САХИФАХО

вторник, 1 июня 2010 г.

Манфиатхои муштараки Русия ва Амрико дар Киргизистон

 Ахиран Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Федератсиони Русия тасмим гирифтанд дар масъалаи баркарории суботу амният дар Кирғизистон бо якдигар ҳамкорй кунанд. Ин мавзуъро маовинони вазирони хоричаи ду кишварЧорч Крол ва Григорий Карасин тайи дидоре дар Маскав баррасй ва дар ин замина тавофуқ карданд. Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба манфиатхои муштараки Маскав ва Вашингтон таъкид карданд, ки фақат баркарории сулҳу субот матавонад шароитро барои ичрои барноамҳои дарозмуддат дар Қирғизистон фароҳам кунад. Албатта ду кишвари Амрико ва Русия аз рузҳои нахусти суқути давлати Курмонбек Боқиев, авзо дар Кирғизистонро таҳти контрул доштанд ва талош мекарданд вонамуд кунанд, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии ин кишвар надоранд ва нахоҳанд дошт.Бо ин ҳол ҳам Маскав ва ҳам Вашингтон талош карданд бо ҳар роҳи мумкин худро ба давлати муваққати Бишкек наздик кунанд.Дар ин замина метавон ба баёнияи(хитоба) муштараки сафирони Русия ва Амрико дар Бишкек Валентин Власов ва Татиан Гфеллер ба мардуми қирғиз ба муносибати рузи пирузй бар Олмони фашистй ишора кард, ки дар дипломатияи муосир беназир аст.Кабл аз ин Маскав Роза Отунбоева раиси давлати муваққати Кирғизистонро барои ширкат дар маросими тачлил аз Рузи Галаба ба Маскав даъват карда буд.Ин иқдомот ба навъе ба расмият шинохтани давлати нави Бишкек ва кушодани боби ҳамкорй бо он буд. Дар ин чиҳат Русия ташаббусро дар даст дошт.Владимир Путин, нахуствазири Русия дар нахустин рузи ташкили давлати чадид дар Кирғизистон - субҳи 8 апрел дар тамоси телефонй бо Роза Отунбоева пуштибонии Маскавро аз давлати чадид эълом ва аз ин тариқ ба дигар давлатҳо дар минтақа ва чаҳон ин паёмро дод, ки Кремл дар канори давлати нави Бишкек хоҳад буд. Чунин пуштибонии Маскав барои Бишкек ба вижа дар шароите, ки ду кишвари ҳамсояи Казоқистон ва Узбакистон аз дақиқахои аввали суқути давлати Боқиев марзҳои худ бо Кирғизистонро бастанд ва дар ҳоле, ки Ислом Каримов аз ҳар гуна вокуниш дар баробари ходисахои кишвари ҳамсоя худдорй кард, Нурсултон Назарбоев амалкарди мухолифони Боқиевро роҳзанй тавсиф намуд,аз аҳамияи волое бархурдор буд. Бо чунин руйкарде барои Маскав муҳим буд, ки дар амри ба эътидол овардани авзои Кирғизистон ва ҳалли мушкилоти давлати чадиди он, кишварҳои ҳамсояро мушорикат диҳад.Дар ҳамин росто дар дидори сечонибаи Роза Отунбоева, раиси давлати муваққати Кирғизистон, Григорий Карасин, маовинин вазири хоричаи Русия ва Нуртой Обиқаев, маовини вазири хоричаи Казоқистон, ки 24 моҳи майи гузашта дар Бишкек доир гардид, бархе тавофуқҳо ҳосил шуд.Ҳарчанд ин дидор пушти дарҳои баста сурат гирифт, аммо гуфта шуд, ки масоили марбут ба раванди таҳаввулот ва роҳҳои кумак ба давлати чадиди Кирғизистон дар меҳвари музокирот қарор дошт. Маскав дар чорчуби ҳимоятҳои худ аз давлати чадиди Бишкек 20 миллион эътибор дар ихтиёри Кирғизистон қарор дод. Ба илова Владимир Рушайло, намояндаи вижаи раиси чумҳури Русия эълом кард, ки кишвараш як карзи 30 милионй бо имтиёзи вижа дар ихтиёри давлати муваққати Бишкек қарор хоҳад дод.

 Дар чунин шароите Белорус бо додани як навъ паноҳгоҳ ба Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури барканоршудаи Кирғизистон, худро дар муқобили талошҳои Кремл чиҳати пуштибонй аз давлати чадиди Бишкек қарор дод. Аммо Маскав ба таври зимнй ин паёмро ба Минск дод, ки дар ҳимоятҳои худ аз давлати муваққати Кирғизистон мусаммам аст. Инак эъломи омодагии Маскав ва Вашингтон барои ҳамкорй дар таъмини суботу амният дар Кирғизистон бори дигар азми чиддии Кремлро дар чиҳати ҳимояти ҳамчониба аз мухолифони Боқиев, ба намоиш гузоштааст.Албатта қабл аз ин нишаст ва дар замони интишори баёнияи муштараки Амрико ва Русия ба муносибати Рузи Ғалаба дар Бишкек, Маскав ва Вашингтон ин паёмро ба ҳамдигар доданд, ки ҳозиранд дар масоили Кирғизистон ҳамкорй намоянд. Ин таҳаввул дар навъи худ беназир аст, ки дар ҳеч мархала аз равобити ду кишвар, ҳатто дигар кишварҳои ба истилоҳ ба ҳам рақиб, ба мушоҳида нарасидааст. Баррасии авзои Кирғизистон дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия дар Маскав, як навъ тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки таҳаввулоти ахири ин кишвари Осиёи Марказй ба дахолати дастоне аз хорич набудааст. Аммо Чурч Крол, маовини вазири хоричаи Амрико дар як мусоҳиба чунин ақидаеро рад кард ва гуфт, ҳар вақт ки дар ягон минтақае аз чаҳон мушкиле ба миён меояд, талош мекунанд авомили хоричиро муқассир чилва диҳанд, дар ҳоле ки дар аксари чунин маворид омилхои дохилй нақши калидй бозй кардаанд.Вай афзуд, ба назари ман норизоятии мардум аз сиёсатҳои Боқиев ва хонаводаи вай сабаби аслии руйдодҳои ахири ин кишвар буд. Ин мақоми амрикойи гуфт, дар айни ҳол дар дохили давлати муваққат низ баъзе бозиҳо дар чараёнанд,аммо мардум ба ин умеданд, афроде руйи кор оянд, ки мушкилоти чомеаро ҳаллу фасл кунанд. Аз суе, эъломи омодагии Амрико ва Русия чиҳати ҳамкорй барои таъмини суботу амният дар Кирғизистон ба ин маъност, ки ҳеч як аз се тарафи аслии қазия - давлати муваққат, Русия ва Амрико ба танҳои наметавонанд ба мушкилоти мавчуд дар ин кишвари фақир рсидагй кунанд.Албатта, дар ин миён манофеи ҳар як аз ду қудрати Гарб ва Шарқро дар Кирғизистон ва куллан дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй набояд нодида гирифт. Баррасии авзои Кирғизистон ва роҳҳои таъмини суботу амният дар ин кишвар дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия бидуни мушорикати тарафи қирғиз, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Вашингтон ва Маскав бештар дунболи амалй кардани хадафхои худ дар Кирғизистон ҳастанд, то кумак ба мардуми ин кишвар.
 Имруз барои ин ду қудрат рушан аст, ки бе суботи пойдор дар Кирғизистон наметавонанд ба барномаҳои дарозмуддати худ дар ин кишвар ва минтақа даст ёбанд. Амрико зимни таъмини ҳузури низомии худ дар қаламрави Кирғизистон, метавонад осонтар барномаҳои худ дар Афғонистонро дунбол кунад. Чунин амре наметавонад бидуни ҳамоҳангй бо Русия ва чалби ризояти Маскав амалй шавад.Аз тарафи дигар, барқарории субот дар марзҳои Осиёи Марказй бо Афғонистон, ин имкониятро барои Маскав фароҳам мекунад, ки ба барномаҳои энержии худ дар минтақа даст ёбад ва дар ин росто Русия ниёз ба мусоидатҳои Амрико дорад. Бо чунин руйкарде метавон интизор дошт, ки давлати ояндаи Бишкек аз истиқлоли амали чандоне бархурдор нахоҳад буд ва метавон гуфт раиси чумҳури ояндаи ин кишварро аз ҳоло сарнавишти норушне дар интизор аст.

понедельник, 17 мая 2010 г.

