Ахиран порлумони Точикистон як кумиссиюни 15 нафара таҳти унвони кумиссиюни экологй таъсис намуд.Дафтари матбуотии порлумони Точикистон эълом кард, ки баррасии масъалахои марбут ба муҳити зист, аз вазифаи аслии ин кумиссиюн ба ҳисоб меравад.Харчанд макомоти расмии точик иброз доштанд, таъсиси кумиссиюни экологй ҳеч рабитае ба эътирозоти ахири аҳолии шаҳри Термизи Узбакистон дар нисбати хатароти зистмуҳитии корхонаи алюмини точик надорад, аммо воқеият он аст, ки руёруиҳои лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ба нафъи Тошканд дар ҳоли пешравй аст, аз ин ру давлати Душанбе тасмим гирифтааст сангари муборизаи дипломатиро дар ин замина тақвият кунад.
Нигоҳе ба раванди робитахо миёни ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Точикистон баёнгар аз он аст ки масъалаи сохтани неругоҳҳо дар рудхонаҳои ба истилоҳ фаромарзй, аз чумла неругоҳи Роғун, мавзеъхои ду тарафро ба ҳаде аз ҳам дур кардааст, ки метавон ду кишварро рақибони сарсахти ҳамдигар тавсиф кард. Дар иртибот ба ин мавзуъ тарафи Точикистон муътақид аст, ки сохти неругоҳ бархоста аз ниёзҳои фазояндаи ин кишвар ба энержй аст ва ин амр ҳеч зарару зиёне ба кишварҳои минтақа ворид нахоҳад кард.Аммо тарафи Узбакистон иддао дорад, ки сохтани неругоҳ дар канори коҳиши мачрои об ба қаламрави Узбакистон, таъсироти вайронгаре ба муҳити зист ворид хоҳад кард.Тошканд чунин иддаоеро дар мавриди неругоҳи Камбарота, ки дар Кирғизистон дар ҳоли сохт аст, низ матраҳ намудааст. Аммо ҳам Точикистон ва ҳам Кирғизистон бо ироаи аснод ва далелхо собит кардаанд, ки сохтани неругоҳҳо на танҳо ҳеч пай омадҳои манфии зистмуҳитй надорад, балки дар танзими оби минтақа ва рушди бахши кишоварзй нақши муҳиме ичро хоҳад кард. Ин мавзуъ имруза аз чорчуби равобити дучониба фаротар рафта ба баҳси минтақайи, ҳатто фароминтақайи табдил шудааст. Узбакистон дар пайи беэътинойии ҳамсоягон ба дархостҳояш дар мавриди мутаваққиф кардани раванди сохти неругоҳҳо, масъаларо ба саҳнаи байналмилал кашид ва тавонист ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро то ҳадди зиёде ба мавзеъхои худ ҳамсон кунад. Нахустин муваффақияти Тошканд дар ин замина он буд, ки Чинро аз ичрои қарордодаш бо Точикистон дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон мунсариф кунад. Ёдовар мешавем бар асоси қарордоди ба имзорасида миёни Чин ва Точикистон, тарафи чинй бояд аз моҳи майи соли 2009 сохти неругоҳ дар минтақаи Зарафшонро оғоз мекард, аммо бо дахолатҳои Тошканд, ширкати чинй ичрои ин қарордодро ба ҳолати муаллақ даровард. Дар идомаи ин иқдомҳо, давлати Ислом Каримов тавонист ширкати РусАл-ро низ аз мушорикат дар такмили тарҳи Роғун боздорад. Ҳатто бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй, ки қаблан барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун эьломи омодагй карда буданд, дар пайи фазосозиҳои мақомоти узбак, дар тасмимоти худ чиҳати сармоягузорй дар тарҳи Роғун тачдиди назар ва таъкид карданд, ки то замони рафъи ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифода аз манобеи гидроэнергетикй, ҳеч сармоягузорие дар ин замина анчом нахоҳанд дод.
Узбакистон дар раванди мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Роғун то ҳадде пеш рафт, ки ин масъаларо ба Созмони милалаи муттаҳид - олитарин марчаъи байналмилалй кашид. Дар сафари даврайии Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон ба Осиёи Марказй, ки дар авоили моҳи апрел сурат гирифт, мақомоти Узбакистон Бан Ки Мунро ба минтақаи бахри Арал бурданд ва ба вай ин гуна илқо карданд, ки ҳама фочеаи марбут ба ин бахр бархоста аз сохтани беравияи неругоҳҳо дар минтақа аст.Ин илқоот то ҳадде корсоз буд, ки дабири кулли СММ дар сафар ба Точикистон аз боздиди минтақаи сохти неругоҳи Роғун, сарфи назар кард. Ин таҳаввул ба маънои шикасти дипломатияи точик дар баробари фазосозиҳои ҳамтоёни узбаки онҳо таъбир шуд.
Кабл аз ин Тошканд тавонист дар минтақа дидгоҳҳои Казоқистон ва то ҳадде Туркманистонро ба мавзеи худ дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъхои обии Осиёи Марказй ҳамсон кунад.Русия низ, ки ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳҳои барқи обй қарордодҳо имзо намуда буд,эълом кард, ки дар ин масъала аз мавозеи Тошканд чонибдорй мекунад.
Дар пайи чунин ранг гирифтани таҳаввулот, Точикистон тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз манобеи дохилй такмил кунад.Ба ҳамин манзур аз ибтидои соли чории саҳмияҳои ин неругоҳ ба фуруш бароварда шуданд ва то имруз бар асоси оморҳои мунташира ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия ба фуруш рафтааст.
Ҳар иқдоми давлати Душанбе дар ростои такмили неругоҳи Роғун, ҳасосиятҳои Тошкандро барангехтааст, ба гунае ки ҳамакнун баҳси таъсироти манфии зистмуҳитии корхонаҳои Точикистон мавзуи эътирозҳо дар Узбакистон шудааст. Дар ҳамин чорчуб ахиран бо даъвати кумиссиюни экологии порлумони Узбакистон теъдоде аз аҳолии вилояти Сурхондарёи ин кишвар дар эътироз ба он чи таъсироти вайронгари зистмуҳитии корхонаи алюмини точик номиданд, гирдиҳамойи намуда, роҳи ҳаракати қатори Точикистонро ки аз қаламрави ин вилоят мегузарад, бастанд. Муътаризон иддао карданд, ки дуди ин корхона боиси густариши бемориҳое назири саратон дар миёни аҳолии ноҳияҳои ҳамчавор шудааст.Аз суи дигар ширкати роҳи оҳани Узбакистон бо баҳонаҳои таъмири роҳ беш аз 3 моҳ вагонҳои дорои маводи ғизои ва масолеҳи сохтмонии Точикистонро дар қаламрави хеш манъ кардаанд.Ин иқдом мучиби боло рафтани нархҳо, аз чумла нархи сузишворй дар бозорҳои Точикистон шуда, фаъолиятҳо дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2ро фалач кардааст. Мақомоти Точикистон ин амалкарди кишвари ҳамсояро талош барои мунзавй кардани Точикистон тавсиф ва аз мачомеи байналилал хостанд дар рафъи ин мушкил ҳамкорй кунад. Хатто мутахасисони эронй, ки дар неругоҳи Сангтуда-2 фаъолият мекунанд, ибрози нигаронй карданд, агар тавқифи тачҳизоти фиристодашуда аз Эрон дар қаламрави Узбакистон идома кунад, муҳлати ба баҳрабардорй расидани ин неругоҳ ба таъхир хоҳад афтод.
Амалкарди Узбакистон дар мутавакиф кардани вагонҳои Точикистон чизе чуз талош барои муҳосираи иқтисодии Точикистон таъбир намешавад ва ба касе пушида нест, ки ин иқдом вокуниши Тошканд нисбат ба азми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун аст.Дар шароити кунунй ба назар мерасад, Точикистон ҳеч роҳе барои аксуламал дар муқобили амалкарди Тошканд надорад ва бояд зери бори фишорҳо равад. Аммо...
