва умедворкунанда гуфт.
Суханони сафири Узбакистон доираҳои коршиносй дар Точикистон ва минтақаро дар мавриди ояндаи равобит миёни Узбакистон ва кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Точикистон, то ҳадди зиёде хушбин карданд.Аммо иддае аз коршиносон ба суханони Шоҳисломов бо шаку шубҳа нигаристанд ва бо ишора ба руйкарди давлати Тошканд дар бархурд бо масоили минтақайи, хушбиниҳои сафири Узбакистон дар мавриди робита бо ҳамсоягонро як жести дипломатй дар рузи чашни ин кишвар арзёбй карданд.
Инак бо гузашти камтар аз ду моҳ аз нишасти хабарии сафири Узбакистон дар Душанбе, тахмину гумонҳои коршиносон дар мавриди бештар сард шудани равобити ду кишвари ҳамсоя чомаи амал ба бар карданд.Ин бор Шоҳисломов эълом кард, ки кишвараш аз аввали декабри соли чорй аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй хорич хоҳад шуд. Албатта қабл аз ин кормандони бахши энержии Узбакистон хатҳои интиқоли барқ аз кишварашон ба Точикистонро бидуни огоҳ кардани тарафи точик, қатъ карданд. Бо ин кор Точикистон, ки тавассути ҳамин хатҳои интиқоли барқ ба системаи воҳиди энергетикии Осиёи Марказй васл буд, ба таври амалй аз ин система хорич шуд. Аз ин чо буд, ки масъулони точик эълом карданд, аз рузи 28 октябр узвияти худ дар системи мазкурро қатъ карданд.
Мавриди зикр аст, ки то ин дам Точикистон барқи вилояти Сурхондарёи Узбакистонро таъмин мекард ва Узбакистон ба ивази ин бахше аз вилояти Суғди Точикистонро бо неруи барқ таъмин менамуд.Сафири Узбакистон дар нишасти хабарии ахири худ эълом кард, ки бо такмили хати чадиди интиқоли барқи "Гузар-Сурхон", дигар ниёзе ба барқи Точикистон нест ва мо бо барқи худй вилояти Сурхондарёро таъмин мекунем.
Мақомоти узбак иддао доранд, ки яке аз сабабҳои хуручи ин кишвар аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй истифодаи беравияи неруи барқ тавассути Точикистон аст, ки борҳо омили аз кор афтодани трансформаторҳо дар Узбакистон шудааст.Аммо тарафи Точикистон чунин иддаоҳоро рад ва онро фазосозиҳои Узбакистон унвон кардааст.
Ҳарчанд макомоти Тошканд хуручи ин кишвар аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказиро як иқдоми сирфан иқтисодй таъбир карданд, аммо вазорати хоричии Точикистон бо интишори баёнияе хуручи кишвари ҳамсоя аз системаи мазкурро иқдоми сиёсй таъбир кард.Ин матлаб дар нишасти хабарии муштараки масъулони вазорати хорича, вазорати энергетика ва ширкати Барқи точик рузи 25 ноябр унвон шуд.Мақомоти точик хуручи Тошканд аз системаи воҳиди энергетикиро иқдоме хилофи муқаррароти дипломатияи байналмилал арзёбй карданд.
Бо ин ҳол ба назар мерасад иқдоми Точикистон чиҳати такмили неругоҳи Роғун, ки Узбакистон аз мухолифони сарсахти сохтани он мебошад,сабаби аслии хуручи Тошканд аз системаи мазкур аст. Узбакистон бар ин бовар аст, ки хуруч аз системаи воҳиди энергетикии Осиёи Марказй гоме аст дар ростои таъмини истиқлолияти энержй ва ин ҳаққи мусаллами ҳар кишвар аст.Аммо профессор Виталий Бушуев, мудири пажуҳишгоҳи стротежии энержии Русия мегуяд, хорич шудан аз ин система як амали бехирадона ва фарчоми он бунбаст аст.
Акнун, бо хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, Точикистон наметавонад барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе бидуни шак бар мушкилоти мардуми ин кишвар дар фасли сармои зимистон хоҳад афзуд.
Воқеият ин аст, ки тайи солҳои ахир бо далелҳои мухталиф равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон ба сардй гароида, чанги лафзй миёни ду тараф ҳамвора ташдид мешавад.Боздошт ва мучозоти чосусони ду кишвар ба як руйдоде маъмулй барои сохторҳои амниятии Тошканд ва Душанбе табдил шудааст. Имруз садҳо тан аз шаҳрвандони ду кишвар ба чурми чосусй равонаи зиндон шудаанд. Ҳал ношуда боқй мондани масъалаҳое назири хатҳои марз, майдонҳои мина, ҳузури мухолифон дар қаламрави ин ё он кишвар, истифода аз рудхонаҳои фаромарзй ва ... бар равобити ду кишвари ҳамсоя соя афканда, авзои минтақаро ба суи ноамнй ҳаракат додааст.
Дар чунин шароит ин пурсиш матраҳ мешавад, ки: Чунин вазъе ба нафъи кй хоҳад буд? Албатта ба ҳеч вачҳ ба нафъи мардумони ду кишвар, ки аз муштаракоти фаровоне бархурдоранд ва қарнҳо дар канори ҳам зистаанд,нахоҳад буд.Ҳар ташаннуч ва ноамнй дар минтақа ба зиёни тамоми кишварҳо тамом хоҳад шуд ва ин қудратҳои хоричй ҳастанд, ки бо пуштибонии муваққатй аз ин ё он давлати бартар, ҳадафҳои худро дунбол мекунанд.Ҳар вақт ки таърихи масрафи ин давлат тамом шуд, дар пайи суқути он хоҳанд шуд.Ин ҳақиқатро таърих милёнҳо бор шоҳид будааст. Аммо имруз ғаразҳои сиёсии раҳбарони Осиёи Марказй ва ваъдаҳои пучи қудратҳои Шарқу Ғарб чашми воқеъиятбини онҳоро бастаанд. Ва ин амр на фақат ояндаи сиёсии ин раҳбарон, балкй суботи минтақаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

среда, 11 ноября 2009 г.