Назарбоев пешвои миллат

Рузи 12 май порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ба Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури кунунй мақоми "пешвои миллат" дода шуд.Пешниҳод дар робита ба ин мабзуъ рузи 5 май аз тарафи гуруҳе аз намояндагони мачлиси намояндапон ироа гардида буд. Бар асоси ин қонун Назарбоев ва хонаводаи вай дар тули умри худ аз дахлнопазирии ҳамешагй бархурдор буда, ба ҳеч вачҳ мавриди таъқиб, боздошт ва муҳокима қарор нахоҳанд гирифт.Албатта 20 июли соли 2000 бар асоси мусавабаи порлумон раиси чумҳури Қазоқистон аз чунин имтиёзоте бархурдор шуда буд, фақат ин бор намояндагони порлумон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қавонини мавчуд, бар ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур афзуданд.Акнун касе ичоза нахоҳад дошт, ки амалкарди раиси чумҳурро мавриди нақду баррасй қарор диҳад ва ба у, хонаводааш ва бастагонаш таҳқир кунад. Ҳар гуна суиқасд ба чони Назарбоев амали террористй тавсиф шуда, то 20 сол мучозоти зиндон хоҳад дошт.Тамоми амвол ва дороиҳои Назарбоев ва пайвандонаш таҳти ҳимояти ҳамешагии давлат қарор хоҳад гирифт. Қобили зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев се духтар бо исмҳои Динора, Дориға ва Олиё дорад, ки бахшҳои пурдаромади тичорати Қазоқистонро таҳти контрул доранд ва набераҳои у низ алорағми чавон будан, дар бахши тичорат фаъоланд ва аз муваффақтарин точирони ин кишвар маҳсуб мешаванд. Албатта ибтикорот барои додани мақоми "пешвои миллат" ба Нурсултон Назарбоев, фақат марбут ба нишасти порлумон нест, балки дар соли гузашта сокинони вилояти Оқтеппа пешниҳод карданд, ки зимни бекор кардани ҳар гуна интихоботи раёсати чумхурй, Нурсултон Назарбоев раиси чумҳури модом-ул-умри Қазоқистон эълом шавад. Ин матлаб дар маросими ифтитоҳи гулгашти Ваҳдат ва ҳамдилй (10 сентябри соли 2009),ки бо ҳузури раиси чумҳури Қазоқистон баргузор шуд, тавассути профессор Байдасов ироа гардид.Оқои Байдасов пешниҳод кард, ки дар ин замина ба қонуни асосй тағйироти зарурй ворид карда шавад. Дар нисбати ин пешниҳод Нурсултон Назарбоев ба таври расмй вокунише аз худ нишон надод. Қобили зикр аст, ки Назарбоеви 69-сола (моҳи июл ба синни 70 мерасад)аз замони касби истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 то кунун дар ҳамаи интихоботи раёсати чумҳурй пируз омадааст.Вай барои охирин бор дар соли 2005 дар интихоботи раёсати чумҳурй баранда шуд ва замони раёсаташ дар соли 2012 ба поён мерасад.Аммо дар соли 2007 порлумони Қазоқистон бо тасвиби қонуне, ба Назарбоев ҳуқуқ дод, ки то поёни умр метавонад дар интихоботи раёсати чумҳурй ширкат кунад.Ин қарори порлумони Қазоқистон ва пешниҳоди мардуми Оқтеппа баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар Қазоқистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй раиси чумҳур ҳозир ба вогузории маснади раёсати чумҳурй нест.Ба истиснои Қирғизистон, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказй раисони чумҳури ба истилоҳ модом-ул-умр дар сари қудрат қарор доранд. Ҳарчанд модом -ул -умр ба таври расмй фақат ба сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури пешини Туркманистон эъто шуд,аммо сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар асл бидуни ҳеч эълом ва тасвиби санаде барои ҳамешагй ба курсии раёсати чумҳурй часпидаанд. Иқдоми тарафдорони Нурсултон Назарбоев дар чиҳати афзудани ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур бе таъсир аз руйдодҳои ахири Қирғизистон нест.Суқути хеле роҳат ва осони Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистон таккони азмиме ба афкори чавомеь дар Осиёи Марказй дод.Ин ҳодиса собит намуд, ки ҳар қудрати чаълй дар баробари хост ва иродаи мардум нотавон ва маҳкум ба шикаст аст.Боқиев дар мақоми раёсати чумҳур талош кард бо додани вазифаҳои калидй ба аъзои хонаводаи худ ва бастагону дустонаш, худро аз ҳар осеби эҳтимолй эмин нигаҳ дорад.Вай бо нодида гирифтани интиқод ва пешниҳодоти рақибони худ чиҳати ислоҳи вазъ, давлати худро ба суи як диктотурии хонаводаи харакат дод.Дар зоҳир чунин ба назар мерасид, ки ҳар мухолифате дар баробари хост ва иродаи Боқиев ва хонаводаи у нотавон ва очиз аст.Аммо дар пайи эътирозоти мардумй, дар камтар аз ду руз давлати Боқиев суқут кард ва ҳукумати муваққати идораи корхоро дар ин кишвар, ки як замон ба чазираи демократия маъруф буд, ба даст гирифт. Дар Аврупо баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй бо таваччуҳ ба бархе аз вижагиҳои чомеаи қазоқ бар ин бовар буданд, ки Қазоқистон бар хилофи кишварҳои Осиёи Марказй барои наздик шудани ба арзишҳо ва меъёрҳои аврупойи гом хоҳад бардошт.Дар ибтидои раёсати чумҳурии Нурсултон Назарбоев ин интизорот то ҳадде бароварда шуд.Аз ин ру Ғарб бо додани раёсати даврайии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба Остона, дар садад баромад аз он чи ки ғарбиҳо бархе ихтилоф ва качравихои Казоқистон аз меъёрҳои аврупойи таъбир мекарданд, пешгирй кунад.Аммо иқдоми ахири порлумони Казоқистон пучии чунин интизоротеро ба исбот бирасонд.Акнун Қазоқистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй, ки низоми давлатдориашон дар зоҳир чумҳуриявй, аммо дар асл низомҳои худкома доранд, ба истилоҳ ба асли худ бозмегардад. Акнун Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар барорбари амали анчом шуда қарор гирифтааст ва чуз созиш бо ин вазъ чораи дигаре надорад.Албатта таҳаввули ахири Қазоқистон хилофи арзишҳои ҳоким дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст, аммо интизор намеравад, ки ин Созмон дар қиболи Остона вокуниши манфие аз худ нишон диҳад.Зеро кишварҳои аврупойи бештар ба манбаъҳои саршори нафту гози Қазоқистон ва мавқеияти мумтози чуғрофиёии ин кишвар ниёз доранд, то нигарони вазъи демократия дар он бошанд. Натичаи чунин руйкарде он хоҳад буд, ки чойгоҳ ва эътибори ин созмон дар кишвархои Осиёи Марказй бештар аз ҳар замони дигаре латмадор ва вайрон хоҳад шуд. Барои он ки тарҳи додани мақоми пешвои миллат ба Нурсултон Назарбоев асоси комили қонунй касб кунад, боястй дар сенати Қазоқистон низ тасвиб шуда, аз тарафи раиси чумҳур низ ба имзо бирасад. Бо таваччуҳ ба таъсирпазирии кишварҳои Осиёи Марказй аз таҳаввулоти ҳамдигар, оё дигар сарони ин минтақа аз иқдоми ҳамтои қазоқи худ пайравй хоҳанд кард? Дар посух ба ин пурсиш бояд таваччуҳ дошт, ки сарони Осиёи Марказй ҳар кадом ба шеваҳои хос ҳокимияти худро ба истилох танзим ва тазмин кардаанд ва ба гунае амал кардаанд, ки интизор намеравад чуз марг ё табаддулот руйдоди дигаре назири интихобот, битавонад онҳоро аз қудрат барканор кунад. Бо ин ҳол ба назар мерасад, аслитарин ангеза барои чунин тарҳе таҳкими қудрат будааст. Нурсултон Назарбоев, ки дар остонаи 70 солагй қарор дорад, сарфи назар аз набудани мухолифони чиддй дар дохили кишвар, аз он бим дорад, ки ба тадрич нуфуз ва чойгоҳи худ дар арсаи қудратро аз даст диҳад, аз ин ру бар он шудааст, аз ҳоло пояҳои ҳокимияти худро аз ҳар гуна осеби эҳтимоли бима кунад.Аммо сарнавишти Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон нишон дод, ки дар чомеъаҳои Осиёи Марказй нуфуз ва эътибори раҳбарон то замоне аҳамият дорад, ки онҳо дар сари қудрат бошанд. Бо марги Туркманбошй тамоми қонунҳои чорй намудаи у низ дар қабристони таърих дафн шуданд ва ҳамонҳое, ки мучассамаҳои тиллоии уро сохта буданд, ба осонй ин мучассамаҳоро аз саҳифаи рузгор барчиданд.Албатта сарнавишти сарони Шуравии собиқ низ тасдики ҳамин ҳақиқат аст. Аз ин ру чои шаке нест, ки бо аз қудрат рафтани Назарбоев мақоми пешвои миллат низ аз чомеаи қазоқ барчида хоҳад шуд.