Ташкили кумиссиюни экологй дар порлумони Точикистон қабл аз ҳама дар ростои тақвияти чабҳаи талош барои ҳифозат аз манофеи Точикистон дар масоили зистмуҳитй таъбир мешавад. Давлати Душанбе ба тадрич ба дарки ин ҳақиқат рафтааст, ки вучуди афроди мутахасис дар порлумон, қабл аз ҳар чизи дигаре пояҳои ҳукуматро тақвият мекунад ва идомаи қавмгарои ва хешутаборпарастй дар интихоби кадрхо, дар дарозмуддат метавонад заволи ҳар давлатеро дар пай дошта бошад.Шикасти муборизоти дипломатй дар баробари фазосозиҳои Узбакистон ин дарсро ба раҳбарони точик дод, ки на ҳамаи вазирон ва масъулони ҳукумат сазовори мақом ва вазифаҳои худ ҳастанд.Идомаи ҳузури чунин афроди тасодуфй дар сохторҳои ҳукумат, дар дарозмуддат тазъифи манофеъ ва чойгохи Точикистон дар минтака ва ҳатто фурупошии давлатро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Аз ин ру манофеи кишвари соҳибистиқлоли Точикистон тақозо мекунад, ки раҳбарии ин кишвар дар сиёсатҳои кадрии худ ба таври чиддй тачдиди назар кунад.
Аз суи дигар,бо ташкили комиссиюни зистмуҳитй дар порлумони Точикистон ва узвияти афроде назири Шодй Шабдолов, Муҳиддин Кабирй ва амсоли инҳо, ба назар мерасад давлати Душанбе қасд дорад, дар канори дигар аҳдофе, ки дар ин кор дар назар гирифтааст, рақибони аслии худро ба масъалаҳои зистмуҳитй саргарм кунад. Аммо ин кумиссиюн то чи хад дар пешбурди вазифахои худ муваффак хохад шуд, саволест, ки посухи он ба амалкарди мантикии намояндагони порлумон дар расидаги ба масъалахо бармегардад. Бо ин хол ташкили кумиссиюни зистмухитй дар порлумони Точикистон баёнгар аз ин вокеият аст, ки минтака аз ин ба баъд сахнаи руёруихои порлумонй миёни Узбакистон аз як тараф ва Точикистону Киргизистон аз тарафи дигар хохад буд.
Акнун ин пурсиш дар зехнхо зухур кардааст, ки оё чунин руёруи мавзеъи кишвархоро ба хам наздик хохад кард ё ба сардии робитахо афзуда авзои Осиёи Марказиро ба самти печида шудан пеш хохад бурд?
воскресенье, 18 апреля 2010 г.
понедельник, 12 апреля 2010 г.
Осиёи Марказй ва нақши Русия дар тарҳҳои гидроэнергетикй
Ҳамон гуна ки коршиносон пешгуи мекарданд, масъалаи баҳрабадорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй имруза ба ҳадде доғ шудааст, ки робитаҳои бaйнихамдигарй кишварҳои ин минтақаи стротегиро ба таври бесобиқае тираву тор намудааст.Дар ин миён Узбакистон, ки гуфта мешавад ҳамвора талош кардааст ҳамсоягонро бо ҳар роҳи мумкин дар вобастагй ба худ нигоҳ дорад,тамоми гузинаҳоро ба кор гирифтааст, то ба сохти неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Точикистон роҳ надиҳад. Мақомоти узбак дар ин росто талошҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва байналмилал ба роҳ мондаанд. Аз чумла, дар сатҳи минтақа Тошканд саъй кардааст то ду кишвари поёноби рудхонаҳои Осиёи Маркзй - Туркманистон ва Қазоқистонро ба сиёсатҳои худ ҳамсу намояд.Дар ҳамин чорчуб рузҳои 16-17 март дар доираи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд, раиси чумҳури Узбакистон бо илқооти аз пеш тарроҳишуда, тавонист ҳамтои қазоқи худро дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии Осиёи Марказй дар сангари худ ва дар муқобили Қирғизистону Точикистон қарор диҳад. Ду раиси чумҳур дар ин мавзеи муштарак қарор гирифтанд, ки бидуни таҳқиқот ва баррасиҳои байналмилалй, сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Қирғизистон ва Точикистон ғайри қобили қабул аст. Албатта ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки Остона ва Тошканд дар Осиёи Марказй дар бисёре аз масъалахо ихтилофи назар доранд.Ин ихтилофот ҳам дар равобити дучониба ва ҳам дар қолаби ниҳодҳои минтақаи ба мушохида мерасад ва ҳатто ду раиси чумҳур барои касби нақши раҳбарй дар минтақа, дар бисёр ҳолатҳо ҳамдигарро таҳаммул надоранд. Аммо акнун, замоне ки манфиатхои муштарак матраҳ аст, ин ихтилофот ва рақобатҳо, ҳарчанд муваккатй, нодида гирифта шудаанд.
Натичаҳои сафари Нурсултон Назарбоев ба Тошканд он буд, ки раиси чумҳури Қазоқистон то ин дам дар нисбати сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон дипломатияи нармтаре дошт, акнун қотеъона аз мавзеъи Узбакистон чонибдорй кард. Нурсултон Назарбоев таъкид кард, ки на фақат неругоҳи барқи обии Роғун, балки бояд неругоҳи Камбарота низ мавриди таҳқиқоти коршиносони байналмилалй қарор гиранд ва чараёни оби рудхонаҳо дар чорчуби манофеъи ҳамаи кишварҳо танзим шавад.
Нуктаи чолиби таваччуҳ дар мазеъгириҳои раисони чумҳури Узбакистон ва Қазоқистон он аст, ки ин амр таъсири мустақим ба манофеи Русия дар Осиёи Марказй дорад. Зеро Маскав ба унвони сармоягузори аслй, дар ибтидо аз тарҳҳои Роғун ва Қамбарота ҳимоят ва бо Душанбе ва Бишкек қарордодҳое имзо намуда буд.Аммо ба тадрич ва дар чорчуби бархурдҳои суннатии Русия бо шариконаш, Маскав ваъдаҳои худ ба Точикистон ва Қирғизистонро ба боди фаромушй супурд. Бо ин ҳол, масъалаи сохтани неругоҳҳо дар Осиёи Марказй, ҳарчанд як масъалаи дохилиминтақайи ба хисоб меравад, аммо мавзеъи Русия дар қиболи ин масъала ба сарнавишти тарҳҳо дар ин замина таъсири ҳалкунанда хоҳад дошт. Зеро Русия ба хубй дарк кардааст, ки таъсиргузорй дар масоили марбут ба манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, барои Маскав ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки дар таҳаввулоти минтақа мустақиман нақш ичро кунад.Дар акси ҳол, ҳар кишвари муддайии нуфуз дар ин минтақа метавонад чойгузини Маскав шавад. Дар ростои ин ҳадаф, моҳи октябри соли 2004, дар рузҳои сафари Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ба Душанбе, миёни ду тараф қарордодҳо дар мавриди наҳваи мушорикати Русия дар сохти неругоҳи Сангтуда-1 ва такмили неругоҳи Роғун тавассути ширкати РусАл ба имзо расид.Дар ин миён он чй марбут ба неругоҳи Сангтуда-1 буд бомуваффақият ичро шуд ва моҳи майи соли 2009 ин неругоҳи 670 миговотй ба таври комил мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Аммо сарнавишти қарордоди дуввум, яъне тарҳи Роғун бо мушкилоти зиёде гиреҳ хурд ва ҳамчунон дар фазои сиёсиву амниятй ва иқтисодии Осиёи Марказй соя афкандааст. Ширкати РусАл, ки умед дошт бо мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун, ҳаққи моликияти корхонаи алюмини точик, ТАЛКО-ро ба даст хоҳад овард, дар пайи мунсариф шудани ҳукумати Точикистон аз фурухтани ин корхона, ин ширкат бо ироаи баҳонаҳои мухталиф, аз ичрои қарордоди ба имзо расида дар мавриди сохтани неругоҳи Роғун, сар боз зад. Дар натича Точикистон тасмим гирифт бо ба фуруш гузоштани саҳмияҳои Роғун, ин тарҳро бо имконоти дохилй такмил кунад. Аз рузи 6 январи соли 2010 фуруши ин саҳмияҳо оғоз шуд ва то ин дам ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия фурухта шудааст.