Муомилаи сиёсй миёни Маскав – Вашингтон

Таҳаввулоти Афғонистон, ки тамоми равандҳои сиёсй ва амниятии минтақаро таҳти таъсири худ гирифтааст, ба равобит миёни Амрико ва Русия низ соя афкандааст. Аммо ин бор ин соя шабеҳи сояест, ки дар як гармои тоқатфарсо домани имдод густурдааст. Дар пайи гузаштҳои мутақобил ва муомилоти сиёсие, ки ахиран миёни Кремл ва Кохи сафед анчом шуд, бисёре аз масъалаҳои мавчуд дар равобити ду тараф ҳал шуданд ё аз шиддаташон коста шуд. Агар ҳифзи тамомияти арзй ва манотиқи суннатй, ҳамчунин саркуби чудоиталабон дар марҳалаи кунунй аз ташвишҳои аслии Маскав маҳсуб шаванд, барои Вашингтон гурез аз шикаст ва такрори сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон, муҳимтарин масъалаи пеши ру маҳсуб мешавад. Бо таваччуҳ ба ин, ду тараф дар пайи як силсила музокираҳо руйкардҳоеро дар ростои ҳалли ин масоил интихоб карданд. Муҳимтарин таҳаввул дар ин замина, мувофиқати Русия ба парвози ҳавопаймоҳои бории амрикои аз фарози қаламраваш ба манзури интиқоли тачҳизоти низомй ба Афғонистон аст, ки бидуни дарёфти ҳақи тронзит сурат мегирад. Аз ин тариқ Пентагон муваффақ ба сарфачуйи аз 133 млн. доллар дар сол хоҳад шуд.
Албатта канор омадани Маскав ва Вашингтон реша дар ниёз ва эҳтиёчоте дорад, ки имруз ду кишвари ИМА ва Русия ба унвони ду қудрат аз ҳамдигар эҳсос мекунанд.Талоши ду кишвари Украина ва Гурчистон барои пайвастан ба НАТО ва таҳаррукоти чудоиталабй дар Қафқоз аз мавзуоте ҳастанд, ки бетаъсир аз хорич шакл намегиранд ва Русия бо чалби ҳимояти Ғарб аз сиёсатҳои худ дар қиболи ин масъалаҳо, талош дорад раванди таҳаввулотро тибқи муроди хеш ҳаракат диҳад.Дар мавриди Осиёи Марказй, ки Русия онро минтақаи суннатии нуфузи худ тавсиф мекунад, ташвиши Кремл он аст, ки кишварҳои ғарбй имкони манёвр аз Русия дар ин маҳдудаи чуғрофиёиро нагиранд.Яъне Маскав моил нест кишварҳои ғарбй бо мушорикати беш аз ҳад дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй, амниятй ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказй,дар сиёсатгузориҳои сарони ин кишварҳо таъсир гузоранд.Ба иборати дигар интизори Маскав аз Ғарб ин аст, ки ба нақши раҳбарии Маскав дар таҳаввулоти Осиёи Марказй ва Қафқоз эҳтиром гузорад.
Аз суе Ғарб низ дар баробари амали анчомшуда қарор гирифтааст ва бе кумак ва ҳамкории Русия маҳол аст, ки аз ботлоқи эчодкардаи худ раҳо шавад.Бо даргир шудан дар ду чанги Ироқ ва Афғонистон, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дар гирдобе банд мондаанд, ки начот аз он чуз шикаст ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Дар ин миён чанги Афғонистон аз вижагии бештаре бархурдор аст, зеро дар ин чанг ба истилоҳ сарнавишти НАТО рақам мехурад.Қарори маълум, паймони Атлантики шимолй дар таърихи беш аз 50 - солаи мавчудияти хеш,барои нахустин бор маъмурияти ба истилоҳ сулҳбониро ба уҳда гирифтааст ва нокомй дар Афғонистон ба маънои сароғози измеҳлоли ин паймони низомй низ хоҳад буд.Аз ин ру Ғарб бо ҳар роҳи мумкин талош дорад қазияи Афғонистонро ба нафъи худ ҳал кунад.Албатта, нокомии Ғарб ва хуручи низомиёни кишварҳои ғарбй аз Афғонистон ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нахоҳад буд. Зеро дар чунин шароите Русия ба таври инфиродй дар баробари падидаҳое назири «ифротгаройии исломй» ва «тероризми байналмилалй» қарор хоҳад гирифт. Дар чунин ҳолате раванди таҳаввулот дар кишварҳои Осиёи Марказй ғайриқобили пешбинй хоҳад буд. Бо ин ҳол ҳамкориҳои наздики Маскав - Вашингтон дар масъалаи Афғонистон ҳаргиз ба ин маънй нест, ки ду қудрату Шарқу Ғарб мушкилоти мавчуд дар равобити ҳамдигарро ҳаллу фасл кардаанд. Воқеият ин аст, ки ихтилофи назар дар мавзуоте назири барномаҳои ҳастайии Эрон, пайвастани Украина ва Гурчистон ба НАТО, ба расмият шинохтани истиқлолияти Обхозиё ва Осетиёи чанубй ва амсоли ин миёни ду тараф ба қуввати худ боқист. Фақат манофеи муштарак дар қазияи Афғонистон Маскав ва Вашингтонро водор ба як силсила ҳамкориҳо кардааст, ки дар марҳалаи кунунй бархоста аз ниёзҳои ҳар ду тараф аст

среда, 28 октября 2009 г.

Дар хошияи сафари раиси чумхури Точикистон ба Маскав


Интизороти тарафҳо

Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Маскав дар равобити дипломатй миёни ду кишвар камназир буд.Зеро аз ин сафар Точикистон ва Русия интизороти худро доштанд.Дар ҳоле ки Душанбе талош мекард иштибоҳоти қаблиро, ки дипломатияи точик дар тадвини тавофуқномаҳо бо Маскав муртакиб шуда буд, чуброн кунад, тарафи русй бо барномарезии ин сафар ният дошт вонамуд созад, ки Точикистон барои Кремл кишваре боаҳамият дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аст.
Дар чунин шароите бахти тарафҳо дар дастёбй ба ҳадафҳои хеш яксон набуд.Агар рақобати қудратҳо ва талоши Амрико, Аврупо ва Чинро барои нуфузи бештар дар Осиёи Марказй ба унвони барги барандаи Душанбе тавсиф кунем, пас вучуди болиғ бар як миллион муҳочири кории точик дар Русия ва вобастагиҳои иқтисодии Точикистон аз Русия, мавридҳое буданд, ки ба нафъи Маскав кор мекараданд.

Музокирот ва масъалагузориҳо

Ҳарчанд дар бораи масъалаҳои мавриди баррасй дар гуфтугуҳо миёни тарафҳои точик ва рус аз қабл ибрози назарҳое сурат гирифта буд, аммо тақвияти ҳамкориҳои иқтисодй дар меҳвар қарор дошт.Он чи коршиносон пешбинй мекарданд, яъне мушаххас намудани мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбут ба ҳамкориҳои низомй, ҳамчунин таъйини тарзи мушорикати Русия дар такмили неругоҳи «Роғун», тақрибан баррасй нашуд.Ба эътиқоди тарафи русй ҳеч зарурате дар ин замина вучуд надошт:қарордоди низомй ба муддати 10 сол (2004-2014) имзо шудааст ва консорсиюми сохти «Роғун», ки Русия ҳозир аст дар он мушорикат намояд, ҳануз шакл нагирифтааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодй, раиси чумҳури Русия иттилоъ дод, ки муқаррароти чадидеро дар мавриди муҳочирати хоричиён чорй хоҳад кард, ки имкони ҳузури қонунии шаҳрвандони Точикистон дар қаламрави Русияро замонат хоҳанд кард.
Ба эътиқоди ағлаби коршиносон ин изҳороти раиси чумҳури Русия бештар чанбаи ташрифотй дошт, ки солҳои ахир дар дидору гуфтугуҳои Душанбе - Маскав ба як падидаи маъмулй табдил шудааст.Маскав чунин ваъдаҳоеро борҳо додааст, аммо вазъияти муҳочирони кории Точикистон дар Русия ҳеч тағйире накардааст.


Пойгоҳи низомии Русия ва низомиёни рус дар Точикистон

Бар асоси қарордоди соли 2004, ки ба имзои Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ва Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон расида буд, пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон вучуд хоҳад дошт.
Фалсафаи таъсиси ин пойгоҳ, ҳамон гуна ки дар ҳуччатҳои марбута зикр шудааст, таъмини суботу амният дар Точикистон ва минтақа буда, тарафи русй уҳдадор шудааст, ки дар сурати таҳдид ба ҳукумати Точикистон, дар таъмини амнияти ин кишвар мусоидат хоҳад кард.Аммо имруз авзои минтақа тағйир кардааст ва дар баробари афзоиши таҳдидҳо, теъдоди кумаккунандагон ба амният низ афзудааст.Акнун кишварҳои аврупойи, Амрико, Чин, ҳатто Ҳиндустону Покистон вориди чархаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон шуда, имконияти интихоби шариконро барои Душанбе фароҳам намудаанд.Чунин вазъе ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нест. Аз ин ру ҳарчанд Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия таъкид кард бознигарй дар қарордодҳои низомии байни Маскав - Душанбе ҳадди ақал то соли 2014 ғайриимкон хоҳад буд, аммо Русия ба хубй медонад, ки Точикистон барои касби даромад ҳамкориҳо бо кишварҳои ғарбиро густариш хоҳад дод. Дар шароите, ки Амрико эълом кардааст нируҳои вижаи худро барои мубориза бо зуҳуроти ноамниҳо дар Осиёи Марказй, дар кишварҳои ин минтақа чойгир хоҳад кард, нигарониҳои Маскав аз сарнавишти пойгоҳаш баъд аз поёни қарордод (соли 2014) беш аз ҳар замони дигаре афзудааст. Ба иборати дигар, дар Маскав ба хубй дарк кардаанд, ки Душанберо дигар наметавон бо ваъдаҳои пуч қонеъ кард, аз ин ру бархе фишангҳои фишорро руи даст гирифтаанд.