Техрон ва Душанбе дар масири хамгаройихои бештар

Дар пайи сафари муваффақи Ҳасани Қашқовй,маовини вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе, ки аз чумла ба додани сабукй дар рафту омади шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих ва ҳамдини Эрон ва Точикистон анчомид, Аҳмади Ваҳидй, вазири дифоъи Эрон аз Точикистон боздид намуд, то дар заминаҳои дифоъй низ ба раванди равобит суръат бахшад.Қарори маълум дар пайи сафари Ҳасани Қашқовй ба Точикистон ду кишвар дар ростои тадричан аз миён бардоштани раводид тасмим гирифтанд, ки дар марҳалаи аввал раводид барои донишчуён ва точирони ду кишвар бекор гардад.Акнун донишчуёни эронй ва точик, ҳамчунин точирони ду кишвар метавонанд бидуни раводид рафту омад кунанд.Ин иқдом мавриди истиқболи густурда дар чомеъаи точик қарор гирифт ва ин умедро тақвият намуд, ки баъд аз ин ҳамгаройи миёни Чумҳурии Исломи Эрон ва Точикистон суръати бештаре касб хоҳад кард. Аҳмад Ваҳидй, вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон дар нахустин дидори худ бо мақомоти точик, бо Шералй Хайруллоев, вазири дифоъи Точикистон музокира ва роҳҳои тавсаъаи хамкорихои дифоъии дучонибаро баррасй кард. Аҳмади Ваҳидй дар поёни ин дидор дар чамъи хабарнигорон зимни мусбат ва созанда арзёбй кардани натоичи ҳосил шуда дар музокирот бо ҳамтои точики худ, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Эрон ва Точикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва зарфиятҳои мавчуде, ки дар ин росто камтар истифода шудаанд, бояд бештар фаъол шаванд. Дар дидори вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон бо раиси чумҳури Точикистон, ки бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт, роҳҳои густариши ҳарчй бештари ҳамкориҳои дифоъй миёни ду кишвар, бо таваччуҳ ба авзои печидаи Афғонистон, мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт. Аҳмади Ваҳидй ҳамчунин бо Муҳаммадсаъид Убайдуллоев, раиси мачлиси миллй ва Шукурчон Зуҳуров, раиси мачлиси намояндагони порлумони Точикистон дидор ва гуфтугу кард. Вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон ба маҳалли сохти неругоҳи Сангтуда-2, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт аст, рафт ва ба раванди корхо аз наздик ошно шуд. Нигоҳе гузаро ба собиқаи ҳамкориҳо миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Теҳрон дар сахттарин лаҳзаҳо ҳамвора ба кумаки мардуми точик ҳиммат гумордааст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997) мақомоти эронй тамоми талошҳои худро ба кор гирифтанд, то тарафҳои ба хам ракиби точикро ба пойи мизи музокира бикашанд ва ҳарчй зудтар сулҳу суботро ба мардуми Точикистон ба армуғон биёваранд.Дар имзои тавофуқномаи сулҳи Точикистон дар соли 1997 бидуни муболиға Чумҳурии Исломии Эрон нақши калидиро ичро кард.Ин иқдоми башардустонаи Теҳрон ба унвони сахифаи заррин дар китоби таърихи муосири Точикистон сабт аст ва фард-фарди мардуми точик барои ин хидмати воло эҳтиром ва арзиши азиме қоиланд.Дар даврони баъд аз чанги таҳмилй низ Эрон ҳамвора дар канори бародарони ҳамзабони точики худ қарор гирифтааст. Маҳз бо кушиш ва талоши мутахассисони эронй ва бо сармоягузории Чумҳурии Исломии Эрон роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон, ки аз орзуҳои деринаи мардуми ин сарзамин буд, сохта шуд. Мутахассисони эронй бо сохтани тунели беш аз 5 километрии Истиқлол, ҳаракати мошинҳо аз марказ ба шимоли Точикистон ва билъаксро барои тамоми фаслҳои сол таъмин карданд.Дар ростои таъмини истиқлолияти энержии Точикстон низ саҳми Теҳрон бузург аст ва сохтани неругоҳи Сангтуда-2 як намунае дар ин замина мебошад. Ҳамкорй дар бахшҳои низомй ва фаннй миёни Точикистон ва Эрон аз соли 1997 оғоз шуд.Чумҳурии Исломии Эрон дар тачҳизонидани артиши миллии навпои Точикистон кумакҳои фаровоне дар ихтиёри давлати Душанбе қарор додааст.Омузиши кодрҳои мутахассис барои воҳидҳои низомй, ирсоли тачҳизоти муҳандисй, ихтисоси кумакҳои молй, аз чумлаи иқдомотест, ки Теҳрон дар ростои тақвияти артиши миллии Точикистон анчом додааст. Ҳамкориҳои дифоъи миёни Теҳрон - Душанбе дар шароите, ки авзоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон беш аз ҳар замони дигаре печида шудааст, бештар аҳамият пайдо намудааст.Зеро ҳам Эрон ва ҳам Точикистон аз густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ранч мебаранд ва Афғонистон дар пайи тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба ин кишвар, ба манбаъи пайдоиш ва густариши ин падидаҳои номатлуб табдил шудааст.Ба илова, густариши ифротгаройии мазҳабй дар Точикистон, ки зуҳури фирқа ва равияҳое назири ваҳҳобй, салафия, ҳизби таҳрир,нуфузи мазҳабҳои ғайриисломй дар чомеаи точик, аз чумлаи намунахои он мебошанд,ин заруратро тақвият кардааст, ки кишварҳои минтақа дар ин замина ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд. Ҳузури наздик ба даҳ соли кишварҳои ғарбй дар минтақа, ки бо шиори мубориза бо терроризм шакл гирифт, на танҳо терроризмро аз байн набурд, балки бар домана ва вусъати он афзуд ва минтқаро дар маърази таҳдидҳои чиддитаре қарор дод.Яке аз кучактарин мисолҳо дар тафсири нокомиҳои Ғарб ба саркардагии Амрико дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройи он аст, ки нооромиҳо дар Покистон ба таври бесобиқае густариш ёфтанд ва Гарб дар ирсоли тачҳизот ва муҳиммот барои низомиёни худ дар Афғонистон ба бунбаст ру ба ру шуд ва акнун аз роҳҳои Осиёи Марказй истифода мекунад. Албатта густариши чуғрофиёи нооромиҳо аз як тараф нишони аз контрули ғарбиҳо хорич шудани иддае аз гуруҳҳои террористии созмондодаи худи онҳо бошад, аз суи дигар тарҳест, ки ғарбиҳо ба манзури ноором кардани минтақаи Осиёи Марказй дар назар гирифтаанд, то битавонанд Русия ва Чин - ду аслитарин рақиби худро дар ичрои барномаҳояшон дар ин минтақаи стротегй ба мушкил мувочеҳ кунанд. Аз суи дигар роҳандозии чангу низоъҳо дар манотиқи мавриди назар, ё эчоди таҳдидҳои калбакй, ба табиати империалистии кишварҳои ғарбй бармегардад, то заминаи равнақи санъати низомй, ки сарони аксари кишварҳои ғарбй бақои давлаташонро дар гарави ҳимоятҳои молии соҳибони корхонаҳои низомй медонанд, дар ин кишварҳо фароҳам шавад. Таърихи башарият дар тули садсолаҳо собит кардааст, ки ҳузури неруҳои низомии бегона ба ҳеч вачҳ ба манфиати миллатҳо ва давлатҳо набудааст ва ин мардумони минтақаҳо ҳастанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар қудрати бегона ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Чумҳурии Исломии Эрон бо такя бар ҳамин асл ҳамкориҳои низомии дифоъии худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои дуст шакл додааст ва дар кумак ба мушкилоти амниятии онон саҳми қобили мулоҳизае гирифтааст.Имруз барои қудратҳои Ғарбу Шарқ ин ҳақиқт ғайриқобили инкор аст, ки бидуни мушорикати Эрон буҳрони амниятй дар Ироқ, Афғонистон ва Ховари Миёна, ҳатто Осиёи Марказй қобили ҳал намебошад.Ба иборати дигар акнун Эрони Исломй ба як қудрати воқеъи табдил шудааст, ки метавонад дар муодилоти байналмилалй нақши ҳалкунанда ичро кунад.Аз ин нигоҳ тавони низомии Чумҳурии Исломии Эрон, ҳамон гуна ки мақомоти олирутбаи ин кишвар борхо таъкид кардаанд, фақат ва фақат чанбаи дифои ва боздорандагй дорад. Хамкориҳои низомии дифойии Эрон ва Точикистон, ки як ниёзи маъмулии ду кишвари дуст ва бародар мебошад, барои ду кишвар, ҳамчунин тамоми минтақа дорои аҳамият аст.Точикистон бо истифода аз тачрибаҳои ғании Чумҳурии Исломии Эрон дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва омилхои ноамнй метавонад суботу амниятро дар дохили кишвар тақвият намуда, дар ин амр ба кишварҳои ҳамсоя низ кумак кунад.Бо таваччуҳ ба марзҳои тулонии Эрону Точикистон бо Афғонистон ва вучуди муштаракоти фаровон миёни се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон ҳамкориҳои низомй миёни Теҳрон - Душанбе, ба нафъи Кобул низ хоҳад буд. Бо ин ҳол расонаҳои вобаста ба маҳофили ғарбии минтақа, дар рузҳои сафари вазири дифои Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе бо интишори матолибе, талош карданд аз аҳамияти ин сафар бикоҳанд ва онро дар чорчуби мушкилоте, ки худ барои ин ду кишвари ҳамзабон тасаввур карданд,ба баррасй гирифтанд. Аммо чунин иқдомҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд, зеро мардуми точик кумакҳои Эрони Исломиро дар бахшҳои мухталифи зиндагии худ ҳамеша эҳсос мекунанд ва ин кумакҳо дар қиёс ба иқдомҳои мушобеҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй, ки ҳамеша аҳдофи пасипардайи доранд, холисона ва навъдустона будаанд.

среда, 12 мая 2010 г.