Дар Қирғизистон масъалаи сохтани неругоҳи Қамбарота ба мушкили чиддй дар робитаҳои ин кишвар бо Русия ва Узбакистон табдил шудааст.Дар моҳи октябри соли 2008, дар рузҳои сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Қирғизистон, нахустин тавофуқот дар мавриди сохтани ин неругоҳ миёни Маскав ва Бишкек ҳосил шуд.Дар моҳи феврали соли 2009 дар музокироти раисони чумҳури ду кишвар дар Маскав қарордоди сохтани Қамбарота такмил шуд ва Русия уҳдадор шуд ба иловаи 1,7 миллиард доллар, ки барои неругохи Камбарота чудо хохад кард, як воми биллоиваз дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад дод.
Ба эътиқоди аксари таҳлилгарон Русия ба ивази сармоягузориҳои калон дар иқтисоди Қирғизистон, интизор дошт давлати Бишкек заминаи барчидани пойгоҳи Амрико аз ин кишварро фароҳам хоҳад кард. Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури вақти Қирғизистон дар ибтидо иқдомҳое дар ин замина анчом дод, аммо баъд аз пирузй дар интихоботи раёсати чумҳури июни соли 2009, бо Амрико канор омад ва пойгоҳи низомии ин кишварро бо тағйири ном аз пойгоҳ ба маркази интиқоли колоҳо, дар қаламрави Қирғизистон ҳифз кард.Ин амр оғози сардй дар равобити Бишкек - Маскав буд ва боиси он шуд, ки Маскав аз додани бахши саввуми эътибор ба Қирғизистон, ки маблағи 1,7 миллиард долларро ташкил медод, худдорй кард. Дар идомаи ҳамин раванд, иқдоми Қирғизистон чиҳати чойгузини Русия қарор додани Чин дар тарҳҳои гидроэнергетикии худ, норизоятиҳои Маскав аз мавозеи Бишкекро беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дод.
Дар мачмуъ,тайи як ду соли охир сиёсатҳои ба истилоҳ чандсамтии Душанбе ва Бишкек, ки густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталиф дар Шарқу Ғарбро ба ҳамроҳ дошта, мучиби он шудааст, ки Маскав аз тарҳҳои гидроэнергетикии ин ду кишвар, фосила гирад.Акнун чунин ба назар мерасад, ки Маскав дар мархалаи кунунй, энержии нафту гозро бар энержии об тарчеҳ додааст ва дар баҳси кишварҳои Осиёи Марказй бар сари истифода аз манобеи обй, ба ҳимоят аз манофеи Қазоқистон ва Узбакистон, ба унвони дорандагони манобеи фаровони нафту гоз дар минтақа ҳиммат гумордааст.
Бо ин ҳол Қирғизистон ва Точикистон аз тарҳҳои гидроэнергетикии худ сарфи назар нахоҳанд кард, зеро танҳо роҳи истиқлолияти энержии худ ва раҳойи аз вобастагиҳо ба Узбакистонро дар гарави сохтани неругоҳҳои барқи обй мебинанд.Аз ин ру ҳарчанд мавзеи Русия дар қиболи ин тарҳо дорои аҳамияти вижа аст, Бишкек ва Душанбе бо таҳаммули мушкилоти фаровони бархоста аз канорагирии Маскав аз ин тарҳҳо, барномаҳои гидроэнергетикии худро дунбол хоҳанд кард.Натичаи ниҳойии ин раванд он хоҳад буд, ки Русия ба тадрич аз бозори энержии Осиёи Чанубй маҳрум хоҳад шуд.
суббота, 10 апреля 2010 г.
Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо
Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.
Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 - 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.
среда, 10 марта 2010 г.
Афғонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар
Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия дар Афғонистон 2 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар моҳҳои аввали соли 2010 ин теъдод ба 1850 нафар коҳиш ёфт.
Бидуни шак хуручи низомиёни Голландия аз Афғонистон зарбаи сангине ба барноамҳои Амрико ворид хоҳад кард, зеро Голландия аз чумлаи муттаҳидони содиқи Вашингтан маҳсуб мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикобо бознигарй дар сиёсатҳои осиёимиёнайии худ, ҳачми кумакҳо ба кишварҳои ин минтақаро то ҳадде коҳиш додааст.Аз чумла дар ин маврид гуфта мешавад, ки дар соли ояндаи милодй ҳачми кумакҳо ба Осиёи Марказй тақрибан бидуни тағйир боқй хоҳад монд, аммо Точикистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл кумакҳои камтаре дарёфт хоҳанд намуд.Аз чумла дар соли 2011 Қирғизистон 40,3 миллион доллар кумак дарёфт хоҳад кард, ки ин рақам ҳудуди 6 миллион доллар камтар аз соли қабл аст.Хачми кумакҳо ба Точикистон низ дар соли 2011 аз 42,5 миллион доллар ба 41,5 миллион доллар коҳиш хоҳанд ёфт.
Мақомоти амрикойи тайи солҳо ҳузури худ дар Осиёи Марказй ба хубй дарёфтанд, ки давлатҳои тозаистиқлоли ин минтақа дар руёруйи бо бисёре аз чолишҳо, аз чумла ифротгаройи, тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҳамчунин фасоди молй ва ришвахорй, аз тавонийиҳои лозим бархурдор нестанд.Аз ин ру Кохи сафед, ки ичрои барнома ва аҳдофи худ дар Афғонистонро дар гарави субот дар Осиёи Марказй ва равобити хуб бо кишварҳои он мебинад, талош кардааст бо ҳар як аз давлатҳои ин минтақаи стротегй равобити хуб ва дустона дошта бошад.Тамоми кумакҳо ва ҳамкориҳои Вошингтон ва давлатҳои Осиёи Марказй дар ҳамин росто сурат гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Бо таваччуҳ ба ин, кумакҳои Амрико ба Точикистон ва Қирғизистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими амният, мубориза бо ноамниҳо дар марзҳо ва ... истифода хоҳад шуд.Албатта барои пушиши аҳдофи аслии Амрико дар ироаи кумакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказй, Кохи сафед таъкид кардааст, ки барои ислоҳи вазъ дар бахшҳои таъмини амнияти ғизои, беҳдошт, омузишу парвариш, истифода аз манобеи об ва домдорй барои Точикистонва Қирғизистон кумакҳоеро дар назар гирифтааст.
Дар барномаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳачми ин кумакҳо ба Узбакистон ва Қазоқистон бидуни тағйир боқй мондааст, аммо дар мавриди Туркманистом ҳачми ин кумакҳо аз 12,5 миллиондоллар ба 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин барномаи Амрико, ироаи кумакҳо ба кишварҳои Қафқоз низ идома хоҳад ёфт, ба гунае ки ҳачми ин кумакҳо ба Арманистон ва Озарбойчон бетағйир боқй монда, аммо барои Гурчистон( ба иловаи кумакҳои миллиард долларй, ки Вашингтон баъд аз чанги Русия - Гурчистон дар соли 2008 ба Тифлис дар назар гирифт) бо 10 миллион афзоиш, ҳачми кумакҳо дар соли ояндаи мелодй ба 68,7 миллион доллар хоҳад расид.
Аз асноди мунташира рочеъ ба ироаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй бармеояд, ки дар муқоиса ба давлати Чорч Буш, ки давлатҳои Осиёи Марказиро «давлатҳои дар ҳоли гузар ба демократия» таъбир мекард, давлати Обама ин давлатҳоро «давлатҳои нокоромад» медонад ва дар ироаи кумак ба онҳо вижагиҳоеро мадди назар хоҳад дошт.