Манбаъҳои обй нуқоти заъф ё қувват?

Дар шароити кунунй Точикистон шадидан ба неруи барқ ниёз дорад ва дастёбй ба ин ҳадаф танҳо бо сохтани неругоҳҳои обй имконпазир аст. Дар ибтидо Русия эъломи омодагй кард, ки дар такмили неругоҳи Роғун мушорикат хоҳад кард.Ин ваъда ҳамзамон бо ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларй ба иқтисоди Точикистон дода шуд, ки то имруз ғайр аз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон надошт.Ба назар мерасад Русия фақат барои дар чорчуби сиёсатҳои хеш нигоҳ доштани давлати Душанбе даст ба чунин иқдоме зад.Сафари раиси чумҳури ин кишвар дар январи имсол ба Тошканд ва ваъдаи Маскав дар бораи ҳимояти Кремл аз манофеи Узбакистон дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, пасипардаи сиёсатҳои Маскавро дар қиболи Душанбе ифшо кард.Яъне собит шуд, ки Русия дунболи ҳадафҳо ва манофеи бузургтаре дар Осиёи Марказй ҳаст, ба иборати дигар Маскав манобеи газу нафти Узбакистонро аз манобеи обии Точикистон бартар шумурд ва Душанберо ба ҳошияи сиёсатҳои хеш ронд.Дар ростои чунин иқдоме Маскав руи он ҳисоб кардааст, ки Точикистони маҳрум аз роҳҳои иртиботии мустақим ба чаҳони хорич, чорае чуз тан додан ба хостаҳои Русия надорад.Аз ин ру ҳарчанд Русия эълом кардааст, ки дар такмили неругоҳи «Роғун» ширкат хоҳад кард, аммо ба таври ҳатм манофеи Узбакистонро дар назар хоҳад гирифт. Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки Узбакистон дар интиқоли гази Осиёи Марказй ба Аврупо аз нақш ва чойгоҳи муҳиме бархурдор аст. Дар чунин шароите Точикистон дарк кардааст, ки Русия барояш аҳамият ва чойгоҳе, ки дар шаъни як давлати мустақил бошад, қоил нест.


....Ва аммо баъд

Сарфи назар аз натичаҳо ва пайомадҳо, сафари роҳбарияти Точикистон ба Маскав ин нуктаро собит намуд, ки Душанбе нақш ва чойгоҳи хеш дар минтақаро ба хубй дарк кардааст.Дар ҳоле ки довталабони ҳузури фаъолтар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ичтимойи, сиёсй, иқтисодй, низомй ва фарҳангии ин кишвар афзудаанд, ба Маскав ру овард, то барномаҳои шарики стротегии худро бори дигар маҳак занад.Ин нукта мусаллам аст, ки Точикистон дигар ба умеди ваъдаҳои Русия нахоҳад шуд ва бо тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Шарқу Ғарб, иқдом ба ҳалли масъалаҳои ичтимойи ва иқтисодии хеш хоҳад кард.
Ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки афзоиши сафархои мақомоти аврупойи ва амрикойи ба Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон, нишони ғамхории ин кишварҳо нисбат ба мардумон ва ё давлатхои минтақа нест, балки авзои минтақа ва чахон қудратхои ғарбиро мухточи хамкорихои кишвархои Осиёи Марказй кардааст. Акнун қудратхои ғарбй дар ростои амалй кардани стротегияхои худ дар минтака, ру ба кишвархои Осиёи Марказй овардаанд, то бо истифода аз сардии робитахои ин кишвархо бо Маскав, ба хадафхои хеш осонтар даст ёбанд. Хамин мавзуъ аз чумла боиси он шудааст, ки гарбихо дар руйкарди худ бо кишвархои ин минтака бознигарй кунанд ва хамаи конуншиканихои макомоти ин кишвархо дар риояти озодихои шахрвандиро нодида гиранд. Икдоми Иттиходияи Аврупо дар заминаи бекор кардани тахримхои таслихотии Узбакистон факат бахше аз ин руйкард аст. Чунин вазъе имкониятҳои тозаеро барои кишварҳои Осиёи Марказй фароҳам кардааст, то он чиро, ки аз Русия интизор доштанд ва доранд, тавассути кишвархои ғарбй ба он даст ёбанд.
Агар Русия дар руйкарди хеш бо Точикистон тачдиди назар накунад, ба тадрич чойгоҳ ва нуфузи худро дар ин кишвар аз даст хоҳад дод. Дар идомаи ин раванд ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Точикистон таҳти савол қарор хоҳад гирифт.

понедельник, 12 октября 2009 г.