Точикистон ва Узбакистон: аз руёруйи ба ҳамкорй

Дар пайи вуқуъи сел дар чандин ноҳия дар манотиқи чануб ва шимоли Точикистон, ҳукумати ин кишвар чаласи фавқулодда баргузор кард ва авзоъи буҳронии бархоста аз ин ҳодисаҳоро мавриди баррасй қарор дод.Имомалй Раҳмон, раиси чумҳур, ки аз суханронони аслй дар ин нишаст буд, бо баршумурдани мизони зиёнҳои ворида аз ҳодисаҳои ахир, сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои бо хона таъмин кардани бозмондагони ин офатҳо ба кор гиранд.Вай аз чумла таъкид кард, то рузи Қонуни асосй, ки дар моҳи ноябр тачлил мегардад, бояд ҳамаи афроде, ки ба асари чорй шудани сел хонаю кошонаи худро аз даст додаанд, бо манзил таъмин шаванд. Нуктаи чолиб дар суханронии Имомалй Раҳмон дар чаласаи изтирории ҳукумати ин кишвар қадрдонии вай аз ҳамтои узбакаш Ислом Каримов буд. Раиси чумҳури Точикистон аз чумла гуфт: мо аз иқдоми Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, дар мавриди таъмири қитъаи роҳи оҳан, ки тавассути сохторҳои ин кишвар анчом ва боиси ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон шуд, тақдир мекунем.Имомалй Раҳмон дар ин суханронй аз Узбакистон ба унвони кишвари дуст ва бародар ном бурд ва вуруди вагонҳои дорои сузишворй, маводи ғизойи ва масолеҳи сохтмонй ба вилояти Хатлонро ҳосили ҳамсоядустии кишвари ҳамсоя тавсиф кард. Қарори маълум тайи рузҳои охир ҳудуди 67 вагон дорои орду гандум ва беш аз 100 вагон масолеҳи сохтмонй ва анвоъи равған аз Узбакистон вориди вилояти Хатлони Точикистон шуд.Бино ба гуфтаи Саидчон Ёдгорй, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Точикистон, аз 16 март то ин дам тарафи Узбакистон бидуни иттилорасонй вагонҳои Точикистонро дар қаламрави худ манъ кард. Ба гуфати ин манбаъ ҳануз 800 вагони дорои борхои мухталифи мутаалиқ ба ширкатҳои давлатй ва хусусии устони Хатлон дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф шудаанд, ки аз ин теъдод 200 вагон равғанҳои гуногун, 210 вагон сузишворй ва 40 вагон симон ва дигар тачҳизоти мутаалиқ ба неругоҳи "Сангтуда-2" мебошад. Мақомоти точик мегуянд тавқифи вагонҳо тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳудуди 100 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар зарару зиён ворид кардааст.Вазъи иқтисодии бисёре аз ширкатҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон вазнин шуда, теъдоде аз онҳо дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд.Албатта тарафи узбак низ мутаҳаммили зарару зиёнхои фаровоне шудааст, ба илова тибқи қонунҳои байналмилалй роҳи оҳани Узбакистон вазифадор аст барои таваққуфи вагонҳо чарима супорад.Аммо ҳануз ҳеч ниҳоди марбутаи байналмилалй дар ин чиҳат иқдоме анчом надодааст. Яке аз асароти манфии манъ кардани вагонҳои Точикистон дар роҳи оҳани Узбакистон тақрибан ба ҳолати нимафалач даромадани раванди корҳои сохтмонй дар неругоҳи "Сангтуда-2" мебошад. Камбуди симон ва маводи сухт мушкили чиддие дар пешбурди барномаҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли ичро аст, эчод кардааст. Бар асоси барномарезиҳои аз қабл анчом шуда, қарор аст то поёни соли чорй турбини аввали ин неругоҳ ба баҳрабардорй бирасад. Аммо камбуди масолеҳ ва тачҳизот ичрои ин барномаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст ва ин зарбаи чиддие ба раванди амалй шудани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон арзёбй мешавад. Ҳамчунин 16 корхонаи шаҳри Сарбанд, маҳалли сохтани неругоҳи "Сангтуда-2", ба далели камбуди сузишворй ва тачҳизоти зарурй, дар остонаи таътилй қарор гирифтаанд. Аз суи дигар, аксари точирон дар вилояти Хатлон, муътақиданд, ки идомаи таваққуфи вагонҳои Точикистон дар Узбакистон, ба вижа вагонҳои орд ва гандум, мучиби боло рафтани қимати нон дар бозорҳои ин ин вилоят ва дигар минтақаҳои Точикистон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксари точирон дигар ҳозир нестанд аз Қазоқистон ба Точикистон орд ва гандум интиқол диҳанд, зеро манъи тулонимуддати вагонҳо дар қаламрави Узбакистон зиёнхои фаровоне ба онҳо ворид кардааст. Ҳамин амр боис шудааст, ки аз ҳоло дар бозорҳои устони Хатлон ва дигар бозорҳои чануби Точикистон афзоиши қимати орд ва маҳсулоти ордй ба мушоҳида мерасад. Буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон замоне ба вучуд омад, ки миёнахои моҳи марти соли чорй роҳи оҳани Узбакистон ба сабаби он чи вайрон шудани роҳи оҳан дар минтақаи Тирмиз-Амузонги Узбакистон унвон кард, вуруди вагонҳо ба Точикистонро мутаваққиф намуд.Дар пайи идомаи ин амр ва таъсири манфии он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон, мақомоти точик ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод карданд, ки ҳозиранд минтақаи вайрон шудаи роҳро таъмир ва бозсозй кунанд, то ҳаракати вагонҳо аз сар гирифта шавад.Аммо мақомоти узбак ҳаргиз ин пешниҳодро напазируфтанд, ба илова матбуоти электронии вобаста ба давлати Тошканд иттилоъ дод, ки Узбакистон барои таъмини ҳаракати вагонҳои Точикистон, роҳи оҳани вайроншуда дар минтақаи Тирмиз-Амузонгро бо харочоти як миллион доллар аз ҳисоби будчаи худ таъмир ва бозсозй мекунад. Роҳи оҳани Узбакистон каме баъд аз ин сабаби манъ кардани вагонҳои Точикистонро камбуди локомотивҳо эълом кард, вале ҳозир нашуд барои ин кор аз локомотивҳои Точикистон истифода кунад. Баъд аз ин низ манъ кардани вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон идома дошт ва тайи ду моҳ теъдоди онҳо аз марзи ду ҳазор гузашт.Дар пайи бе чавоб мондани дархостҳои пай дар пайи ҳукумати Точикистон дар мавриди аз саргирии ҳаракати вагонҳо, сохторҳои марбутаи Точикистон масъаларо ба ниҳодҳои байналмилалй кашонданд. Аммо Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,Бонки чаҳонй ва амсоли ин ҳеч иқдоми муассире дар чиҳати ҳалли буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, анчом надоданд. Бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз авзои ба амаломада дар равобити ду кишвари Узбакистон ва Точикистон, танҳо роҳи бурунрафт аз ин буҳронро музокироти ру дар руи сарони ду кишвар унвон карданд.Сафари бе натичаи ҳайати ҳукумати Точикистон тахти сарварии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазир ба Тошканд, бори дигар дурустии ин дидгоҳро собит кард. Албатта тарафи Точикистон чиҳати рафъи монеъаҳои ба вучудомада дар равобити байниҳамдигарй бештар кушо будаст, бо ин ҳол чунончи Тошканд иқдомҳои мутақобил анчом надиҳад, ин кушишҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд. Воқеъият он аст, ки азми Точикистон барои сохтани неругоҳи Роғун равобити ду кишвари ҳамсояро таҳти таъсир қарор додааст.Узбакистон бо ироаи далелҳои мухталиф иддао мекунад, ки сохти ин неругоҳ мучиби осеб дидани муҳити зист ва муҳимтар аз ҳама коҳиши чараёни об ба Узбакистон хоҳад шуд, амре ки ба андешаи мақомоти узбак,бахши кишоварзии ин кишварро дар вартаи нобудй қарор хоҳад дод.Аммо давлати Душанбе ин иддаоҳоро баҳонае беш намедонад ва муътақид аст, ки Тошканд намехоҳад Точикистон истиқлолияти энержй касб кунад.Ин ҳама дар ҳолест, ки дар замони Шуравй Узбакистон ташаббускори аслии тарҳи сохтани неругоҳи Роғун буд. Музокироти ду кишвар чиҳати ҳалли ин мавзуъ роҳ ба чое набурд ва акнун бонки чаҳонй ба унвони миёнчй вориди амал шудааст.Аммо бо таваччуҳ ба амалкарди ниҳодҳои байналмилалй дар нуқоти мухталифи чаҳон, интизор намеравад, ки ин бонк масъаларо ба таври мунсифона ва одилона ҳаллу фасл намояд. Нишасти ахири Бонки тавсаъаи Осиё дар Тошканд ва чудо кардани як миллиарду 150 миллион доллар эътибори(кредити) ин бонк барои Узбакистон, бори дигар ин ҳақиқатро собит кард, ниҳодҳои байналмилалй, ки ҳосили сиёсатгузориҳои қудратҳои чаҳонй ҳастанд, ҳамеша манофеи молии худро дар авлавият қарор медиҳанд. Аз ин ру дар паси пардаи баррасии масъалаи Роғун низ мутмаъинан манфиатҳои бонки чаҳонй дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар назар гирифта хоҳад шуд.Аммо он чй дар ин миён насиби ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд, дар канори таҳти таъсири сиёсатҳои ин бонк қарор гирифтан, талафи вақт хоҳад буд. Ин амр барои ҳам Тошкан ва ҳам Душанбе зиёнҳои чуброннопазиреро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Сохта нашудан ва ё бо таъхири зиёд сохта шудани садди Роғун аввалин пайомадҳои манфии худро ба бахши кишоварзии Узбакистон ворид хоҳад кард.Зеро пешбиниҳои ҳавошиносй нишон медиҳанд, ки гармшавии ҳамасолаи кураи Замин ба тадрич мучиби аз байн рафтани пиряхҳо ва кам шудани оби рудхонаҳо хоҳад шуд. Дар натича дар пайи захира нашудани об, Узбакистон ҳатто ба камбуди оби ошомиданй ру ба ру хоҳад шуд.Точикистон низ бо аз даст додани замон, бозори энержиро дар Осиёи чанубй аз даст хоҳад дод, зеро дар Чин чандин неругоҳ дар ҳоли сохт аст, ки барқи онҳо барои содирот ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст.Дар чунин шароите неругоҳи Роғун дар сурати такмил низ наметавонад он ҳама харочотро чуброн кунад ва ба як тарҳи зиёновар табдил хоҳад шуд.Албатта дар чунин шароите Русия, ки иддаои тасаллут бар бозори энержии Осиёи чанубиро дорад, низ хоҳад бохт. Дар чунин шароите аз саргирии ҳаракати вагонҳо аз Узбакистон ба Точикистон ва дар пайи он, паёми раиси чумҳури Точикистон ба ҳамтои узбаки худ, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Ин амр ба унвони равзанаи нуре дар тунели торики равобити ду кишвар тавсиф мешавад, ки боясти сарони ду кишвар дар ростои манофеи мардумони худ ва тамоми минтақаи Осиёи Маказй, бар тавони он афзоянд.

воскресенье, 9 мая 2010 г.