Муруре ба амалкарди Вашингтон дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй ин ақидаро тақвият мекунад, ки давлати Барак Обама барномаҳои дақиқе дар қиболи ин минтақа надорад ва сиёсатҳояш дар аксари маворид марҳалай будаанд.Тағйири мавозеи Вошингтан дар мавриди пойгоҳҳои низомиаш дар Қирғизистон ва Узбакистон, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Қарори маълум, Кохи сафед ахиран эълом кард, ки дар пайи ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомй дар Қирғизистон мебошад. Бар асоси гузоришҳои мунташира, қарор аст ин пойгоҳ дар устони Боткан, дар чануби Қирғизистон эчод шавад.Сафорати Амрико дар Бишкек эълом кард ин пружа ба зудй оғоз ба кор хоҳад кард. Ин иқдом баёнгар аз талоши Амрико барои густариши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Марказй аст, то битавонад фаъолиятҳои амниятиро дар ин минтақаи ҳассос таҳти контрол дошта бошад. Аз суе беэътимодии Амрико ба давлати Узбакистон, Вашингтонро бар он водоштааст, ки аз таъсиси пойгоҳи низомй дар ин кишвар сарфи назар намуда, ин барномаро дар қаламрави Қирғизистон дунбол кунад.Бидуни тардид, ин иқдоми Амрико хилофи майлу иродаи Тошканд аст ва метавонад дар робитаҳои Вашингтон - Тошканд асар гузорад.
Вашингтон дар расидан ба аҳдофи худ дар Афғон чандон муваффақ набудааст. Ҳарчанд лашкаркашй ба Афғонистон таҳти шиори мубориза бо терроизм сурат гирифт, аммо бо гузашти наздик ба 10 сол аз замони тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон, на Бен Лодан дастгир шуд ва на аз шиддати ҳамалоти Ал-Қоида ва Толибон коста шуд. Тайи ин муддат ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни афғон дар пайи ҳамалоти ноҳамоҳанги неруҳои ба истилоҳ посдори сулҳ кушта ва даҳҳо шаҳру русто ба харобазор табдил шуданд.Ба вижа ҳамалоти ҳавойии НАТО қурбониёни зиёде дар миёни ғайринизомиён доштаанд, амре ки эътирозоти мақомот ва мардуми Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст. Аммо ин эътирозот ҳеч гоҳ роҳ ба чое набурдаанд. Аз суе тайи ин муддат, яъне аз соли 2001 то моҳи феврали соли 2010 як ҳазор неруи низомии амрикойи, 264 англисй ва 140 конодойи дар Афғонистон чони худро аз даст додаанд.
Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ муваффақияте ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузоришоти Созмони миллали муттаҳид тайи солҳои ахир тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба ин сурат будаст:соли 2001 - 185 тон, соли 2002 - 3400 тон,соли 2003 - 3600 тон, соли 2004 - 4200 тон, соли 2005 - 4100 тон, соли 2007 - 8200 тон ва соли 2008 - 7700 тон.Оморҳо нишон медиҳад, ки баъд аз суқути ҳукумати Толибон дар Афғонистон, тавлиди маводи мухаддир аз 185 тон ба 7700 тон дар замони ишғоли ин кишвар твасути Ғарб, афзоиш ёфт.
Дар мачмуъ ояндаи Афғонистон дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст ва эъломи Ҳолланд дар мавриди хуручи неруҳояш аз Афғонистон таъйиди ин ақида аст, ки Амрико ва Ғарбро сарнавиште мушобеҳи сарнавишти Иттиҳоди Шуравй дар Афғонистон пеши ру қарор дорад.Кишварҳои аврупойи бо мушорикат дар ишғоли Афғонистон , чойгоҳи худ дар чаҳони исломро аз даст доданд ва акнун дар пайи онанд ки бо фарохонии неруҳои худ аз ин кишвари чангзада, ин вазъро то ҳадди имкон ислоҳ намоянд.

среда, 24 февраля 2010 г.
Хизбхои фармоишй дар Туркманистон
Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон - Чин ва Туркманистон - Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо дорои иқтисоди муназзам буда дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёфтааст.
Раиси чумҳури Туркманистон дар идомаи суханони худ ба усули демократияи воқеи пардохта, ишора кард, ки дар шароити кунунй ташкили аҳзоби мухталиф, ҳатто мухолиф на нафъи чомае хоҳад буд.Вай гуфт, ҳар ҳизбе, ки дар чорчуби қонуни асосй дар заминаҳои мухталифи кишоварзй, санъатй ва амсоли ин ташкил шавад, метавонад озодона фаъолият намояд.
Ҳамин тавр барои аввалин бор пас аз касби истиқлолият дар соли 1991, дар Туркманистон масъалаи ташкили аҳзоби мухолиф матраҳ шуд.То ин дам дар ин кишвар ҳизби ҳокими демократ, ки баромада аз батни ҳизби комунист буд,танҳо ҳизби фаъол маҳсуб мешуд. Албатта теъдоде созмону ташаккулҳои чонибдори давлат, ки узви чунбиши миллии «Қалқиниш» (Растохез)буданд, фаъолият мекарданд.Ин ниҳодҳо як навъ такмилкунанда ё шохаҳои ҳизби ҳоким ҳисоб мешуданд, ки вазифаи аслиашон тарғибу тарвичи сиёсатҳои Туркманбошй - Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон буд.Ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи башари туркман ин чунбиши ба истилоҳ миллй ва ниҳодҳои шомили он, ҳамчунин ҳизби ҳокими демократ бар хилофи муқаррароти қонуни асосии Туркманистон ташкил шуда, аз тарафи давлат сармоягузорй мешаванд.Фақат ҳизби ҳоким ва созмонҳои шомили чунбиши «Қалқиниш» ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд.
Акнун раиси чумҳури Туркманистон бар он шудааст, ки бо мушорикат додани аҳзоби мухолиф дар ҳаёти сиёсии кишвар аз як су аз фазои хафақони даврони Туркманбошй бикоҳад, аз суи дигар бо чомеаи озод чилва додани Туркманистон, ҳар гуна таҳаррук ва вокунишро аз мухолифони табъидии худ аз байн барад ва интиқодҳои мачомеи байналмилалиро дар мавриди маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй дар кишвараш, хунсо кунад.Албатта то ин дам раиси чумҳури Туркманистон дар ростои аз байн бардоштани осори даврони худкомагиҳои Туркманбошй иқдомҳое анчом дод ва дар идомаи ҳамин раванд ахиран бо дастури у бузургтарин мучассамаи Ниёзов дар пойтахт барчида шуд.
Қобили зикр аст, ки Туркманистон дар даврони Сафармурод Ниёзов бо эъломи сиёсати бетарафй, худро зоҳиран аз таҳаввулоти чории минтақа ва чаҳон канор гирифт. Давлати Ашқобод ба мушорикат дар созмону ниҳодҳои минтақайи таваччуҳи чандоне намедод фақат ба хотири бархе аз барномаҳои иқтисодии худ, дар маъдуд нишастҳо ҳузур меёфт.Фазои сиёсии ин кишвар ҳамеша мавзуи интиқодоти созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар буд.Гуруҳи туркмании ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Вена аст, ҳамеша бо интишори баёнияҳо поймолкунии ҳуқуқи башар ва усули демократй тавасути давлатмардони туркманро ба гуши ба истилоҳ ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонд. Аммо боре ҳам нашуда, ки ниҳодҳо ва ё кишварҳои муддайии дифоъ аз ҳуқуқи башар, иқдоме дар чиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон анчом дошта бошанд. Зеро Туркманистон дорои бештарин захоири нафту газ дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад ва ҳеч як аз кишварҳои ғарбии мудаъйии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳозир набуд бо сард кардани равобити худ бо давлати Ашқобод, худро аз ин захираҳо бенасиб кунад.Давлатмардони туркман низ аз чунин шароите ниҳояти истифодаро намуданд ва фазоро он гуна эчод карданд, ки бар муроди ҳокимияташон буд. Бо ин ҳол иқдоми раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ташкили аҳзоби мухолиф, аз суи расонаҳои ин кишвар таҳаввуле муҳим дар ҳаёти сиёсй ва ичтимойи Туркманистон арзёбй шудааст.Ба эътиқоди дастандаркорони ин расонаҳо, ки нашъат гирифта аз тафаккури Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аст, вучуди ҳизбҳои рақиб дар шаклгирии фазои солими демократй муассир хоҳад буд, амре ки руйдодҳои сиёсй ва ичтимойии кишварро низ мазмуни тозае хоҳад бахшид.
Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз замони ба қудрат расидан дар соли 2006, ба тадрич иқдом ба ислоҳи вазъ дар бахшҳои мухталифи сиёсй, иқтисодй ва ичтимойиу фарҳангии Туркманистон ва аз байн бурдани мероси даврони тактозиҳои Туркманбошй намуд.Руйгардонй аз сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Ниёзов, ки худро раиси чумҳури модомулумри Туркманистон эълом кард, аз вижагиҳои сиёсатҳои Бердимуҳаммадов будааст.Аммо ало рағми эъломи раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди эчоди фазои чандҳизбй дар арсаи сиёсии ин кишвар,ҳеч ояндаи рушане аз беҳбуди авзоъ дар ин замина ба чашм намерасад.Зеро чомеаи туркман хотироти хубе аз фарчоми фаъолиятҳои дигарандешон надорад ва сарнавишти талхи Абдураҳмон Абдураҳмонов, раиси гуруҳи чамъиятии «Илкинчилер», ки фақат ба хотири ироаи тарҳи алтернотифи ташкили иттиҳодияҳои кишоварзй ба 8 сол зиндон маҳкум шуд, ҳамчунон дар азҳони мардум боқист. Аз ин чо ба назар мерасад, ки пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон барои ташкили аҳзоби мухолифи фармоишй, талошест дар чиҳати ҳамсуйии зоҳирй бо дигар кишварҳои минтақа ва боло бурдани чойгоҳи худ ба унвони раиси чумҳури одил.Аммо аз он чо ки раиси чумҳури Туркманистон ва чомеаи ин кишвар дар мавриди аҳзоби мухолиф дидгоҳҳои мутафовуте доранд, ба назар намерасад, ки дар ояндаҳои наздик шоҳиди шаклгирии як ҳизби воқейии мухолиф дар ин кишвар бошем. Ба вижа он ки аз ҳоло доираҳои тамаъчу дар ҳайати ҳокимаи давлати Ашқобод саъй доранд бо додани унвонҳои баландпарвозона аз Бердимуҳаммадов як Туркманбошии дигар дуруст кунад. Дар ҳамин росто дар поёни чаласаи рузи 18 феврали ҳайати давлат Мурод Қориев, раиси кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон пешниҳод кард, ки ба раиси чумҳур унвони «қаҳрамони Туркманистон» дода шавад. Ҳарчанд ин бор Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро напазируфт, аммо ин нигаронй чой дорад, ки дар чорчуби «қудратталабии шарқй» ва «иқтидоргаройии» мероси Шуравй, раиси чумҳури кунунии Туркманистон ба тадрич аз масири салафи худ гом бардорад.
пятница, 19 февраля 2010 г.
Хамлаи иктисодии Чин ба Осиёи Марказй
Ҳукумати Қазоқистон дар ҳоли баррасии тарҳе мебошад, ки бар асоси он мехоҳад даҳҳо ҳектор заминро ба манзури анчоми фаъолиятҳои кишоварзй ба Чин вогузор кунад.Ин тарҳ пешбинй мекунад, ки кишоварзони чинй дар ин заминҳо зироатҳои лубиёиро ба манзури истеҳсоли руғани растанй парвариш кунанд.Аммо ин иқдоми Остона вокунишҳои шадидеро дар чомеаи ин кишвар доман зад ва мухолифони тарҳи мазкур ибрози нигаронй карданд, ки сарозер шудани шаҳрвандони чинй ба Қазоқистон дар дарозмуддат истиқлолияти ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Воқеият он аст, ки Чин баъд аз фурупошии Шуравй бар асоси як барномаи роҳбурдй ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро шакл дод ва тайи 10-15 соли ахир ба таври қобили мулоҳизае арсаро барои рақибони аслии худ дар ин минтақа танг намуд. Дар пайи он чи ки таҳлилгарони ғарбй тачовузи иқтисодии Чин тавсиф мекунанд, чойгоҳи ин кишвар дар ҳаёти иқтисодии чумҳуриҳои Осиёи Марказй ба таври бесобиқае тавсаъа ёфта, бозорҳои ин кишварҳо пур аз маҳсулоти чинй шудааст. Дар моҳи декабри соли 2009, дар пайи ифтитоҳи хати лулаи интиқоли гози Туркманистон - Узбакистон - Қазоқистон - Чин, пирузии Пекин бар рақибонаш дар бозори энержии Осиёи Марказй рақам хурд ва марҳалаи чадиди ҳамкориҳо миёни ин кишвар ва Осиёи Марказй оғоз шуд. Акнун Чин қасд дорад бо сохтани роҳи оҳани Қирғизистон - Узбакистон - Туркманистон - Чин, ки роҳи оҳани Чумҳурии халки Чинро бо роҳҳои релии Эрон ва Туркия пайваст ва вуруди маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои Аврупои ғарбиро осон хоҳад намуд, заминаи сарозер шудани сармояи худ ва маҳсулоти тавлидкунандагони чинй ба минтақаи стротегии Осиёи Марказиро фароҳам намояд. Дар тавчеҳи ин тарҳ ва чалби ҳимояти кишварҳои Осиёи Марказй дар такмили он, вазири роҳи оҳани Чин таъкид кард, ки тарҳи мазкур мучиби рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй шуда, ҳамгарои миёни ин кишварҳоро тақвият ва дастрасии ононро ба кишварҳои аврупойи осон хоҳад кард. Дар ростои такмили ин тарҳ Чин дар пайи он аст, онро дар чорчуби Созмони ҳамкории Шангҳой дунбол кунад.
Дар моҳи январи соли чории мелодй дар пайи сафари як ҳайати аршади Қирғизистон ба Пекин, дар раванди ҳамкориҳо миёни ду кишвари Қирғизистон ва Чин таҳаввули чадиде рух дод ва ду тараф дар мавриди бисёре аз масоил ба тавофуқоти созанда даст ёфтанд.Аз чумла дар чорчуби ин сафар тарҳи пайваст намудани роҳҳои оҳани ду кишвар қатъй шуд. Ҳамчунин дар ҳамин рузҳо буд, ки барои аввалин бор хабари эъломи тамоили Туркия ва Эрон чиҳати пайвастан ба роҳи оҳани чадид мунташир шуд.Мушкили мавчуд дар ин замина ба арзи хати роҳи оҳан дар ин кишварҳо бармегардад.Дар ҳоле ки роҳҳои оҳани Чин, Туркия ва Эрон бар асоси стандартҳои Аврупо 1435 миллиметр арз доранд, ин рақам дар Қирғизистон 1520 милллиметрро ташкил медиҳад.Роҳи оҳани Қирғизистон чун ҳамаи кишварҳои Шуравии собиқ бо ин вижагй аз дигар кишварҳо фарқ мекунад. Албатта ба чуз тарҳи мавриди назари Чин, дар Осиёи Марказй тарҳҳои дигаре низ дар ҳоли пайгирй ҳастанд. Тарҳо бонки осиёии рушд мавсум ба САRЕС, ки тавсаъаи роҳҳои иртиботй бо манотиқи ғарбии Чин, Русия, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон, Озарбойчон, Афғонистон ва Муғулистонро пешбинй мекунад, аз ин чумла мебошад.
Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1990 дар пайи ичрои тарҳи ТРАСЕКА - коридори Осиёи Марказй ба Аврупо аст ва саъй дорад бо давр задани қаламрави Русия Осиёи Марказиро ба Аврупо васл намояд.Тавофуқнома дар ин замина соли 1998 дар Боку ба имзо расид.Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, Узбакистон, Туркманистон,Озарбойчон, Арманистон, Гурчистон, Украина, Муғулистон, Молдова, Булғористон, Румонй ва Туркия кишварҳои ҳозир дар ин тарҳ мебошанд, аммо мушкилоти чуғрофиёи ичрои онро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ҳамчунин, Русия ва Чин дар ҳамкорй бо Қазоқистон тарҳи интиқоли коло аз Чин ба Аврупо тавассути қаламрави Русияро дар ҳоли пайгирй мебошанд.Ба илова, тарҳи дигаре бо номи коридори «Шимол - Чануб», ки моҳи сентябри соли 2000 тавассути Русия, Эрон ва Ҳиндустон ба имзо расид ва баъдан Белорус, Қазоқистон, Точикистон, Озарбойчон, Арманистон, Қирғизистон, Украина, Булғористон, Туркия, Уммон ва Сурия ба он пайвастанд, дар ҳоли пайгирй мебошад.Бо ин ҳол Чин қасд дорад ба унвони алтернотиф ва дар ростои эҳёи чодаи Абрешим тарҳҳои мавриди назари худ дар Осиёи Марказиро амалй намояд.
Имруз Чин беш аз ҳар кишвари дигаре дар Осиёи Марказй дар Точикистон фаъол аст ва тарҳҳои азими иртиботй дар ин кишварро дар марҳалаи ичро гузошта аст. Ҳамчунин мубодилоти тичорй миёни ду кишвар дар ҳоли густариш аст, ба гунае ки Чин дар соли 2009 дар ин замина аз Русия пешй гирифт ва ба рақами рекордии 1,5 миллиард доллар расид. Сохтани роҳҳо ва неругоҳҳо, сармоягузориҳои калони иқтисодй ва додани қарзҳои азим, аз дигар мавориди ҳамкориҳои ру ба рушд миёни Точикистон ва Чин мебошанд.Ин ҳама дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик, идомаи ин раванд ва бетаваччуҳии давлати Душанбе ба пайомадҳои он, дар дарозмуддат истиқлолияти Точикистонро ба хатари чиддй мувочеҳ хоҳад кард.
Дар Узбакистон низ Чин барномаҳоеро дунбол мекунад ва сарфи назар аз он ки давлати Ислом Каримов бо Кореяи Чанубй ба унвони шарики аслии худ, бештар таваччуҳ дорад, аммо Пекин дар чорчуби Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин дар ростои эҳёи чодаи абрешим, дар қиболи ин кишвар низ барномаҳоеро дар назар дорад.
Ин ҳама таҳаррукоти Чин дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар оянда фазои сиёсии ин минтақаи стротегй дастхуши таҳаввулоти азиме хоҳад шуд ва тағйирот дар сиёсатҳои хоричии давлатҳои Осиёи Марказй бо афзоиши раванди тамоилоти онҳо аз Русия ба самти Чин, аз ин чумла хоҳад буд.Бо таваччуҳ ба ин ки баъд аз Амрико Чин дар ҳоли табдил шудан ба дуввумин абарқудрати чаҳонй аст, муқобила дар қиболи барномаҳои он коре нест, ки аз дасти давлатҳои кучаки Осиёи Марказй сохта бошад. Аз ин ру чавомеи ин кишварҳо бо дарки чунин таҳдидоте аз ҳоло садои эътироз баланд кардаанд, то шояд битавонанд пеши роҳи он чиро ки тачовузи хазандаи Чин ба кишварашон меноманд, бигиранд.Эътирози мардуми қазоқ ба сиёсатҳои Чин дар кишварашон аз ҳамин зовия қобили арзёбй ва таамул мабошад.

среда, 17 февраля 2010 г.
Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард
Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.
Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.
пятница, 12 февраля 2010 г.
Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон
Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.
Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй - иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе - Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон(Мазори шариф) - Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон - Афғонистон - Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон - Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.
вторник, 9 февраля 2010 г.
Ғарб дар ботлоқи Афғонистон
Рузи якшанбеи 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен раиси чумҳурии Афғонистон, ки дар бораи мушкилоти амниятии кишвараш сухан мегуфт, хабар дод, ки дар ростои тақвияти артиши миллй дар назар дорад хидмати сарбозиро барои ҳамаи шаҳрвандони афғон ҳатмй намояд. Ҳомиди Карзай бо ишора ба ин ки бояд ба тадрич умури амниятии кишвар ба неруҳои бумй вогузор шавад, таъкид кард, ки уҳдадории низомии шаҳрвандон имкон хоҳад дод, камбуди неру дар сохторҳои артиш рафъ шавад.
Албатта ин ибтикори раиси чумҳури Афғонистон баргирафта аз авзои дохилии ин кишвар аст, ки тайи чаҳор даҳсола бо чангу хунрезй ҳамроҳ будааст. Аммо шароити кунунии Афғонистон ичрои чунин иқдомеро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст, зеро беэътимоди мардум ба давлати Кобул ва нотавонии ин давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон боис шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон камтарин мушорикатро дар барномаҳои давлат дошта бошанд. Ҳарчанд қабл аз нишасти Мюнхен дар канфронси Ландан барномаҳое дар ростои тақвияти давлати марказии Кобул дар назар гирифта шуд, аммо меконизми ичрои ин барномаҳо, ки такрори нишастҳои номуваффақи қаблй аст,умеди амалй шудани ин барномаҳоро беш аз ҳар замони дигаре заъиф кардааст.
Аз суи дигар Ғарб дар расидагй ба мушкилоти Афғонистон, ё саҳеҳтар бигуем, барои раҳои аз ботлоқи Афғонистон дучори сардаргумй аст ва дар ҳоле, ки Амрико талош дорад ҳузури низомии худ ва муттаҳидонашро дар он кишвар тақвият кунад, масъалаи пуштибонй аз неруҳо бо мушкилоти фаровоне мувочеҳ шудааст. Қарори маълум, дар пайи ташаннучи авзоъ дар Покистон, ки масири аслии интиқоли тачҳизоти зарурй барои неруҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон буд, давлатҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ру ба кишварҳои ҳамчавор дар Осиёи Марказй оварданд, то амалиёти пуштибонй аз неруҳои худ дар манотиқи мухталифи Афғонистонро анчом диҳанд. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки ба таври суннатй дар вобастагиҳои мушаххасе аз Русия қарор доранд, ҳарчанд ҳозир ба ҳамкорй шудаанд, аммо ба бовари ғарбиҳо ин раванд метавонад ҳар лаҳза халалдор шавад.Яъне ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар бисёр ҳолатҳое ба наҳваи равобит миёни Амрико ва Русия бармегардад, амре ки эътимоди Ғарб ба садоқати кишварҳои ин минтақаро заъиф кардааст. Ба вижа ҳузури наёфтани Узбакистон дар конфронси Ландан кишварҳои ғарбиро ба ин натича расонд, ки ба фикри масирҳои чойгузини таронзити тачҳизоти мавриди ниёз ба Афғонистон бошанд. Дар ҳамин росто гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуи таронзити коло ва муҳимоти пуштибонй аз неруҳои низомии ғарбии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Чинро дар дастури баррасй қарор додааст. Мақомоти амрикойи эҳтимоли истифода аз бандарҳои Русия дар Шарқи дурро низ дар чорчуби ҳамин барнома қарор додаанд. Албатта Вошингтон ба масъалаи мушорикат додани Чин дар масоили Афғонистон эҳтиёткорона амал мекунад, зеро Чинро аз рақибони сарсахти худ дар минтақа медонад.Мақомоти амрикои эътироф кардаанд, ки бо вучуди ҳамкориҳои Тошканд дар чиҳати интиқоли коло ва муҳимот ба Афғонистон, бюрократияи мавчуд дар сохторҳои ин кишвар , ҳамчунин ришвахорй ва худхоҳии масъулон узбак онҳоро хаста кардааст. Коршиносон ва мутахассисони амрикойи мегуянд, дар роҳ ба Афғонистон мушкил сари мавзуи расидан ба Осиёи Марказй нест, балки мушкили аслй гузаштан аз қаламрави Узбакистон аст.