Точикистон ваТуркманистон: марҳалаи чадиди ҳамкориҳо

Дар поёни сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ашқобод чаҳор санади ҳамкорй миёни Точикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати чумҳури Точикистон ёддошти тафоҳум, протоколи ҳамкорй миёни вазоратхонаҳои хоричии ду кишвар, тавофуқномаи байниҳукуматй дар мавриди кумиссиюни ҳамкориҳо дар бахшҳои тичорй-иқтисодй ва илмй-фаннй ва варзиш асноде буданд, ки Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури ду кишвар ба онҳо имзо гузоштанд.
Дар нишасти хабарии муштарак Эмомалй Раҳмон аз чумла таъкид кард, ки кишвараш ба тавсаъаи равобит бо Туркманистон аҳамияти зиёде қоил аст ва наздикии мавзеъҳои ду кишвар дар бисёре аз масоили минтақайи ба байналмилалй, заминаи муносибе барои тақвияти ҳамгаройи ва равобити чандчониба дар минтақа фароҳам карадааст.
Қурбонгулй Бердимуҳаммадов низ хотирнишон кард, ки равобит миёни ду кишвар бар асоси эътимоди мутақобил ва ҳусни ҳамчаворй устувор аст.
Қобили зикр аст, ки сафари дурузаи раиси чумҳури Точикистон ба Туркманистон рузи чумъаи 9 октябр оғоз шуд.Дар ин сафар Эмомалй Раҳмонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири раси чумҳур дар умури байналмилал,Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Сафаралй Начмиддинов, вазири доройи, Гул Шералй, вазири энержй ва саноат, Маликшо Неъматов,раиси кумитаи чавонон, туризм ва варзиш, Санъат Раҳимов,раиси ширкати «Барқи точик» ва дигар мақомоти расмй ҳамроҳй карданд.
Нигоҳе ба таърихчаи на чандон дури равобит миёни Душанбе - Ашқобод баъд аз фурупошии Шуравй ва касби истиқлол, баёнгар аз он аст, ки ду кишвар тақрибан ҳеч масъалае баҳсбарангез дар муносиботи байни ҳам надоштаанд.Туркманистон бо эъломи бетарафй дар даврони раёсати чумҳурии Сафармурод Ниёзов, зимни напайвастан ва ё мушорикати камранг дар ниҳодҳои минтақайии пасошуравй, равобит бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба дур аз ҳар гуна таниш ва ихтилоф ҳифз кард.Фақат дар соли 2002, дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Туркманбошй, мақомоти Ашқобод Тошкандро дар даст доштан ба ин қазия мутаҳҳам карданд, ки дар пайи ин равобит миёни Туркманистон ва Узбакистон то ҳадди қобили мулоҳизае ба сардй гаройид. Бо руйи кор омадани Қурбонгулй Бердимуҳаммадов дар соли 2007 давлати Ашқобод сиёсатҳои бозтареро дар пеш гирифт, ки мушорикати фаъолтар дар созмону ниҳодҳои минтақайи ва фароминтақайи ва тавсаъаи равобит бо кишварҳои минтақа, ҳамчунин ҳузури муассиртар дар муъодилоти минтақайи, аз чумлаи натоичи ин сиёсат будаанд. Акнун Ашқобод бо саҳм гирифтан дар тарҳҳои бузурги минтақайи ва фароминтақайи, ба маркази рафтуомадҳои мақомоти кишварҳо ва қудратҳои мухталиф табдил шуд, ки дари имтиёзгириҳои бештареро ба руи Туркманистон боз кардааст. Бархурдорй аз манобеи саршори нафту газ аз дигар мавориде аст, ки чойгоҳи Туркманистонро дар сиёсатгузориҳои қудратҳои Шарқу Ғарб беш аз ҳар замони дигаре бо аҳамият намудааст.Ба вижа дар шароите, ки буҳрони энержй миёни Украина ва Русия дар зимистони гузашта кишварҳои аврупойиро ба камбуди шадиди энержй мувочеҳ кард ва ин кишварҳо дар пайи касби манобеи чадиди таъмини энержй бар омаданд,бар нақши Туркманистон ба унвони манбаъи чойгузин, афзуда шуд.
Ва аммо он чи ба Точикистон бармегардад, Туркманистон дар даврони чанги дохилии Точикистон дар солҳои 1992 - 1997 аз чумлаи кишварҳое буд, ки ба истиқболи паноҳандагони точик омад ва то чое имконоти ин кишвар эчоб мекард, шаҳрвандони Точикистонро макон дод ва ононро таҳти ҳимоят гирифт. Гузашта аз ин Ашқобод дар 3-24 ноябри соли 1995, 28 январ - 8 феврали соли 1996, 8-21 ноябри соли 1996 мизбони панчумин даври навбатии музокироти сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик буд ва дипломатҳои туркман ниҳояти талошҳои худро ба харч доданд, то сулҳро ҳарчи зудтар ба сарзамини точикон бозгардонад. Натичаи ҳамин талошҳо буд, ки дар ин давр аз музокироти сулҳ, мавзеъҳои тарафҳои точик бештар ба ҳам наздик шуд ва фосила то имзои созишномаи ниҳойии сулҳ то ҳадди қобили мулоҳизае кутоҳтар шуд.
Дар даврони буҳрони энержй, ки дар поёни солҳои 90 қарни гузашта чомеаи Точикистонро фаро гирифт, давлати Ашқобод бо интиқоли барқ ба Точикистон, талош кард аз мушкилоти мардуми точик дар фасли сармо бикоҳад. Аз чумла дар зимстони гузашта Туркманистон 1миллиарду 200млн.киловат неруи барқ ба Точикистон содир кард.
Бар асоси гузориши кумитаи омори Точикистон тайи моҳҳои январ-августи соли чорй мубодилоти тичорй миёни ду кишвар 48,7 миллион долларро ташкил дод. Точикистон ба Туркманистон умдатан маводи ғизойи, оҳан ва тачҳизоти оҳанй содир намуда, аз ин кишвар маҳсулоти нафту химия ва масолеҳи сохтмонй ворид мекунад.Бо ин вучуд ин ду кишвар аз зарфиятҳои фаровоне бархурдоранд, ки баҳрабардорй аз онҳо ба нафъи тарафайн ва дигар кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Сафари Эмомалй Раҳмон ба Ашқобод, ки ки боиси хузур наёфтани вай дар нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Молдова шуд, баёнгар аз аҳамияти волои Туркманистон дар сиёсатҳои давлати Душанбе аст.Ҳамсонй ва наздикии мавозеъҳои ду кишвар дар масоили баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ин умедро дар зеҳни давлатмардони Душанбе тақвият кардааст, ки бо истифода аз пуштибонии Ашқобод, битавонанд тарҳҳои гидроэнергетикии худро амалй кунанд.Ба вижа он ки пешниҳоди ахири Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз кишварҳои минтақа чиҳати пардохти чубронпулй ба Точикистон ба ивази истифода аз оби рудхонаҳои ин кишвар,бар аҳамият ва чойгоҳи Ашқобод дар сиёсатҳои Душанбе афзудааст. Аммо набуди марзи мушатарак миёни ду кишвар монеи чиддй дар густариши ҳамкориҳои фимобайн мебошад,хоса он ки коршиканиҳои Тошканд дар тронзити барқи Туркманистон ба Точикистон(дар зимистони гузашта)ин ҳақиқатро собит намуд, ки бояд ду тараф дар пайи масирҳои хорич аз қаламрави Узбакистон бошанд. Аз ин ру ду тараф саъй доранд дар қолаби барномаҳои роҳбурдй, бо эчоди масир аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистон, ин мушкилро рафъ намоянд. Дар ин миён Точикистон умедвор аст бо истифода аз чойгоҳи Туркманистон дар арсаи байналмилал битавоанд бо бо пуштибонихои Ашкобод, аз монетарошихои Узбакистон дар масири барноамахои гидроэнергетикии худ бикохад ва ин барномахоро дунбол кунад.

пятница, 2 октября 2009 г.

Туркзабонон муттаҳид мешаванд, форсизабонон...