Истифодаи Узбакистон аз сармояхои Бонки рушди Осиё



 Бонки рушди Осиё барои аввалин бор дар таърихи 43 солаи мавчудият, чаласаи Шурои мудирони худро дар як кишвари Осиёи Марказй баргузор кард.Дар шаҳри Тошканд рузҳои 1-4 май доир шудани ин нишаст ба он маънй буд, ки бонки мазкур ва саҳҳомдорони он аз сиёсатҳои давлати Ислом Каримов дар саркуби дигарандешон ва маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандй, чонибдорй мекунанд. Анчумани дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иқдоми масъулони Бонки рушди Осиё дар баргузории нишасти Тошканд шадидан танқид кард ва ин амалро як навъ қонуният бахшидан ба сиёсатҳои саркубгаронаи давлати Тошканд арзёбй кард.
 Қарори маълум дар поёни нишасти Шурои мудирони бонки рушди Осиё дар Тошканд, миёни ин ниҳоди молй ва Узбакистон чор қарордод ба маблағи 1миллиарду 150 миллион доллар эътибор(кредит) ба имзо расид.Қобили зикр аст, ки ҳамин бонк дар соли 1996 барои Узбакистон як эътибори калон ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар чудо карда буд.
 Бонки рушди Осиё дар соли 1966 таъсис шуд.67 кишвари чаҳон, аз чумла 48 кишвари ҳавзаи Осиё – Уқёнуси Ором, ҳамчунин кишварҳои саноатии Аврупо, Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аъзои он мебошанд.Бонки мазкур тарҳҳои рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақаиро сармоягузорй мекунад.Барои дарёфти маблағҳои ин бонк ҳам кишварҳо ва ҳам афроди ҳуқуқй метавонанд тақозо кунанд.Бонки рушди Осиё афзун бар ин, ба кишварҳои узв қарз, кумакҳои фаннй ва эътиборҳо ихтисос медиҳад.Узбакистон дар соли 1995 ба узвияти Бонки рушди Осиё пазируфта шуд.Бонки рушди Осиё дар айни ҳол аслитарин (ва тақрибан ягона)кумакрасон ба иқтисоди Узбакистон мебошад.Ин бонк мисли дигар муассисоти байналмилалии молй,барои кишварҳои дархосткунанда шартҳои вижаеро қоил аст, ки аслитарини он ба сиёсатҳои дохилй ва хоричии кишварҳо бармегардад. Аз чумла бо дархости ин бонк Узбакистон ба системи бонкдории худ ва фаъолиятҳои иқтисодаш дар зоҳир таҳаррукоти вижае дод.
 Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тошканд дар ростои чалби эътимоди Бонки рушди Осиё аз тамоми имконият ва зарфиятҳои мавчуд дар дипломатияи худ кор гирифтааст.Аз чумлаи шигардҳо ё равишҳои маъмулй дар сиёсатҳои Узбакистон дар ин замина, таҳрифи воқеъиятҳо будааст.Ин нукта ин бор низ дар сухаронии Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар дар маросими ифтитоҳияи нишасти Тошканд, бармало буд.Вай аз чумла гуфт: "дар соли 2009 тавлиди нохолис 8,1 дарсад,тавлиди саноатй 9 дарсад,ҳачми сармоягузорй дар иқтисод 26 дарсад ва сармоягузории мустақими хоричй 1,8 баробар афзоиш ёфт". Ин омор дар ҳоле ироа шуд, ки аксари кулли нозирони байналмилалй бар дурустии онҳо ба дидаи шаку шубҳа менигаранд.
 Ислом Каримов дар ин суханронии худ, ки як баёноти баландпарвозонае буд, иброз дошт, мудели ислоҳоти иқтисодие, ки Узбакистон аз соли 1992 оғоз кард, ҳаққонияти худро собит намуд ва ин метавонад намунаи ибрати муносибе барои дигар кишварҳо бошад. Сарфи назар аз воқеи будан ё набудани суханони раиси чумҳури Узбакистон, барои у ва давлаташ муҳим он аст, ки аз ин тариқ тавонистааст наздик ба 14 сол аз сармояҳо ва зарфиятҳои Бонки рушди Осиё дар чиҳати пешбурди сиёсатҳояш ва бақои давлаташ баҳрабардорй намояд. Бо чунин руйкарде ин савол матраҳ мешавад, ки магар коршиносон ва дастандаркорони Бонки рушди Осиё то ин ҳад соддалавҳанд, ки ба суханони Ислом Каримов дар мавриди "бартарии иқтисод бар сиёсат", "дар авлавият қарор доштани қонун барои ҳама", "сиёсатҳои шоистаи рифоҳй-ичтимойи" ва амсоли инҳо бовар мекунанд? Ва ин ҳам дар шароитест, ки дар остонаи нишасти Шурои мудирони бонки мазкур дар Тошканд, хабаргузориҳои мухталиф аз воқеиятҳои вазъи иқтисодиву ичтимойии Узбакистон матолиби фаровоне мунташир намуда, таҳрифи ин воқеиятҳо тавассути масъулони узбакро як амри оддй дар режими давлатдории ин кишвар тавсиф карданд. Дар посух ба чунин пурсишҳо ҳаминро мебояд гуфт, ки ниҳодҳои молии байналмилалй назири Бонки рушди Осиё, дар ҳар як аз минтақа манофеъ ва аҳдофи худро доранд ва барояшон муҳим он аст, ки ба ҳар қимати мумкин ба ҳамон аҳдоф ва манофеъ даст ёбанд.Ҳамин мавзуъ воқеияти фаъолияти ин ниҳодҳоро ошкор мекунад.Дар марҳалаи кунунй барои дастандаркорони Бонки рушди Осиё муҳим он аст, ки суботу амният ва бақои режими Тошканд танзим ва тазмин бошад, зеро амалй шудани тарҳҳои ин бонк бе мушорикати Узбакистон ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳанд шуд.
 Бонки рушди Осиё бар ин бовар аст, ки фақат бо вучуди суботу оромиш дар Узбакистон метавонад тарҳҳоеро назири сохтани хати интиқоли неруи барқи Сурхон-Наибобод-Кобул, роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф,тарҳи сохтани "коридори фароафғонй" чиҳати тронзити борҳо аз Осиёи Марказй ба уқёнуси Ҳинд, сохтани маркази байналмилалии лочистикй дар фурудгоҳи Навойи такмил ва ичрои кунад. Аз ин ру ин ҳадафи аслй эчоб мекунад, ки дастандаркорони Бонки рушди Осиё чун дигар ниҳодҳои мушобеҳи байналмилалй, барномаҳои зоҳирй ва шиоргунаи худ дар мавриди кумак ба рушди чомеъаҳои шаҳрвандй ва иқтисоди озод дар кишварҳоро канор бигзоранд ва дунболи касби суд ва манфиатҳои бештар аз ҳисоби ғорати манобеи манотиқи мухталиф аз чаҳон бошанд.
 Руйи ҳам рафта, ин нукта қобили зикр аст, ки натичаҳои нишасти Тошканд ба беҳбуди шароити зиндагии мардумони оддй дар Узбакистон таъсири чандоне нахоҳанд дошт.Ин руйдод фақат ба давлати Тошканд кумак кард дар дохили кишвар афкори мардумро то ҳадде чалби қудрати худ кунад.Аммо бори дигар барои чомеаи Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа собит шуд, ки умед бастан ба кумак ва мусоидатҳои ниҳодҳои байналмилалй дар чиҳати эчоди чомеаҳои демократй ва коҳиши фишори давлатҳои худкома ба мардумонашон, як хаёли хоме беш нест.

понедельник, 3 мая 2010 г.

Русия ва инқилобҳои эҳтимолии оянда дар Осиёи Марказй


Нигоҳе ба руйдодҳои маҳдудаи Шуравии собиқ тайи як-ду соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар мубориза чиҳати нуфуз ва таҳкими чойгоҳи худ, Русия ба тадрич аз кишварҳои ғарбй пешй гирифтааст. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй, ки боиси ташкили 15 давлати мустақил дар қаламрави ин императории як замон муқтадир шуд, қудратҳои ғарбй тамоми талоши худро ба харч доданд, то кишварҳои тозаистиқлолро таҳти нуфузи худ дароваранд.Он замон, ки Русия гирифтори мушкилоти дохилии худ буд, натавонист аз таъаррузи Ғарб ба маҳдудаи ба истилоҳ "суннатии нуфузаш" пешгирй кунад.Натича он буд, ки қудратҳои ғарбй дар пушиши барномаҳои мухталифи башардустона ва кумакҳои иқтисодй, дар манотиқи Шуравии собиқ - аз Қафқоз то Осиёи Марказй барои худ чои по боз намуданд.Баьди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк, ки фароҳм оварии шароит барои нуфузи Ғарб дар манотиқи ҳамчавор бо Русия аз чумлаи аҳдофи тарроҳони он буд, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико то таъсиси пойгоҳҳои низомй дар қаламравии Шуравии собиқ пеш рафтанд. Ҳарчанд Русия ин ҳама таҳаввулотро таҳти назар дошт ва идомаи чунин раванде манофеи стротегиашро латмадор мекард, аммо тавони ончунонии муқобила дар баробари онро надошт ва фақат бо вокунишҳои лафзй иктифо мекард. Чунин вазъияте Ғарбро дар амалй кардани аҳдофаш дар кишварҳои перомуни Русия часуртар ва густохтар менамуд. Акнун қудратҳои ғарбй ва дар садри онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он шуданд, ки бо роҳандозии ба истилоҳ инқилобҳои рангй дар чумҳуриҳои тазаистиқлоли Шуравй, давлатҳои дастнишондаи худро руи кор оранд. Дар ин росто Украина аввалин интихоб буд, ки ҳамроҳ бо муваффақият буд. Дар соли 2005 Виктор Юшенко, номзади тахти химояти Вошингтон дар Киев сари кудрат омад. Сипас дар пайи дахолатҳои Ғарб давлати ғарбгаро дар Тифлис руйи кор омад.Навбат ба Осиёи Марказй шуд ва ин амр дар Қирғизистон, ки дар Осиёи Марказй ба чазираи демократия маъруф буд, расид.Амрико тавонист бо ваъдаҳои молй Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистонро, ки бо пуштибонии неруҳои демократй руйи кор омад, ба худ наздик ва аз Русия то ҳадде дур кунад. Ин кишвар аз нигоҳи чуғрофиёи барои Амрико дорои аҳамият аст, зеро пойгоҳи "Манас" беҳтарин масир чиҳати пуштибонй аз неруҳои НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Русия дар ибтидои ҳазораи саввум, дар пайи сиёсатҳои Владимир Путин, то ҳадди зиёде тавон ва чойгоҳи худ дар арсаи байналмилалро эҳё кард ва бар он шуд, ки аз манофеи худ қотеъонатар дифоъ кунад.Нахустин қудратнамойии Маскав дар муқобили Ғарб дар поёни соли 2005 сурат гирифт:Узбакистон бо дахолатҳои Кремл дастури ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгоҳи Хонободро содир кард.Он замон, баъд аз тирборони тазоҳуроти мардум дар Андичон (майи соли 2005)давлати Ислом Каримов мавриди маҳкумиятҳои шадиди Ғарб ба саркардагии Амрико қарор гирифт. Маскав аз ин фурсат ниҳояти истифодаро намуд ва бо ҳимоят аз мавзеъи Тошканд, Узбакистонро зери чатри амниятии худ гирифт.Каримов ба ивази ин лутф, дастури баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар кишварашро содир кард.Баьд аз ин Амрико дар пайи интиқом аз Русия шуд ва Саакашвилй, раиси чумҳури Гурчистонро ба чанг алайҳи Русия таҳрик кард(моҳи августи соли 2007).Аммо Маскав ончунон чавоби кубандае ба Тифлис дод, ки Амрико ҳаргиз интизорашро надошт ва натавонист, дурустар бигуем чуръат накард ба Гурчистон дар он чанги панчруза кумак кунад. Инак ҳаводиси Қирғизистон тасдиқи ин дидгоҳанд, ки Русия ба таври чиддй масъалаи таҳким ва тавсаъаи нуфузи худ дар Осиёи Марказиро дар садри сиёсатҳояш қарор додааст.Ҳарчанд давлати Маскав эълом кард, ки ҳеч дахолате дар руйдодҳои Қирғизистон надошт, аммо далелҳо баёнгар аз он аст, ки сарнагунии Боқиев аз қабл бо Кремл ҳамоҳанг шуда буд.Қарори маълум бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда миёни Маскав - Бишкек, Боқиев уҳдадор шуда буд, ки ба ивази сармоягузории ду миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Қирғизистон(дар қолаби кумак), пойгоҳи низомии Амрико – "Манас"ро таътил кунад. Аммо пас аз дарёфти 400 миллион доллар аз ин кумакҳо, давлати Боқиев дар пайи тавофуқ бо Амрико, ки ичорабаҳои пойгоҳи "Манас"ро се баробар афзоиш дод, бо тағйири мақоми пойгоҳи "Манас" ба маркази тронзити колоҳо, фаъолияти ин пойгоҳи амрикоиро тамдид кард.Ин иқдоми Боқиев хашми мақомоти Русия, ба вижа Владимир Путин, нахуствазири ин кишварро барангехт.Фарчоми ин раванд ҳамон тағйири қудрат дар Бишкек аст, ки шоҳидаш ҳастем. Сарнагунии хеле осон ва бидуни вокунишҳои чаҳонии Қурмонбек Боқиев барои сарони кишварҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқатро ёдрас кард, ки акнун на Амрико ва Ғарб, балки ин Русия аст, ки инқилобҳо ё шояд табаддулотҳоро дар қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, идора мекунад.Ин амр сарони худкомаи Осиёи Марказиро, ки ҳифзи қудрат ва меросй кардани он, аслитарин ташвишашон маҳсуб мешавад, ба таври чиддй нигарон кард.Ин раҳбарон акнун дарк карданд, ки сарнавишташон ба тарзи равобит бо Маскав бастагии зиёде дорад.Сафари шитобзадаи Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Маскав дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Ба маҳзи вуқуъи ҳаводиси Қирғизистон Тошканд марзҳои худ бо ин кишварро баст ва васоити ахбори узбак ҳеч хабаре дар бораи сарнагунии Боқиев, умуман руйдодҳои Қирғизистон мунташир накарданд. Дар Туркманистон, дигар давлати худкомаи Осиёи Марказй низ муҳосираи иттилоотй дар қиболи ҳаводиси Қирғизистон ба кор гирифта шуд. Точикистон низ марзҳои худ бо Қирғизистонро тақвият кард ва бо ибрози таассуф аз руйдодҳои кишвари ҳамсоя иктифо кард. Қазоқистон ба унвони раиси даврайии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо нисбатан қотеътар ибрози мавзеъ кард ва аз давлати муваққатии Бишкек даъват кард, ки чиҳати аз байн бурдани фақр тадобири чиддй биандешад. Дар ин миён вокуниши Ислом Каримов ба тағйири қудрат дар Қирғизистон,беш аз ҳар чизи дигаре чалби тавччуҳ кард.Раиси чумҳури Узбакистон дар сафари дурузаи худ ба Маскав (19-20 апрел), таъкид кард, ки Русия кафили суботу амният дар Осиёи Марказй аст.Вай гуфт:"Узбакистон Русияро шарики боэътимод ва озмудашуда медонад ва бар он аст, ки Русия омили аслии таъмини суботу амният дар чаҳон, ба вижа дар Осиёи Марказй аст". Арзёбии коршиносони русй аз ин суханони раиси чумҳури Узбакистон такрори ҳамон дидгоҳҳои қаблй буд: яъне Ислом Каримов ҳар гоҳ ки хатари чиддиро эҳсос кард, ба оғуши Маскав шитофта аст, зеро ба хубй медонад, ки Русия қодир ба ҳимоят аз у ҳаст.Чунин амалкарди Ислом Каримов дар вокуниш ба ҳодисаҳои Кирғизистон, муаййиди он аст, ки раиси чумҳури Узбакистон дар мавриди даст доштани Маскав дар ҳаводиси кишвари ҳамсоя ҳеч тардиде надорад. Аз суи дигар, дар Маскав ба хубй медонанд, ки Ислом Каримов ҳаргиз мавриди эътимод нест ва аз рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ниҳояти истифодаро мекунад.Аммо дар айни ҳол тарси Каримов аз мувочеҳ шудан бо сарнавишти Боқиев барги барандаест дар дасти Кремл, то битавонад Ислом Каримови ба ҳарос афтодаро, ки инфичорҳои Тошканд (апрели соли 2004) ҳануз дар гушаш садо медиҳанд, таҳти мусиқии худ бирақсонад. Имомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон, ки низ солҳои ахир дар чорчуби он чи сиёсати чандсамтй тавсиф мешавад, то ҳадди зиёде аз Маскав фосила гирифта буд, дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвараш (24 апрел)Русияро мисли солҳои қабл шарики стротегй унвон кард. Ин ҳама иттифоқот баёнгар аз он аст, ки феълан Русия пирузи майдони рақобат дар Осиёи Марказй аст ва сарони Осиёи Марказй акнун нақши Маскавро дар сарнавишташон чиддй хоҳанд гирифт.Аммо ин воқеиятро низ набояд инкор кард, ки Русия ҳаргиз ба нафъи худ намебинад, ки барномаҳои Гарб дар Афғонистон нотамом боқй бимонанд.Хуручи зудҳангоми низомиёни ғарбй аз Афғонистон ба он маънй хоҳад буд, ки нооромиҳо ба кишварҳои ҳамсоя, яъне он чи маҳдудаи суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, нуфуз хоҳанд кард.Аз ин ру ҳануз  бозии қудратҳо дар Осиёи Марказй идома дорад.