Мақомоти узбак дар мавриди мушорикат накарданашон дар нишасти Лондон ҳеч гуна ибрози назаре накарданд, аммо бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар қиболи масоили Афғонистон, ин андеша тақвият мешавад, ки ин иқдоми Тошканд дар ростои бочхоҳиҳои навбатии Узбакистон аз кишварҳои дахлдор дар масоили Афғонистон сурат гирифтааст. Аммо воқеият ин аст, ки дар шароити кунунии Осиёи Марказй, ки тақрибан ҳамаи кишварҳо талош доранд аз мушорикат дар барномаҳои ғарбии марбут ба Афғонистон суд бибаранд, шанси Узбакистон дар ин замин чандон зиёд нест. Аз суе, гуфта мешавад, ки нодида гирифта шудани пешниҳоди Ислом Каримов дар мавриди тачдиди фаъолияти гуруҳи ҳамсоягони Афғонистон бо номи гуруҳи 6+2 (Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон,Чин, Покистон, Туркманистон, Русия, Амрико),иллати ҳузур наёфтани намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон мебошад. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки ҳамзамон бо баргузории нишасти Лондон (28 январ)дар яке аз сойтҳои интернетии марбут ба ҳукумати Узбакистон иттилоия дар мавриди қарори Ислом Каримов таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба табъ расид, чунин бармеояд, ки адами ҳузури намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон як худнамойии дигар аз тарафи раиси чумҳури Узбакистон буд. Асли қазия он аст, ки давлати Тошканд ба ҳамкориҳо бо Ғарб дар чорчуби масоили Афғонистон аҳамияти зиёде қоил аст.Зеро ин ҳамкориҳо ба Тошакнд имкон медиҳанд, ки стротегияи нуфузи худ дар шимоли Афғонистонро осонтар пайгирй кунад.Додани ичозатномаи сохти роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба Узбакистон, натичаи ҳамин ҳамкориҳои ин кишвар бо Амрико будааст.
Аз баррасии масоили Афғонистон ва наҳваи расидагии кишварҳои ғарбй ба ин масъалаҳо бармеояд, ки аслитарин ҳадафи ишғоли ин кишвар на кумак ба мардуми Афғонистон, балки аз байн бурдани рақибони худ дар минтақа ва тасарруфи манобеъ ва сарватҳои бештар мебошад. Гузоришҳои мақомоти расмии давлати Кобул дар мавриди истифода аз кумакҳои башардустона ва сармоягузориҳои кишварҳои ғарбй дар Афғонистон баёнгар аз он аст, ки бахши аъзами ин кумакҳо барои ба истилоҳ умури ташрифотии ниҳодҳои байналмилалии воқеъ дар Афғонистон харч мешавад. Ин умури ташрифотй иборит аст аз ичораи дафтарҳо, хариди мошинҳои люкс, маъмуриятҳои заруру нозарур ва ҳуқуқи кормандони ин ниҳодҳо. Дар ин маврид ҳатто дар порлумони Афғонистон борҳо баҳсҳо матраҳ шудаанд.Ҳамин масъала боис шудааст, ки мардуми Афғонистон ва нухбагони сиёсию фарҳангии ин кишвар ба натоичи конфронсҳое назири канфронси Лондон ба дидаи шак ва шубҳа нигаранд.Ба илова, тарҳи чадиди Ғарб дар мавриди музокира бо толибони муътадил ва чудо кардани 500 миллион доллар ба ин манзур, ин ақидаро тақвият кардааст, ки чанг бо толибон баҳонае барои ишғоли Афғонистон тавассути Ғарб будааст ва акнун бо мушорикат додани гуруҳе аз толибон дар корҳои идоракунии Афғонистон, Ғарб қасад дорад зимни эчоди нифоқ дар сафҳои ин гуруҳи иртичойи, заминаи сирояти нооромиҳо ба кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистонро фароҳам намуда, барномаҳои роҳбурдии худ дар ростои ғорати миллатҳоро дунбол кунад.
Аммо он чй ба барномаи давлати Карзай дар заминаи ҳатмй эълом кардани хидмат дар артиш барои чавонони ин кишвар бармегардад, дар чорчуби барномаест, ки тибқи он то соли 2011 теъдоди неруҳои артиши Афғонистон ба 171 ҳазор ва пулиси ин кишвар ба 134 ҳазор афзозоиш хоҳад ёфт. Бо ин ҳол беэътимодии мардуми Афғонистон ба давлати ин кишвар, ичрои ин барномаро ба амре ғайриқобили ичро табдил кардааст, ки ҳосили он фирори бештари мардуми ин кишвар ба хорич хоҳад буд. Амре ки хонаводаҳои афғон дар ростои ҳифзи чони фарзандони худ анчом хоҳанд дод. Зеро барои аксари кулли мардуми Афғонистон маълум нест, ки дар кишварашон ин ҳама чангу куштор ба хотири кй ва чй ҳаст?

вторник, 2 февраля 2010 г.
Чойгоҳи расонаҳои мустақил дар Точикистон
Хабари дархости ғаромат аз панч нашрияи Точикистон ба иллати он чи ки риоят накардани қонуни матбуот ва нашри ахбори кизб таъбир шудааст, фазои иттилоотии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст.Бар пояи ин хабарҳо вазорати кишоварзй, муассисаи «Точикстандарт» ва чанд додрас аз ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат», «Пайкон», «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» талаби пардохти ғаромат ба маблағи 7 миллион сомонй - муодили 1,5 миллион доллар намудаанд. Аз чумла дар шикояти вазорати кишоварзии Точикистон таъкид шудааст, ки ҳафтаномаи «Миллат» бояд ба ин вазоратхона барои интишори матолиби кизб як миллион сомонй ғаромат пардохт намояд. Дар ин замина сухангуи ин вазорат гуфт, ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 49, 10 декабри слои 2009 таҳти унвони «Вазорати кишоварзй фасодзадатарин ниҳод аст» оморе мунташир намуд, ки дур аз воқеият мебошад.Ин дар ҳолест, ки масъулони нашрия мегуянд омору рақамхоро аз гузориши Сафаралй Гулов, раиси Кумитаи будчаи Мачлиси намояндагони Точикистон иқтибос кардаанд, ки дар як чаласаи парлумон гуфта буд. Аз суе ду қозии додгоҳи олй ва як додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» барои он чи ки таҳкир ба шаъну шараф ва ҳайсияти додрасҳо таъбир кардаанд,ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Аммо масъулони ин нашрияҳо муътақиданд, ки ин иқдомот ҳосили як барномарезии аз қабл пешбинй шудаи гуруҳҳои фурсатталаб аст, ки дар чунин марҳалаи ҳасос саъй доранд фазои дохили кишварро ба бухрон бикашанд. Аҳли матбуот бар ин боваранд, дар шароите ки Точикистон ба интихоботи порлумонии 28 феврал омода мешавад ва мавзуи мушорикати мардум дар тарҳи азими неругоҳи Роғун дар меҳвари фаъолиятҳои расонаи қарор дорад, иддае бар он шудаанд сарнавишти давлат ва миллати Точикистонро қурбонии тамаъхои муғризонаи худ кунанд.Таҳлилгарони точик низ бо ишора ба ҳамин мавзуъ мегуянд, вазоратхонаҳое ки дар пешбурди вазифахои худ муваффақ набудаанд, дар остонаи чаласи солонаи ҳукумат, ки тибқи маъмул бо чойивазкунии кадрй ҳамроҳ аст, талош доранд бо чунин чанчолофариниҳо афкори умумиро ба бероха баранд. Дар ҳамин ҳол Созмони гузоришгарони бидуни марз, ки қароргохи он дар Париж мебошад, бо интишори баёнияе аз мақомоти точик хостааст,аз афзоиши фишор ба матбуоти мустақил пешгирй кунанд.Дар ин баёния, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, аз он ибрози нигаронй шудааст,ки бо иддаоҳои беасос ба додгоҳ кашидани фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон, дар ҳоли табдил шудан ба як анъана аст.