Мачлиси намояндагони Точикистон дар нишасти ахири худ бо ду раъйи мухолиф ва 57 раъйи мувофиқ лоиҳаи Қонуни забони давлатиро, ки аз суи раиси чумҳур таҳия ва пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонд.Бо ин кор яке дигар аз "шоҳкорҳои" намояндагони мардумй шакл гирифт ва он ин буд, ки аз лоиҳаи қонун вожаи "форсй" бардошта шуд. Яъне забони давлатии Точикистон забони точикй (на мисли лоиҳаи пешин "форсии точикй") эълом шуд.
Ҳамин масъала дар бист соли пеш низ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд шуда буд ва он замон намояндагон ба ҳарфи донишмандон гуш фаро доданд ва пазируфтанд, ки "забони точикй" "забони форсии точикй" таъбир шавад. Аммо ин бор ин ҳарф, ин ҳақиқати таърихй гуши шунавое надошт.Хақиқате, ки ниёз ба исбот надорад ва ҳамин мучассамаи Исмоили Сонмонй, ки мо онро ба унвони поягузори нахустин давлати ТОЧИКОН пазируфтаем, далели ғайри қобили инкор будани ин мавзуъ аст. Дар давлати нахустини точикон, ки беш аз ҳазор соли қабл арзи ҳастй намуда буд, забони давлатй форсй буда на точикй!Мо бо барчидани вожаи "форсй" аз қонуни забони давлатй, худ бо дасти худ теша бар решаи гузаштаи таърихи худ задем ва худро аз ниёкон бибридем.
Нигоҳе ба саҳифаҳои таърихи гузашта ба хубй нишон медиҳад, ки қавми точик ҳамеша "форсигу" буд, яъне ба номи "забони точикй" дар ҳеч маъхазу сарчашмае чизе зикр нашудааст.Ва ин фақат махсуси мо точикон, ки як миллати ориёинажод ҳастем, нест. Чи басо халқу миллатҳое ҳастанд, ки забонашон баргирифта аз номи миллаташон нест: миллат амрикойи - забон англисй, миллат бразилй - забон португалй, миллат аргентинй - забон испанй ва ... Мо меросхори фарҳангу тамаддуни форсй ҳастем ва бо гирифтани вожаи "форсй" аз Конуни забони давлатй, худро аз ин мероси ғанй маҳрум мекунем. Ҳануз ҳам дар миёни мардуми куҳистон иборати "фалонй (манзур одаме аз ягон маҳалли Точикистон) форсигу" ҳаст ё "форсигу буд" корбурд дорад, ки як далели таърихии форситабор ва форсизабон будани миллати мо ҳаст.
Дар ҳоле, ки талошҳо барои ваҳдати ҳарчй бештари се кишвари форсизабони Точикистон, Афғонистон ва Эрон ба таври бесобиқае дар сатҳҳои мухталиф шиддат гирифтааст, мо худро аз ин доира берун мекашем.Ва он ҳам дар ҳоле, ки забони точикй як шохаи забони форсй аст, ба гунае, ки форсии дарй, форсии эронй (ё теҳронй) ва форсии точикй таъбир мешавад.Ба назар мерасад, ҳануз ҳам иддае дар радаҳои болои ҳукумати Точикистон аз идеологияи комунистй, ки аз чумлаи ҳадафҳояш буридани пайвандҳо миёни Точикистон ва Эрону Афгонистон буд, раҳо нашудаанд ва ҳануз ҳам аз наздикй бо ин ду кишвари форсизабон бим доранд.Ин идеология бо тамоми тавон дар пайи содда ва омиёна кардани забони форсии точикй дар Точикистон бар омад, то «собит» кунад, ки «забони точикй» ҳеч умумияте бо дарию форсй надорад.Коммунистон дар ин амр муваффақ ҳам шуданд ва ин нукта, ки дар замони тачовузи Шуравй ба Афғонистон, аз Кремл ба Душанбе занг зада барои чалби тарчумон ба Афгонистон мепурсанд:«у вас еще остались таджики, которые хорошо владеют родным языком?», тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Гузашта аз ин, форсизудойи дар порлумони Точикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дақиқан дар ҳамин руз дар Нахчувони Озарбойчон сарон ва намояндагони кишварҳои туркзабон даври ҳам чамъ меоянд, то таъсиси иттиҳоди кишварҳои туркзабонро суръат бахшанд.Дар ин нишаст туркзабонҳо дар минтақаи чудошуда аз Арманистон ба баҳсу гуфтугу нишастанд, то аз ин тарқ бештар бар моҳият ва зарурати иттиҳод таъкид карда бошанд. Идеяи иттиҳоде назири Шурои Аврупо ва Лигаи давлатҳои арабй меҳвари аслии суханрониҳо дар нишасти Нахчувон буд.Ин талошҳо дар шароите сурат мегиранд, ки бархе кишварҳои туркзабон ихтилофоти чиддие бо ҳам доранд ва робитаҳои Қирғизистон ва Узбакистон фақат гушае аз ин ихтилофот аст. Мачмаи порлумонии кишварҳои туркзабон, ки дар гузаштаи на чандон дур дар Боку ташкил шуд,имруз дар пайи он аст, ки роҳи ҳалле барои ихтилофи дидгоҳҳо ва мевзеъҳои кишварҳои туркзабон пайдо кунад.
Точикистон дар муҳосираи кишварҳои туркзабон воқеъ аст ва суханони яке аз сарони ин кишварҳо ки ошкоро эълом карда, «Точикистон дар роҳи ташкили иттиҳоди давлатҳои туркзабон мисли як устухоне дар гулу ҳаст», ҳушдоре ба сарони точик аст, ки ба таври чиддй ба фикри мавчудияти ояндаи кишвари худ бошанд.
Албатта, Точикистон кишвари мустақил ва соҳибистиқлол аст ва забони давлатии худро бояд дошта бошад, аммо инкори ҳақиқтҳои таърихй роҳ ба чое нахоҳад бурд.
Мо бо забони модарии худ ифтихор мекунем, ҳамон гуна, ки Муъмин Қаноъат , шоири машҳури точик мегуяд:
Форсй гуйи, дарй гуйи варо,
Ҳарчй мегуйи, бигу
Бекарон бахрест гавхар бехисоб
Харчи мечуйи бичу.

Лек бахри ман забони модарист
Хамчу шири модар аст
Бахри у ташбехи дигар нест, нест
Чунки мехри модар аст.

Сарфи назар аз он ки дар тасвиби конуни забон дар холатхое ангезахои сиёсй боло гирифтаанд, вучуди чунин конунеро ба фоли нек мегирем, то дар хифзу густариши забони форсии точикй муассир вокеъ шавад. Аммо аминам рузи ислохи иштибохот фаро хохад расид.




вторник, 15 сентября 2009 г.

Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре...



Фочеаи ба вуқуъомада дар неругоҳи барқи обии Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то мақомоти узбак аз нав сару садоҳо дар бораи хатари неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро дар сатҳи байналмилал матраҳ кунанд. Албатта, дар Точикистон ва Қирғизистон инкор намекунанд, ки неругоҳҳои Норак ва Тухтагул, ки дар замони Шуравй сохта шудаанд, бо гузашти ин ҳама сол ниёз ба таъмир , бозсозй ва муқовимсозй доранд.Аз чумла Канатбек Эрматов, мудири кумитаи давлатии назорат бар амнияти таъсисоти саноатии Қирғизистон бар ин бовар аст, ки хатари вайроншавй дар ҳар неругоҳе ғайриқобили инкор аст. Аҳмад Чундубоев, коршиноси мустақили қирғиз низ ба қадимй будани тачҳизот дар неругоҳҳо ишора мекунад ва ивазкунии тачҳизоти заруриро ба унвони тадбири муҳим дар чиҳати пешгирй аз хатароти эҳтимолй амре ногузир тавсиф мекунад.Аммо Нозир Ёдгорй, сухангуи ширкати "Барқи точик" мегуяд иддаоҳо дар бораи хатароти неругоҳи Норак асосе надоранд, зеро ҳамасола тачҳизоти ин неругоҳ нав мешаванд. Бино ба гуфати сухангуи ширкати "Барқи точик", комиссиюни вижае иборат аз мутахассисони бо тачриба вазъи неругоҳҳои кишварро дар ҳоли баррасй аст ва бар асоси пешниҳодоти ин комиссиюн иқдомоти лозим барои рафъиҳар гуна заминаи вукуи фочеа андешида хоҳад шуд. Дигар мақомоти точик низ иддаоҳои тарафи узбакро дар мавриди хатароти неругоҳи Норак рад карданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин барои аввалин бор нест, ки Тошканд эътирозоти худро дар мавриди сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон матраҳ мекунад.Дахолатҳои Узбакистон ба тарҳҳои гидроэнергетикй дар Точикистон ва Қирғизистон тайи солҳои ахир ба ҳукми як одати маьмулй дар сиёсатҳои давлатмардони Тошканд даромадааст. Дар ҳамин робита Бозорбой Мамбетов, таҳлилгари қиғиз мегуяд, ин ҳама иддаоҳои Узбакистон ангезаи сиёсй доранд ва ин кишвар намехоҳад, ки ҳамсояҳояш аз вазъи беҳтаре бархурдор бошанд. Инак фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск дар Русия баҳонаи хубе шудааст, то Узбакистон фурсатталабона иддаоҳои худро дар мавриди сохти неругоҳҳо дар ду кишвари ҳамсоя Точикистон ва Қирғизистон дубора матраҳ кунад. Дар ин робита Сергей Жигарёв, мудири ширкати саҳомии Гидропроект - и Узбакистон муддаи аст, ки бар асоси тарҳҳои 20 соли қабл сохтани неругоҳҳо чинояти соддалавҳона аст.Вай мегуяд тарҳи сохти неругоҳи Роғун дар соли 1978 таҳия шудааст ва посухгуи меъёрҳои имруз нест.Ин масъули узбак дар мавриди тарҳи неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон низ иддао мекунад, ки тарҳи ин неругоҳ низ таҳти шиори "зудтар ва арзонтар" таҳия шуда ва мавриди эътомод нест. Коршиносони точик ва қирғиз дар арзёбиҳои худ дар қиболи иддаоҳои Узбакистон, ин падидаро бархоста аз ангезаҳои қудратталабиҳои Тошканд дар минтақа медонанд ва мегуянд Узбакистон бо тарҳи чунин иддаоҳо дар пайи он аст, то контрули фаъолиятҳо дар бахшҳои ҳассос дар Осиёи Марказиро ба даст бигирад.Чои тазаккур аст, ки давлати Тошканд тавонист дар тарҳои гидроэнергетикии Точикистон латма ворид кунад:нахуст ширкати РусАл-ро аз мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун мунсариф кард, сипас ичрои қарордоди Чин бо Точикистонро дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон ба ҳоли муаллақ даровард. Руйкарди охири Тошканд дар қиболи ҳамсоягонаш - Точикистон ва Қирғизистон чизе чузъ қудратнамойи тавсиф намешавад ва ин амр дар шароите, ки рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ташдид шудааст, чанбахои бештаре ба худ гирифтааст. Аз гузориши расонаҳо бармеояд, ки Узбакистон барои доро будан ба пурзуртарин артиш дар минтақа барномаи вижаеро руи даст гирифтааст.Бар асоси ин барнома Тошканд қасд дорад ба истилоҳ ба "жандарми Осиёи Марказй" табдил шавад.Аз ин чост, ки Узбакистон руи хуше ба таъсиси пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Точикистон надорад. Ба илова имзо накардан ба қарордоди Паймони амнияти чамъй далели дигаре дар мавриди талоши Узбакистон дар чиҳати истиқлоли фаъолиятҳои низомияш дар минтақа аст. Ва аммо дар мавриди мухолифатҳои Тошканд ба сохти неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон бояд гуфт, ки Узбакистон аз он бим дорад, ки аз ин тариқ: аввал,ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержй мушарраф шуда, вобастагиашон аз газу барқи узбак аз миён хоҳад рафт; дуввум,бо сохти обанборхо имкони танзими чараёни оби рудхонаҳо фароҳам шуда ҳамсоягон низ метавонанд дар қиболи амалкарди Тошканд (қатъи чараёни газ ё барқ) вокуниш нишон диҳанд. Аз суи дигар, Узбакистон дар ҳоле ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон мухолифат мекунад, ки тақрибан ҳеч иқдоми созанда ва холисонае дар чиҳати рафъи ниёзҳои ду ҳамсояи худ ба энержй, анчом надодааст.Аз ин ру Бишкек ва Душанбе ин ҳақро доранд, ки дар ростои дастёбй ба истиқлолияти энержй талош намоянд. Аз тарафи дигар, бино ба эътикоди профессор Хочимухаммади Умарзода, иктисодшиноси точик, бо такмили неругохи Рогун Узбакистон ин имконро пайдо мекунад, ки хазорон гектар заминхои бекорхобидаашро обёрй кунад.Хамчунин вазъи таъмини об ба бахши кишоварзии минтака бамаротиб бехтар хо=ад шуд. Аммо сарусадоҳои Тошканд дар мавриди хатароти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон, ки баъд аз фочеаи неругоҳи Саяно-Шушенск (17 августи соли чорй) чанбаҳои густурдатаре касб кардааст, бад -ин мемонад, ки фармудаанд: Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре,
Ба Шуштар заданд гардани мисгаре.