воскресенье, 18 апреля 2010 г.

Ташкили комиссияи экологй дар порлумони Точикистон

 Ахиран порлумони Точикистон як кумиссиюни 15 нафара таҳти унвони кумиссиюни экологй таъсис намуд.Дафтари матбуотии порлумони Точикистон эълом кард, ки баррасии масъалахои марбут ба муҳити зист, аз вазифаи аслии ин кумиссиюн ба ҳисоб меравад.Харчанд макомоти расмии точик иброз доштанд, таъсиси кумиссиюни экологй ҳеч рабитае ба эътирозоти ахири аҳолии шаҳри Термизи Узбакистон дар нисбати хатароти зистмуҳитии корхонаи алюмини точик надорад, аммо воқеият он аст, ки руёруиҳои лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ба нафъи Тошканд дар ҳоли пешравй аст, аз ин ру давлати Душанбе тасмим гирифтааст сангари муборизаи дипломатиро дар ин замина тақвият кунад.

 Нигоҳе ба раванди робитахо миёни ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Точикистон баёнгар аз он аст ки масъалаи сохтани неругоҳҳо дар рудхонаҳои ба истилоҳ фаромарзй, аз чумла неругоҳи Роғун, мавзеъхои ду тарафро ба ҳаде аз ҳам дур кардааст, ки метавон ду кишварро рақибони сарсахти ҳамдигар тавсиф кард. Дар иртибот ба ин мавзуъ тарафи Точикистон муътақид аст, ки сохти неругоҳ бархоста аз ниёзҳои фазояндаи ин кишвар ба энержй аст ва ин амр ҳеч зарару зиёне ба кишварҳои минтақа ворид нахоҳад кард.Аммо тарафи Узбакистон иддао дорад, ки сохтани неругоҳ дар канори коҳиши мачрои об ба қаламрави Узбакистон, таъсироти вайронгаре ба муҳити зист ворид хоҳад кард.Тошканд чунин иддаоеро дар мавриди неругоҳи Камбарота, ки дар Кирғизистон дар ҳоли сохт аст, низ матраҳ намудааст. Аммо ҳам Точикистон ва ҳам Кирғизистон бо ироаи аснод ва далелхо собит кардаанд, ки сохтани неругоҳҳо на танҳо ҳеч пай омадҳои манфии зистмуҳитй надорад, балки дар танзими оби минтақа ва рушди бахши кишоварзй нақши муҳиме ичро хоҳад кард. Ин мавзуъ имруза аз чорчуби равобити дучониба фаротар рафта ба баҳси минтақайи, ҳатто фароминтақайи табдил шудааст. Узбакистон дар пайи беэътинойии ҳамсоягон ба дархостҳояш дар мавриди мутаваққиф кардани раванди сохти неругоҳҳо, масъаларо ба саҳнаи байналмилал кашид ва тавонист ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро то ҳадди зиёде ба мавзеъхои худ ҳамсон кунад. Нахустин муваффақияти Тошканд дар ин замина он буд, ки Чинро аз ичрои қарордодаш бо Точикистон дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон мунсариф кунад. Ёдовар мешавем бар асоси қарордоди ба имзорасида миёни Чин ва Точикистон, тарафи чинй бояд аз моҳи майи соли 2009 сохти неругоҳ дар минтақаи Зарафшонро оғоз мекард, аммо бо дахолатҳои Тошканд, ширкати чинй ичрои ин қарордодро ба ҳолати муаллақ даровард. Дар идомаи ин иқдомҳо, давлати Ислом Каримов тавонист ширкати РусАл-ро низ аз мушорикат дар такмили тарҳи Роғун боздорад. Ҳатто бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй, ки қаблан барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун эьломи омодагй карда буданд, дар пайи фазосозиҳои мақомоти узбак, дар тасмимоти худ чиҳати сармоягузорй дар тарҳи Роғун тачдиди назар ва таъкид карданд, ки то замони рафъи ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифода аз манобеи гидроэнергетикй, ҳеч сармоягузорие дар ин замина анчом нахоҳанд дод.
 Узбакистон дар раванди мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Роғун то ҳадде пеш рафт, ки ин масъаларо ба Созмони милалаи муттаҳид - олитарин марчаъи байналмилалй кашид. Дар сафари даврайии Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон ба Осиёи Марказй, ки дар авоили моҳи апрел сурат гирифт, мақомоти Узбакистон Бан Ки Мунро ба минтақаи бахри Арал бурданд ва ба вай ин гуна илқо карданд, ки ҳама фочеаи марбут ба ин бахр бархоста аз сохтани беравияи неругоҳҳо дар минтақа аст.Ин илқоот то ҳадде корсоз буд, ки дабири кулли СММ дар сафар ба Точикистон аз боздиди минтақаи сохти неругоҳи Роғун, сарфи назар кард. Ин таҳаввул ба маънои шикасти дипломатияи точик дар баробари фазосозиҳои ҳамтоёни узбаки онҳо таъбир шуд.
 Кабл аз ин Тошканд тавонист дар минтақа дидгоҳҳои Казоқистон ва то ҳадде Туркманистонро ба мавзеи худ дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъхои обии Осиёи Марказй ҳамсон кунад.Русия низ, ки ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳҳои барқи обй қарордодҳо имзо намуда буд,эълом кард, ки дар ин масъала аз мавозеи Тошканд чонибдорй мекунад.
 Дар пайи чунин ранг гирифтани таҳаввулот, Точикистон тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз манобеи дохилй такмил кунад.Ба ҳамин манзур аз ибтидои соли чории саҳмияҳои ин неругоҳ ба фуруш бароварда шуданд ва то имруз бар асоси оморҳои мунташира ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия ба фуруш рафтааст.
 Ҳар иқдоми давлати Душанбе дар ростои такмили неругоҳи Роғун, ҳасосиятҳои Тошкандро барангехтааст, ба гунае ки ҳамакнун баҳси таъсироти манфии зистмуҳитии корхонаҳои Точикистон мавзуи эътирозҳо дар Узбакистон шудааст. Дар ҳамин чорчуб ахиран бо даъвати кумиссиюни экологии порлумони Узбакистон теъдоде аз аҳолии вилояти Сурхондарёи ин кишвар дар эътироз ба он чи таъсироти вайронгари зистмуҳитии корхонаи алюмини точик номиданд, гирдиҳамойи намуда, роҳи ҳаракати қатори Точикистонро ки аз қаламрави ин вилоят мегузарад, бастанд. Муътаризон иддао карданд, ки дуди ин корхона боиси густариши бемориҳое назири саратон дар миёни аҳолии ноҳияҳои ҳамчавор шудааст.Аз суи дигар ширкати роҳи оҳани Узбакистон бо баҳонаҳои таъмири роҳ беш аз 3 моҳ вагонҳои дорои маводи ғизои ва масолеҳи сохтмонии Точикистонро дар қаламрави хеш манъ кардаанд.Ин иқдом мучиби боло рафтани нархҳо, аз чумла нархи сузишворй дар бозорҳои Точикистон шуда, фаъолиятҳо дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2ро фалач кардааст. Мақомоти Точикистон ин амалкарди кишвари ҳамсояро талош барои мунзавй кардани Точикистон тавсиф ва аз мачомеи байналилал хостанд дар рафъи ин мушкил ҳамкорй кунад. Хатто мутахасисони эронй, ки дар неругоҳи Сангтуда-2 фаъолият мекунанд, ибрози нигаронй карданд, агар тавқифи тачҳизоти фиристодашуда аз Эрон дар қаламрави Узбакистон идома кунад, муҳлати ба баҳрабардорй расидани ин неругоҳ ба таъхир хоҳад афтод.
 Амалкарди Узбакистон дар мутавакиф кардани вагонҳои Точикистон чизе чуз талош барои муҳосираи иқтисодии Точикистон таъбир намешавад ва ба касе пушида нест, ки ин иқдом вокуниши Тошканд нисбат ба азми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун аст.Дар шароити кунунй ба назар мерасад, Точикистон ҳеч роҳе барои аксуламал дар муқобили амалкарди Тошканд надорад ва бояд зери бори фишорҳо равад. Аммо...
 Ташкили кумиссиюни экологй дар порлумони Точикистон қабл аз ҳама дар ростои тақвияти чабҳаи талош барои ҳифозат аз манофеи Точикистон дар масоили зистмуҳитй таъбир мешавад. Давлати Душанбе ба тадрич ба дарки ин ҳақиқат рафтааст, ки вучуди афроди мутахасис дар порлумон, қабл аз ҳар чизи дигаре пояҳои ҳукуматро тақвият мекунад ва идомаи қавмгарои ва хешутаборпарастй дар интихоби кадрхо, дар дарозмуддат метавонад заволи ҳар давлатеро дар пай дошта бошад.Шикасти муборизоти дипломатй дар баробари фазосозиҳои Узбакистон ин дарсро ба раҳбарони точик дод, ки на ҳамаи вазирон ва масъулони ҳукумат сазовори мақом ва вазифаҳои худ ҳастанд.Идомаи ҳузури чунин афроди тасодуфй дар сохторҳои ҳукумат, дар дарозмуддат тазъифи манофеъ ва чойгохи Точикистон дар минтака ва ҳатто фурупошии давлатро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Аз ин ру манофеи кишвари соҳибистиқлоли Точикистон тақозо мекунад, ки раҳбарии ин кишвар дар сиёсатҳои кадрии худ ба таври чиддй тачдиди назар кунад.
 Аз суи дигар,бо ташкили комиссиюни зистмуҳитй дар порлумони Точикистон ва узвияти афроде назири Шодй Шабдолов, Муҳиддин Кабирй ва амсоли инҳо, ба назар мерасад давлати Душанбе қасд дорад, дар канори дигар аҳдофе, ки дар ин кор дар назар гирифтааст, рақибони аслии худро ба масъалаҳои зистмуҳитй саргарм кунад. Аммо ин кумиссиюн то чи хад дар пешбурди вазифахои худ муваффак хохад шуд, саволест, ки посухи он ба амалкарди мантикии намояндагони порлумон дар расидаги ба масъалахо бармегардад. Бо ин хол ташкили кумиссиюни зистмухитй дар порлумони Точикистон баёнгар аз ин вокеият аст, ки минтака аз ин ба баъд сахнаи руёруихои порлумонй миёни Узбакистон аз як тараф ва Точикистону Киргизистон аз тарафи дигар хохад буд.
 Акнун ин пурсиш дар зехнхо зухур кардааст, ки оё чунин руёруи мавзеъи кишвархоро ба хам наздик хохад кард ё ба сардии робитахо афзуда авзои Осиёи Марказиро ба самти печида шудан пеш хохад бурд?