Нигоҳе ба амалкарди расонаҳои иттилоотии Точикистон тайи чанд соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар муқоиса бо бархе кишварҳои ҳамсоя, рузноманигорони Точикистон дар вазъи беҳтаре аз нигоҳи истиқлоли амал бархурдоранд.Ба иборати дигар, меъёрҳои демократй ва озодии баён то ҳадди қобили мулоҳизае дар ин кишвар риоят мешаванд ва ин имкон додааст, ки рузноманигорон бо худбоварии бештаре анчоми вазифа кунанд.Қонуни матбуоти Точикистон, ки дар чанд навбат мавриди тағйиру ислоҳ қарор гирифт, сарфи назар аз бархе костиҳо, фазои нисбатан мусоидеро дар ихтиёри аҳли қалами ин кишвар қарор додааст.Албатта дар ин замина ҳануз масъалаҳои зиёде вучуд доранд, ки ҳалли онҳо ба эҳтимоми масъулон ва рафтори касбии ахли расона вобаста аст.
Дар моҳи майи соли 2009 гуруҳе аз рузноманигорони Точикистон бо имзои санаде бо номи "Ойинномаи ахлоқи журналист", иқдом ба таъсиси Шурои чамъиятии матбуот намуданд, то аз ин тариқ зимни тақвияти маҳоратҳои касбии хабарнигорон, фаъолияти ононро дар чорчуби қонунхо ва муқаррароти мавчуд тазмин кунанд. Аммо на ҳамаи дастандаркорони матбуоти точик аз ин иқдом истиқбол карданд ва иддае бо андешаи ин ки Шурои мазкур як ниҳоди чадиди назоратй ба фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон табдил хоҳад шуд, аз пайвастан ба он худдорй карданд. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй дар мавриди вазъи озодии баён дар Точикистон хикоят аз он дорад, ки дар соли 2009 ин кишвар бо 7 зина суқут аз мақоми 106 ба мақоми 113 нузул кардааст.Дар чунин гузориши соли 2007 Точикистон дар мақоми 115 қарор дошт.Харчанд дар гузориши мазкур вазъи озодии баён дар Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа ру ба беҳбуд арзёбй шудааст, аммо аз падидаи «худсонсур» дар миёни рузноманигорони точик ва фишори бархе сохторҳо ба матбуот ба унвони монеи чиддй дар масири ин раванд, ибрози нигаронй шудааст.
Бар асоси оморҳои расмй дар Точикистон 22 шабакаи мустақили радои ва телевизион фаъолият мекунанд.Хамчунин дар вазорати фарҳанги ин кишвар беш аз 360 ҳафтанома сабти ном шудаанд, ки теъдоде аз онҳо ба иллати мушкилоти молй аз фаъолият бозмондаанд.Точикистон аз чумлаи андак кишварҳо дар қаламрави Шуравии собиқ аст, ки ҳануз рузнома, яъне нашрияе, ки ҳар руз ба табъ расад, надорад.Бархе аз нашрияҳои давлатй руздармиён чоп мешаванд.
Гуфтан чоиз аст, ки зуҳури матбуоти мустақил дар фазои иттилоотии Точикистон, ки аз нахустин падидаҳои сиёсати бозсозии (перестройка)Горбачёвй буд, таҳаввуле чиддй дар фаъолиятҳои рузноманигорй дар ин кишвар эчод кард.Аввалин нашрияҳои мустақил, назири «Сухан», «Ҳафт ганч», «Чароғи руз»,«Адолат»,«Растохез» бо чопи матолиби миллию мазҳабй, инқилобе дар афкори чомеаи точик эчод карданд.Нахустин ҳосили талоши ин нашрияҳо мақоми давлатй касб кардани забони форсии точикй дар Точикистон дар соли 1989 буд.Ин матбуот бедории миллиро дар Точикистон ба гунае густариш доданд, ки ин кишвар ба маркази чунбишҳои миллй дар минтақа табдил шуд ва раванди бозгашт ба хештани хеш дар зехни фард-фарди мардум ба таври бесобиқае тақвият шуд.Дар сарорсари Точикистон масочид дарҳои худро ба руи намозгузорон боз карданд, омузиши алифбои ниёкон (хати форсй) дар мактабхо чорй ва Навруз ба унвони чашни миллй дар тақвим зикр шуд.Аммо оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй дар соли 1992, ки то соли 1997 идома кард, камари ин наҳзатро шикаст.Дар оғози ҳазораи саввум, бо бозгашти суботу амният ба сарзамини точикон, матбуоти мустақил мучаддадан ҳузри худро дар саҳна пурранг кард, ҳарчанд ҳолу ҳавои даҳаи 90 қарни гузаштаро надошт.Бо ин ҳол тайи солҳои охир ин матбуот тавонист бо ҳимоят аз манофеи миллии Точикистон дар баробари бархе кишварҳо, чойгоҳи худро боло бибарад.Вокунишҳои шадид дар баробари озору азият ва куштори муҳочирони кории точик дар Русия ва тарғиби давлат ба иқдоми амалй дар ин замина, аз нахустин муваффақиятҳои ин расонаҳо дар давраи ба истилоҳ ҳаёти дубораашон дар чомеаи точик мебошанд.Химоят аз тарҳи азими неругоҳи Роғун ва руёруйи бо иддаҳои беасоси кишварҳои ҳамсоя, аз дигар амалкарди мусбати ин расонаҳо маҳсуб мешавад, ки истикболи густурдаи чомаеро ба хамрох дошт.Аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон бо судури фармони 622 тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор кард, ки ба танкидҳои расонаҳо посух гуянд ва масъулони ҳукуматй дар нишастҳои матбуотй ҳузур ёбанд. Бо ин ҳол имруз матбуоти Точикистон, аз чумла нашрияҳои мустақил бо бархе мушкилоте ру ба ру ҳастанд, ки бар фаъолиятҳои онон соя афкандааст. Аз чумлаи ин мушкилот нотавонии молй мебошад, ки ин нашрияҳоро дар ҳолатҳое ба мубаллиги сиёсатҳо ва хостаҳои афрод ё ниҳодҳои сармоягузор табдил кардааст. Аз муҳтавои чунин расонаҳо ба осонй эҳсос мешавад, ки ба ивази дарёфти маблағ, сиёсатҳо ва ҳадафхои дигаронро дунбол мекунанд.Ин падидаи номатлуб қабл аз ҳама фарҳанги чомеа ва арзишҳои миллию мазҳабии мардумро ҳадаф қарор додааст, ки идомаи ин раванд на танҳо суботу амният, балки мавчудияти Точикистонро ба унвони давлати мустақил таҳти савол қарор хоҳад дод.
Масъалаи риояти қонуни забон аз дигар мушкили расонаҳои Точикистон мебошад.Забони баёни бархе аз ин расонаҳо ба ҳадди солхои 60 асри гузашта омиёна ва бархе дигар ончунон печида ва дур аз меъёрҳои забони точикй менависанд, ки хонандаро ба бероҳа мебарад.Албатта ин мавзуи баҳси чудогона аст.
Аммо дар остонаи интихоботи порлумонй ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил, ёдовари ҳамон иқдомҳоест, ки дар соли 2005 ва низ дар остонаи интихоботи порлумонй анчом шуда буд.Амре, ки ба манъи чопи нашрияҳои мустақили «Рузи нав», «Одаму олам» ва «Неруи сухан» анчомид.Албатта ҳар рузноманигоре вазифадор ба риояти меъёрҳои хабарнигорй аст ва ин сохторҳои дахлдор ҳастанд, ки дар мавриди шикоятҳо қазоват хоҳанд кард.Бо ин ҳол ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил ин бор таъкидҳои пай дар пайи мақомоти точик, ба вижа раиси чумҳур дар мавриди тазмини интихоботи шаффоф ва озодро то ҳадде таҳти сояи худ қарор додааст.

Подписаться на:
Сообщения (Atom)