понедельник, 14 сентября 2009 г.

Қадрдонии НАТО аз Узбакистон



Ҳафати гузашта Роберт Симон, намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказй аз нақши фаъоли Узбакистон дар ҳамкорй бо ин паймон дар ростои ичрои барномаҳо дар Афғонистон ибрози сипос намуд.Намояндаи махсуси дабири кулли НАТО дар номае, ки ба вазорати хоричаи Узбакистон ирсол шуд, аз чумла тазаккур дода, ки Узбакистон дар муъодилоти минтақа аз чойгоҳи вижае бархурдор аст ва НАТО аз ҳар гуна густариши ҳамкорй бо Узбакистон истиқбол мекунад.
Дар бахши дигаре аз ин нома омадааст:Мо барои чонибдории Узбакистон аз тронзити борҳои ғайринизомй барои неруҳои посдори сул дар Афғонистон, аҳамияти зиёде қоилем.
Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои соли равон давлати Узбакистон ба НАТО ичозат дод, ки борҳои ғайринизомии худро барои неруҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави Узбакистон интиқол диҳад.
Хамкориҳо миёни НАТО ва Узбакистон дар соли 1991 оғоз шуд ва дар соли 1995, замоне ки Узбакистон ба барномаи НАТО таҳти унвони "Ҳамкорй барои сулҳ" пайваст, ҳамкориҳо миёни ду тараф чанбаҳои густурдатаре ба худ гирифт. Ин дар замоне буд, ки Тошканд дар чорчуби сиёсатҳои Маскавситезии худ робита бо кишварҳои ғарбиро тақвият кард.Аммо аз миёнаҳои соли 2005 ҳамкорй миёни Узбакистон ва НАТО кунд шуд. Қарори маълум моҳи майи слои 2005 дар пайи ҳодисаҳои хунини Андичон давлати Тошканд ба далели қатли оми тазоҳуркунандагон таҳти фишорҳои шадиди Ғарб қарор гирифт ва теъдоде аз масъулони узбак ба таҳримҳои сиёсй ру ба ру шуданд, ба гунае, ки ҳақи сафар ба давлатҳои аврупойи надоштанд.Русия аз ин фурсат истифода кард ва Узбакистонро дубора ба оғуш гирифт.Аммо дар охирҳои соли 2008 Тошканд аз нав ба фикри густариши робитаҳо бо Ғарб баромад. Ба вижа дар пайи бекор кардани таҳримҳои Узбакистон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, Тошканд ба иборате "қиблаи худро тағйир дод".Карори маълум 13 октябри соли 2008 дар Люксембург дар пайи тавофуқ ё ба иборати дигар муомилаи сиёсй миёни тарафҳои узбак ва Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои сиёсии мақомоти узбак бекор шуданд.Дар пайи ин муомила Узбакистон аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё хорич шуд ва ҳузури худро дар ниҳодҳои минтақайи, ки умдатан таҳти нуфузи Русия ҳастанд, камранг намуд . Тамчиди НАТО аз Узбакистон баёнгар аз ин аст, ки дар марҳалаи кунунй раванди наздикшавии Тошканд ба кишварҳои ғарбй идома дорад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Тошканд дар дастёбй ба бисёре аз сиёсатҳои минтақайии худ, ба пуштибонй ва дастгирии Русия ниёз дорад, аз ин ру ҳаргиз наметавон гуфт, ки ин мавзегирии Узбакистон тулонимуддат хоҳад буд. Дар чунин шароите бояд мунтазир буд, то Кремл дар посух ё вокуниш ба иқдомоти ғарбгароёнаи Тошканд чй барномаҳоеро дар назар хоҳад гирифт