понедельник, 12 апреля 2010 г.

Осиёи Марказй ва нақши Русия дар тарҳҳои гидроэнергетикй


Ҳамон гуна ки коршиносон пешгуи мекарданд, масъалаи баҳрабадорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй имруза ба ҳадде доғ шудааст, ки робитаҳои бaйнихамдигарй кишварҳои ин минтақаи стротегиро ба таври бесобиқае тираву тор намудааст.Дар ин миён Узбакистон, ки гуфта мешавад ҳамвора талош кардааст ҳамсоягонро бо ҳар роҳи мумкин дар вобастагй ба худ нигоҳ дорад,тамоми гузинаҳоро ба кор гирифтааст, то ба сохти неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Точикистон роҳ надиҳад. Мақомоти узбак дар ин росто талошҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва байналмилал ба роҳ мондаанд. Аз чумла, дар сатҳи минтақа Тошканд саъй кардааст то ду кишвари поёноби рудхонаҳои Осиёи Маркзй - Туркманистон ва Қазоқистонро ба сиёсатҳои худ ҳамсу намояд.Дар ҳамин чорчуб рузҳои 16-17 март дар доираи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд, раиси чумҳури Узбакистон бо илқооти аз пеш тарроҳишуда, тавонист ҳамтои қазоқи худро дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии Осиёи Марказй дар сангари худ ва дар муқобили Қирғизистону Точикистон қарор диҳад. Ду раиси чумҳур дар ин мавзеи муштарак қарор гирифтанд, ки бидуни таҳқиқот ва баррасиҳои байналмилалй, сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Қирғизистон ва Точикистон ғайри қобили қабул аст. Албатта ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки Остона ва Тошканд дар Осиёи Марказй дар бисёре аз масъалахо ихтилофи назар доранд.Ин ихтилофот ҳам дар равобити дучониба ва ҳам дар қолаби ниҳодҳои минтақаи ба мушохида мерасад ва ҳатто ду раиси чумҳур барои касби нақши раҳбарй дар минтақа, дар бисёр ҳолатҳо ҳамдигарро таҳаммул надоранд. Аммо акнун, замоне ки манфиатхои муштарак матраҳ аст, ин ихтилофот ва рақобатҳо, ҳарчанд муваккатй, нодида гирифта шудаанд.

 Натичаҳои сафари Нурсултон Назарбоев ба Тошканд он буд, ки раиси чумҳури Қазоқистон то ин дам дар нисбати сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон дипломатияи нармтаре дошт, акнун қотеъона аз мавзеъи Узбакистон чонибдорй кард. Нурсултон Назарбоев таъкид кард, ки на фақат неругоҳи барқи обии Роғун, балки бояд неругоҳи Камбарота низ мавриди таҳқиқоти коршиносони байналмилалй қарор гиранд ва чараёни оби рудхонаҳо дар чорчуби манофеъи ҳамаи кишварҳо танзим шавад.
 Нуктаи чолиби таваччуҳ дар мазеъгириҳои раисони чумҳури Узбакистон ва Қазоқистон он аст, ки ин амр таъсири мустақим ба манофеи Русия дар Осиёи Марказй дорад. Зеро Маскав ба унвони сармоягузори аслй, дар ибтидо аз тарҳҳои Роғун ва Қамбарота ҳимоят ва бо Душанбе ва Бишкек қарордодҳое имзо намуда буд.Аммо ба тадрич ва дар чорчуби бархурдҳои суннатии Русия бо шариконаш, Маскав ваъдаҳои худ ба Точикистон ва Қирғизистонро ба боди фаромушй супурд. Бо ин ҳол, масъалаи сохтани неругоҳҳо дар Осиёи Марказй, ҳарчанд як масъалаи дохилиминтақайи ба хисоб меравад, аммо мавзеъи Русия дар қиболи ин масъала ба сарнавишти тарҳҳо дар ин замина таъсири ҳалкунанда хоҳад дошт. Зеро Русия ба хубй дарк кардааст, ки таъсиргузорй дар масоили марбут ба манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, барои Маскав ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки дар таҳаввулоти минтақа мустақиман нақш ичро кунад.Дар акси ҳол, ҳар кишвари муддайии нуфуз дар ин минтақа метавонад чойгузини Маскав шавад. Дар ростои ин ҳадаф, моҳи октябри соли 2004, дар рузҳои сафари Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ба Душанбе, миёни ду тараф қарордодҳо дар мавриди наҳваи мушорикати Русия дар сохти неругоҳи Сангтуда-1 ва такмили неругоҳи Роғун тавассути ширкати РусАл ба имзо расид.Дар ин миён он чй марбут ба неругоҳи Сангтуда-1 буд бомуваффақият ичро шуд ва моҳи майи соли 2009 ин неругоҳи 670 миговотй ба таври комил мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Аммо сарнавишти қарордоди дуввум, яъне тарҳи Роғун бо мушкилоти зиёде гиреҳ хурд ва ҳамчунон дар фазои сиёсиву амниятй ва иқтисодии Осиёи Марказй соя афкандааст. Ширкати РусАл, ки умед дошт бо мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун, ҳаққи моликияти корхонаи алюмини точик, ТАЛКО-ро ба даст хоҳад овард, дар пайи мунсариф шудани ҳукумати Точикистон аз фурухтани ин корхона, ин ширкат бо ироаи баҳонаҳои мухталиф, аз ичрои қарордоди ба имзо расида дар мавриди сохтани неругоҳи Роғун, сар боз зад. Дар натича Точикистон тасмим гирифт бо ба фуруш гузоштани саҳмияҳои Роғун, ин тарҳро бо имконоти дохилй такмил кунад. Аз рузи 6 январи соли 2010 фуруши ин саҳмияҳо оғоз шуд ва то ин дам ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия фурухта шудааст.
 Дар Қирғизистон масъалаи сохтани неругоҳи Қамбарота ба мушкили чиддй дар робитаҳои ин кишвар бо Русия ва Узбакистон табдил шудааст.Дар моҳи октябри соли 2008, дар рузҳои сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Қирғизистон, нахустин тавофуқот дар мавриди сохтани ин неругоҳ миёни Маскав ва Бишкек ҳосил шуд.Дар моҳи феврали соли 2009 дар музокироти раисони чумҳури ду кишвар дар Маскав қарордоди сохтани Қамбарота такмил шуд ва Русия уҳдадор шуд ба иловаи 1,7 миллиард доллар, ки барои неругохи Камбарота чудо хохад кард, як воми биллоиваз дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад дод.
 Ба эътиқоди аксари таҳлилгарон Русия ба ивази сармоягузориҳои калон дар иқтисоди Қирғизистон, интизор дошт давлати Бишкек заминаи барчидани пойгоҳи Амрико аз ин кишварро фароҳам хоҳад кард. Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури вақти Қирғизистон дар ибтидо иқдомҳое дар ин замина анчом дод, аммо баъд аз пирузй дар интихоботи раёсати чумҳури июни соли 2009, бо Амрико канор омад ва пойгоҳи низомии ин кишварро бо тағйири ном аз пойгоҳ ба маркази интиқоли колоҳо, дар қаламрави Қирғизистон ҳифз кард.Ин амр оғози сардй дар равобити Бишкек - Маскав буд ва боиси он шуд, ки Маскав аз додани бахши саввуми эътибор ба Қирғизистон, ки маблағи 1,7 миллиард долларро ташкил медод, худдорй кард. Дар идомаи ҳамин раванд, иқдоми Қирғизистон чиҳати чойгузини Русия қарор додани Чин дар тарҳҳои гидроэнергетикии худ, норизоятиҳои Маскав аз мавозеи Бишкекро беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дод.
 Дар мачмуъ,тайи як ду соли охир сиёсатҳои ба истилоҳ чандсамтии Душанбе ва Бишкек, ки густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталиф дар Шарқу Ғарбро ба ҳамроҳ дошта, мучиби он шудааст, ки Маскав аз тарҳҳои гидроэнергетикии ин ду кишвар, фосила гирад.Акнун чунин ба назар мерасад, ки Маскав дар мархалаи кунунй, энержии нафту гозро бар энержии об тарчеҳ додааст ва дар баҳси кишварҳои Осиёи Марказй бар сари истифода аз манобеи обй, ба ҳимоят аз манофеи Қазоқистон ва Узбакистон, ба унвони дорандагони манобеи фаровони нафту гоз дар минтақа ҳиммат гумордааст.
 Бо ин ҳол Қирғизистон ва Точикистон аз тарҳҳои гидроэнергетикии худ сарфи назар нахоҳанд кард, зеро танҳо роҳи истиқлолияти энержии худ ва раҳойи аз вобастагиҳо ба Узбакистонро дар гарави сохтани неругоҳҳои барқи обй мебинанд.Аз ин ру ҳарчанд мавзеи Русия дар қиболи ин тарҳо дорои аҳамияти вижа аст, Бишкек ва Душанбе бо таҳаммули мушкилоти фаровони бархоста аз канорагирии Маскав аз ин тарҳҳо, барномаҳои гидроэнергетикии худро дунбол хоҳанд кард.Натичаи ниҳойии ин раванд он хоҳад буд, ки Русия ба тадрич аз бозори энержии Осиёи Чанубй маҳрум хоҳад шуд.