Сафари вазири дифои Русия ба Точикистон


Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар чорчуби як сафари расмй ба Душанбе омад ва дар дидор бо мақомоти точик бархе аз масоили марбут ба ҳамкориҳои низомй миёни Маскав - Душанберо баррасй намуд.Кобили зикр аст, ки барномаи ин сафар ҳануз моҳи июли соли равон дар рузҳои сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Точикистон таъйин шуда буд.Аз ин ру сарфи назар аз баргузории музокирот миёни Анатолий Сердюков ва Шералй Хайруллоев, вазири дифои Точикистон ва Хамроҳхон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон пушти дарҳои баста,мавзуи мавриди баҳс миёни тарафайн аз диди расонаҳо ва маҳофили коршиносй пинҳон намонд.На дар расонаҳои давлатй ва на дар нашрияҳои мустақил чузъиёте аз натоичи сафари Сердюков ба Душанбе мунташир нашуд, аммо маълум шуд, ки дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон натичае хосил нашуд.
Воқеият он аст, ки тайи 2 - 3 соли охир равобит миёни Русия ва Точикистон аз раванди маъмулй хорич шуда, дастхуши таҳаввулоте ачибу ғариб гардидааст.Аз наҳваи бархурди Русия бо Точикистон чунин бармеояд, ки гуё Маскав ба хадафхои мавриди назари худ дар ин кишвар даст ёфта, тамоили чандоне ба ичрои қарордодҳои имзошуда бо давлати Душанберо надорад.Боло бурдани мақоми лашкари 201 ба пойгоҳи низомй, вогузории пойгоҳи родории "Окно" ба Русия аз чумлаи ин аҳдоф унвон мешаванд.
Аммо имруз авзоъ тағйир кардааст ва дар пайи таҳаввулоти ахир дар минтақа, ки афзудани ниёзи НАТО ба ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказй аз он чумла аст,барои Точикистон низ фурсатҳои тозае чиҳати манёвр дар сиёсатҳои хоричи ва наҳваи равобит бо ба истилоҳ "шарики стротегй", фароҳам шудааст.Ин мавзуъ дар шароите, ки расонаҳо ва маҳофили коршиносй баҳсҳо дар мавриди бознигарй дар қарордодҳои имзошуда миёни Русия ва Точикистонро беш аз ҳар замони дигаре матраҳ мекунанд,бештар аҳамият касб кардааст.Зеро, ба эътиқоди ағлаби коршиносони точик қарордодҳо миёни Маскав - Душанбе дар аксари ҳолатҳо ба нафъи Русия ва бо дарназардошти манофеи ин кишвар ба имзо расидаанд.Ичро нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Точикистон, ин ақидаро дар чомеаи точик тақвият карда аст, ки Кремл фақат ба фикри имтиёзгирй аз Душанбе мебошад.
Хамакнун амал накардани Русия ба қарордодҳо ва ваъдаҳояш дар нисбати Точикистон ин ҳақро ба давлати Душанбе мадиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти хеш ва бароварда намудани ниёзҳояш роҳҳои дигареро чустучу кунад.Дар Маскав низ ба ин воқеият эътироф доранд.Ба иборати дигар дар Русия ба хубй дарк кардаанд, ки Точикистон дар чорчуби сиёсати чандсамтй, дар пайи он аст ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталифро густариш диҳад ва дар ин раванд аз кишварҳои ҳамсоя ақаб намонад.Бо ин вучуд вазири дифои Русия дар мавриди дастёбй ба ҳадафхои мавриди назараш дар музокирот бо мақомоти точик, чандон ноумед нест. Зеро ҳануз Русия басилахоеро барои овардани фишор ба Точикистон дар ихтиёр дорад.Вобастагиҳои низомии Точикистон ба Русия:артиши Точикистон ба таври комил мучаҳҳаз бо тачҳизот ва силоҳҳои сохти Русия аст ва кодрҳои низомии точик низ умдатан дар омузишгоҳҳои Русия таълим мегиранд. Ба иловаи ин ҳузури беш аз як миллион нафар муҳочири кории точик дар Русия, фурсати дигареро дар ихтиёри Маскав қарор додааст, то битавонад аз Душанбе дар мавридҳои зарурй имтиёз касб кунад. Бо ин ҳол Точикистон низ ҳарфҳое барои гуфтан дорад.Акнун давлати Душанбе дар пайи тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо дигар кишварҳо, аз чумла Чин ва Хиндустон баромадааст,теъдоди қобили мулоҳизае аз афсарони артиши точик дар омузишгоҳҳои ин кишварҳо таълим мегиранд ва ин ду кишвар кумакҳои зиёде дар ихтиёри артиши Точикистон ва неруҳои марзбонии точик қарор додаанд. Дар ин миён кумакҳои низомии кишварҳои ғарбй ба Точикистон низ афзоиш ёфтааст.Аз суи дигар бо имзои қарордодҳо бо Қазоқистон ва Арабистон, Душанбе қасд дорад аз теъдоди муҳочирони кории худ дар Русия бикоҳад.Пурранг шудани ҳузури кишварҳое назири Чин, Эрон, Хиндустон ва бархе кишварҳои ғарбй дар Точикистон аз дигар мавридхоест, ки баёнгар аз талоши Душанбе дар чиҳати коҳиши вобастагиҳо аз Маскав унвон мешавад.
Бо ин ҳол аҳамияти Точикистон дар сиёсатҳои геополитикии Русия ҳамчунон ба қуввати худ боқист, ва ба дидорҳои баъдй вогузор шудани баҳс дар мавриди пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбута, гуёи аз ин воқеият аст,ки ду кишвар ниёзҳои мубраме бо ҳам доранд.Фақат ин бор низ бим аз он меравад, ки дар тасмимгириҳои Душанбе эҳсосот бар мантиқ пируз ояд ва бархе мақомоти точик манофеи шахсй ва гуруҳии худро бар манфиатхои миллй бартар шуморанд.Амре, ки аз заъфи дипломатия точик маншаъ мегирад.

вторник, 8 сентября 2009 г.

Нигоҳе ба сафари раиси чумҳури Ҳиндустон ба Точикистон


Раиси чумҳури Ҳиндустон баъд аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Русия ба Точикистон омад ва дар дидор бо раиси чумҳур, нахуствазир ва раиси мачлиси намояндагони ин кишавр масъалаҳои марбут ба робитаҳои дучонибаро мавриди баҳсу баррасй қарор дод. Ҳарчанд дар ин сафар Пратибҳа Патилро ҳайате аз мақомоти сиёсй, иқтисодй ва тичории ҳинд ҳамроҳй мекарданд, аммо дар поёни дидору гуфтугоҳои мақомоти точик ва ҳинд ҳеч санади расмие миёни тарафҳо ба имзо нарасид. Бо ин ҳол боздиди раиси чумҳурии Ҳиндустон аз Точикистон аз аҳамияти вижае барои ҳарду кишвар бархурдор аст.
Қарори маълум Ҳиндустон қудрати дар ҳоли зуҳур таъбир мешавад ва нуфуз дар кишвархои минтақа аз барномаҳои роҳбурдии давлатмардони ин кишвар маҳсуб мешавад.
Мавзуи музокирот миёни хонуми Пратибҳа Патил бо Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури Русия ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Деҳлии нав бар он шудааст, то ҳамкориҳои низомиро дар садри равобити худ бо ин ду кишвари Шуравии собиқ қарор диҳад. Ҳарчанд Кремл бар ин бовар аст, ки равобити Русия ва Ҳиндустон бештар ба ҳамкориҳои тичорй устувор аст ва ду тараф бояд дар чиҳати густариши ин ҳамкориҳо бештар кушо бошанд, аммо Деҳлии нав бар ин умед аст, ки бахшҳое назири энержй, фазонавардй, энержии атомй, фаннй ва низомй низ чузъи авлавиятҳо дар барномаи ҳамкориҳо бошанд.Ин мавзуъ дар нисбати ҳамкориҳо бо Точикистон низ матраҳ аст ва бозсозии фурудгоҳи Айни (дар 20 км. чануби Душанбе), ҳамчунин омузиши кодрҳои неруҳои мусаллаҳи Точикистон дар омузишгоҳҳои Ҳиндустон дар ҳамин росто сурат гирифтаанд.Қобили зикр аст, ки бозсозии фурудгоҳи низомии Айни, аввалин иқдоми Ҳиндустон дар сохти пойгоҳи низомй дар хорич аз каламрави ин кишвар буд.Бо ин ҳол тамоили Деҳлии нав ба тавсаъаи ҳамкориҳои низомй дар шароите боло гирифтааст, ки ин мавзуъ барои Душанбе ва Маскав чойгоҳи мутафовите дорад. Бидуни шак Маскав дар канори ҳамкориҳои иқтисодй, аз густариши ҳамкориҳои низомй бо Ҳиндустон низ суди фаровоне хоҳад бурд.Зеро Ҳиндустон дар гузашта муттаҳиди Иттиҳоди Шуравй буд ва ҳудуди 60% ниёзҳояш ба аслиҳа ва тачҳизоти низомиро аз тариқи воридот аз Иттиҳоди Шуравй бароварда мекард. Ҳарчанд имруз бозори аслиҳа ва тачҳизоти низомии Ҳиндустон аз инҳисори Русия то ҳадде хорич ва Амрико ва Исроил дар ин бозор фаъол шудаанд, аммо Маскав ҳамчунон аз муомилоти низомй бо Деҳлии нав даромадҳои зиёде касб мекунад.Аз суи дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон чалби эътимоди давлате чун Ҳиндустон барои Русия аз аҳамияти волои стротегй бархурдор хоҳад буд.
Аммо мавзуи ҳамкориҳои низомии Точикистон ва Ҳиндустон аз чанбаҳои дигаре бархурдор аст ва Точикистон ин ҳамкориҳоро дар ростои тақвияти зербиноҳои иқтисодй ва низомии худ анчом медиҳад.Ба иборати дигар Точикистон ба ин умед аст, ки бо густариши равобити ҳамачониба бо Ҳиндустон битавонад сармояҳои бештареро аз ин кишвар барои тарҳҳои муҳими хеш чалб кунад. Ин амр, яъне чалби сармояи ҳинд ба иқтисоди Точикистон то имруз камрангтар аз он аст, ки тасаввур мешавад.Мубодилоти тичорй миёни ду кишвар тайи ҳафт моҳи гузаштаи соли чорй фақат 25 млн. доллар будааст. Агар аз як тараф набуди роҳҳои мустақим миёни ду кишвар сабаби дар сатҳи пойин қарор доштани равобити тичорй ва иқтисодй бошад, аз суи дигар таваччуҳи бештари Ҳиндустон ба ҳамкориҳои низомй мучиби чунин вазъе шудааст.Аммо акнун аз мавзуи мавриди баҳс дар музокироти ахири тарафҳои точику ҳинд ба хубй бар меояд, ки Деҳлии нав ниёзҳои аввалияи Точикистонро дарк кардааст ва аз ин ба баъд сармоягузорй ва мушорикати фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистонро дар дастури кор қарор хоҳад дод.
Дар канори чунин руйкарде, сафари ахири раиси чумҳури Ҳиндустон ба Русия ва Точикистонро набояд чудо аз рақобати қудратҳо тавсиф кард.Бидуни шак, ҳамин мавзуъ пойи раиси чумҳури Ҳиндустонро ба ин ду кишвар кашондааст. Ҳарчанд дар Ҳиндустон мақоми раиси чумҳур як мақоми ташрифотй аст, аммо ин сафар баёнгар аз стротегияи ояндаи Деҳлии нав дар қлқмрави пасошуравй аст.Дар ҳамин росто, яъне чорчуби рақобати қудратҳо, Русия талош дорад бо истифода аз имконият ва зарфиятҳои иқтисодии Ҳиндустон пеши роҳи густариши нуфузи иқтисодии Чинро дар он чи ки минтақаҳои суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, бигирад.Ҳамчунин бо ҳифзи иттиҳод бо Ҳиндустон, дар рақобат бо тавсаъаталабиҳои Амрико дар чаҳон аз шанси бештаре бархурдор бошад. Ин мавзуъ барои Точикистон аз он чиҳат дорои аҳамияти бештар аст, ки Покистон - рақиби суннатии Ҳиндустон низ бо Душанбе равобити густурдае дорад ва фаъолиятҳои низомии Деҳлии нав дар Точикистон наметавонад Исломободро бетараф бигзорад.Покистон бар ин бовар аст, ки иқдомҳои низомии Ҳиндустон дар Точикистон таҳдиде барои амнияти давлати Исломобод хоҳанд буд, аз ин ру мақомоти ин кишвар борҳо эълом кардаанд, ки фаъолиятҳои Деҳлии нав дар Осиёи Марказиро бо диққат таҳти назорат доранд. Чунин вазъе имкониятҳои бештареро пеши руи Точикистон қарор хоҳад дод, то битавонад бо истофода аз рақобатҳои мавчуд, барномаҳои худро дар чиҳати чалби сармоя беҳтар амалй кунад.Ба вижа дар шароите, ки ҳам Покистон ва ҳам Ҳиндустон ниёз ба барқи арзони Точикистон доранд, сармоягузории онҳо дар бахши энержии Точикистон метавонад ба ичрои барномаҳои давлати Душанбе дар ин замина суръти бештаре бахшад.

суббота, 5 сентября 2009 г.

Фар - ҳанги ришва дар Точикистон


Точикистон - сарзамине, ки чун чон дусташ дорам, дубора маро дар огуш гирифтааст.Ачаб гуворою лаззатбахш аст ин огуш, хоса замоне, ки ин огушро пазмон мешавй!
Аммо...
Чанд рузе корафтода будам дар идороти кисмати шимоли Точикистони махбуб, дар шахри Хучанд. Чихо дидам?! Кош намедидам! "Идорашинхо", онхое, ки худро "хидматгузори халк" меноманд ва аз хисоби андозҳои хамин мардум маош мегиранд, хамчун зулук (ман ибораи дигаре пайдо накардам) хуни ин мардумро мемаканд.Ба идораи андоз, нотариус, шиноснома... сар задам.Коғазҳои маро аз дастам мегирифтанд ва дар холе, ки хеч "нагрузкаи корй" надоштанд, "ако баъди се-чор руз хабар гиред" мегуфтанд.Баъд медидам, он корафтодагон, яъне муштариёне, ки хамрох бо номаашон "чойпулй" медоданд, корашон фавран ичро мешуд.Яъне ришва медоданд ва кори худро рох меандохтанд.Яъне ман хам бояд ришва дихам!
Корафтодае, ки пуле барои додан надошт, вакти худро сарфи рафту омад аз идора ба идора мекард ва соатхо, хатто рузҳо пушти дари идорахо мунтазир мемонд.
Касе аз ин "навхочагони навкиса", ки бо василае курсии мансаб зери думғозаашон карор гирифтааст, намеандешид, ки ин корафтодаи бечора шабхои берушнойи ва дастурхоне холй аз ғизои гарм дорад. Касе аз ин мансабдораконро ба хотир намеомад, ки хамин корафтодаи бечора, як шаби бебарк ва сардеро паси сар кардааст ва аз нохия ба шахр омадааст, то кореро сару сомон бахшад.На! Ин харфхо ба гуши ин мансабдоракон рох пайдо намекунанд.
Шумо савол медихед, ки чаро бе факту ракам менависам. Охир он кадр ин факту ракамхо зиёданд, ки ... Аз суи дигар, тавре маълум мешавад, он чй ман мегуям сухани наве нест, хама, хатто масъулон инро ба хубй медонанд.
Ба дустам, рузноманигори варзида ва шоири боистеъдод - Чура Юсуфй дарди дил кардам.Дар посух оҳи талхе кашид.Оре, тавре ки мегуянд "об аз сар лой аст".Аммо ин савол зехнамро машгул медорад, ки: "Бо ин хол мо ба кучо меравем?" Рохе печида, нохамвор, бе уфуқе рушан, чизи дигаре ман намебинам.
Аз Душанбе бо рохи заминй ба Хучанд меомадем.Ба иловаи постгоххои давлатии бозрасй, дар бисёре аз минтакахои ин рох милисахо истода, аз ронандагон "чойпулй" мегирифтанд.Ба ронанда гуфтам охир ин ду милиса гайриконунй ин чо истодаанд, чаро ба онхо пул додй? Гуфт: Эй ака, ту соле як бор аз ин рах мегузарй, ман зиндагиамро аз хамин хисоб мечархонам, агар пул надихам ё конунигарй кунам, дафъаи дигар бахонае меёбанду азобам медиханд. Ду сомонй садакаи сар!
Шояд ҳақ бо ин ронанда бошад, аммо касе аз масъулон боре хам аз ин милисахое, ки канори рох ғайриконунй меистанд, (махсусан аз Шахристон то Истаравшан ва баромадгоҳҳои Истаравшан шуморашон зиёд аст!!!), бозрасй накардааст.
Ба назари ман чунин намуд, ки дар Точикистони азиз ришва додан ва ришва гирифтан дар холи табдил шудан ба як фарҳанг аст. Чй фарҳанге?! Фарре дар он намебинам ба чуз "ҳанг".
Хонандаи азиз, мо бо ин вазъ ба кучо хоҳем рафт?