суббота, 10 апреля 2010 г.

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо


 Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

 Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
 Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 - 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
 Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

среда, 10 марта 2010 г.

Афғонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар

 Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия дар Афғонистон 2 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар моҳҳои аввали соли 2010 ин теъдод ба 1850 нафар коҳиш ёфт.

 Бидуни шак хуручи низомиёни Голландия аз Афғонистон зарбаи сангине ба барноамҳои Амрико ворид хоҳад кард, зеро Голландия аз чумлаи муттаҳидони содиқи Вашингтан маҳсуб мешавад.
 Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикобо бознигарй дар сиёсатҳои осиёимиёнайии худ, ҳачми кумакҳо ба кишварҳои ин минтақаро то ҳадде коҳиш додааст.Аз чумла дар ин маврид гуфта мешавад, ки дар соли ояндаи милодй ҳачми кумакҳо ба Осиёи Марказй тақрибан бидуни тағйир боқй хоҳад монд, аммо Точикистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл кумакҳои камтаре дарёфт хоҳанд намуд.Аз чумла дар соли 2011 Қирғизистон 40,3 миллион доллар кумак дарёфт хоҳад кард, ки ин рақам ҳудуди 6 миллион доллар камтар аз соли қабл аст.Хачми кумакҳо ба Точикистон низ дар соли 2011 аз 42,5 миллион доллар ба 41,5 миллион доллар коҳиш хоҳанд ёфт.
 Мақомоти амрикойи тайи солҳо ҳузури худ дар Осиёи Марказй ба хубй дарёфтанд, ки давлатҳои тозаистиқлоли ин минтақа дар руёруйи бо бисёре аз чолишҳо, аз чумла ифротгаройи, тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҳамчунин фасоди молй ва ришвахорй, аз тавонийиҳои лозим бархурдор нестанд.Аз ин ру Кохи сафед, ки ичрои барнома ва аҳдофи худ дар Афғонистонро дар гарави субот дар Осиёи Марказй ва равобити хуб бо кишварҳои он мебинад, талош кардааст бо ҳар як аз давлатҳои ин минтақаи стротегй равобити хуб ва дустона дошта бошад.Тамоми кумакҳо ва ҳамкориҳои Вошингтон ва давлатҳои Осиёи Марказй дар ҳамин росто сурат гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Бо таваччуҳ ба ин, кумакҳои Амрико ба Точикистон ва Қирғизистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими амният, мубориза бо ноамниҳо дар марзҳо ва ... истифода хоҳад шуд.Албатта барои пушиши аҳдофи аслии Амрико дар ироаи кумакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказй, Кохи сафед таъкид кардааст, ки барои ислоҳи вазъ дар бахшҳои таъмини амнияти ғизои, беҳдошт, омузишу парвариш, истифода аз манобеи об ва домдорй барои Точикистонва Қирғизистон кумакҳоеро дар назар гирифтааст.
 Дар барномаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳачми ин кумакҳо ба Узбакистон ва Қазоқистон бидуни тағйир боқй мондааст, аммо дар мавриди Туркманистом ҳачми ин кумакҳо аз 12,5 миллиондоллар ба 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин барномаи Амрико, ироаи кумакҳо ба кишварҳои Қафқоз низ идома хоҳад ёфт, ба гунае ки ҳачми ин кумакҳо ба Арманистон ва Озарбойчон бетағйир боқй монда, аммо барои Гурчистон( ба иловаи кумакҳои миллиард долларй, ки Вашингтон баъд аз чанги Русия - Гурчистон дар соли 2008 ба Тифлис дар назар гирифт) бо 10 миллион афзоиш, ҳачми кумакҳо дар соли ояндаи мелодй ба 68,7 миллион доллар хоҳад расид.
 Аз асноди мунташира рочеъ ба ироаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй бармеояд, ки дар муқоиса ба давлати Чорч Буш, ки давлатҳои Осиёи Марказиро «давлатҳои дар ҳоли гузар ба демократия» таъбир мекард, давлати Обама ин давлатҳоро «давлатҳои нокоромад» медонад ва дар ироаи кумак ба онҳо вижагиҳоеро мадди назар хоҳад дошт.
 Муруре ба амалкарди Вашингтон дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй ин ақидаро тақвият мекунад, ки давлати Барак Обама барномаҳои дақиқе дар қиболи ин минтақа надорад ва сиёсатҳояш дар аксари маворид марҳалай будаанд.Тағйири мавозеи Вошингтан дар мавриди пойгоҳҳои низомиаш дар Қирғизистон ва Узбакистон, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Қарори маълум, Кохи сафед ахиран эълом кард, ки дар пайи ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомй дар Қирғизистон мебошад. Бар асоси гузоришҳои мунташира, қарор аст ин пойгоҳ дар устони Боткан, дар чануби Қирғизистон эчод шавад.Сафорати Амрико дар Бишкек эълом кард ин пружа ба зудй оғоз ба кор хоҳад кард. Ин иқдом баёнгар аз талоши Амрико барои густариши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Марказй аст, то битавонад фаъолиятҳои амниятиро дар ин минтақаи ҳассос таҳти контрол дошта бошад. Аз суе беэътимодии Амрико ба давлати Узбакистон, Вашингтонро бар он водоштааст, ки аз таъсиси пойгоҳи низомй дар ин кишвар сарфи назар намуда, ин барномаро дар қаламрави Қирғизистон дунбол кунад.Бидуни тардид, ин иқдоми Амрико хилофи майлу иродаи Тошканд аст ва метавонад дар робитаҳои Вашингтон - Тошканд асар гузорад.
 Вашингтон дар расидан ба аҳдофи худ дар Афғон чандон муваффақ набудааст. Ҳарчанд лашкаркашй ба Афғонистон таҳти шиори мубориза бо терроизм сурат гирифт, аммо бо гузашти наздик ба 10 сол аз замони тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон, на Бен Лодан дастгир шуд ва на аз шиддати ҳамалоти Ал-Қоида ва Толибон коста шуд. Тайи ин муддат ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни афғон дар пайи ҳамалоти ноҳамоҳанги неруҳои ба истилоҳ посдори сулҳ кушта ва даҳҳо шаҳру русто ба харобазор табдил шуданд.Ба вижа ҳамалоти ҳавойии НАТО қурбониёни зиёде дар миёни ғайринизомиён доштаанд, амре ки эътирозоти мақомот ва мардуми Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст. Аммо ин эътирозот ҳеч гоҳ роҳ ба чое набурдаанд. Аз суе тайи ин муддат, яъне аз соли 2001 то моҳи феврали соли 2010 як ҳазор неруи низомии амрикойи, 264 англисй ва 140 конодойи дар Афғонистон чони худро аз даст додаанд.
Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ муваффақияте ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузоришоти Созмони миллали муттаҳид тайи солҳои ахир тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба ин сурат будаст:соли 2001 - 185 тон, соли 2002 - 3400 тон,соли 2003 - 3600 тон, соли 2004 - 4200 тон, соли 2005 - 4100 тон, соли 2007 - 8200 тон ва соли 2008 - 7700 тон.Оморҳо нишон медиҳад, ки баъд аз суқути ҳукумати Толибон дар Афғонистон, тавлиди маводи мухаддир аз 185 тон ба 7700 тон дар замони ишғоли ин кишвар твасути Ғарб, афзоиш ёфт.
Дар мачмуъ ояндаи Афғонистон дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст ва эъломи Ҳолланд дар мавриди хуручи неруҳояш аз Афғонистон таъйиди ин ақида аст, ки Амрико ва Ғарбро сарнавиште мушобеҳи сарнавишти Иттиҳоди Шуравй дар Афғонистон пеши ру қарор дорад.Кишварҳои аврупойи бо мушорикат дар ишғоли Афғонистон , чойгоҳи худ дар чаҳони исломро аз даст доданд ва акнун дар пайи онанд ки бо фарохонии неруҳои худ аз ин кишвари чангзада, ин вазъро то ҳадди имкон ислоҳ намоянд.